Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 октябри соли 2014, 630
тасдиқ шудааст
Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур дар асоси талаботи моддаи 14(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" таҳия гардида, қоидаҳо ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо барои корношоямии мувакқатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавиро ба шахсони суғурташуда муайян менамояд.
2. Кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ бо тартиби умумӣ пардохт карда мешаванд, агар ҳуқуқи шахси суғурташуда барои гирифтани онҳо дар давраи кор пайдо шуда бошад.
3. Кӯмакпулиҳо то ба кор дохил шудан ё баъди аз кор озод шудан дода намешаванд, агар Тартиби мазкур ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад.
4. Кӯмакпулиҳо дар ҳолате муқаррар ва пардохт карда мешаванд, ки агар аз вақти барқарор гардидани коршоямӣ, муқаррар намудани маъюбӣ, ба анҷом расидани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ё таваллуди кӯдак на зиёда аз шаш моҳ гузашта бошад.
5. Пардохти кӯмакпулиҳо барои давраи гузашта (пурра ё қисман) бо ташаббуси мақомоти ваколатдор (масалан дар натиҷаи санҷиши дурустии муқаррар ва пардохт намудани кӯмакпулиҳо) бо назардошти риояи ҳамин мӯҳлат амалӣ карда мешавад.
6. Кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ аз ҷониби корфармо, аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ пардохт карда мешаванд.
7. Бо мақсади дуруст муқаррар ва пардохт намудани кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ тибқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" дар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби намояндаи корфармо, кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон Комиссияи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ таъсис дода мешавад ё шахси ваколатдор интихоб карда мешавад.
2. Шартҳо ва тартиби муқаррар намудани кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ
8. Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба кормандон дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- дар давраи беморие (ё осеб бардоштан), ки боиси гум кардани қобилияти корӣ мегардад;
- дар давраи бемории аъзои оила, дар сурати зарурати нигоҳубини ӯ;
- дар давраи карантин;
- дар давраи муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо сабаби бемории сил ва ё бемории касбӣ;
- ҳангоми протезкунонӣ бо ҷойгир намудан дар статсионари муассисаи протезкунонию ортопедӣ.
9. Барои таъини кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ варақаи корношоямӣ, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ дода шудааст, асос мебошад. Дигар ҳуҷҷатҳо барои пардохти кӯмакпулӣ асос шуда наметавонанд. Дар сурати гум кардани варақаи корношоямӣ кӯмакпулӣ метавонад бо пешниҳоди нусхаи он (дубликат), ки аз ҷониби муассисаи тиббӣ тасдиқ гардидааст, дода шавад.
10. Ташхиси корношоямии муваққатии шаҳрвандон аз ҷониби муассисаҳои тиббие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд, гузаронида мешавад.
11. Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз рӯзи аввали гум кардани қобилияти корӣ то барқарор шудани он ё то аз ҷониби мақомоти ваколатдор муқаррар намудани маъюбӣ, вале на бештар аз чор моҳи бемории пай дар пай пардохт карда мешавад.
12. Ҳангоми бемории сил кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ барои давраи на бештар аз дувоздаҳ моҳи пай дар пай пардохт карда мешавад.
13. Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз рӯзи аввали аз даст додани қобилияти корӣ то барқарор шудани он ё то муқаррар намудани маъюбӣ дода мешавад, гарчанде ки ҳангоми муроҷиат корманд аз кор озод шуда бошад.
14. Дар мавриди мувақкатан корношоям гардидан дар давраи баҳс оид ба масъалаи қонунӣ будани озодшавӣ аз кор, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар сурате дода мешавад, ки корманд дар кор барқарор карда шавад. Дар ин ҳолат кӯмакпулӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи ба кор барқарор намудани корманд дода мешавад.
15. Ба шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, аспирантура ё ординатураи клиникиро хатм намуда, дар асоси роҳхат бо тартиби муқарраршуда ба кор равон карда шудаанд, дар сурати то оғоз гардидани кор муваққатан корношоям гардидан, кӯмакпулӣ аз рӯзи муайянгардида барои ҳозир шудан ба кор дода мешавад.
16. Ҳангоми муваққатан корношоям гардидан дар вақти ба ҷои кори нав рафтан, кӯмакпулӣ дар ҳолате дода мешавад, ки агар корманд дар ин давра ба музди меҳнат ё дигар пардохтҳо барои хароҷоти роҳ ҳуқуқ дошта бошад.
17. Ҳангоми осеби маишӣ бардоштан кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ шурӯъ аз рӯзи шашуми корношоямӣ дода мешавад. Агар сабаби осеб натиҷаи ҳолати фавқуллода (заминларза, сел, сӯхтор ва ғ.) ё нуқсони анатомӣ бошад, кӯмакпулӣ бо тартиби умумӣ пардохт мешавад.
18. Ҳангоми мувақкатан корношоям гардидан дар давраи рухсатии меҳнатии ҳарсола (асосӣ ё иловагӣ), кӯмакпулӣ барои ҳамаи рӯзҳои озод будан аз кор, ки бо варақаи корношоямӣ тасдиқ шудаанд, дода мешавад.
19. Ҳангоми муваққатан корношоям гардидан дар давраи рухсатии бемузд ё рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак кӯмакпулӣ дода намешавад. Агар корношоямӣ баъди ба анҷом расидани рухсатии бемузд ё рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак давом ёбад, кӯмакпулӣ аз рӯзе, ки корманд бояд ба кор шурӯъ намояд, дода мешавад.
20. Ҳангоми рухсатӣ барои нигоҳубини аъзои бемори оила кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар ҳолате дода мешавад, ки агар набудани нигоҳубин ба ҳаёт ва саломатии бемор хатар таҳдид намояд ва ҷойгир намудани ӯ дар беморхона аз рӯи нишондодҳои тиббӣ ғайриимкон буда, дар байни аъзои оила шахси дигари қобили беморро нигоҳубин кардан набошад (зани хонакор аъзои оила ба ҳисоб намеравад). Дар мавриди бемор шудани кӯдаки то синни дусола кӯмакпулӣ ба модари ӯ, новобаста аз будан ё набудани дигар аъзои оила, ки қобилияти нигоҳубинро дорад, дода мешавад.
Кӯмакпулӣ барои нигоҳубини аъзои бемори оила барои на зиёда аз се рӯзи тақвими дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ вобаста аз вазнинии беморӣ ва вазъи маишии оила, пардохти кӯмакпулӣ метавонад ба мӯҳлати на зиёда аз ҳафт рӯзи тақвимӣ давом дода шавад.
Кӯмакпулӣ барои нигоҳубини кӯдаки бемори то синни чордаҳсола барои давраи ба нигоҳубин мӯҳтоҷ будани кӯдак, вале на зиёда аз чордаҳ рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
Кӯмакпулӣ ба яке аз волидайн ё дигар хешованди кӯдаки бемор, ки барои дар статсионар бо кӯдак ҳамроҳ будан аз кор муваққатан озод шудааст, барои тамоми давраи дар статсионар будани он дода мешавад.
Кӯмакпулӣ ба шахси коргар барои нигоҳубини кӯдаки то синни сесола ё кӯдаки маъюби то синни ҳаждаҳсола дар сурате дода мешавад, ки модари кӯдак бемор буда, кӯдакро нигоҳубин карда наметавонад.
Ба кормандоне, ки дар рухсатии навбатӣ (иловагӣ), рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак ё рухсатии бемузд мебошанд, кӯмакпулии дар банди мазкур пешбинишуда дода намешавад.
Кӯмакпулӣ барои нигоҳубини кӯдаки бемори то синни ҳафтсола ба яке аз волидайн (дигар намояндаи қонунӣ) ё аъзои дигари оила барои давраи табобати амбулаторӣ ё якҷоя бо кӯдак дар муассисаи статсионарӣ барои беморон, барои давраи на зиёда аз чордаҳ рӯз дода мешавад.
21. Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар давраи карантин дар ҳолате дода мешавад, ки корманд дар натиҷаи иҳота шудан аз тарафи шахсони гирифтори бемории гузаранда, аз ҷониби мақомоти ваколатдори санитарию эпидемологӣ аз кор муваққатан озод шуда бошад.
22. Агар корманд дар натиҷаи бемории сил ё бемории касбӣ дар ҷои кори худ муваққатан қобилияти кориро аз даст дода бошад, аммо бе халалдор сохтани рафти табобат метавонад кори дигареро иҷро намояд, бо хулосаи Комиссияи машваратии тиббӣ ё агар чунин комиссия таъсис дода нашуда бошад, дар асоси хулосаи табиби муолиҷавӣ, ки аз ҷониби сардухтури муассисаи тиббӣ тасдиқ мешавад, ба он кор гузаронида мешавад. Гузариш аз ҷониби маъмурияти корхона дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба амалӣ мегардад.
Агар музди меҳнат барои иҷрои коре, ки корманд ба он гузаронида шудааст, аз музди меҳнат барои кори пештара камтар бошад, кӯмакпулӣ барои ҳамаи давраи гузариш дар асоси варақаи корношоямӣ, вале на зиёда аз ду моҳ дода мешавад. Кӯмакпулӣ аз рӯи қоидаҳои умумӣ ҳисоб шуда, ба андозае пардохт карда мешавад, ки дар якҷоягӣ бо маош барои корҳои иҷрошуда аз музди меҳнати кори пештара зиёд набошад.
Дар ин маврид, ба корманде, ки бо сабаби бемории касбӣ ба кори дигар гузаронида шудааст, кӯмакпулӣ дар сурате дода мешавад, ки тибқи қонунгузорӣ ӯ ба пардохти фарқияти музди меҳнати пештара ва аз нав муайянгардида аз ҷониби корхона ҳуқуқ надошта бошад.
Агар аз ҷониби маъмурият кори дигар дар мӯҳлати дар варақаи корношоямӣ дарҷгардида пешниҳод нагардад, барои рӯзҳои бо ин сабаб гузашта кӯмакпулӣ дар асосҳои умумӣ дода мешавад.
23. Дар мавриди ҷойгир намудани корманд дар статсионари корхонаи протезию ортопедӣ кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ барои тамоми давраи будубош дар статсионар бо назардошти вақти рафту омад ба он дода мешавад.
24. Ба кормандони дар корҳои мавсимӣ ва муваққатӣ машғулбуда, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар натиҷаи осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ дар асосҳои умумӣ, бо сабабҳои дигар бошад, ба мӯҳлати на зиёда аз ҳафтоду панҷ рӯз дода мешавад. Дар ин мӯҳлат кӯмакпулӣ танҳо барои рӯзҳои корӣ пардохт мегардад.
25. Ба маъюбоне, ки кор мекунанд, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, ба истиснои ҳолатҳои осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ, барои давраи на зиёда аз ду моҳи пайдарпай ва на зиёда аз се моҳ дар давоми соли тақвимӣ дода мешавад.
26. Ба маъюбони машғули кор, ки маъюбӣ бо сабаби садама дар Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва барқарор намудани оқибатҳои он муқаррар шудааст, инчунин ба маъюбон аз бемории сил (мавриди шиддат гирифтани беморӣ), ба истиснои ҳолатҳои осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ на зиёда аз чор моҳи пайдарпай ва на зиёда аз панҷ моҳ дар давоми соли тақвимӣ дода мешавад.
27. Агар корношоямии муваққатии маъюбе, ки кор мекунад бар асари осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ рӯй дода бошад, кӯмакпулӣ то барқарор шудани саломатӣ ё то муқаррар намудани маъюбӣ дар натиҷаи осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ дода мешавад.
28. Ба маъюбоне, ки кор мекунанд (ба истиснои маъюбони гирифтори бемории сил), мавриди фарорасии корношоямии муваққатӣ дар натиҷаи бемории сил кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ то барқарор шудани саломатӣ ё аз нав дида баромадани гурӯҳи маъюбӣ, вале на зиёда аз даҳ моҳи пайдарпай ва на зиёда аз дувоздаҳ моҳ дар давоми ду соли тақвимӣ дода мешавад.
Ба кормандоне, ки дар натиҷаи бемории сил маъюб дониста шудаанд, дар мавриди шиддат гирифтани ин беморӣ кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ барои давраи на зиёда аз чор моҳи пай дар пай ва на зиёда аз панҷ моҳ дар давоми як соли тақвимӣ дода мешавад.
29. Дар мавриди фарорасии корношоямӣ дар давраи муваққатан қатъ гардидани кор, ҷамъомадҳои омӯзишии ҳарбӣ, рухсатии иловагие, ки бо сабаби таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ бе дуршавӣ аз истеҳсолот рӯй медиҳад, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз рӯзе дода мешавад, ки корманд баъди анҷоми ин давраҳо бояд ба кор шурӯъ намояд.
30. Дар сурати рӯй додани корношоямӣ дар даврае, ки корманд бо сабаби барканор кардан аз кор (вазифа) бо қатъ намудани пардохти музди меҳнат фаъолият накардааст, кӯмакпулӣ дода намешавад. Агар корношоямӣ баъди иҷозат ба кор додан давом диҳад, кӯмакпулӣ аз рӯзе, ки корманд бояд ба кор шурӯъ мекард, дода мешавад.
31. Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар ҳолатҳои зерин дода намешавад:
- барои гузаронидани муоинаи тиббии даврии кормандон, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, инчунин ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла бо ҷойгир намудан дар статсионари муассисаи табобатӣ;
- ба кормандоне, ки дидаю дониста ҷиҳати саркашӣ аз кор ва ё дигар ӯҳдадориҳо ба саломатии худ зарар расонидаанд ва ё худро бемор вонамуд кардаанд (ҳаннотӣ). Маблағҳои кӯмакпулии қаблан ба онҳо пардохтшуда бо тартиби судӣ ситонида мешаванд;
- дар мавриди рӯй додани корношоямӣ бо сабаби беморӣ ё осеб бардоштан дар натиҷаи мастӣ, нашъамандӣ ё истеъмоли маводи психотропӣ;
- ба кормандоне, ки корношоямии онҳо дар натиҷаи бардоштани осеб ҳангоми ҳуқуқвайронкунӣ рӯй дода бошад;
- барои давраи табобати маҷбурӣ бо қарори суд (ба истиснои беморони рӯҳӣ);
- дар мавриди дар ҳабси пешакӣ будан ё дар давраи гузаронидани ташхиси судии тиббӣ ва судию психиатрӣ.
32. Андозаи кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ мувофиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" муқаррар карда мешавад.
3. Шартҳо ва тартиби муқаррар намудани кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд
33. Барои таъини кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд варақаи корношоямӣ, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудааст асос мебошад. Дигар ҳуҷҷатҳо барои пардохт асос шуда наметавонанд. Дар сурати гум кардани варақаи корношоямӣ кӯмакпулӣ аз рӯи нусхаи он (дубликат), ки аз ҷониби муассисаи тиббӣ тасдиқ гардидааст, дода мешавад.
34. Кӯмакпулӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд ба занони суғурташуда мутаносибан барои 140 рӯзи тақвимӣ пардохта мешавад. Дар сурати таваллуди душвор, кӯмакпулӣ барои 156 рӯзи тақвимӣ ва ҳангоми таваллуди ду ё бештар аз он кӯдак барои 180 рӯзи тақвимӣ пардохт карда мешавад.
35. Ҳангоми додани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар давраи баҳс оид ба дурустии аз кор озод кардан, кӯмакпулӣ дар мавриди барқарор намудан дар ҷои кор дода мешавад. Дар ин маврид, кӯмакпулӣ барои давраи рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд аз рӯзи баровардани қарор оид ба барқарор намудан дар кор дода мешавад.
36. Дар сурати пешниҳод намудани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар вақти рухсатии ҳарсола (асосӣ ё иловагӣ) кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд барои ҳамаи рӯзҳои рухсатӣ, ки бо варақаи корношоямӣ тасдиқ шудаанд, дода мешавад.
Дар сурати пешниҳод намудани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар вақти рухсатии пардохтшаванда барои нигоҳубини кӯдак, бо интихоби зан, барои давраи гирифтани кӯмакпулӣ барои нигоҳубини кӯдак ба ӯ як намуди кӯмакпулӣ, ё кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ё кӯмакпулӣ барои нигоҳубини кӯдак пардохт мешавад.
37. Дар сурати пешниҳод намудани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар даврае, ки зан бо сабаби барканор кардан аз кор (вазифа) музди меҳнаташ пардохт карда нашудааст, кӯмакпулӣ дода намешавад. Агар рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд баъди иҷозат ба кор низ давом дода шавад, кӯмакпулӣ аз рӯзе дода мешавад, ки зан бояд ба кор шурӯъ намояд.
38. Ҳангоми исқоти ҳамли ғайриихтиёр ё таваллуди бармаҳал, ки баъд аз гузаштани 196 рӯзи ҳомиладорӣ ба амал омадааст, кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар асосҳои умумӣ дода мешавад.
39. Барои давраи мавриди ҳабси пешакӣ қарор доштан, барои давраи гузаронидани ташхиси судии тиббӣ ва барои давраи табобати маҷбурӣ бо қарори суд кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дода намешавад.
40. Шахсони суғурташуда, ки кӯдакони навзодро аз таваллудхона фарзанд хондаанд ва ё васигии онҳоро ба ӯҳда гирифтаанд, ба рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд барои давраи ҳафтод рӯзи баъди таваллуди кӯдак дар асосҳои умумӣ ҳуқуқ доранд.
41. Кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" барои тамоми давраи рухсатӣ, ки ба зан ба сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд дода мешавад, сарфи назар аз он ки чанд рӯзи рухсатӣ ба давраи пеш ва пас аз таваллуд рост омадааст, пардохт карда мешавад.
4. Шартҳо ва тартиби муқаррар намудани кӯмакпулиҳои оилавӣ
42. Кӯмакпулии оилавии яквақта бинобар таваллуди кӯдак дар асоси Тартиби мазкур ҳангоми таваллуди кӯдаки (кӯдакони) шахси суғурташуда дода мешавад.
43. Шахсони суғурташуда, ки кӯдакони навзодро аз таваллудхона фарзанд хондаанд ва ё васигии онҳоро ба ӯҳда гирифтаанд, ба кӯмакпулии оилавии яквақта ҳуқуқ доранд.
44. Ҳангоми ду ва ё зиёда кӯдак таваллуд кардан, кӯмакпулии оилавии яквақта барои таваллуди хар як кӯдак дар алоҳидагӣ бо дарназардошти кӯдаки чандум буданаш дар оила дода мешавад. 45. Барои кӯдаке, ки аз батни модар мурда таваллуд шудааст, кӯмакпулии оилавии яквақта дода намешавад.
46. Ҳангоми ду ва ё зиёда кӯдак таваллуд кардан, кӯмакпулӣ барои нигоҳубини ҳар як кӯдак дар алоҳидагӣ то расидани онҳо ба синни якунимсолагӣ дода мешавад.
47. Кӯмакпулиҳои оилавӣ ба андозаҳои дар моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" муқарраршуда таъину пардохт карда мешаванд.
5. Тартиби ҳисоби кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ ва барои ҳомиладорӣ ва таваллуд
48. Кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ ва барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо тартиби муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, № 313 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд" ҳисоб карда мешаванд.
6. Тартиби муқаррар ва пардохт намудани кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ
49. Кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ дар ҷои кори асосии корманд (дар ҷое, ки дафтарчаи меҳнатӣ ба қайд гирифта шудааст) аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ пардохт карда мешаванд.
Дар ҳолате, ки муқаррар намудани кӯмакпулӣ баррасии машваратиро тақозо намояд (ҳангоми осеби меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ, рад намудани додани кӯмакпулӣ ва дигар ҳолатҳои баҳснок) масъала аз ҷониби Комиссияи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхона таъсис дода шудааст, баррасӣ ва ҳал карда мешавад.
50. Кормандон варақаи корношоямиро ба маьмурияти корхона баъд аз ба охир расидани корношоямии муваққатӣ, дар рӯзи баромадан ба кор пешниҳод менамоянд. То лаҳзаи пардохти навбатии музди меҳнат, агар корношоямӣ ҳанӯз идома дошта бошад, варақаи корношоямӣ метавонад барои пардохт пешниҳод гардад.
51. Ҳангоми фарорасии корношоямии муваққатӣ дар натиҷаи ҷароҳати меҳнатӣ кӯмакпулӣ дар сурати мавҷуд будани санади дахлдор оид ба тасдиқи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот дода мешавад.
52. Корношоямии муваққатӣ дар натиҷаи осеби меҳнатӣ фарорасида ҳисоб мешавад, агар ҳодисаи нохуш дар ҳолатҳои зерин рӯй дода бошад:
- агар ҳодисаи нохуш дар вақти иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ (аз ҷумла дар сафари хизматӣ), иҷрои ягон амал ба фоидаи корхона;
- ҳангоми ба кор рафтан ё аз кор омадан;
- дар ҳудуди корхона ё ҷои дигари корӣ дар давоми кор (бо назардошти танаффусҳо), дар вақти барои ба тартиб даровардани таҷҳизоти истеҳсолӣ, либос ва ғайра пеш аз кор ё баъди кор;
- дар ҳудуди корхона ё ҷои дигари кори дар давоми кор (бо назардошти танаффусҳо), агар дар он ҷой будан ба тартиби қоидаҳои дохилӣ мухолифат накунад;
- ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми иҷрои супоришҳои мақомоти давлатӣ, касбӣ ё ҷамъиятие, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шуда бошанд, новобаста аз он ки супоришҳои мазкур бо кори асосӣ алоқаманд набошанд;
- ҳангоми иҷрои қарзи шаҳрвандӣ оид ба наҷоти ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ.
53. Бемориҳои касбӣ дар мавриди муқаррар намудани кӯмакпулӣ барои корношоямӣ, бсмориҳое ҳисобида мешаванд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.
54. Варақаҳои корношоямии маблағашон пардохтшуда ва варақаҳое, ки маблағ барои онҳо пардохт намегардад, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои барои пардохти кӯмакпулиҳо пешниҳодшуда (маълумотномаҳо, санадҳо, варақаҳои бозгаштӣ ба роҳхатҳо ва ғайра) дар муҳосиботи корхона аз дигар ҳуҷҷатҳои хароҷотӣ ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.
55. Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар мӯҳлатҳои барои пардохти музди меҳнат муқарраршуда дода мешавад. Дар ҳолате, ки пардохти кӯмакпулӣ якҷоя бо музди меҳнат имконнопазир бошад, метавонад дар асоси расиди хароҷотии алоҳида пардохт карда шавад.
56. Барои давраи рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд кӯмакпулӣ то таваллуди кӯдак, новобаста аз шумораи рӯзҳои истифодакардаи воқеии он дода мешавад.
57. Барои гирифтани кӯмакпулии яквақта барои таваллуди кӯдак волидайни муроҷиатнамуда, дар баробари дигар ҳуҷҷатҳо маълумотномаро дар бораи таваллуди кӯдак, ки мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додааст, пешниҳод менамояд.
Дар сурати гум кардани маълумотнома дар бораи таваллуди кӯдак кӯмакпулӣ метавонад дар асоси нусхаи он (дубликат), ки бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тасдиқ шудааст, бо пешниҳоди маълумотнома аз ҷои кори (таҳсили) волидайни дигар дар бораи нагирифтани ин кӯмакпулӣ дода шавад.
58. Ҳангоми барҳамдиҳии корхона ё фавти шахси суғурташуда кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" пардохт карда мешаванд.
59. Маблағҳои барзиёд пардохтшудаи кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ дар сурате аз гирандагони онҳо боздошт мегарданд, ки пардохти онҳо дар натиҷаи ба хатогӣ роҳ додан дар мавриди ҳисоб ё дар натиҷаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои носаҳеҳ рӯй дода бошанд. Дар ин маврид, боздошт аз маблағҳои кӯмакпулиҳои минбаъд пардохтшаванда ё аз музди меҳнат амалӣ карда мешавад. Дар ҳама ҳолатҳо маблағи боздошти яквақта наметавонад аз бист фоизи пардохти ба корманд амалишаванда зиёд бошад. Боздошт тавассути сохтори дахлдори корхона амалӣ карда мешавад.
60. Агар корманд то давраи ошкор ғардидани ҳолати барзиёд пардохт намудани маблағҳои кӯмакпулӣ дар корхона кор накунад, ин маблағҳо аз ҷониби ӯ бозпас гардонида мешаванд. Дар сурате, ки корманд мабдағҳои зиёд пардохтшударо ба таври ихтиёрӣ бозпас нагардонад, дар ин маврид маблағҳо бо тариқи судӣ баргардонида мешавад.
61. Дар мавриди фавти яке аз волидайн кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулии оилавии ба ӯ қаблан муқарраршуда ба волидайни дигар ё шахсоне дода мешавад, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хешутаборӣ бо фавтида ва дар таъминоти ӯ қарор доштан муроҷиат намоянд.
62. Кӯмакпулиҳо метавонанд дар асоси ваколатнома, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, пардохт карда шаванд.
7. Масъулият барои ҳисоб ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ
63. Роҳбар, сармуҳосиби корхона барои ҳисоб ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои пардохтшавандаи кӯмакпулиҳо масъул буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
64. Хароҷотҳои вобаста ба пардохти кӯмакпулиҳое, ки бар хилофи муқаррароти Тартиби мазкур сурат гирифта, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ зиёни молиявӣ расидааст, ба ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дароварда намешаванд ва аз ҳисоби корхона ситонида мешаванд
65. Корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд, ки ҳар семоҳа бо тартиби муқарраршуда дар бораи хароҷоти маблағҳо аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ҷиҳати пардохти кӯмакпулиҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва нафақа ҳисобот пешниҳод намоянд.
8. Назорат аз рӯи дуруст ҳисоб ва пардохт намудани кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ
66. Назорат аз рӯи дуруст ҳисоб ва пардохт намудани кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ дар корхонаву муассисаҳо аз ҷониби сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд, амалӣ карда мешавад.