Регламенти техникии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот аз 14 октябри соли 2014 № 642

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 октябри соли 2014, № 642

тасдиқ шудааст

РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКИИ МАҲСУЛОТИ ШАРБАТӢ АЗ МЕВАҲО ВА (Ё) САБЗАВОТ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Регламенти техникии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот (минбаъд - Регламенти техникӣ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" бо мақсади муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ ба маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавоте, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд, аз ҷумла ба маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва сабзавоти воридшаванда, таъмини гардиши озоди маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки барои муомилот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, таҳия шудааст.

2. Агар нисбат ба маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талабот ба маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавотро муқаррар менамоянд, қабул карда шаванд, дар ин маврид маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот бояд ба талаботи регламентҳои техникие, ки амалашон ба татбиқи он нигаронида шудааст, мутобиқат намояд.

2. Доираи истифодабарии Регламенти техникӣ

3. Объектҳои бамеъёрдарории Регламенти техникии мазкур маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот (аломатҳои ҳаммонанди намуди шарбатҳо дар банди 6 боби Регламенти техникии мазкур муқаррар шудаанд) ва талаботи ба он алоқаманди раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯш ба ҳисоб мераванд.

4. Регламенти техникии мазкур барои маҳсулоти шарбати аз меваҳо ва (ё) сабзавоте, ки аз ҷониби шаҳрвандон дар шароити хона, дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ, ё шаҳрвандоне, ки ба боғдорӣ ва полезкорӣ машғуланд ва раванди истеҳсолот, нигоҳдорӣ, интиқол ва нобудсозии маҳсулоти шарбатӣ ва истеҳсолашон барои ба муомилот баровардан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст, татбиқ карда намешавад.

5. Регламенти техникии мазкур бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон ва пешгтирии амалҳое, ки истеъмолкунандагонро (истифодабарандагонро) ба иштибоҳ меоранд, талаботи муқаррар менамояд:

- талабот ба маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот;

- талаботе, ки ба раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот алоқаманданд;

- қоидаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсияи) маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот;

- тасдиқи мутобиқати маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот;

- талабот ба тамғагузории маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот.

6. Дар Регламенти техникии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- шарбат - маҳсулоти ғизоии моеъ, ки турш нашудааст, имкони туршшавӣ дорад, аз қисмати хурдании меваҳо ва (ё) сабзавоти хушсифат, пухташуда, тару тоза ё тару тоза нигоҳдошташуда ва ё хушконидашуда бо роҳи таъсири физикӣ ба қисматҳои хурданибоб, ки мутобиқи усулҳои махсуси ҳосил намудани он барои шарбати меваю сабзавот арзиши ғизоӣ, хусусиятҳои физикӣ-кимиёӣ ва органолептикии худро нигоҳ доштаанд, ҳосил мешавад. Шарбат метавонад соф бошад. Дар шарбат моддаҳои табиии хушбӯйкунандаи консентратсияшуда мевагӣ ва (ё) моддаҳои табиии хушбӯйкунандаи консентратсияшуда сабзавотӣ, мағзи мева ва (ё) сабзавот ва (ё) маҳсулоти соидашудаи мева ва (ё) сабзавот (аз ҷумла консентратсияшуда барои барқарор намудани шарбат) ва (ё) ҳуҷайраҳои меваҷоти ситрусиро, ки аз мева ва (ё) сабзавоти ҳамном бо роҳи таъсироти физикӣ ба онҳо ҳосил шудаанд, илова кардан мумкин аст. Шарбати омехта ба роҳи омехта намудани ду ва ё зиёда шарбатҳои гуногун ё шарбатҳо ва маҳсулоти соидашудаи меваю сабзавот истеҳсол карда мешаванд. Консервакунонии шарбат метавонад, танҳо бо истифодаи усулҳои физикӣ, бидуни коркард бо нурафкании ионӣ, амалӣ карда шавад.

Шарбатҳо вобаста аз тарзи истеҳсоли онҳо ва коркарди меваҳо ва (ё) сабзавот намудҳои зерин мешаванд:

а) шарбати бевосита афшурдашуда - шарбате, ки бо роҳи коркарди механикии бевоситаи меваҳо ва (ё) сабзавоти тару тоза ё ба таври тару тоза истеҳсол шудааст;

б) шарбати тоза афшурдашуда - шарбати бевосита афшурдашуда, ки аз маваҳо ва (ё) сабзавоти тару тоза ё ба таври тару тоза нигоҳдошташуда дар ҳузури истеъмолкунанда истеҳсол мешавад ва барои консервакунонӣ пешбинӣ намешавад;

в) шарбати барқароршуда - шарбате, ки аз шарбати консентратсияшуда ё аз шарбати консентратсияшуда ва бевосита афшурдашудаю оби нушокӣ истеҳсол шудааст. Шарбати помидории барқароршуда метавонад, инчунин бо роҳи барқарор намудани хамираи консентратсияшуда помидор ва (ё) маҳсули соидашудаи помидор (пюре) истеҳсол шавад;

г) шарбати консентратсияшуда - шарбате, ки бо роҳи физикии хориҷ кардани оби таркиби он аз қисмати шарбати бевосита афшурдашуда, бо мақсади зиёд намудани таркиби мавҷудияти моддаҳои хушки ҳалшаванда на камтар аз ду маротиба дар алоқамандӣ бо шарбати аввалия бевосита афшурда шудааст. Дар вақти истеҳсоли шарбати консентратсияшуда мумкин аст, раванди ҷудо кардани (экстраксияи) моддаҳои хушк аз меваҳо ва (ё) сабзавоти майдакардашудаи ҳамон миқдори маҳсулот (партияи маҳсулот), ки қаблан аз он ба воситаи оби нӯшокӣ дар шароите, ки маҳсулоти ҷудошудаи мазкур то марҳилаи консентратсиякунонии дохили як раванди пайдарҳами технологӣ илова мешавад, шарбат ҷудо карда шавад. Дар шарбатҳои консентратсияшуда моддаҳои табии хушбӯйкунандаи консентратсияшударо аз шарбатҳои ҳамном ё аз меваҳо ва сабзавоти ҳамном илова кардан мумкин аст;

д) шарбати омехта (диффузӣ) - шарбате, ки ба воситаи оби нӯшокӣ аз меваю сабзавоти тару тоза ё мева ва (ё) сабзавоти хушконидашудаи як намуди моддаҳои фаъолашон бароварда, истеҳсол шудааст ва бо роҳи коркарди механикӣ ҳосил карда намешавад. Шарбати диффузӣ мумкин аст, консентратсия карда шуда, баъд барқарор шавад. Таркиби моддаҳои хушки ҳалшаванда дар шарбати диффузӣ бояд на камтар аз сатҳе, ки барои шарбати ҳамноми барқароршуда муқаррар шудаанд, бошад;

- шаҳди меваҳо ва (ё) сабзавот - маҳсулоти ғизоии моеъ, ки турш нашуда, қобилияти туршшавӣ дорад ва бо роҳи омехта намудани шарбат ва (ё) мева ва ё сабзавоти соидашуда (пюре) ва (ё) мева ва ё сабзавоти соддашудаи консентратсияшуда бо оби нушокӣ ва илова кардани шакар ва (ё) қандҳо ва (ё) асали табиӣ, ширинкунандаҳо ё бе иловакунии онҳо истеҳсол мешавад. Ҳадди камтарини ҳиссаи (воҳиди) хдҷми шарбат ва (ё) мева ва (ё) сабзавоти соидашуда (пюре) дар шаҳди мева ва (е) сабзавот бояд на камтар аз меъёри муқаррарнамудаи замимаи 2 Регламенти техникии мазкур бошад. Дар чунин шаҳд мағзи мева ва ё сабзавоти ҳамном ва (ё) ҳуҷайраҳои меваҳои ситрусӣ, моддаҳои табиии хушбӯйкунандаи консентратсияшуда аз шарбатҳои ҳамном ё аз меваю сабзавоти ҳамномро илова кардан мумкин аст. Консервакунонии шаҳди меваҷот ва (ё) сабзавот мумкин аст танҳо бо истифодаи роҳҳои физикӣ, бидуни коркард бо нурафкании ионӣ, амалӣ карда шавад. Омехтакунии шаҳди меваҷот ва (ё) сабзавот ба роҳи омехта намудани ду ва ё зиёда шарбатҳо ё шарбатҳо ва (ё) мева ва (ё) сабзавоти соидашуда (пюре) ва (ё) мева ва ё сабзавоти соидашудаи консентратсияшуда, ки аз намудҳои гуногуни мева ва (ё) сабзавот истеҳсол шудаанд, амалӣ карда мешавад;

- нӯшобаи дорои шарбати мева ва (ё) сабзавот - маҳсулоти моеи ғизоии туршнашуда, қобиляти туршшавӣ дорад ва бо роҳи омехта намудани шарбат ва (ё) мева ва ё сабзавоти соидашуда (пюре) ва (ё) мева ва ё сабзавоти соидашудаи консентратсияшуда бо оби нушокӣ, ки ҳадди пасттарини ҳиссаи (воҳиди) ҳаҷми шарбат ва (ё) мева ва (ё) сабзавоти соидашуда (пюре) бояд на камтар аз 10 фоиз ё агар дар истеҳсоли чунин маҳсулот бо роҳи муқарраршуда истифодаи шарбати лиму ё лайм, на камтар аз 5 фоизро ташкил диҳад, истеҳсол мешавад. Консервакунонии нӯшобаи дорои шарбати мева ва (ё) сабзавот мумкин аст, танҳо бо истифодаи роҳҳои физикӣ, бидуни коркард бо нурафкании ионӣ, амалӣ карда шавад;

- афшура (морс) - маҳсулоти моеи ғизоӣ, ки аз шарбат ва (ё) мева ва ё сабзавоти соидашуда (пюре) бо роҳи коркарди механикӣ, бо илова намудани оби нушокӣ, шакар ва (ё) қандҳо ва (ё) асал истеҳсол мешавад ва бояд ҳадди пасттарини ҳиссаи (воҳиди) ҳаҷми чунин шарбат ва (ё) мева ва сабзавоти соидашуда (пюре) на камтар аз 15 фоизро ташкил диҳад. Ҳангоми истеҳсоли афшура, чунин шарбат ва (ё) мева ва сабзавоти соидашударо (пюреро) мумкин аст бо маҳсулоте, ки бо роҳи ширакашии обии афшураи ин меваҳо ҳосил шудааст, омехта намуд, афшураро мумкин аст, аз шарбат ва (ё) мева ва сабзавоти соидашудаи (пюреи) консентратсияшуда, аз меваҷот ва афшураҳо истеҳсол намуд ва консервакунонии морс мумкин аст танҳо бо истифодаи роҳҳои физикӣ, бидуни коркард бо нурафкании ионӣ, амалӣ карда шавад. Истеҳсоли морси омехташуда, бо истифодаи ду ва ё зиёда шарбат ва (ё) мева ва сабзавоти соидашудаи (пюреи) намудҳои гуногуни меваҷот ба роҳ монда мешавад;

- афшураи (морси) консентратсияшуда - маҳсулоти ғизоӣ, ки бо роҳи таъсироти физикӣ ба омехтаи шарбат ва (ё) мева ва сабзавоти соидашуда (пюре) аз меваҳо ва маҳсулоти нимтайёр, ки бо роҳи ширакашии обии афшураи меваҳои ҳамном ва хориҷ намудани қисми об аз ин омехта бо мақсади зиёд намудани таркиби моддаҳои хушки ҳалшаванда, на камтар аз ду маротиба нисбати маҳсулоти аввалия, ҳосил шудааст;

- мева ва сабзавоти соидашуда (пюре) - маҳсулоти ғизоӣ, ки турш нашудааст, қобилияти туршшавӣ дорад ва бо роҳи коркарди механикӣрезакунӣ ва (ё) тоза кардани қисмати хӯрданибоби меваҳо ва (ё) меваҳои тару тоза ё тару тоза нигоҳдошташудаи пусташон тозакардашуда ва (ё) сабзавоте, ки шарбаташон ҷудо карда нашудааст ва мағзи мева ва (ё) сабзавот ҳосил шудааст. Консервакунонии мева ва сабзавоти соидашуда (пюре) мумкин аст танҳо бо истифодаи роҳҳои физикӣ, бидуни коркард бо нурафкании ионӣ, амалӣ карда шавад. Омехтакунии мева ва сабзавоти соидашуда (пюре) ба таври омехта намудаии ду ва ё зиёда мева ва (ё) сабзавоти соидашуда (пюре), ки аз ду ва ё зиёда намудҳои мева ва (ё) ва сабзавот истеҳсол шудаанд, амалӣ карда мешавад;

- мева ва сабзавоти соидашудаи (пюреи) консентратсияшуда - маҳсулоти ғизоӣ, ки бо роҳи таъсироти физикӣ ба мева ва сабзавоти соидашуда (пюре) ва хориҷ намудани қисми об аз ин омехта бо мақсади зиёд намудани таркиби моддаҳои хушки ҳалшаванда на камтар аз 50 фоиз нисбати мева ва сабзавоти соидашудаи (пюреи) ҳамном мебошад. Дар мева ва сабзавоти соидашудаи (пюреи) консентратсияшуда моддаҳои табии хушбӯйкунандаи консентратсияшуда аз меваҳо ё сабзавоти ҳамномро илова кардан мумкин аст. Хамираи помидор барои истеҳсоли маҳсулоти шарбатӣ (барои мақсадҳои Регламенти техникии мазкур) - пюреи сабзавотии консентратсияшуда аз помидор бо ҳиссаи вазни моддаҳои хушки ҳалшаванда на камтар аз 25 фоиз бошад.

- моддаҳои табии хушбӯйкунандаи меваҷот ва сабзавот - омехтаи пайвастагиҳои табиии бухоршаванда ва бухорнашаванда, ки таъму накҳати табии (ҳақиқии) меваҷот ё сабзавотро ташаккул медиҳанд ё ин ки мумкин аст шарбати онҳо бо истифодаи роҳҳои физикӣ аз меваҳо ё сабзавот ва (ё) шарбати онҳо ҳосил карда шавад;

- моддаҳои табии хушбӯйкунандаи консентратсияшудаи меваҷот ва сабзавот - маҳсулоти моеъ, ки дорои моддаҳои табиии хушбӯйкунандаи меваҷот ва сабзавот буда, бо истифодаи рохҳои физикӣ аз мева ё сабзавоти ҳамном ва (ё) шарбати онҳо, ки миқдори таркиби аслии онҳоро дар меваҷот ё сабзавот ё ки дар шарбати онҳо на камтар аз чор маротиба зиёд менамояд, истеҳсол шудаанд. Моддаҳои табиии хушбӯйкунандаи консентратсияшудаи меваҷот ё сабзавот барои барқарор намудани таъм ва бӯи шарбатҳои меваҷот ва (ё) сабзавот ва ҳамчунин барои истеҳсоли дигар маҳсулоти шарбатӣ аз меваҷот ва (ё) сабзавот пешбинӣ шудаанд;

- ҳуҷайраҳои меваҳои ситрусӣ - таркибҳои зиёди ҳаҷмноки пардамонанд, ки дорои шарбатанд ё ин ки шарбат надоранд, сегментҳои дохилии қисмати хӯрданибоби меваҳои ситрусиро ташаккул медиҳанд ва аз хуҷайраҳои эпидермис ва субэпидермалии меваҳои ситрусӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҳуҷайраҳои меваҷоти ситрусиро дар шарбатҳои ҳамном, шаҳди меваҷот ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои меваҷот ва (ё) сабзавотии шарбатдор, ки бо истифодаи шарбатхои ҳамном аз меваҳои ситрусӣ истеҳсол шудаанд, илова намудан мумкин аст;

- мағзи меваҳо ва (ё) сабзавот - омехтае, ки аз қисмҳои ҳалнашудаи бофтаҳои растанигии меваҷот ё сабзавоти дар раванди коркард вайроншуда тартиб ёфтаанд. Мағзи меваҳои ситрусӣ мумкин аст, дорои ҳуҷайраҳои меваҷоти ситрусӣ бошанд.

- маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот - шарбатҳо, шаҳдҳои меваҷот ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои шарбатдори меваҷот ва (ё) сабзавот, афшураҳо (морсҳо), мевава (ё) сабзавоти соидашуда (пюре) новобаста аз роҳҳои истеҳсол ва коркарди онҳо, моддаҳои табиии хушбӯйкунандаи консентратсияшуда меваҷот ва сабзавот, ҳуҷайраҳои меваҷоти ситрусӣ, мағзи меваҷот ва (ё) сабзавот;

- маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот барои ғизои кӯдакон - шарбатҳо, шаҳдҳои меваҷот ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои шарбатдори меваҷот ва (ё) сабзавот, афшураҳо (морсҳо), ки барои ғизои кӯдакони хурдсол (то 3 сола), синни томактабӣ (аз 3 то 6 сола) ва синни мактабӣ (аз 6 сола ва аз он боло) пешбинӣ шудаанд ва ба талаботи физиологии организми кӯдакон, вобаста ба гурӯҳҳои синнусолӣ, ҷавобгӯ мебошанд;

- консервакунонии маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот - равандҳои коркарди гармидиҳии физикии маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (6) сабзавот, то ва баъди ҷойгиркунии он дар бастаҳои маҳкамкардашудаи ҳавоногузар ва таъминкунандаи устувории микробиологӣ ва бехатарии чунин маҳсулот ҳангоми нигоҳдорӣ дар шароити аз тарафи истеҳсолкунанда муқарраршуда, дар давоми мӯҳлати пурраи истеъмолӣ;

- ифлосшавии мақсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот - дар маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот афтодани ашёҳо, зарраҳо, моддаҳо, организмҳо, ки дар натиҷа он барои одам хатар эҷод намуда, номутобиқатиро ба талаботи Регламенти техникии мазкур ба вуҷуд меоранд;

- меваҳо - меваҳои ширадори хурданибоби боғӣ ва меваи растаниҳои худрӯй (аз ҷумла буттамеваҳо), ки дар замимаи 2 номбар шудаанд;

- сабзавот - қисмҳои ширадори хӯрдании растаниҳои алафӣ, ки дар замимаи 2 номбар шудаанд.

3. Қоидаҳои ба муомилот баровардани маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот дар бозор

7. Ба муомилоти бозор баровардани маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мутобиқати он ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва инчунин ба дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботашон барои онҳо татбиқ карда мешаванд, ба роҳ монда мешавад.

8. Тамғагузории маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки дар бастаҳои истеъмолӣ ҷойгир карда шудаанд, бояд ба талаботҳои муқаррарнамудаи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқат намоянд.

9. Нигоҳдорӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот аз тарафи фурӯшанда бояд дар ҳолати риояи шароити нигоҳдорие, ки истеҳсолкунанда онро муқаррар намудааст, амалӣ карда шавад.

4. Қоидаи ҳаммонандкунии (идентификатсияи) маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот

10. Бо мақсади муқаррар намудани мансубияти маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот ба қатори объектҳои бамеъёрдарории техникӣ, ки нисбат ба Регламенти техникии мазкур истифода бурда мешаванд, ҳаммонандкунии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот аз тарафи шахсони манфиатдор бе гузаронидани тадқиқот (ташхисҳо) бо роҳи муқоиса намудани номгӯи маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот, ки дар бастаҳои истеъмолӣ ё нишондодҳои ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии мол бо назардошти боби 2 Регламенти техникии мазкур ба номгӯи намудҳои маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот, ба роҳ монда мешавад.

11. Бо мақсади муайян намудани мутобиқати маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот ба номгӯи худ, ҳаммонандкунии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот бо роҳи баҳодиҳии муштараки физикӣ- кимёвӣ, органолептикӣ ва дигар нишондиҳандаҳои ин маҳсулот, ки ба он дохил мешаванд:

- хусусиятҳои намуди маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавоти дар боби 2 Регламенти техникии мазкур муқарраршуда;

- номгӯи меваҷот (ё) сабзавот, ки барои истеҳсоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавоти ҷавобгӯ (мутобиқаткунанда) истифодашаванда;

- миқдори моддаҳои ҳалшавандаи хушк дар шарбатҳо, дар меваҷот ва (ё) сабзавоти соидашуда (пюре);

- ҳаҷми камтарини ҳиссаи шарбат ва (ё) меваҷот ва (ё) сабзавоти соидашуда (пюре) дар шаҳди меваҷот ва (ё) сабзавот;

- дар афшураҳо (морсҳо) ва (ё) нушобаҳои шарбатдори меваҷот ва (ё) сабзавот ва ҳамчунин дар ҳолати гумонбар шудани истеъмолкунанда (истифодабаранда) дар иштибоҳи маълумот дар бораи хусусиятҳои имконпазири табиии таркиби кимиёвии шарбатҳо ва меваҷот ва (ё) сабзавоти соидашуда, бо баҳисобгирии хусусиятҳои омилҳои навъӣ, ҷуғрофӣ, иқлимӣ, кишоварзӣ ва технологӣ, ки ба онҳо хос мебошанд, ба роҳ монда мешавад.

5. Талабот нисбати бехатарии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот

12. Маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шудааст бояд ба талаботи бехатарии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки дар замимаи 1 Регламенти техникии мазкур муқаррар шудааст, мутобиқат намояд.

13. Бастаи маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот бояд таъмини ҳифзи бехатарии ин маҳсулотро дар ҳама марҳилаҳои ба муомилот баровардан, бо риояи шароити интиқол ва нигоҳдории барои он муқаррарщуда, таъмин намояд.

14. Маводе, ки бастаҳо аз онҳо истеҳсол шудаанд ва маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот дар онҳо ҷойгир карда шуданд, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи регламентҳои техникии дахлдор мутобиқат намоянд.

15. Маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавоте, ки барои ғизои кӯдакон пешбинӣ шудаанд, бояд ба талаботи бехатарии дар замимаи 1 Регламенти техникии мазкур муқарраршуда ва ҳамчунин ба талаботи бехатарии он, ки дар боби мазкур дарҷ шудаанд, мутобиқат намояд.

16. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои ғизои кӯдакон истифодаи меваҷот (ё) сабзавоте, ки дорои организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (генетикӣ-муҳандисӣ, трансгенӣ), (ГМО) (минбаъд - ОГТ), шарбатҳои дифузии консентратсияшуда ва ннчунин иловаи қисматҳо (компонентҳо) ва иловагиҳои ғизоии дорои ОГТ, ширинкунандаҳо (ба истиснои маҳсулоти махсусгардонидашудаи шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои кӯдакон, бемориҳои диабети қанд), хушбӯйкунандаҳо (ғайр аз табиӣ) ва дигар компонентҳо ва иловагиҳои ғизоӣ (ба истиснои компонентҳо ва иловагиҳои ғизоии дар бандҳои 24-43 боби мазкури Регламенти техникӣ муқарраршуда) роҳ дода намешавад.

17. Илова намудани хушбуйкунандаҳо, рангкунандаҳо ва шираҳои рангкунанда дар маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои ғизои кӯдакон роҳ дода намешавад.

18. Миқдори моддаҳои хушки ҳалшаванда дар маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавоти тайёр барои ғизои кӯдакон бояд чунин нишондиҳандаҳоро ташкил диҳанд:

1) барои кӯдакони хурдсол:

а) на камтар аз 4 фоиз ва на зиёда аз 16 фоиз барои маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва барои чунин маҳсулот бо илова намудани сабзавот;

б) на камтар аз 4 фоиз ва на зиёда аз 10 фоиз барои маҳсулоти шарбатӣ аз сабзавот (ба ғайр аз маҳсулоти шарбатӣ аз сабзӣ ва (ё) каду) ва барои чунин маҳсулот бо илова намудани меваҳо;

в) на камтар аз 4 фоиз ва на зиёда аз 11 фоиз барои маҳсулоти шарбатӣ аз сабзӣ ва (ё) каду ва барои чунин маҳсулот бо илова намудани меваҳо;

2) барои кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ:

а) на зиёда аз 16 фоиз барои маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва барои чунин маҳсулот бо илова намудани сабзавот;

б) на зиёда аз 10 фоиз барои маҳсулоти шарбатӣ аз сабзавот (ба ғайр аз маҳсулоти шарбатӣ аз сабзӣ ва (ё) каду) ва барои чунин маҳсулот бо илова намудани меваҳо;

в) на зиёда аз 11 фоиз барои маҳсулоти шарбатӣ аз сабзӣ ва (ё) каду;

19. Миқдори 5 оксиметилфурфурол набояд баланд бошад: дар маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳои ситрусӣ барои ғизои кӯдакон 10мг/л, дар маҳсулоти шарбатӣ барои ғизои кӯдакон аз дигар меваҳо ва (ё) сабзавот 20мг/л.

20. Ҳиссаи вазни кислотаҳои титронидашаванда дар маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот барои кӯдакони хурдсол бояд на зиёда аз 1,2 фоиз барои шарбатҳо аз меваҷоти ситрусӣ (бо ҳисоби кислотаи лимуи беоб) ва на зиёда аз 0,8 фоиз барои маҳсулоти шарбатӣ аз дигар намудҳои меваҳо ва (ё) сабзавот (бо ҳисоби кислотаи себӣ), шаҳди меваҷот ва (ё) сабзавот ва нӯшокиҳои шарбатдори меваҷот ва (ё) сабзавот аз меваҳои ситрусӣ (бо ҳисоби кислотаи лимуи беоб) бошад.

21. Ҳиссаи вазни кислотаҳои титронидашаванда дар маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва (ё) сабзавот барои кӯдакони синни томактабӣ ва мактаб бояд на зиёда аз 1,3 фоиз (барои маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳои ситрусӣ бо ҳисоби кислотаи лимуи беоб) барои шарбатҳо аз меваҷоти ситрусӣ (бо ҳисоби кислотаи лимуи беоб, барои маҳсулоти шарбатӣ аз дигар намудҳои меваҷот ва (ё) сабзавот бо ҳисоби кислотаи себӣ) бошад.

22. Маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои кӯдакони хурдсол, ки дорои мағзи меваҷот ва (ё) сабзавотанд, бояд яклухт бошанд.

23. Маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои кӯдакони ҳурдсол бояд дар борҷомаҳои на зиёда аз 0,35 литра ба муомилот бароварда шаванд.

24. Дар вақти истеҳсоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ба истиснои нӯшокиҳои шарбатдори меваҳо ва (ё) сабзавот, танҳо қисматҳо (компонентҳо) ва иловагиҳои ғизоӣ, номгӯй, таркиб ва таъиноти технологиеро, ки дар боби мазкур ва замимаи 3 ин Регламенти техникӣ нишон дода шудаанд, истифода намудан мумкин аст. Таркиби қисматҳо (компонентҳо) ва иловагиҳои ғизоӣ дар маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот вобаста ба маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавоти ғайриконсентратсияшуда муқаррар шудаанд. Таркиби қисматҳо (компонентҳо) ва иловагиҳои ғизоии нишондодашуда вобаста ба шарбатҳо, афшураҳо (морсҳо), мева ва (ё) сабзавоти соидашудаи консентратсияшуда дар асоси таркиби камтарини моддаҳои хушки ҳалшаванда дар шарбатҳои барқароршудаи ҳамном ё ин ки дар мева ва (ё) сабзавоти соидашуда мутобиқи талаботи дар замимаи 3 Регламенти техникии мазкур муқарраршуда ҳисоб карда мешавад.

25. Ҳангоми истеҳсоли нӯшокиҳои шарбатдори меваҳо ва (ё) сабзавот дар қатори компонентҳо ва иловагиҳои ғизоии дар боби мазкур ва замимаи 3 Регламенти мазкур нишондодашуда, истифодаи дигар компонентҳо ва иловагиҳои ғизоӣ - тибқи талаботи регламентҳои техникии дахлдор роҳ дода мешавад.

26. Оби нӯшокие, ки барои барқарор намудани шарбатҳо ва меваҳо ва (ё) сабзавоти соидашуда (пюре) истифода мешавад, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрӣ техникӣ мутобиқ буда, иловатан ҷавобгӯи талабот оид ба таркиби нитратҳо на зиёда аз 25 миллиграмм дар як литр ва натрий на зиёда аз 50 миллиграмм дар як литр мутобиқат намояд.

27. Барои серғизо намудани шарбатҳо, шаҳди меваҳо ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои шарбатдори меваҳо ва (ё) сабзавот истифодаи моддаҳои фаъоли ғизоӣ ва (ё) биологие, ки номгӯяшон дар банди 28 боби мазкур нишон дода шудаанд, иҷозат дода мешавад. Маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот дар он ҳолат серғизо ба ҳисоб мераванд, ки агар дар 300 миллилитри чунин маҳсулот мавҷудияти яке аз моддаҳои фаъоли ғизоӣ ва (ё) биологӣ на камтар аз 15 фоиз ва назиёда аз 50 фоизро тибқи муқаррарот оид ба талаботи миёнаи шабонарӯзӣ ба моддаҳои асосии ғизоӣ ташкил диҳад.

28. Ба сифати моддаҳои фаъоли ғизоӣ ва (ё) биологӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти серғизои шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот витаминҳо, моддаҳои витаминмонанд, каратиноидҳо, моддаҳои минералӣ, кислотаҳои органикӣ, нахи ғизоӣ, кислотаҳои чарбугии пурра ғализношуда, полисахаридҳо, кислотаҳои полифенолӣ, пребиотикҳо, фитостеринҳо, флавоноидҳо, фосфолипидҳое, ки тибқи тартиби нуқарраршуда барои истифода дар саноати хӯрокворӣ роҳ дода шудаанд, истифода намудан мумкин аст. Манбаъҳои моддаҳои фаъоли ғизоӣ ва (ё) биологӣ метавонанд шираҳои растаниҳои хӯшадор, растаниҳои лубиёгӣ, чормағзҳо ва дигар шираҳои растание, ки тибқи тартиби муқарраршуда барои истифода дар саноати хурокворӣ роҳ дода шудаанд, бошанд. Барои таъмини яклухтии маҳсулоти серғизои шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот дар онҳо ҳамроҳ намудани иловагии ғизоии летситин рухсат дода мешавад. Илова намудани, ин моддаҳои нишондодашуда бо мақсади иваз намудани моддаҳои хушки ҳалшавандаи шарбат мумкин нест.

29. Моддаҳои консентратсияшудаи табиии бӯйофарандаи мевагӣ ё сабзавотӣ, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот истифода мешаванд, дар раванди истеҳсоли шарбати консентратсияшуда дар шакли моеи софкардашуда (муқаттар) ва ҳамчунин дар вақти коркарди меваҳо ва (ё) сабзавот бо истифодаи роҳҳои физикӣ дар шакли шираҳо ё қиёмҳои моеъ бо истифодаи об, гази ангидриди карбон ё спирти этилии ғизоӣ, ки дар моддаҳои консентратсияшудаи табиии хушбӯйкунандаи меваҳо ё сабзавот ба сифати ҳалкунанда хизмат мекунанд ва ҳамчун қисми таркибии хушбӯй аз меваҳо ё сабзавот ва (ё) шарбати онҳо ҷудо намегарданд, ҳосил карда мешаванд. Моддаҳои консентратсияшудаи табиии бӯйофарандаи мевагӣ ё сабзавотӣ на ба хушбӯйкунандаҳо ва на ба иловагиҳои ғизоӣ мансуб нестанд.

30. Илова намудани моддаҳои консентратсияшудаи табиии бӯйофарандаи мевагӣ ё сабзавотӣ дар шарбатҳои тоза фишурдашуда манъ мебошад. Истифодаи хушбӯйкунандаҳо дар вақти истеҳсоли шарбатҳо, шаҳдҳои меваҳо ва (ё) сабзавот, меваҳо ва (ё) сабзавоти соидашуда, шарбатҳои консентратсияшуда ва меваҳо ва (ё) сабзавоти соидашудаю консентронидашуда манъ аст.

31. Илова намудани моддаҳои консентратсияшудаи табиии бӯйофарандаи мевагӣ ё сабзавотӣ ва (ё) хушбӯйкунандаҳо, ва (ё) рангкунандаҳо ва (ё) дигар компонентҳо барои нӯшокиҳои шарбатдори меваҳо ва (ё) сабзавот дар вақти истеҳсоли онҳо рухсат дода мешавад.

32. Ҳангоми истеҳсоли афшураҳо (морсҳо) истифодаи моддаҳои ҳамноми консентратсияшудаи табиии бӯйофарандаи мевагӣ ё сабзавотӣ аз буттамеваҳо ва (ё) хушбӯйкунандаҳои табиӣ роҳ дода мешавад.

33. Қанд ва (ё) шакар ва (ё) маҳлул ва (ё) маҳлули обии онҳо (сахароза, декстрозаи беоб, глюкоза, фруктоза)-ро алоҳида ё бо ҳама гуна маҷмӯаи шарбат аз меваҳо ва (ё) сабзавот истифода намудан мумкин аст. Илова намудани қанд ва (ё) шакар ва (ё) маҳлул ва (ё) шираи нишондодашуда дар шарбатҳо бо мақсади ислоҳ намудани тамъ ба миқдори на зиёда аз 1,5 фоиз аз вазни мақсулоти тайёр иҷозат дода мешавад ва бо мақсади иваз намудани моддаҳои хушки ҳалшавандаи шарбат шуда наметавонад. Дар шарбати ба таври бевосита фишурдашуда илова намудани маҳлулҳо ва (ё) шираҳои қанд ва (ё) шакар роҳ дода намешавад.

34. Ҳангоми истеҳсоли шаҳдҳо, афшураҳо (морсҳо) ва нӯшокиҳои шарбатдор аз меваҳо ва (ё) сабзавот истифода намудани асали табиӣ мумкин аст.

35. Якбора илова намудани қанд ва (ё) шакар ва батанзимдарорандагони туршнокии шарбат дар як шарбат манъ аст.

36. Намаки ошӣ, намаки баҳрӣ, дорувор ё шираҳои растаниро дар маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ба истиснои шарбатҳо аз мева илова намудан мумкин аст. Илова намудани ин компонентҳо дар маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот бо мақсади иваз намудани моддаҳои хушки ҳалшавандаи шарбат мумкин нест.

37. Тамғагузории маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот дар қисми компонентҳои ба он иловашуда, дар борҷомаҳои истеъмолӣ мутобиқи талаботи бандҳои 49-53, 58, 60, 61, 64-67, 69-71, 75 Регламенти техники мазкур амалӣ карда мешавад.

38. Компонентҳо ва иловагиҳои ғизоие, ки дар вақти истеҳсоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои ғизои кӯдакон истифода мешаванд, бояд ба талаботи бандҳои 24-36, 39-42 Регламенти техникӣ мазкур мутобиқат намоянд.

39. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои кӯдакони хурдсол танҳо истифодаи изомерҳои табиии ширӣ, кислотаҳои шаробӣ, себӣ ва (ё) намакҳои онҳо роҳ дода мешавад.

40. Миқдори намаки ошӣ дар маҳсулоти тайёр дар ҳолати илова намудани он дар маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои ғизои кӯдакон бояд чунин нишондодҳоро ташкил диҳад:

1) барои кӯдакони хурдсол:

а) на зиёда аз 0,4 фоиз (ба истиснои шарбати помидор барои ғизои кӯдакони аз 12-моҳа боло);

б) на зиёда аз 0,6 фоиз (барои шарбати помидор, ки ҳамчун ғизои кӯдакони аз 12-моҳа боло пешбинӣ шудааст);

в) барои кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ на зиёда аз 0,6 фоиз.

41. Дар мавриди ғанӣ гардонидани маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои ғизои кӯдакон бо моддаҳои фаъоли ғизоӣ ва (ё) биологӣ, ки дар таркибашон кислотаи аскорбинӣ ва (ё) оҳан доранд, миқдори кислотаи аскорбинӣ дар як килограмм маҳсулоти тайёр на бояд зиёда аз 750 миллиграмм ва миқдори оҳан дар як килограмм маҳсулоти тайёр на бояд зиёда аз 30 миллиграмм бошад.

42. Дар маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои ғизои кӯдакон миқдори қанд ва (ё) шакари иловашуда бояд на зиёда аз 10 фоизи вазни шаҳди маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот ё нӯшокиҳои шарбатдори меваҳо ва (ё) сабзавот ва на зиёда аз 12 фоизи вазни афшураи (морси) тайёрро ташкил диҳанд. Илова намудани қанд ва (ё) шакар дар шарбатҳои мевагӣ роҳ дода намешавад.

43. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот бояд танҳо воситаҳои технологӣ, номгӯй ва миқдори иҷозатдодашудаи боқимондаҳо, ки дар замимаи 3 Регламенти техникии мазкур муқаррар шудаанд, истифода бурда шаванд.

44. Тамғагузории маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки дар борҷомаҳои истеъмолӣ ҷойгир карда шудаанд, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур барои тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳамчунин талаботи дар боби мазкур нишондодашуда мутобиқ бошад.

45. Номгӯи маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот бояд дар худ номгӯи маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавотеро, ки барои истеҳсоли ин маҳсулот ё калимаҳое, ки новобаста аз (маънияшон); пайдарпайиашон аз ин номгӯй бармеоянд, дар бар гирад. Номгӯи меваҳо ва сабзавот мутобиқи замимаи 2 Регламенти техникии мазкур бо забони давлатӣ нишон дода мешавад. Номгӯи нишондодашуда ё калимаҳои аз онҳо баромада, дар номгӯи маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот ба ҷои калимаҳои "меваҳо", "буттамеваҳо", "сабзавот" ё "мевагӣ", "буттамевагӣ" ва "сабзавотӣ" ба таври зерин дохил карда мешаванд:

а) шарбати мевагӣ, шарбати буттамевагӣ, шарбати сабзавотӣ ё шарбат аз меваҳо, шарбат аз буттамеваҳо, шарбат аз сабзавот;

б) шарбати мевагии консентратсияшуда, шарбати буттамевагии консентратсияшуда, шарбати сабзавотии консентратсияшуда ё шарбати консентратсияшуда аз меваҳо, шарбати консентратсияшуда аз буттамеваҳо, шарбати консентратсияшуда аз сабзавот;

в) шарбати мевагии ҳалшуда (диффузионӣ), шарбати буттамевагии омехташуда, шарбатӣ сабзавотии омехтащуда ё шарбати омехташуда аз меваҳо, шарбати омехташуда аз буттамеваҳо, шарбати омехташуда аз сабзавот;

г) шаҳди (нектари) мевагӣ, шаҳди буттамевагӣ, шаҳди сабзавотӣ ё шаҳд аз меваҳо, шаҳд аз буттамеваҳо, шаҳд аз сабзавот;

д) нӯшокии мевагии шарбатдор, нӯшокии буттамевагии шарбатдор, нӯшокии сабзавотии шарбатдор ё нӯшокии шарбатдор аз меваҳо, нӯшокии шарбатдор аз буттамеваҳо, нӯшокии шарбатдор аз сабзавот;

е) афшураи (морси) мевагӣ ё афшура аз меваҳо;

ж) соидаи мевагин, соидаи буттамева, соидаи сабзавотӣ ё соида аз меваҳо, соида аз аз буттамеваҳо, соида аз сабзавот;

з) соидаи мевагии консентратсияшуда, соидаи буттамевагии консентратсияшуда, соидаи сабзавотии консентратсияшуда ё соидаи консентратсияшуда аз меваҳо, соидаи консентронидашуда аз буттамеваҳо, соидаи консентратсияшуда аз сабзавот;

46. Номгӯи маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки аз ду ва зиёда намуди меваҳо ва (ё) сабзавот истеҳсол шудаанд, бояд дар худ номгӯи шарбатҳо ва (ё) меваҳо ва (ё) сабзавоти соидашуда (пюре)-ро, ки ба таркиби ҳамон маҳсулот дохил мешаванд, дар бар гиранд ва бо тартиби кам шудани ҳиссаи ҳаҷми шарбат ва (ё) соидаи (пюре)-и мувофиқ муқаррар шаванд. Дар номгӯи маҳсулоти шарбатӣ, ки аз ду ва зиёда намуди меваҳо ва (ё) сабзавот истеҳсол шудаанд, номгӯи шарбатҳо ва (ё) меваҳо ва (ё) сабзавоти соидашуда (пюре) метавонад бо калимаҳои "мавагӣ ва (ё) буттамевагӣ ва (ё) сабзавотии омехташуда", "аз омехтаи меваҷот ва (ё) буттамеваҳо ва (ё) сабзавот", калимаи "мултимевагӣ", ё "мултибуттамевагӣ" ё "мултисабзавотӣ" ё ин ки номгӯи гурӯҳи меваҷот ва (ё) сабзавот иваз карда шавад.

47. Дар номгӯи шарбати бевосита фишурдашуда ё бевосита ба ин номгӯ наздикӣ дошта, бояд ибораи "бевосита фишурдашуда" нишон дода шавад.

48. Дар номгӯи шарбати барқароршуда ё бевосита ба ин номгӯ наздикӣ дошта бояд калимаҳои "аз шарбати консентратсияшудаи меваҳо ва (ё) сабзавот тайёр шудааст" ва "аз шарбати консентратсияшудан меваҳо ва (ё) сабзавот ва пюреи меваҳо ва (ё) сабзавот тайёр шудааст" ё калимаи "барқароршуда" нишон дода шавад.

49. Номгӯи шарбатҳое, ки дар онҳо қанд ва (ё) шакар ва (ё) маҳлул ва (ё) шираи онҳо илова шудаанд, бояд бо калимаҳои "бо иловаи қанд" ё "бо иловаи шакар" ё калимаҳои "бо қанд" ё "бо шакар" илова карда шавад.

50. Дар ҳолате, ки ҳангоми вақти истеҳсоли шаҳди мевагӣ ва (ё) сабзавот ва (ё) нӯшокиҳои шарбатдори меваҳо ва (ё) сабзавот ширинкунандаҳо истифода шаванд, номгӯи чунин шаҳд ва ё нӯшокиҳои шарбатдор бояд бо ибораҳои "бо ширинкунанда" ё "бо ширинкунандаҳо" илова карда шаванд. Дар ҳолати дар шаҳди мевагӣ ва (ё) сабзавот ва (ё) нӯшокиҳои шарбатдори меваҳо ва (ё) сабзавот мавҷуд будани аспартам дар бастаи истеъмолӣ бояд навиштаҷоти зерин дарҷ карда шавад: "Дорои манбаъҳои фениланалин мебошад".

51. Дар бастаи истеъмолии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки бо илова намудани намакҳои ошӣ ё баҳрӣ истеҳсол шудаанд, дар пахлӯи номгӯи чунин маҳсулот ҷой додани навиштаҷоти: "Бо намак" роҳ дода мешавад.

52. Илова намудани номгӯи маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ҳамчунин тамғагузории бастаи истеъмолӣ бо калимаҳое, ки дорои нишондоди дигар аломатҳо ва (ё) роҳҳои коркард ва истеҳсоли он маҳсулот мебошанд, ҳатмӣ ба ҳисоб намераванд.

53. Дар паҳлуи номгӯи маҳсулоти шарбатие, ки дар он асал илова шудааст, бояд навиштаҷоти: "Бо асал" ҷой дода шавад.

54. Дар бастаи истеъмолии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои ғизои кӯдакон, дар номгӯи чунин маҳсулот ё дар наздикии он бояд калимаҳои "барои ғизои кӯдакон" ё дигар калимаҳое, ки таъиноти ин маҳсулотро барои кӯдакон нишон медиҳанд ва инчунин маълумот дар бораи синну соли кӯдаконе, ки маҳсулот барояшон пешбинӣ шудааст ва тавсияҳо оид ба шароит ва мӯҳлати нигохдории ин маҳсулот баъд аз кушодани бастаи истеъмолӣ ҷой дода шуда бошад.

55. Дар бастаи истеъмолии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот барои кӯдакони яксола синну соли кӯдак (бо моҳ), бо назардошти тавсияи вояи ғизои кӯдакон ва истеъмоли он муқаррар карда мешавад. Дар ин ҳол нишон додани синни кӯдакон аз чормоҳа хурдтар роҳ дода намешавад.

56. Дар ҳолате ки агар шарбати консентратсияшуда ё афшураи (морси) консентратсияшудаи барои фурӯхтан ба истеъмолкунандагон пешбинӣ шуда бошад, бояд пеш аз истеъмол барқарор шуда бошанд ва дар Бастаи истеъмолии ин маҳсулот қоидаи барқароркунии он нишон дода шуда бошад.

57. Дар бастаҳои истеъмолии шаҳдҳо, афшураҳои мевагӣ (ё) сабзавот ва нӯшокиҳои шарбатдори мева ва (ё) сабзавот бояд маълумот дар бораи ҳиссаи камтарини ҳаҷми шарбат ва (ё) соидаи (пюре) меваҳо ва (ё) сабзавот мавҷуд бошад.

58. Ҷой додани навиштаҷоти "Бо мағз" дар борҷомаҳои истеъмолии шарбатҳо ва шаҳдҳо аз меваҳо ва (ё) сабзавот дар ҳолате ба роҳ монда мешавад, ки агар ҳиссаи ҳаҷми мутобиқати мағз дар маҳсулоти тайёр аз 8 фоиз зиёд бошад ё ин ки дар таркиби чунин маҳсулот ҳуҷайраҳои меваҳои ситрусӣ мавҷуд бошанд.

59. Дар борҷомаҳои истеъмолии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот навиштаҷоти "Софшуда" фақат дар ҳолате ба роҳ монда мешавад, ки агар ҳиссаи вазни таҳшин аз 0,3 фоиз зиёд набошад.

60. Маълумот оид ба истифодабарии кислотаи аскорбинӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, дар маълумоти таркиби чунин маҳсулот нишон дода намешавад, агар миқдори таҳшини кислотаи аскорбинӣ дар маҳсулоти тайёр аз меъёрӣ табиӣ зиёд набошад. Истифодаи кислотаи аскорбинӣ ба сифати зиддитуршкунандаҳо (антиокислителҳо) барои дар бастаи истеъмолии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот ҷой додани навиштаҷоти "Бо витамини С" асос шуда наметавонад.

61. Дар бастаи истеъмолии маҳсулоти шарбатии ғанигардонидашуда аз меваҳо ва (ё) сабзавот дар номгӯи ин маҳсулот ё дар наздикии он бояд калимаи "Ғанигардонидашуда" нишон дода шавад. Иловатан нишон додани номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва (ё) моддаҳои фаъоли биологӣ дар таркиби ин маҳсулот ва инчунин номгӯи маҳсулоти ғизоие, ки дорои ин моддаҳо мебошанд, ё номгӯи гурӯҳи ин моддаҳо рухсат дода мешавад.

62. Номгӯи меваҳо ва (ё) сабзавот ва калимаҳое, ки аз ин номгӯи баромадаанд, мумкин аст дар бастаи истеъмолии маҳсулоти шарбатӣ аз ин гуна меваҳо ва (ё) сабзавот ба таври алоҳида ва ҳамчун бо калимаҳои мувофиқ нишон дода шаванд, агар танҳо истифодаи ин номгӯ ва калимаҳо истеъмолкунандаро ба иштибоҳ набаранд.

63. Тасвири графикии меваҳо ва (ё) сабзавот, шарбатҳо ва (ё) соида (пюре)-ҳо, ки дар вақти истеҳсоли маҳсулоти шарбатии мушаххас аз меваҳо ва (ё) сабзавот истифода нашудаанд, бояд дар борҷомаҳои истеъмолӣ нишон дода нашаванд.

64. Агар ҳиссаи вазни дуокисаи карбони дар маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот иловашуда на камтар аз 0,2 фоизро ташкил диҳад, дар бастаи истеъмолии чунин маҳсулот бояд калимаи "газнокшуда" нишон дода шавад.

65. Дар бастаи истеъмолии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки бо илова намудани хушбӯиҳо ва (ё) қиёми онҳо истеҳсол шудаанд, бояд навиштаҷоти "Бо хушбӯиҳо" мавҷуд бошад ва (ё) номгӯи хушбӯиҳои мутобиқ ишора карда шавад.

66. Таркиби маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот бояд дар Бастаи истеъмолӣ бо чунин тартиб нишон дода шавад:

а) номгӯи шарбат ва (ё) соидаи (пюреи) мева ва (ё) сабзавот, номгӯи компонентҳо ва иловагиҳои ғизоӣ, ки дар таркиби ин маҳсулот дохил мешаванд (дар ҳолати истифода намудани онҳо) - нисбат ба шарбат;

б) номгӯи шарбат ва (ё) соидаи (пюреи) мева ва (ё) сабзавот, номгӯи компонентҳо ва иловагиҳои ғизоӣ, ки дар таркиби ин маҳсулот дохил мешаванд ва дар охир об - нисбат ба шаҳди меваҳо ва (ё) сабзавот, афшураҳо (морсҳо) ва нӯшокиҳои шарбатдори мевагӣ ва (ё) сабзавот нишон дода мешавад.

67. Таркиби шарбатҳое, ки ҳангоми истеҳсолашон компонентҳо ва иловагиҳои ғизоӣ истифода нашудаанд, дар Бастаи истеъмолӣ нишон додани он мумкин нест.

68. Дар мавриди истифода намудани шарбатҳо ва (ё) соидаи (пюреҳои) мевагӣ ва (ё) сабзавотии консентратсияшуда ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот дар таркиби ин гуна маҳсулот бо тартиби камшавии ҳиссаи ҳаҷми номгӯи шарбатҳои мувофиқ ва (ё) пюреҳои мевагӣ ва (ё) сабзавот нишон дода мешавад ва дар назди ин нишондоди таркиби мазкур навиштаҷоти "Аз шарбатҳои консентратсияшуда истеҳсол шудааст", "Аз соидаҳои консентратсияшуда истеҳсол шудааст" ва "Аз шарбат ва соидаҳои консентратсияшуда истеҳсол шудааст" ҷой дода мешавад.

69. Дар таркиби маҳсулоти шарбатии омехта аз меваҳо ва (ё) сабзавот ҳангоми истеҳсол чунин маҳсулоти шарбатӣ ва (ё) пюреи мевагӣ ва (ё) сабзавот бояд бо тартиби камшавӣ нишон дода шавад.

70. Дар таркиби маҳсулоти шарбатии ғанигардонидашуда аз меваҳо ва (ё) сабзавот ҳамаи моддаҳои фаъоли ғизоӣ ва (ё) биологие, ки дар ин таркиб дохил мешаванд, нишон дода мешаванд.

71. Моддаҳои табиии хушбӯйкунандаи мевагӣ ва сабзавотии консентратсияшуда, ки барои барқарор намудани тамъ ва бӯи маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот истифода мешаванд ва оби нӯшокие, ки барои барқарор намудани шарбат ва соидаҳо (пюреҳои) консентратсияшуда ҳангоми тайёр намудани шарбатҳои барқароршуда истифода мешавад, дар таркиби маҳсулоти тайёр нишон дода намешаванд.

72. Дар бастаҳои истеъмолии маҳсулоти шарбатии ғанигардонидашуда аз меваҳо ва (ё) сабзавот тавсияҳо оид ба шароити нигоҳдории чунин маҳсулот, баъд аз кушодани бастаи истеъмолии он, нишон дода мешавад.

73. Тамғагузории маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки дар бастаҳои интиқолӣ ҷой дода шудаанд ва барои истеъмолкунанда пешбинӣ нашудааст, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ ва талаботи боби 3 Регламенти техникии назкур мутобиқат намояд.

74. Маълумот дар бораи рақами партияҳо ё санаи истеҳсоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, номгӯй ва ҷойи воқеъ шудани истеҳсолкунанда ва (ё) шахсе, ки вазифаи истеҳсолкунандаи хориҷиро иҷро менамояд (суроға, аз ҷумла мамлакат ва (ё) ҷойи баромади чунин маҳсулот) мумкин аст дар бастаи интиқолии ин маҳсулот бо рамзи ҳаммонандкунӣ (идентификатсия) иваз карда шавад. Рамзи мазкур бояд дар ҳуҷатҳои ҳамроҳии мол ба таври возеҳ ишора шуда бошанд.

75. Дар ҳолате, ки агар дар шарбатҳои консентратсияшуда ва (ё) соидаҳои (пюреҳои) мевагӣ ва (ё) сабзавотии консентратсияшуда миқдори боқимондаи казеинати калий ва (ё) казеинати натрий мавҷуд бошанд, дар бастаи интиқолӣ ва дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии чунин маҳсулот бояд ибораҳои "дорои казеинати калий" ва (ё) "дорои казеинати натрий" нишон дода шавад.

6. Талабот ба раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот

76. Истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва шахсони ваколатдори истеҳсолкунанда вазифадоранд, ки раванди истеҳсол ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавотро тавре ба роҳ монанд, ки маҳсулот ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур мутобиқат намояд.

77. Мӯҳлати истеъмол, шароити нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот аз тарафи истеҳсолкунандаи он муқаррар карда мешавад.

78. Шароити нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки аз тарафи истеҳсолкунанда муқаррар шудааст, бояд мутобиқати онҳоро ба талаботи муқаррароти Регламенти техникии мазкур дар раванди мӯҳлати истеъмолӣ таъмин намояд.

79. Интиқоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот дар шакли моеъ бо киштиҳо, систернаҳо (зарфҳои бузурги фулузии моеъкашонӣ) ва дигар васоити техникӣ, ки барои интиқоли маҳсулоти ғизоӣ таъин шудаанд, амалӣ карда мешавад.

80. Васоити нақлиёт ва (ё) контейнерҳо ё зарфҳое, ки барои ннтиқоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот истифода мешаванд, бояд барои нигоҳ доштани ҳарорати зарурии ин маҳсулот ба таври муносиб ҷиҳозонида шуда бошанд.

81. Содироткунандагони мол (маҳсулот) намуди воситаи нақлиёт ва таҷҳизоти барои ҷиҳозонидани воситаи нақлиёт истифодашаванда, реҷаи кории ин таҷҳизот дар вақти интиқоли маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавотро вобаста аз шароити обу ҳаво (метеорологӣ) бо мақсади таъмини мутобиқати ин маҳсулот ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур ва ҳамчунин таъмини мутобиқати шароити интиқоли чунин маҳсулот ба талаботи муайяннамудан истеҳсолкунанда, мустақилона интихоб менамоянд.

7. Таъмини мутобиқат ба талаботи бехатарӣ

82. Мутобиқати маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот ба Регламенти техникии мазкур, бо иҷрои бевоситаи талаботи бехатарӣ ё иҷрои талаботи стандартҳое таъмин мегардад, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо дар асоси ихтиёрӣ риояи талаботи Регламенти техникии мазкур таъмин карда мешавад.

83. Бо мақсади гузаронидани санҷиш ва ченкунӣ ҳангоми баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот ба талаботи Регламенти техникии мазкур стандартҳое, ки дорои қоида ва усулҳои санҷиш ва ченкунӣ, аз ҷумла қоидаи гирифтани намунаҳо, ки барои гузаронидан ва иҷрои талаботи Регламенти техникии мазкур ва амалӣ намудани баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулот тибқи Номгӯи стандартҳои дорои қоида ва усулҳои санҷиш ва ченкунӣ, аз ҷумла қоидаи гирифтани намунаҳо, ки барои гузаронидан ва иҷрои талаботи Регламенти техникии мазкур ва амалӣ намудани баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулот заруранд, истифода мешаванд.

84. Номгӯи стандартҳои дорои қоида ва усулҳои санҷиш ва ченкунӣ, аз ҷумла қоидаи интихоби намунаҳои барои истифода ва иҷрои талаботи Регламенти техникӣ барои маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот ва амалӣ намудани баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулот зарурбуда аз тарафи мақоми ваколатдори татбиқи танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар карда мешавад.

8. Баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот

85. Баҳодиҳии мутобиқати маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот бо шакли зерин гузаронида мешавад:

а) тасдиқи мутобиқат ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур;

б) назорати (санҷиши) давлатӣ оид ба риояи талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур ба маҳсулот ва ба равандҳои ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ва ба фурӯш баровардан алоқаманд.

9. Тасдиқи мутобиқати маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот

86. Маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шудаанд, бояд дар шакли сертификатсияи ҳатмӣ ба тасдиқи мутобиқат ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии қарор дода шавад.

87. Сертификатсияи ҳатмии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот аз тарафи мақоми сертификаткунонӣ, ки доираи аккредитатсияаш барои маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот татбиқ карда мешавад, дар асоси шартнома ва ё дархост байни дархостдиҳанда бо мақоми сертификаткунонӣ амалӣ карда мешавад.

88. Дархостдиҳанда ӯҳдадор аст, мутобиқати маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавотро ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур таъмин намояд.

89. Тасдиқи мутобиқати маҳсулот аз тарафи таҳлилкунандаи маҳсулот дар шакли сертификатсияи ҳатмӣ дар асоси далелу исботи бо ҷалби озмоишгоҳҳои аккредитатсияшуда гирифташуда, амалӣ мешавад.

90. Баҳодихии мутобиқат нисбати маҳсулоти зерин гузаронида мешавад:

- маҳсулоте, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шудааст - дар шакли сертификатсияи ҳатмӣ;

- маҳсулоте, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот мебошад - дар шакли назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур.

91. Дар ҳолати тасдиқи ҳатмии мутобиқат дархостдиҳанда истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ба ҳисоб меравад.

92. Нисбати маҳсулоте, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад, тасдиқи ҳатмии мутобиқат аз тарафи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда), дар самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

- таъмини мутобиқати маҳсулоти воридшаванда ба талаботи Регламенти техникии мазкур;

- масъулият барои номутобиқатии маҳсулоти воридшаванда ба талаботи Регламенти техникии мазкур.

93. Тасдиқи ҳатмии мутобиқат барои ҳар навъи маҳсулот ба таври алоҳида гузаронида мешавад.

94. Дар ҳолати тасдиқи ҳатмии мутобиқати маҳсулот ба Регламенти техникии мазкур истеҳсолкунанда вазифадор аст:

- назорати истеҳсолотро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини мутобиқати маҳсулот дар раванди истеҳсолот ба талаботи Регламенти техникии мазкур ҳамаи тадбирҳои заруриро андешад:

- ташхиси пешакии ҳар як миқдори муайяни маҳсулотро дар озмоишгоҳи истеҳсолӣ барои назорати дохилӣ, ҷиҳати мутобиқат ба талаботи Регламенти техникии мазкур бо усулҳои дар стандартҳои бо Регламенти техникии мазкур алоқамандбуда, гузаронад.

95. Сертификатсияи ҳатмии миқдори маҳсулоти ба фурӯш баровардашуда, тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.

96. Тартиби гузаронидани сертификатсияи ҳатмии маҳсулот инҳоро дар бар мегирад:

- пешниҳоди дархост;

- интихоби намуна ва ҳаммонандии маҳсулот;

- гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулот дар озмоишгоҳи мустақили ташхисии аккредитатсияшуда;

- ҷамъбасти натиҷаи ташхис ва қабули қарор оид ба додан ва ё надодани сертификати мутобиқат ба дархостдиҳанда;

- гузаронидани назорати санҷишии маҳсулоти сертификатсияшуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузаронидани чорабиниҳои ислоҳӣ дар ҳолати номутобиқатии маҳсулот ба талаботи муқарраршуда ва нодуруст истифодабарии тамғаи муомилот.

10. Назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур

97. Назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур нисбат ба маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот ва равандҳои ба он вобастаи истеҳсол, ннгоҳдорӣ, интиқол ва фурӯш аз тарафи мақоми ваколатдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

11. Муқаррароти хотимавӣ

98. Сертификатҳои мутобиқати маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки то рӯзи мавриди амал карор гирифтани Регламенти техникии мазкур дода шудаанд то ба охир расидани мӯҳлати амалашон, эътибор доранд.

99. Барои маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Регламенти техникии мазкур ба муомилот бароварда шудаанд, талаботи амалкунандаи то рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Регламенти техникии мазкур, татбиқ мегарданд.

100. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

*Замимаҳо дар матни аслӣ оварда шудаанд.