Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 сентябри соли 2014, № 600
тасдиқ шудааст
Тартиби аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур, тартиб ва шарту талаботҳои аккредитатсияро дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои озмоишгоҳҳо ва мақомоти сертификатсионии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат) ба танзим медарорад.
2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ - тартиби расман эътироф шудани салоҳиятнокии муассисаи тандурустӣ дар амалӣ намудани фаъолияти касбии он мебошад;
- стандартҳои аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ - ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар асоси тавофуқ (дастаҷамъӣ) таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд ва дар онҳо барои истифодаи ҳатмии якчандкарата қоидаҳо, принсипҳои умумӣ ва хусусиятҳои раванди хизматрасонии тиббӣ, талабот ба сохтор, захираҳои муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва натиҷаҳои ёрии тиббӣ муқаррар карда мешаванд;
- низоми аккредитатсия - маҷмӯи сохторҳо, захираҳо, чорабиниҳои ташкилию техникӣ, услубҳо, тартиб ва воситаҳое мебошад, ки фаъолияти низомро таъмин менамоянд, инчунин қоида ва талаботе, ки фаъолияти иштирокдорони низомро танзим мекунад;
- мақоми аккредитатсионӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муассисаи давлатии "Маркази аккредитатсияи тиббӣ" дар назди Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Оинномаи он аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- Шӯрои аккредитатсионӣ - мақоми идоракунандаи низоми аккредитатсия дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коршиносон оид ба аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ (воҳидӣ ва ғайривоҳидӣ) - мутахассисе шуда метавонад, ки дорои маълумоти зарурӣ бошад (олӣ ё ин, ки миёнаи махсуси тиббӣ ва даври такмили ихтисосро оид ба як ва ё якчанд ихтисос нузашта бошад) ва дорои дараҷаи тахассусӣ (категорияҳои тахассусии олӣ, якум ва унвони илмӣ) буда, собиқаи корӣ (на камтар аз 5 сол) дар самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ дошта бошад, инчунин тайёрии махсусро ҳамчун коршинос гузаштааст;
- рутбабандии (муайян намудани мартабаи) стандартҳо - услуби тақсими экспертии стандартҳо дар асоси истифодаи рақамҳои ҷадвали тартибӣ ё оддӣ (оrdinarius - оддӣ) мебошад;
- дараҷабандии стандартҳо - услуби истифодаи рақамҳои тартибии ҷадвал барои инъикоси дараҷаи иҷроиши стандартҳо дар муассисаҳои аккредитатсияшавандаи тандурустӣ (ҷадвали чорзинадори баҳодиҳӣ) мебошад;
- мониторинги пас аз аккредитатсия - баҳогузории ҷараёни бартарафсозии ҳолатҳои мутобиқат накардан ба стандартҳои аккредитатсия (дар вақти гузаронидани аккредитатсия ошкоршуда);
- таҳлили экспертии ҳуҷҷатҳо муайян намудани мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ (низомнома, қоидаҳо, дастурамалҳо ва ғайра) ва баҳогузории мутобиқати онҳо ба стандартҳо ва талаботи муқарраргардида мебошад;
- сӯҳбат (мусоҳиба) - тавассути саволҳои озод гузаронидани сӯҳбат бо ҳайати кормандони муассиса ва беморон бо мақсади пурра сохтани маълумоте, ки дар рафти таҳлили ҳуҷҷатҳо ба даст омадааст, дарёфт намудани тасдиқи фаъолияте, ки барои расидан ба талаботи стандартҳо бурда шудааст, инчунин барои санҷиши маълумотҳои бадастомада, ки нисбати онҳо шубҳа мавҷуд аст;
- азназаргузаронӣ (назорат) - усуле, ки барои ҷамъоварии маълумотҳо дар бораи заминаи моддӣ-техникии муассисаи тандурустӣ, дурустӣ ва сифати гузаронидани амалиётҳои тахассусӣ аз ҷониби ҳайати кормандони муассисаи тандурустӣ (амалиётҳо оид ба бехатарӣ, амалиётҳои табобатӣ - ташхисӣ), инчунин маълумот дар бораи беморон ва ҳайати кормандон дар ҳудуд ва зерсохторҳои муассисаи тандурустӣ истифода бурда мешавад. Азназаргузаронӣ ҳамчунин барои санҷиш ва тасдиқи он маълумоте, ки аз сарчашмаҳои гуногун ҷамъоварӣ гардидааст, истифода карда мешавад;
- анкетакунонӣ - пурра кардани иттилооте, ки ҳангоми таҳлили ҳуҷҷатҳо, мусоҳиба ва азназаргузаронӣ ба даст оварда шудааст. Тавассути анкетакунии ҳайати кормандон ва беморони муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ иттилооти иловагӣ оид ба кори идоракунӣ, риояи ҳуқуқ ва дараҷаи қаноатмандии беморон, арзёбии сатҳи сифат ва бехатарии ёрии тиббӣ аз ҷониби онҳо ва ғайра ҷамъоварӣ карда мешавад;
- худбаҳодиҳӣ - баҳогузории фаъолияти муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи стандартҳои таҳиягардида оид ба аккредитатсия аз ҷониби субъектҳои масъули худи муассисаҳо;
- шаҳодатномаи аккредитатсия - ҳуҷҷатест, ки ба муассисаи тандурустӣ баъди бо муваффақият гузаштан аз расмиёти аккредитатсия аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси хулосаи Шӯрои аккредитатсионӣ дода шуда, гирифтани мақоми муассисаи аккредитатсияшуда ва дараҷаи аккредитатсияро тасдиқ менамояд.
2. Принсипҳои низоми аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо дар соҳаи тандурустӣ
3. Аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо дар соҳаи тандурустӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- ҳатмӣ будан барои муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ;
- ошкор ва дастрас будани қоидаҳои аккредитатсия;
- салоҳиятнокӣ ва мустақилияти мақомоти амаликунандаи аккредитатсия;
- таъминоти баробарии ҳуқуқ, манфиатҳои қонунии тамоми субъектҳои довталаби аккредитатсия;
- фош накардани маълумоти махфие, ки ҳангоми гузаронидани аккредитатсия ба даст меоянд.
3. Мақсад ва вазифаҳои аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ
4. Мақсади аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ ин иштирок дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ барои гирифтани ёрии тиббӣ бо ҳаҷм ва сифати зарурӣ мебошад.
5. Вазифаҳои аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ инҳо мебошанд;
- беҳтар намудани сифат ва бехатарии ёрии тиббӣ;
- баланд бардоштани сатҳи боварии шаҳрвандон ба фаъолияти касбии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои аккредитатсияшуда;
- бо ҳуҷҷат тасдиқ кардани раванди (услуби) ба стандартҳо ё шартҳои шартномавӣ мутобиқ будани хизматҳои тиббии аз ҷониби муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ расонидашаванда;
- омодасозии шароит барои дуҷониба тасдиқ намудани натиҷаи аккредитатсия дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ;
- рушди фазои рақобатпазир дар соҳаи тандурустӣ.
4. Иштирокчиёни низоми аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ ва вазифаҳои онҳо
6. Иштирокчиёни низоми аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ инҳо мебошанд:
- Шӯрои аккредитатсионии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ;
- Муассисаи давлатии "Маркази аккредитатсияи тиббӣ" (минбаъдМақоми аккредитатсионӣ) дар назди Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коршиносони соҳаи аккредитатсия;
- муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ.
7. Мақоми аккредитатсионӣ вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд:
- расмиёти (корҳо оид ба) аккредитатсияи муассисаҳои соҳаи тандурустиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- Тартиби гузаронидани аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ гузаронидани мониторинги пас аз аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии аккредитатсияшуда, қоидаҳои дастрас, боздошт ва аз эътибор соқит донистани амали шаҳодатномаҳои аккредитатсия, инчунин талабот (нишондод) ба иштирокчиёни низоми аккредитатсияро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
- аз натиҷаи аккредитатсия ҳисобот омода менамояд, оид ба додани мақоми аккредитатсионӣ карор қабул менамояд ва ҷиҳати додани категорияи аттесгатсионӣ мутобиқи иатиҷаҳои аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ пешниҳод манзур менамояд;
- бозомӯзиро ташкил намуда, коршиносонро барои гузаронидани аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ омода месозад;
- шаҳодатномаҳои аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои аккредитатсияшудаи соҳаи тандурустиро дар асоси қарори Шӯрои аккредитатсионӣ ба расмият дароварда, ба онҳо месупорад;
- Феҳристи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии аккредитатсияшударо пеш мебарад ва роҷеъ ба онҳо маълумоти расмӣ интишор менамояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида бо мақомоти аккредитатсионии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии хориҷӣ оид ба эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои аккредитатсия созишномаҳо ба имзо мерасонад;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба аккредитатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботро дар мавриди субъектҳои аккредитатсияшуда (як маротиба дар ним сол) пешниҳод менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида оид ба ҳамроҳшавӣ ба низоми ташкилотҳои байналмилалии (минтақавии) аккредитатсиякунонии муассисаҳои тандурустӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- низоми аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалии (минтақавӣ) аккредитатсиякунонии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ, мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳамчун сохтори аккредигатсиякунонӣ муаррифӣ менамояд.
8. Расмиёти аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ аз тарафи коршиносоне гузаронида мешавад, ки бояд сифатҳои зерини фардиро дошта бошанд:
- ҷаҳонбинии васеъ;
- беғараз, ботамкин ва бомуошират;
- тафаккури мантиқӣ, қобилияти таҳлилгароӣ ва иродаи устувор;
- баҳогузории воқеии ҳолат;
- дар маҷмӯъ нақши ҳар воҳиди сохтории муассисаро донад.
9. Коршинос барои воқеъбинона гузаронидани санҷиши аккредитатсионии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ масъулият дошта, дорои ӯҳдадориҳои зерин мебошад:
- қоидаҳои низоми аккредитасияро дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намояд;
- омодагии ҳамаҷониба оид ба масъалаҳои асосии (умумии) ташкили пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ, таъмини сифат ва бехатарии онҳо, новобаста аз соҳаи муассисаи тандурустиро дошта бошад;
- ба шаъни Мақоми аккредитатсионӣ иснод наорад ва маълумоти хатоеро, ки ба ваколатҳои ӯ алоқаманд намебошад, нисбати иштирокчиёни низоми аккредитатсия, ки касро ба иштибоҳ медарорад, пешкаш ва паҳн насозад;
- мунтазам сатҳи тахассусии худро оид ба ташкилотчии тандурустӣ, донишҳои клиникӣ ва масъалаҳои аккредитатсия баланд бардорад;
- коршинос оид ба аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ҳангоми доштани муносибатҳои хешутаборӣ бо роҳбарони муассиса, ташкилот ва корхонаҳо ба мақсади роҳ надодани бархурди манфиатҳо ва омилҳои бавуҷудории хусусияти коррупсионӣ, ҳуқуқи гузаронидани санҷиши аккредитатсия ва мониторинги пас аз аккредитатсиониро надоранд.
10. Барои фарогир гузаронидани аккредитатсия ба кори Мақоми аккредитатсионӣ метавонанд коршиносони ғайривоҳидӣ дар мувофиқа бо роҳбари муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ, ки коршинос дар он фаъолияти асосӣ мебарад, ҷалб карда шаванд.
11. Ҳангоми ҷалби коршиносони ғайривоҳидй музди меҳнати онҳо дар ҷойи кори асосиашон нигоҳ дошта мешавад. Коршиноси ғайривоҳидӣ аккредитатсияро мувофиқи ихтисоси асосиаш дар доираи масъулияти ба ӯ вогузошта ба анҷом мерасонад. Хароҷоти сафари хизматии кормандони ҷалбгардида тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби Мақоми аккредитатсионӣ пардохт карда мешавад.
12. Руйхати коршиносони ғайривоҳидӣ бо фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
13. Шӯрои аккредитатсионӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти аккредитатсионӣ дар соҳаи тандурустӣ, назорати таъмини қонуният, татбиқи сиёсат дар самти аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ, баҳогузории санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва таҳияшаванда, ки муносибатҳои иштирокчиёни низоми аккредитатсияро дар соҳаи тандурустӣ танзим менамоянд, созмон дода мешавад. Низомномаи Шӯрои аккредитатсионӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
14. Шӯрои аккредитатсионӣ аз ҳисоби намояндагони Агентии Тоҷикстандарт, шӯроҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуқи беморон, ассотсиатсияҳои касбии тиббӣ, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ ва илмии тиббӣ, Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақоми аккредитатсионӣ ташкил карда мешавад. Ҳайати Шӯрои аккредитатсиоиӣ бо фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
15. Вазифаҳои Шӯрои аккредитатсионӣ:
- сиёсати аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таҳия менамояд;
- ба Муассис оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Мақоми аккредитатсионӣ пешниҳод таҳия ва ирсол менамояд;
- баррасӣ ва тасдиқ намудани ҳисоботи солона оид ба фаъолияти Мақоми аккредигатсионӣ;
- бо дарназардошти натиҷаҳои аккредитатсия қабул кардани қарор оид ба додани дараҷа ба муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ;
- баррасӣ намудани аризаҳои (апеллятсияҳои) аз ҷониби иштирокчиёни низоми аккредитатсионӣ пешниҳодшуда;
- баҳогузории санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва таҳияшавандаи низоми аккредитатсионӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- ҳалли дигар масъалаҳо тибқи Оинномаи Мақоми аккредитатсионӣ ва Низомномаи Шӯрои аккредитатсионӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
16. Аккредитатсия барои муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
17. Муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои зерини соҳаи тандурустӣ (ба истиснои озмоишгоҳҳо ва мақомоти сертификатсионии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат) мавриди аккредитатсия қарор дода мешаванд:
- муассисаҳои таадурустии давлатӣ ва идоравии зинаи якум, марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ (муассисаҳое, ки ёрии таъҷилии тиббӣ, ёрии аввалияи тиббию санитариро дар шароити дармонгоҳӣ мерасонанд);
- муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва идоравии зинаи дуюм (муассисаҳое, ки ёрии махсусгардонидашудаи тиббию санитариро дар шароити дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ мерасонанд);
- муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва идоравии зинаи сеюм (муассисаҳое, ки ёрии махсусгардонидашудан тиббию санитариро бо истифода аз таҷҳизоти дорои технологияи баланд, дасговардҳои илми муосир, бо ҷалби мутахассисони сатҳи баланди тахассуси тиббӣ амалӣ мекунанд);
- муассисаҳое, ки дар соҳаи расонидани ёрии тиббии стоматологӣ ва дандонпизишкӣ фаъолият менамоянд;
- осоишгоҳу фароғатгоҳҳо;
- субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ.
18. Муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ дар низоми аккредитатсия ҳуқуқ доранд:
- тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳоро оид ба тартиб, шартҳо ва мӯҳлати гузаронидани аккредитатсия дастрас намоянд;
- аккредитатсияи такрориро гузаранд;
- нисбати қарори Мақоми аккредитатсионӣ ба Шӯрои аккредитатсионӣ ва мақомоти судӣ дар асоси қонгунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Тартиби мазкур шикоят пешниҳод намоянд.
19. Муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ дар низоми аккредитатсия ӯҳдадоранд:
- ба Мақоми аккредитатсионӣ мувофиқи мӯҳлати дар шартнома зикргардида, маҷмӯи ҳуҷҷатҳои заруриро барои аз аккредитатсия гузаштан пешниҳод намоянд;
- дуруст будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшавандаро таъмин намоянд;
- шароитро барои гузаронидани аккредитатсия ва мониторинги пас аз аккредитатсионӣ таъмин намоянд;
- хароҷоти вобаста ба гузаронидани аккредитатсия ва мониторинги пас аз аккредитатсионӣ тибқи тарифҳое, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гадидааст, пардохта мешаванд;
- ҳуҷҷатҳоро оид ба тасдиқи пардохти маблағ барои гузаронидани аккредитатсия ва мониторинги пас аз аккредитатсионӣ пешниҳод намоянд.
5. Стандартҳои аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ. Низоми рутбадиҳӣ ва дараҷабандии стандартҳо
20. Стандартҳои аккредитатсия аз рӯи мартабаашон (рейтинг, дараҷаи аҳамиятнокӣ, муҳимият) дар самти таъмини сифат ва бехатарии хизматрасонии тиббӣ дар асоси истифодабарии ҷадвали тартибӣ ба се гурӯҳи алоҳида тақсим карда мешаванд:
а) стандартҳои мартабаи 1 - стандартҳои "А". Ин стандартҳо бо меъёрҳои зерин муайян карда шудаанд:
- талабот ва расмиёти асосӣ (аҳамияти аввалиндараҷа) дар самти роҳбарии сифат ва бехатарии хизматрасониҳои тиббӣ дар муассиса;
- талабот ва расмиёти асосӣ (аҳамияти аввалиндараҷа) дар самти таъмин ва баланд бардоштани сифат ва бехатарӣ дар муассиса.
б) стандартҳои мартабаи 2 - стандартҳои "Б". Ин стандартҳо бо меъёрҳои зерин муайян карда шудаанд:
- талабот ва расмиёти асосӣ дар самти таъмин ва баланд бардоштани бехатарӣ дар муассиса;
- талабот ва расмиёти асосӣ дар самти таъмин ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар муассиса.
в) стандартҳои мартабаи 3 - стандартҳои "В". Ин стандартҳо бо меъёрҳои зерин муайян карда шудаанд:
- талабот ва расмиёти камаҳамият, ки ба бехатарии хизматрасониҳои тиббӣ дар муассиса таъсир мерасонанд;
- талабот ва расмиёти камаҳамият, ки ба сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар муассиса таъсир мерасонанд.
21. Низоми дараҷабандии стандартҳо, чун низоми рутбабандии онҳо дар асоси услуби истифодаи рақамҳои ҷадвали тартибӣ барои инъикоси дараҷаи иҷроиши стандартҳо дар муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии аккредитатсияшаванда (ҷадвали чорзинадори баҳодиҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Низоми дараҷабандӣ вобаста ба дараҷаи стандартҳо барои ба стандартҳо додани дараҷаи 1-ум ва 2-юми бартарият (таъсир ба натиҷаи баҳогузорӣ) дар маҷзмӯи истифодаи стандартҳо барои баҳогузории фаъолияти муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ гуногун аст:
а) дараҷабандии стандарти "А":
- 0 хол (номутобиқатии комил ба стандартҳо). Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаванд, ки агар ҳама ё ин ки қисми бештари талаботҳои стандарт (бештар аз 90%) иҷро карда намешаванд;
- 1 хол (ҳадди ақали мутобиқат ба стандартҳо). Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаванд, ки агар қисмати ками талаботи стандарт (аз 10 то 39%) иҷро карда шуда бошанд;
- 2 хол (қисмаи мутобиқат намудан ба стандартҳо). Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаванд, ки агар қисмати зиёди талаботҳои стандарт (аз 40 то 90%) иҷро карда шуда бошанд;
- 5 хол (мутобиқати комил ба стандартҳо). Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаванд, ки агар талаботҳои стандарт аз 90% зиёд иҷро шуда бошанд.
б) дараҷабандии стандарти "Б":
- 0 хол (номутобиқатии комил ба стандартҳо). Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаванд, ки агар ҳама ё ин ки қисми зиёди (бештар аз 90%) талаботҳои стандарт иҷро карда намешаванд;
- 1 хол (ҳадди ақали мутобиқат ба стандартҳо). Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаванд, ки агар қисмати ками (аз 10 то 39%) талаботҳои стандарт иҷро карда шуда бошанд;
- 2 хол (қисман мутобиқат намудан ба стандартҳо). Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаваанд, ки агар қисмати зиёди (аз 40 то 90%) талаботҳои стандарт иҷро карда шуда бошанд;
- 4 хол (мутобиқати комил ба стандартҳо). Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаванд, ки агар талаботҳои стандарт аз 90% зиёд иҷро шуда бошанд.
в) дараҷабандии стандарти "В":
- 0 хол (номутобиқатии комил ба стандартҳо). Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаванд, ки агар ҳама ё бештари талаботҳои стандарт (бештар аз 90%) иҷро карда намешаванд;
- 1 хол (ҳадди ақали мутобиқат ба стандартҳо). Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаванд, ки агар қисмати ками талаботҳои стандарт (аз 10 то 39%) иҷро карда шуда бошанд;
- 2 хол (қисман мутобиқат намудан ба стандартҳо). Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаванд, ки агар қисмати зиёди талаботҳои стандарт (аз 40 то 90%) иҷро карда шуда бошанд;
- 3 хол (мутобиқати комил ба стандартҳо), Стандарти "А" бо ин хол дар ҳолате баҳогузорӣ карда мешаванд, ки агар талаботҳои стандарт аз 90% зиёд иҷро шуда бошанд.
6. Тартиби аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ
22. Аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ зинаҳои ҳатмии зеринро дар бар мегирад;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби муассисаи тандурустӣ барои гузаронидани аккредитатсия ба Мақоми аккредитатсионӣ ариза пешниҳод карда мешавад (замимаи 1);
- тартиби гузаронидани аккредитатсия ба намояндагони Муассисааризадиҳанда омӯзонида мешавад;
- бастани шартнома байни Мақоми аккредитатсионӣ ва Муассисааризадиҳанда оид ба гузаронидани аккредитатсия (замимаи 2);
- аз ҷониби Муассиса - аризадиҳанда оид ба стандартҳои аккредитатсия гузаронидани расмиёти худбаҳодиҳӣ (аудити дохилӣ);
- ба Мақоми аккредитатсионӣ аз ҷониби Муассиса - аризадиҳанда пешниҳод намудани натиҷаи худбаҳодиҳӣ аз рӯи стандартҳои аккредитатсия ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои амалисозии расмиёти экспертизаи аккредитатсия ва ташаккули маҷмӯи ҳуҷҷатҳо (замимаи 3);
- ташхиси ҳуҷҷатҳои ба Мақоми аккредитатсионӣ пешниҳодшуда;
- ташаккули гурӯҳи коршиносон барои гузароиидани экспертизаи аккредитатсионӣ;
- гузаронидани экспертизаи аккредитатсионии Муассисааризадиҳанда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон (аудити беруна);
- таҳлил ва ҷамъбасти натиҷаи санҷиши аккредитатсионӣ бо омода намудани ҳисобот оид ба аккредитатсияи Муассиса - арзизадиҳанда;
- қабули қарор аз ҷониби Мақоми аккредитатсионӣ оид ба соҳиб шудани муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ба мақоми муассисаи аккредитатсияшуда;
- қабули қарор аз ҷониби Шӯрои аккредитатсионӣ оид ба муваффақ шудани муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ба дараҷаи аккредитатсионӣ;
- барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани Шаҳодатнома оид ба аккредитатсия ба аризадиҳанда;
- бастани шартнома бо муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ оид ба гузаронидани мониторинги пас аз аккредитатсионӣ;
- гузаронидани мониторинги пас аз аккредататсионӣ;
- қабули қарор оид ба натиҷаҳои мониторинги пас аз аккредитатсионӣ.
23. Муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ барои соҳиб шудан ба баҳогузории расмии фаъолияташ ба Мақоми аккредитатсионӣ оид ба гузаронидани расмиёти аккредитатсионӣ ариза пешниҳод менамояд. Бо роҳбари Муассиса - аризадиҳанда оид ба гузаронидани аккредитатсия шартнома баста мешавад ва дар он шартҳои гузаронидани расмиёти аккредитатсионӣ (мӯҳлати гузаронидан, масъулияти ҷонибҳо) пешакӣ қайд карда мешаванд.
24. Баъди бастани шартнома бозомӯзии намояндагони Муассисааризадиҳанда оид ба ҳама масоили гузаронидани расмиёти аккредитатсионӣ гузаронида шуда, бо пешниҳод намудани маҷмӯи стандартҳои аккредитатсия ба онҳо барои гузаронидани худбаҳодиҳӣ ва номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки маҷмӯи онҳоро ба Мақоми аккредитатсионӣ то гузаронидани ташхиси аккредитатсионӣ бояд супоранд.
25. Муассиса - аризадиҳанда аз рӯи стандартҳои аккредитатсия худбаҳодиҳиро гузаронида, маҷмӯи ҳуҷҷатҳоро (мувофиқи номгӯй) омода менамояд. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, дар якҷоягӣ бо натиҷаи худбаҳодиҳӣ аз рӯи стандартҳои аккредитатсия ба Мақоми аккредитатсионӣ на дертар аз 30 рӯз то гузаронидани экспертизаи аккредитатсионӣ супорида мешавад.
26. Шахси аз ҷониби роҳбарияти Мақоми аккредитатсионӣ ваколатдоршуда экспертизаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаро гузаронида, хулоса оид ба пурра ва дуруст будани онҳо, инчунин роҷеъ ба имконияти (ғайри имкон будани) давом додани кор оид ба аккредитатсияро ба роҳбарияти Мақоми аккредитатсионӣ пешниҳод менамояд.
27. Ҳамгоми натиҷаи мусбии ташхиси хуҷҷатҳои пешниходшуда, роҳбари Мақоми аккредитатсионӣ қарор оид ба ҳайати гурӯҳи коршиносон барои гузаронидани экспертизаи аккредитатсионии Муассисааризадиҳанда ва таъини роҳбари гурӯҳи коршииосонро қабул менамояд. Ҳайатҳои гурӯҳи коршиносон вобаста ба намуд, шаклу сохтори муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ташкил карда мешавад.
28. Дар ҳолати номутобиқ будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талабот ва номгӯйи муқарраргардида, ба Муассиса - аризадиҳанда бо далелҳои асоснок қарор оид ба рад намудани корҳо оид ба гузаронидани аккредитатсия пешниҳод карда мешавад. Рад намудан ба таври хаттӣ ба Муассиса - аризадиҳанда на дертар аз 30 рӯз, баъди ворид шудани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дархостшуда ба Мақоми аккредитатсионӣ, пешниҳод карда мешавад. Муассиса - аризадиҳанда метавонад дар муддати 15 рӯз баъди гирифтани хабар оид ба рад намудан, ҳуҷҷатҳои набударо пешниҳод ва ё онҳоро мувофиқи талаботи муқарраргардида ба тартиб дароварда, барои аз ҷониби Мақоми аккредитатсионӣ қабул гардидани қарор оид ба давом додани корҳо ба аккредитатсия пешниҳод намояд.
29. Экспертизаи аккредитатсионӣ тибқи Тартиби мазкур, дигар санадҳои меъёрӣ ва ташкилито дастурӣ, ки раванди тартиби кори коршиносон, технология ва усули гузаронидани аудити берунаро муайян менамояд, гузаронида мешавад. Экспертизаи аккредитатсионӣ бо роҳи баҳогузории мутобиқат ба стандартҳои акрредитатсионии зерин гузаронида мешавад;
- идоракунӣ (мақоми ҳуқуқӣ, сохтори ташкилӣ, алоқаҳои корпоративӣ, салоҳиятнокии роҳбар, банақшагирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, роҳбарии молиявӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, идоракунии иттилоот, менеҷменти сифат ва бехатарии ёрии тиббӣ);
- расмиёт оид ба бехатарии клиникӣ (касбӣ);
- сифати ёрии тиббӣ (сатҳи технологияи тиббӣ, истифодабарии принсипҳои тиббӣ собитшуда ва протоколҳои клиникӣ, сифати пешбурди ҳуҷҷатҳои тиббӣ, натиҷаҳои ниҳоӣ, нишондодҳои асосии фаъолият);
- заминаи моддию техникӣ, захираҳои таъминотӣ, хадамоти хоҷагидорию техникӣ ва бехатарии муҳити зист.
30. Ҳангоми гузаронидани баҳогузории мутобиқат ба стандартҳои аккредитатсия услубҳо ва расмиёти маъмули зерин истифода мешаванд:
а) Бо мақсади аз муайян намудани мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ (низомнома, қоидаҳо, дастурамалҳо ва ғ.) ва баҳогузории мутобиқати онҳо стандартҳо ва талаботи муқарраргардида таҳлили коршиносии ҳуҷҷатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ (Оиннома (Низомнома), низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ, ӯҳдадориҳои вазифавӣ, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, низомномаҳо оид ба комиссияҳо, мақомоти машваратии назди роҳбарият, гурӯҳҳои корӣ, фармоишҳо ва ғ.);
- сохтори ташкилӣ ва тақсимоти вазифаҳо байни зерсохторҳои муассиса;
- нақшаҳо ва ҳисоботҳои муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ бо таҳлили самтҳои гуногуни фаъолияти воҳидҳои сохтории он;
- ҳуҷҷатҳои молиявӣ;
- дастурамалҳои мансабӣ, рӯйхати кормандон, варақаҳои шахсии ҳайати кормандони муассиса, шартномаҳои меҳнати ва коллективӣ;
- номгӯи ва маҷмӯи санадҳои меъёрию ҳуқуқии мавҷудбуда;
- ҳуҷҷатҳои коргузорӣ (номгӯй ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳои воҳидҳои сохторӣ, китобҳои қайди ҳуҷҷатҳои ворида ва содира);
- санадҳои таҳқиқоти санитарию бактериологии беморон ва муҳити зист;
- ҳуҷҷатҳои низоми менеҷменти сифати муассиса - Комиссия оид ба сифат ва бехатарии ёрии тиббӣ (протоколҳои маҷлисҳо ва баррасии натиҷаи аудитҳо дар конфереисияҳои клиникӣ);
- санадҳои ҷорӣ намудани технологияҳои нав;
- рӯйхат, ҷадвали санҷиш ва санадҳои санҷиши воситаҳои ченкунӣ;
- дафтарҳои санитарии ҳайати кормандон;
- дастурамалҳо оид ба техникаи бехатарӣ, дафтарҳои бақайдгирии гузаштани дастурҳо оид ба техникаи бехатарӣ;
- рӯйхати кормандоне, ки бояд аз эмкунӣ гузаранд ва ҳуҷҷатҳое, ки аз эм гузаштани онҳоро тасдиқ менамоянд;
- санадҳои гузаронидани назорати радиатсионӣ дар шӯъбаҳои (ҳуҷраҳои) ташхиси нурӣ;
- расмиёти мухталифи ҳуҷҷатнигорӣ ва дастурамалҳо марбут ба фаъолияти тахассусӣ (кор бо партовҳо, кор дар таҷҳизоти тиббӣ ва маишӣ, дастурҳои клиникӣ ва ғайра);
- кортҳои тиббӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки ба фаъолияти тахассусӣ дахл доранд (китоби қайди гузаронидани амалиётҳо, квартскунонӣ, ҳуҷҷатҳо оид ба эмкунӣ, кор бо ҳайати ба рухсатии ҳомиладорӣ баромадагон, китоби қайди амалиётҳои ҷарроҳӣ ва ғайра);
- шиносномаҳои техникии биноҳо, ҳуҷраҳо ва сохтмонҳо;
- ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва истифодаи таҷҳизоти тиббӣ (рӯйхат, шиносномаҳо, сарборӣ, ҳолати техникӣ, гузаронидани назорати метрологӣ);
- Шаҳодатномаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо, ки аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия дода шудааст.
б) сӯҳбат (мусоҳиба) ҳам бо ҳайати кормандони муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳам бо беморон гузаронида мешавад.
в) азназаргузаронӣ (назорат) - ин усулест, ки барои ҷамъоварии маълумотҳо дар бораи заминаи моддӣ-техникии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ, дар бораи дурустӣ ва сифати иҷрои амалиётҳои касбӣ аз ҷониби ҳайати кормандони Муассиса - аризадиҳанда (амалиётҳо оид ба бехатарӣ, амалиётҳои табобатию ташхисӣ), оид ба маълумот дар бораи беморон ва ҳайати кормандон дар ҳудуд ва зерсохторҳои муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ истифода бурда мешавад. Назорат ҳамчунин барои санҷиш ва тасдиқи он маълумоте, ки аз сарчашмаҳои гуногун ҷамъоварӣ гардидааст, истифода карда мешавад.
г) анкетакунонӣ, мақсади анкетакунонӣ пурра намудани маълумот (дар мавриди зарурат), ки ҳангоми таҳлили ҳуҷҷатҳо, сӯҳбат ва назорат ба даст омадаанд, мебошад. Тавассути анкетакунонии ҳайати кормандон ва беморони муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ маълумоти иловагӣ дар бораи фаъолияти идоракунӣ, риояи ҳуқуқҳо ва сатҳи ризояти беморон, баҳогузории онҳо ба сифат ва бехатарии ёрии тиббӣ ва ғайра ҷамъоварӣ карда мешавад.
31. Дар раванди гузаронидани экспертизаи аккредитатсионӣ натиҷаҳои бадастовардашуда ва натиҷаҳои амалиётҳои худбаҳогузорӣ муқоиса карда мешаванд.
32. Баъди анҷоми экспертизаи аккредитатсионии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ, гурӯҳи коршиносон ҳисоботро бо зикри муфассали номутобиқатӣ ба стандартҳо ва натиҷагирии тамоми стандартҳое, ки ҳангоми аккредитатсияи (баҳогузории мутобиқат) муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ истифода шуданд, чунин омода менамояд:
- натиҷаи экспертизаи аккредитасионӣ бо фоизҳои мутобиқат ба маҷмӯи тамоми стандартҳое, ки барои баҳогузории фаъолияти муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ истифода шудаанд, ифода меёбанд;
- комилан мутобиқат намудани муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ба маҷмӯи стандартҳои барои баҳогузории муассиса истифодашуда 100 % ҳисоб карда мешавад;
- ҳиссаи хосаи ҳар як стандарт аз пуррагии иҷрои талаботи стандартҳо ва мартабаи он вобастагӣ дорад;
- ҷамъи натиҷаи аккредитатсия бо истифодаи формулаи зерин ҳосил мегардад:
S
X= ------------------------------------X 100%, ки дар он (N "А" х5)+(N "Б" x 4)+ (N "В" x 3)
X - ҷамъи натиҷаи аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ бо ифодаи фоиз;
S - ҷамъи умумии холҳои бадастоварда аз рӯи тамоми стандартҳои барои баҳогузории муассиоаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ истифодашаванда;
N "А" - миқдори стандартҳои мартабаи 1-уми "А"-и дар аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ истифодашаванда;
N "Б" - миқдори -стандартҳои мартабаи 2-юми "Б"-и дар аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ истифодашаванда;
N "В" - миқдори стандартҳои мартабаи 3-юми "В"-и дар аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ истифодашаванда;
5 - баҳои баландтарини ҷадвали тартибии баҳогузории стандартҳои рутбаи 1 -уми "А"
4 - баҳои баландтарини ҷадвали тартибии баҳогузории стандартҳои рутбаи 2-юми "Б";
3 - баҳои баландтарини ҷадвали тартибии баҳогузории стандартҳои рутбаи 3-уми "В".
33. Ҳисобот оид ба экспертизаи аккредитатсионӣ дар ҷаласаи Мақоми аккредитатсионӣ баррасӣ шуда, дар он бо бартарии овоздиҳии коршиносон метавонанд қарори зарурии зерин оид ба аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ қабул карда шавад:
а) муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ба мӯҳлати 3 сол аккредитатсия шуда, ба онҳо Шаҳодатномаи аккредитатсия дода мешавад - ҳангоми мутобиқати муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ба стандартҳои аккредитатсия аз 71 то 100 фоиз тибқи тамоми қисматҳои стандартҳо дар якҷоягӣ ва на камтар аз чор се қисматҳои стандартҳо (I-"Идоракунӣ", II-"Бехатарии клиникӣ", III-"Сифати ёрии тиббӣ", IV-"Заминаи моддию техникӣ ва бехатарии мӯҳити зист");
б) муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ аккредитатсия нашудааст - ҳангоми мутобиқати муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ба стандартҳои аккредитатсия аз 71 фоиз камтар тибқи ду ва зиёда қисматҳои стандартҳо.
34. Қарор оид ба аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ бо протоколи ҷаласаи Мақоми аккредитатсионӣ ба расмият дароварда мешавад. Дар ҳолати қабули қарор аз тарафи Мақоми аккредитатсионӣ оид ба соҳиб шудан ба мақоми муассисаи аккредитатсияшуда Мақоми аккредитатсионӣ ҳисобот ва протоколи ҷаласаро ба Шӯрои аккредитатсионӣ барои ба муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ додани дараҷаҳои зерин пешниҳод менамояд:
- олӣ ҳангоме, ки мутобиқати муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ба стандартҳои аккредитатсионӣ аз 91 то 100 фоизро ташкил медиҳад;
- якум - ҳангоме, ки мутобиқати муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ба стандартҳои аккредитатсионӣ аз 81 то 90 фоизро ташкил медиҳад;
- дуюм - ҳангоме, ки мутобиқати муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ 6а стандартҳои аккредитатсионӣ аз 70 то 80 фоизро ташкил медиҳад.
35. Қарор оид ба додани дараҷа ба муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ бо протоколи ҷаласаи Шӯрои аккредитатсионӣ ба расмият дароварда шуда, ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад.
36. Муассисаҳо, ташкилсотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустие, ки аккредитатсия нашудаанд, баъд аз бартараф намудани номугобиқатӣ метавонанд аризаро оид ба гузаштан аз аккредитатсияи такрорӣ пешниҳод намоянд.
37. Қарор оид ба аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ оид ба сазовор шудан ба дараҷа ва додани Шаҳодатномаи- аккредитатсия, ё ин ки радкунӣ оид ба аккредитатсия на дертар аз 3 моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани экспертизаи аккредитатсионӣ, қабул карда мешавад.
38. Ҷавоби асоснок оид ба нагузаштан аз аккредитатсия, ба таври хаттӣ мувофиқи мӯҳлати барои додани Шаҳодатномаи аккредитатсионӣ муқарраршуда, пешниҳод мешавад ва муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ метавонанд дар муддати 30 рӯз мувофиқи тартиби муқарраргардида нисбати қарор аппелятсия пешниҳод намоянд.
39. Дар ҳолате, ки агар муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ дар якчанд мавзеъ ҷойгир бошанд, пас дар Шаҳодатномаи аккредитатсияи аз ҷониби Мақоми аккредитатсионӣ додашуда, суроғаи ҳуқуқӣ қайд карда мешавад.
40. Намунаи тасдиқшудаи Шаҳодатномаи аккредитатсия, ки бо усули чопи типографӣ тайёр карда мешавад, ҳамчун варақаи ҳисоботии қатъӣ буда, дараҷаи ҳимояшаванда, силсилаи бақайдгирӣ, рақам ва ҳуҷҷати фардӣ (бидуни додан ба касе) мебошад, ки ба дигар шахс додани он қатъиян манъ аст. Дар ҳолати гум кардани Шаҳодатномаи аккредитатсионӣ, муассиса, ташкилот ва корхонаи соҳаи тандурустӣ ба Мақоми аккредитатсионӣ аризаашро бо хоҳиши барқарор намудани нусхаи он пешниҳод менамояд.
41. Шаҳодатномаи аккредитатсионӣ ин ҳуҷҷате мебошад, ки:
- ба истифодабарандагони воқеӣ ва эҳтимолии хизматҳои тиббӣ тасдиқ менамояд, ки муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ имконияти пешниҳод кардани ёрии тиббии мутобиқ ба стандартҳои тасдиқшударо доранд ва қодиранд устувории сифати хизматрасониҳои пеишиҳодшавандаро таъмин намоянд;
- метавонад барои ширкатҳои инвеститсионӣ дар ҳалли масъалаҳои дастгирии инвеститсионӣ оид ба рушди замииаи моддию техиикӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ асос шавад;
- метавонад ҳамчун асос барои бастани шартнома бо муассисаҳо оид ба суғуртаи (ҳатмӣ, ихтиёрии) тиббӣ барои ширкатҳои суғуртавӣ хизмат намояд.
7. Мониторинги пас аз аккредитатсионии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии аккредитатсияшуда
42. Мониторинги пас аз аккредитатсионии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии аккредитатсияшуда метавонад нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бошад.
43. Мониторинги пас аз аккредитатсионии нақшавии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии аккредитатсияшуда бо мақсади бартарафсозии номувофиқатии стандартҳои аккредитатсионӣ дар асоси шартнома (замимаи 4), ки баъди гузаронидани расмиёти аккредитатсиони байни мақоми аккредитатсионӣ ва муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии аккредитатсияшуда, пас аз гузаронидани расмиёти аккредитатсия на пештар аз 6 моҳ пас аз гирифтани Шаҳодатномаи аккредитатсионӣ гузаронида мешавад. Дар шартнома барои гузаронидани мониторинги пас аз аккредитатсионӣ, асосан ҳамон стандартҳое дохил карда меижаванд, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи аккредитатсионӣ бо "0 хол" ва "1 хол" баҳогузорӣ шудаанд (дар ҳолатҳои ҷудогона, инчунин стандартҳое ворид мешаванд, ки ҳангоми гузаронидани таҳлили аккредитатсионӣ бо "2 хол" баҳогузорӣ шудаанд).
44. Мониторинги пас аз аккредитатсионии нақшавии муассисаи аккредитатсияшудае, ки мутобиқати он ба стандартҳо 91 % ва фоизи баландтарро ташкил медиҳад, гузаронида намешавад.
45. Мониторинги пас аз аккредитатсионии нақшавии муассисаи аккредитатсияшудае, ки мутобиқаташ ба стандартҳо аз 70 то 90 %-ро ташкил медиҳад, дар як сол як маротиба, дар давоми амали Шаҳодатномаи аккредитатсионӣ гузаронида мешавад, ба шарте ки дар вақти гузаронидани мониторинги пас аз аккредитатсионӣ муассиса тавонад 70 % ва зиёдтар номутобиқатии стандартҳои дар шартномаи гузаронидани мониторинги пас аз аккредитатсионӣ қайдшударо бартараф намояд.
46. Мониторинги пас аз аккредитатсионии ғайринақшавӣ бо қарори Шӯрои аккредитатсионӣ ё Мақоми аккредитатсионӣ дар ҳолати ворид шудани иттилооти манфӣ оид ба фаъолияти муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии аккредитатсияшуда (тағйироти манфии сохтори сифати муассиса, ки ба сифати хизматрасонии тиббӣ таъсир расонидааст) ба Мақоми аккредитатсионӣ гузаронида мешавад.
47. Муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии акредитатсияшуда пас аз гирифтани Шаҳодатномаи аккредитатсия, нусхаҳои ҳисобот оид ба экспертизаи аккредитатсионӣ ва шартнома оид ба мониторинги пас аз аккредитатсионӣ, нақшаи чорабиниҳоро оид ба бартараф намудани номутобиқатӣ ба тамоми стандартхои аккредитатсия (тибқи ҳисоботи аз Мақоми аккредитатсионӣ оид ба экспертизаи аккредитатсинӣ гирифташуда) омода менамояд. Нусхаи нақшаи корӣ оид ба бартараф намудани номутобиқатии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ба стандартҳои аккредитатсия ба Мақоми аккредитатсионӣ ирсол карда мешавад. Муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ дар як сол як маротиба ба Мақоми аккредитатсионӣ аз рафти иҷроиши нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани номутобиқатӣ ба стандартҳои аккредитатсия маълумот ирсол менамояд. Як моҳ пеш аз гузаронидани мониторинги пас аз аккредитатсионӣ, муассисаҳо ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ ба Мақоми аккредитатсионӣ оид ба бартараф намудани номутобиқатӣ ба стандартҳои аккредитатсия, ки дар шартнома оид ба мониторинги пас аз аккредитатсионӣ дарҷ шудаанд, маълумот ирсол менамоянд.
48. Шаклҳои гузаронидани мониторинги пас аз аккредитатсионӣ:
- экспертизаи бартарэафсозии номутобиқатӣ ба стандартҳои аккредитатсия дар муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ "дар ҷояш";
- деклоратсиякунонии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ оид ба бартараф намудани номутобиқатӣ ба стандартҳои аккредитатсия.
49. Ҳангоми гузаронидани мониторинги пас аз аккредитатсионӣ дар шакли экспертизаи бартарафсозии номутобиқатӣ ба стандартҳои аккредитатсия "дар ҷояш", гурӯҳи коршиносон барои гузаронидани экспертизаи бартарафсозии номутобиқатии стандартҳое, ки пешакӣ дар шартнома оид ба мониторинги пас аз аккредитатсионӣ қайд гардидаанд, ба муассисаи аккредигатсияшуда меравад. Аз натиҷаи мониторинги пас аз аккредитатсионӣ самад тартиб дода мешавад, ки дар он маълумотҳо оид ба корҳои ба анҷом расонидашуда ва бартарафсозии номутобиқатӣ ба стандартҳои аккредитатсия дар муассисаи аккредитатсияшуда дарҷ мегарданд. Санад оид ба гузаронидани мониторинги пас аз аккредитатсионӣ дар ҷаласаи Мақоми аккредитатсионӣ баррасӣ мешавад, ки бо аксари овози коршиносон, қарор оид ба нигоҳ дештани мақоми аккредитатсионии муассисаҳои тандурустӣ (ҳангоми бартарафсозии номутобиқатии станадартҳои дар шартнома қайдгардида ба андозаи 70 % ва зиёдтар) ва ё бозхонди Шаҳодатномаи аккредитатсия (ҳангоми бартарафсозии номутобиқатии станадартҳои дар шартнома қайдгардида ба андозаи < 30 %) қабул карда мешавад. Ҳангоме ки бартарафсозии номутобиқатии станадартҳои дар шартномаи мониторинги пас аз аккредитатсионӣ қайдгардида аз 30% то 69 %-ро ташкил диҳад, пас аз 6 моҳ ва 1 сол мониторииги пас аз аккредитатсионии такрории муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ таъин карда мешавад.
50. Ҳангоми аз ҷониби муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ 100% бартараф намудани номутобиқатии станадартҳо, ки дар шартномаи мониторинги пас аз аккредитатсионӣ қайд гардидааст ва оид ба ин то як моҳ пеш аз мӯҳлати ба нақша гирифташудаи мониторинги пас аз аккредитатсионӣ пешниҳод намудани декларатсия (ҳисоботи муфассал бо замимагардонии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда), мониторинги пас аз аккредитатсионӣ бо шакли расман эътироф намудани бартарафсозии номутобиқатӣ ба стандартҳои аккредитатсия, бе фиристодани гурӯҳи коршиносон ба ҷойи қарордоштаи муассиса анҷом дода мешавад. Эътирофи расмӣ оид ба бартарафсозии номутобиқатии стандартҳои аккредитатсия дар ҷаласаи Мақоми аккредитатсионӣ баррасӣ карда мешавад ва дар ҳолати набудани шубҳа нисбати 100 % бартарафсозии номутобиқатӣ ба стандартҳо, қарор онд ба нигоҳ доштани мақоми "муассисаи аккредитатсияшуда" қабул карда мешавад.
51. Дар ҳолати бозхонди Шаҳодатномаи аккредитатсия муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ дар, муддати 30 рӯз дар шакли хаттӣ ва замимагарддонии нусхаи санади мониторинги пас аз аккредитатсионӣ хабардор карда мешаванд ва онҳо метавонанд оид ба қарори мазкур ба Шӯрои аккредитатсионӣ дар муддати 30 рӯз эътироз пешниҳод намоянд.
52. Бозхонди Шаҳодатномаи аккредитатсия дар ҳолатҳои зерин амалӣ мешавад:
- ҳангоми гузаронидани мониторинги пас аз аккреднтатсионӣ муайян намудани ҳолате, ки барои бартарафсозии номутобиқатӣ ба стандартҳои аккредитатсияи дар вақти гузаронидани экспертизаи аккредитатсионӣ ошкоршуда ягон амал ба анҷом расонида нашудааст;
- фаъолияти нокифоя оид ба баргарафсозии номутобиқатиҳо ба стандартҳои аккредитатсия, ки ҳангоми гузаронидани мониторинги пас аз аккредитатсионӣ муайян шудаанд (аз 30% камтар бартараф шудани номутобиқати ба стандартҳои аккредитатсия, ки дар шартномаи мониторинги пас аз аккредитатсионӣ қайд шудаанд);
- гузаронидани мониторинги пас аз аккредитатсионии дар шартнома муқарраршударо рад намудани муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ;
- ҳангоми барҳамдиҳии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ.
53. Пас аз бозхонди Шаҳодатномаи аккредитатсия, дар асоси талаби Мақоми аккредитатсионӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ Шаҳодатномаи аккредитатсияи ба онҳо додашударо бояд баргардонанд.
54. Аккредитатсияи такрории муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ баъди бозхонди Шаҳодатномаи аккредитатсия, аз рӯи тартиби барои бори аввал гузаштан аз аккредитатсия муқарраршуда, дар асоси аризаи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.
8. Аз нав ба расмият даровардани Шаҳодатномаи аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ
55. Дар ҳолати тағйир ёфтани мақоми ҳуқуқӣ, ном, суроға ва дигар тағйироте, ки ба дигаргуншавии воҳидҳои сохтории муассиса алоқаманд намебошад (тағйири таркиби воҳидҳои сохторӣ ва ворид намудани намудҳои нави хизматрасониҳои тиббӣ), муассисаи тандурустии аккредитатсияшуда, дар муддати 30 рӯз барои аз нав барасмиятдарории Шаҳодатномаи аккредитатсия ҷиҳати нигоҳ доштани мақоми "Муассисаи аккредитатсияшуда" ариза пешниҳод менамояд. Аз нав барасмиятдарории (нигоҳ доштани) амали Шаҳодатномаи аккредитатсия аз тарафи Мақоми аккредитатсионӣ дар ҳар як ҳолати муайян, бо дарназардошти сарфи камтарини вақт ва арзиши корҳо барои муассиса муқаррар карда мешавад.
9. Аккредитатсияи такрорӣ бинобар ба охир расидани мӯҳлати амали Шаҳодатномаи аккредитатсия
56. Аккредигасияи такрорӣ бинобар ба охир расидани мӯҳлати амали Шаҳодатномаи аккредитатсия, аз рӯи тартиби барои маротибаи якум гузаштан аз аккредитатсия муқарраршуда, дар асоси аризаи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Муассисаҳо, ташкилотҳо ва Корхонахои соҳаи тандурустӣ аризаро барои гузаронидани аккредитатсияи такрорӣ 3 моҳ пеш аз ба анҷом расидани мӯҳлати амали Шаҳодатномаи аккредитатсия пешниҳод менамоянд.
57. Дар ҳолатҳои алоҳида, баъд аз ба охир расидани мӯҳлати амали Шаҳодатномаи аккредитатсия, мумкин аст мӯҳлати он бе гузаронидани расмиёти аккредитатсияи такрорӣ тамдид карда шавад. Чунин қарор аз ҷониби Мақоми аккредитатсионӣ на дертар аз 1 моҳ қабл аз анҷоми мӯҳлати амали Шаҳодатномаи аккредитатсия дар асоси натиҷаҳои мониторинги пас аз аккредитатсионии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ қабул карда мешавад, ба шарте ки низоми дохилии сифат мунтазам такмил дода шавад ва муҳимтарин номутобиқатҳо ба станадратҳои аккредитатсия, ки дар аккредитатсияи пештара муайян шуда буданд, бартараф карда шаванд.
10. Аккредитатсияи такрории муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии аккредитатсияшуда бинобар тағйироти сохторӣ
58. Муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии аккредитатсияшуда ҳангоми тағйирот дар воҳидҳои сохторӣ (тағйироти таркиби воҳидҳои сохторӣ бо зиёдшавӣ ва кам кардани намудҳои хизматрасониҳои тиббӣ) ба Мақоми аккредитатсионӣ барои гузаронидани аккредитатсияи такрорӣ ариза пешниҳод менамоянд. Ба ариза мактуб оид ба тавсифи тағйирот дар воҳидҳои сохторӣ (сохторҳо ва намудҳои хизматрасонии нав ва ё ихтисори сохторҳо ва хизматрасониҳо) замима карда мешавад.
59. Аккредитатсияи такрории муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии пештар аккредитатсияшуда ҳангоми тағйирот дар воҳидҳои сохторӣ метавонад дар чаҳорчӯбаи мониторинги пас аз аккредитатсионӣ гузаронида шавад. Дар чунин ҳолат дар рафти мониторинги пас аз аккредитатсионӣ дар баробари мониторинги бартарафсозии номутобиқатӣ ба стандартҳои аккредитатсия, инчунин баҳогузории тағйирот дар воҳидҳои сохтории муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии қаблан аккредитатсияшуда ва экспертизаи аккредитатсионии воҳидҳои сохторӣ ва намудҳои хизматрасониҳои тиббии нав, агар онҳо мавҷуд бошанд, гузаронида мешавад.
60. Аз натиҷаи экспертизаи аккредитатсионии дар доираи мониторинги пас аз аккредитатсиони гузаронидашуда, ҳисобот омода мешавад, ки дар ҷаласаи Мақоми аккредитатсионӣ баррасӣ шуда, бо аксарияти овозҳои коршиносон, қарор оид ба тасдиқи мақоми "Муассисаи аккредитатсияшуда" ё ин ки рад намудани тасдиқи мақоми пештар соҳибгардидаи "Муассисаи аккредитатсияшуда" қабул карда мешавад.
61. Дар ҳолати рад намудани тасдиқи мақоми қаблан соҳибшуда оид ба "Муассисаи аккредитатсияшуда", ба муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ дар муддати 30 рӯз ҷавоби асоснок дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешавад ва муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ метавонанд дар муддати 30 рӯз мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба қарори қабулшуда эътироз баён намоянд.
62. Аккредитатсияи такрории муассисаҳо, ташкилотҳо ва корханаҳои соҳаи тандурустӣ дар ҳолати рад намудани тасдиқи мақоми қаблан соҳибшудаи "Муассисаи аккредитатсияшуда" аз рӯи тартиби барои маротибаи якум гузаштан аз аккредитатсия пешбинигардида гузаронида мешавад.
11. Фаъолияти молиявии мақоми аккредитатсионӣ
63. Ба таври музднок гузаронидани аккредитатсия ва мониторинги пас аз аккредитатсионии муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ.
64. Ҳаҷми пардохт барои аккредитатсия ва мониторинги пас аз аккредитатсионӣ танҳо дар асоси хароҷоти марбутаи Мақоми аккредитатсионӣ оид ба гузаронидани аккредитатсия муқаррар карда мешавад. Андозаҳои арзиши хизматрасонӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд. Дар ҳолати нагузаштан аз аккредитатсия маблағи барои гузаронидани аккредитатсия пардохтшуда баргардонида намешавад. Аккредитатсияи такрорӣ бо пардохти иловагӣ гузаронида мешавад.
65. Ҳангоми даст кашидан аз гузаронидани аккредитатсия маблағҳои барои гузаронидани аккредитатсия пардохтнамудаи муассисаи тандурустӣ ба истиснои маблағҳои хароҷоти воқеии Мақоми аккредитатсионӣ баргардонида мешаванд.
66. Дар ҳолати гум кардани Шаҳодатномаи аккредитатсия нусхаи он дода шуда, дар ҳаҷми арзиши он пардохт ситонида мешавад.
67. Пардохт барои гузаштан аз аккредитатсияи такрорӣ дар ҳамон ҳаҷме, ки ҳангоми маротибаи якум гузаронидани аккредитатсия муқаррар шудааст, анҷомдода мешавад.
12. Сарчашмаҳои маблағгузории мақоми аккредитатсионӣ
68. Сарчашмаҳои маблағгузории Мақоми аккредитатсионӣ инҳо мебошанд:
- маблағҳои Муассис;
- пардохтҳо аз муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ барои хизматрасонии аккредитатсионӣ ва монигоринги пас аз аккредитатсионии Муассисаҳои мазкур;
- маблағҳои хайрия, саҳмияҳои беподоши шаҳрвандон, муассисаҳо, аз ҷумла хориҷӣ;
- даромад аз чорабиниҳои музднок аз баргузории конференсияҳо, семинарҳо, баромадҳо, намоишгоҳҳо, чорабиниҳои беҳдоштию солимгардонӣ;
- даромад аз фаъолият оид ба ҷалби захираҳо (баргузор намудани ҷорабиниҳо оид ба ҷалби эҳсонкорон ва ихтиериён, аз ҷумла ташкили чорабиниҳои фароғатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ);
- дигар даромадҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд.
13. Ҳалли баҳсҳо
69. Баҳсҳо байни Мақоми аккредитатсионӣ ва муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ бо роҳи музокироти дутарафа ва ё аз ҷониби Шӯрои аккредитатсионӣ ҳал карда мешаванд.
70. Дар ҳолати бо роҳи музокирот ҳал нашудани баҳсҳо, онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти судӣ ҳал карда мешаванд.
Замимаҳои 1-4
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 сентябри соли 2014, № 600
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассисаҳои системаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазоратл тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Маркази аккредитатсияи тиббӣ"