Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2009, 1240
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, № 2 моддаи 46)
тасдиқ гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2009, 1240
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, № 2 моддаи 46)
тасдиқ гардидааст.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии "Помир-Чақалтой"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, ки минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд,
Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро аз 25 майи соли 1993 ба роҳбарӣ гирифта,
мутобиқи Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ аз 25 майи соли 1993 амал намуда,
Конвенсия оид ба таъсисдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии марказҳои байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ ва созмонҳои илмиро аз 25 ноябри соли 1998 ба роҳбарӣ гирифта,
ба амалӣ гардидани тадқиқотҳои муштараки ядроӣ ва астрофизикии шуъоҳои кайҳонии нерӯҳои фавқулбаланд, ки манфиатҳои тарафайнро ифода мекунанд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Тарафҳо ҷиҳати амалӣ намудани тадқиқоти муштараки ядроӣ ва астрофизикии шуъоҳои кайҳонии нерӯҳои фавқулбаланд дар доираи озмоишҳои байналмилалии "Помир-Чақалтой" Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии "Помир-Чақалтой"-ро (минбаъд-Марказ) таъсис медиҳанд. Марказ ташкилоти байналмилалии байниҳукумати мебошад.
Марказ дар қаламрави давлатҳои иштирокчӣ мутобиқи қонунгузории миллии онҳо ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқиро истифода мебарад.
...