Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2008, № 58 "Дар бораи тасдиқ намудани Оинномаи Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани Оинномаи Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"

Мутобиқи моддаи 127 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Оинномаи Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" тасдиқ карда шавад.

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба реестри амволи давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

3. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"-ро таъсис диҳанд.

4. Банди 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007 № 508 "Дар бораи барҳам додани Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" ва таъсис додани Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э.Раҳмонов

аз 7 феврали соли 2008 № 58

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Устава Государственного Казённого республиканского предприятия "Тиллои Точик"

На основании статьи 127 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Устав Государственного казенного республиканского предприятия "Тиллои Точик".

2. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан внести соответствующие изменения в реестр государственного имущества.

3. Государственному комитету по национальной безопасности Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан создать в структуре Государственного хранилища ценностей при Министерстве финансов Республики Таджикистан специальную службу обеспечения безопасности и охраны Государственного фонда драгоценных металлов и драгоценных камней Республики Таджикистан и Государственного казённого республиканского предприятия "Тиллои Точик".

4. Исключить пункт 7 постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2007 года №508 "О ликвидации Совместного Таджикско-Британского предприятия "Дарвоз" и создании Государственного казённого республиканского предприятия "Тиллои Точик".

от 7 февраля 2008 года № 58

 ш. Душанбе