Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2014 № 115 "Дар бораи масъалаҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАСЪАЛАҲОИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади таъмини фаъолияти мукаммали Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани такрорёбии вазифаҳо ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назорати давлатии молиявӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Аз ҳисоби шумораи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 воҳиди кории мутахассисони назорати давлатии молиявӣ ихтисор карда шуда, бо хароҷоти нигоҳдориашон ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

2. Дар банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, № 143 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "529" ва "225" мутаносибан ба рақамҳои "479" ва "201" иваз карда шавад.

3. Дар банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2011, № 1173 "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "15" ба рақами "65" иваз карда шавад.

4. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкил ва ҷобаҷогузории кадрҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ҳал намояд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, дар мӯҳлати ду моҳ таклиф пешниҳод намояд;

- ҷиҳати иҷрои Фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

8 январи соли 2014 № 115