Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз 31 октябри соли 2014 № 694

Санаи амалкуни: 31.07.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2014 № № 694

тасдиқ шудааст

Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 415, аз 31.07.2023 № 353)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд - Тартиб) мувофиқи моддаи 20(1) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" таҳия гардида, расмиёти баррасии масъалаҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо муайян менамояд.

2. Амали Тартиби мазкур нисбати расмиёти ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии соҳаи маориф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳарбӣ, мубориза бар зидди коррупсия, судяҳо, прокурорҳо, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, иҷрочиёни суд, идораҳои нотариалӣ, мақомоти андоз ва гумрук татбиқ намегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 415).

3. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, ки дар номгӯи ташкилотҳои системаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ шудаанд, тибқи талаботи қонунгузории соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад:

2. Раванди баррасии масъалаҳои ба вазифа таъин намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

4. Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мегарданд, бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти зикргардида мувофиқан аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба вазифа таъин шуда, қарор дар бораи таъин намудани онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешавад (замимаи 1).

5. Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мегарданд, мувофиқан аз тарафи роҳбарони мақомоти мазкур бо розигии хаттии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба вазифа таъин шуда, қарор дар бораи таъин намудани онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешавад (замимаи 2).

6. Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бе гузаронидани озмун ба вазифа таъин карда мешаванд.

7. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ номзадро ба мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ аз захираи кадрҳои мансаби дахлдор интихоб менамоянд. Дар сурати набудани кадри захира ё мувофиқат накардани номзад ба талаботи тахассусӣ номзади дигар пешбарӣ карда мешавад.

8. Номзад бояд дар доираи қонунгузории хизмати давлатӣ пешбарӣ шуда, дорои таҳсилоти олӣ, собиқаи умумӣ ва хизмати давлатии ба талаботи тахассусӣ мувофиқ ва малакаи кор бо технологияи иттилоотӣ бошад.

9. Номзади пешбаришаванда мувофиқан ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии дахлдор ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатии дахлдор (замимаи 3);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона сурати 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумот аз мақомоти дахлдори андоз оид ба даромад ва вазъи молумулкии хизматчии давлатӣ;

- маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ;

- тавсифнома аз ҷои кори охирин;

- ҳуҷҷатҳои дигаре, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

10. Омӯзиши ҳуҷҷатҳо ва санҷиши маълумоти пешниҳоднамудаи номзад мувофиқан дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории хизмати давлатӣ ва соҳавӣ аз тарафи хадамоти кадрӣ анҷом дода мешавад.

11. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва муовинони соҳавии онҳо бо номзад сӯҳбат гузаронида, ҳуҷҷатҳои ӯро бо мактуби ташрехӣ ва варақаи сӯҳбат ба роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии дахлдор барои гирифтани розигии хаттӣ пешниҳод менамоянд (замимаи 4).

12. Роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовннони соҳавии онҳо низ бо номзад сӯҳбат доир намуда, ҳуҷҷатҳои ӯро бо мактуби ташреҳӣ ва варақаи сӯҳбат ба раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои дахлдор барои гирифтани розигии хаттӣ пешниҳод менамоянд (замимаи 5).

13. Мактуби ташреҳии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бояд маълумотро дар бораи собиқаи умумии меҳнатӣ, доштани донишҳои касбии ба вазифаи пешниҳодшаванда мувофиқ, малакаи кор бо технологияи иттилоотӣ, идоракунӣ, маҳорати роҳбарӣ, сифатҳои ахлоқӣ, ташаббускорӣ ва масъулиятшиносии номзад дар бар гирад.

14. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар давоми даҳ рӯзи корӣ розигии хаттии худро барои ба вазифа таъин намудани номзади пешниҳодгардида медиҳанд.

15. Агар баррасии ҳуҷҷатҳои номзад дар мӯҳлати муқарраршуда аз ҷониби раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо сабабҳои узрнок (беморӣ, дар рухсатии меҳнатӣ ва ё сафари хизматӣ будан) имконнопазир бошад, онҳо бояд ҳамдигарро то ба охир расидани мӯҳлати дар банди 14 Тартиб пешбинишуда хабардор намоянд.

16. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар сурати норозӣ будан ба номзади пешниҳодшуда бо далелҳои асоснок (мутобиқат накардани номзад ба талаботи тахассусӣ ва қонунгузорӣ) ҳуҷҷатҳои номзадро дар муддати даҳ рӯзи корӣ бо мактуб ба ҷониби дахлдор пас мегардонанд.

17. Дар сурати асоснок будани далелҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба ҷавобгӯ набудани номзад ба талаботи тахассусӣ ва қонунгузорӣ роҳбарони мақомоти дахлдор вазифадоранд бо дарназардошти талаботи Тартиби мазкур номзади дигарро барои таъин кардан ба вазифа пешниҳод намоянд.

18. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо қарори (фармоиши) худ номзадеро, ки барои ба вазифа таъин намудани ӯ розигии хаттӣ дода шудааст, дар мӯҳлати 5 рӯзи корӣ бавазифа таъин намуда, қарори (фармоиши) худро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамоянд.

3. Раванди баррасии масъалаҳои аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

19. Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз вазифа озод карда шуда, қарор дар бораи озод намудани онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешавад.

20. Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, мувофиқан бо розигии хаттии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз вазифа озод карда шуда, қарор (фармоиш) дар бораи озод намудани онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешавад.

21. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба роҳбарони мақомоти марказӣ бо мактуби расмӣ муроҷиат менамоянд. Талаботи мазкур дар мавриди аз тарафи роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти зикргардида низ татбиқ мегардад.

22. Роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар давоми даҳ рӯзи корӣ дар хусуси аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ розигии хаттӣ медиҳанд.

23. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар сурати норозӣ будан барои аз вазифа озод кардани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо далелҳои асоснок (нишон додани сабабҳои риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ ҳангоми аз вазифа озод намудан) ба мақомоте, ки дар бораи аз вазифа озод намудан пешниҳод манзур кардааст, ҷавоби рад ирсол менамоянд.

24. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро пас аз гирифтани розигии хаттӣ дар мӯҳлати 5 рӯзи корӣ аз вазифа озод намуда, қарори (фармоиши) худро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод мекунанд.

25. Барои аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ асосҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ’"Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ва дигар санадҳои меьёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.

4. Муқаррароти хотимавӣ

26. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо назардошти талаботи бандҳои 4, 5, 19 ва 20 Тартиби мазкур аз ҷониби раисони он шаҳру ноҳияҳое сурат мегирад, ки сохторҳои зикргардида ҷойгир карда шудаанд.

27. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои минтақавии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе бо назардошти талаботи бандҳои 4, 5, 19 ва 20 Тартиби мазкур аз ҷониби раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе анҷом дода мешавад.

28. Роҳбарони мақомоти давлатӣ барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхо, шаҳри Душанбе ва шаҳру нрҳияҳо масъулияти шахсӣ доранд.

29. Дар сурати бе сабабҳои узрнок дар мӯҳлати муқарраргардида пешшҳод нашудани розигии хаттӣ ва дар ҳолатҳои ба мувофиқа наомадани тарафҳо барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ розигӣ гирифташуда ҳисобида мешавад ва ҷониби дахлдор аз ин хусус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуби расмӣ хабар медиҳад.

30. Баҳсҳое, ки ҳангоми ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба миён меоянд, аз тарафи мақоми болоӣ ва ё суд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Замимаҳои 1-5 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2023 № 353)

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2014 № № 694

тасдиқ шудааст

Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 415)

Замимаҳои 1-5