Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ
Мутобиқи моддаи 20(1) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва бо мақсади мушаххас намудани функсияҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, танзими раванди ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо:
- зимни интихоб, ҷобаҷогузорӣ, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ Тартиби мазкурро қатъиян риоя намоянд;
- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати мутобиқ намудани онҳо ба талаботи Тартиби мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2014 № 694
ш. Душанбе