Низомномаи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 2014 № 601

Санаи амалкуни: 20.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 9 сентябри соли 2014, № 601

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур салоҳият, тартиби ташкил ва тартиби фаъолияти Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - Шӯрои миллӣ), ки мақоми доимоамалкунандаи машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, муаиян менамояд.

2. Шӯрои миллӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо, ҷамъиятҳои таълимӣ ва касбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ барои рушди кӯдак, оила, мактаб ва ҷомеа таъсис дода мешавад. Шӯрои миллӣ ҳам намояндагони ҷомеаи таълимӣ ва ҳам роҳбарони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятиро, ки нисбат ба низоми маориф ҳамчун фармоишгар ва истифодабаранда баромад мекунанд, муттаҳид менамояд.

3. Шӯрои миллӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

4 Шӯрои миллӣ бо пешниҳоди аъзои Шӯро, Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ ташкилотҳои ғайридавлатӣ номгӯи масъалаҳоро барои муҳокима муайян ва баррасӣ менамояд.

2. Вазифаҳои Шӯрои миллӣ

5. Вазифаҳои Шӯрои миллӣ аз инҳо иборатанд:

- ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ ба мушкилоти мубрами соҳаи маориф;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ, муассисаҳо, сохторҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шӯроҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ барои рушди кӯдак, оила, мактаб, ҷомеа ва мамлакат, аз ҷумла дар татбиқи стратегия, консепсия, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- дастгирии манфиатҳои соҳаи маориф дар раванди қонунгузорӣ ва буҷетӣ;

- дасггирии ташаббусҳо дар соҳаи рушди мӯҳтаво, усул ва ташкили таҳсилот;

- ташкили ҷамъоварии маблағҳои хайриявӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои дахлдори соҳаи маориф;

- омӯзиши фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ҳисоботи роҳбарони онҳо вобаста ба масъалаҳои татбиқи - санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф;

- таҳия ва таклифи пешниҳодот оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф;

- мусоидат дар таъмини иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисос;

- баррасии ҷараёни татбиқ, натиҷаҳои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоии соҳаи маориф;

- баррасии муроҷиат ва таклифҳои ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон дар доираи ваколатҳои худ оид ба рушди соҳаи маориф;

- омода намудани пешниҳод ва хулосаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳаи маориф;

- иштирок дар кори ташкилотҳое, ки барои таъмини шаҳрвандон бо иттилооти соҳаи маориф машваратҳо доир менамоянд;

- амалигардонии дигар вазифаҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуқуқҳои Шӯрои миллӣ

6. Ҳуқуқҳои Шӯрои миллӣ аз инҳо иборатанд:

- барои пешбурди фаъолият тибқи тартиби муқарраргардида талаб ва истифодаи маводи зарурӣ аз сохторҳои мақомоти марказӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилот ва муассисаҳои соҳаи илму маориф;

- иштироки аъзои худ дар ҷаласаҳо, конференсияю машваратҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои корҳои зарурӣ ҷалб намудани намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- пешниҳоди таклиф ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои ҳалли масъалаҳои муҳим ташкили комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби аъзои Шӯро, кормандони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

7. Шакли асосии фаъолияти Шӯрои миллӣ маҷлиси Шӯрои миллӣ мебошад.

8. Ҳайати Шӯрои миллӣ на камтар аз 21 ва на зиёдтар аз 31 нафар аз ҳисоби кормандони соҳаи маориф, сиёсати ҷавонон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва аъзои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешавад.

9. Ҳайати Шӯрои миллиро Ҳукумати Ҷумҳурим Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Шӯрои миллӣ аз Раис, муовини ӯ, котиби масъул ва аъзо аз рӯи вазифа (сарпараст оид ба масъалаҳои таълиму тарбия) иборат аст.

10. Аъзои Шӯрои миллӣ метавонад аз ҳайати Шӯрои миллӣ дар асоси аризаи хаттӣ барояд.

11. Аъзои Шӯрои миллӣ ҳуқуқ дорад:

- ба рӯзномаи маҷлис ва нақшаи кори Шӯрои миллӣ таклиф пешниҳод намояд;

- ҷиҳати иштирок дар маҷлисҳои Шӯрои миллӣ номзадии кормандони давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳидаро пешниҳод намояд;

- дар омода кардани ҳуҷҷатҳои маҷлиси Шӯрои миллӣ иштирок намояд;

- фикру андешаи худро оид ба масъалаи муҳокимашаванда дар маҷлиси Шӯрои миллӣ баён намояд;

- таклиф оид ба масъалаи ташкили комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ ё экспертие, ки Шӯрои миллӣ созмон медиҳад, пешниҳод намояд;

- мавод ва лоиҳаи қарори маҷлисҳои Шӯрои миллиро, ки ба онҳо вобастагӣ дорад ва ё бо ташаббуси онҳо ба баррасӣ пешниҳод гардидаанд, таҳия намояд;

- дар бораи кори анҷомдода дар назди вазорат ё идораҳое, ки онро намояндагӣ мекунад, ҳисобот диҳад;

- маълумоти заруриро бо дархости раиси Шӯрои миллӣ ё муовини ӯ оид ба масъалаҳои дахлдор пешниҳод намояд;

- дигар ваколатҳои худро дар доираи фаъолияти Шӯрои миллӣ амалӣ гардонад.

12. Раиси Шӯрои миллӣ:

- нақшаи кор, рӯзномаи маҷлис ва рӯйхати иштирокчиёни ба маҷлиси Шӯрои миллӣ даъватшударо тасдиқ менамояд;

- кори Шӯрои миллиро ташкил ва дар маҷлисҳои он раисӣ мекунад:

- протоколи маҷлисҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои содиротиро имзо менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати Шӯрои маллӣ ва Низомномаи мазкур таклиф пешниҳод менамояд;

- дигар ӯҳдадориҳоро оид ба таъмини фаъолияти Шӯрои миллӣ амалӣ менамояд.

13. Муовини раиси Шӯрои миллӣ:

- дар мавриди набудани раиси Шӯрои миллӣ маҷлиси Шӯрои миллиро раиси менамояд;

- дар ташкили кори Шӯрои миллӣ ва омода намудани нақшаи кори он иштирок менамояд;

- иҷрои дигар супоришҳои раиси Шӯрои миллиро таъмин менамояд.

14. Котиби масъули Шӯрои миллӣ:

- лоиҳаи протоколҳои маҷлиси Шӯрои миллӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои содиротиро омода менамояд;

- аъзои Шӯрои миллиро доир ба баргузории маҷлиси Шӯрои миллӣ огоҳ мекунад;

- таҳия ва ворид намудани пешниҳодҳоро ба нақшаи кори Шӯрои миллӣ ташкил менамояд;

- ҷараёни иҷрои нақшаи кор ва протоколҳои маҷлиси Шӯрои миллиро назорат менамояд;

- фаъолияти ташкилию техникӣ ва иттилоотии Шӯрои миллиро таъмин менамояд;

- дигар супоришҳои раиси Шӯрои миллиро иҷро менамояд.

15. Маҷлиси Шӯрои миллӣ на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Шӯрои миллӣ метавонад маҷлиси ғайринавбатии худро баргузор намояд.

16. Маҷлиси Шӯрои миллӣ дар сурати иштироки на камтар аз нисфи аъзои Шӯрои миллӣ салоҳиятнок ҳисобида мешавад.

17. Қарори Шӯрои миллӣ бо овоздиҳии кушодаи аксари аъзои дар маҷлис иштирокдошта қабул гардида, бо протоколи маҷлис ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби раис ва котиби масъул ба имзо расонида мешавад.

18. Иҷрои қарори Шӯрои миллӣ барои ҳамаи вазоратҳо, идораҳо, ташкилот ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, хусусияти тавсиявӣ дорад.

19. Дар мавриди зарурат Шӯрои миллӣ метавонад шахсони дигарро барои иштирок дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои ҷаласа даъват намояд, вале шахсони мазкур дорои ҳуқуқи овоз намебошанд.

20. Шурои миллӣ шахси ҳуқуқӣ намебошад, варақаи расмӣ ва мӯҳри худро надорад.

21. Дар давраи байни маҷлисҳо Шӯрои миллӣ масъалаҳои нақшавӣ ё ба маҷлиси Шӯрои миллӣ пешниҳодшуда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро баррасӣ ва омода менамояд.

22. Шӯрои миллӣ фаъолияти худро мунтазам дар воситаҳои ахбори умум инъикос менамояд.

23. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва кори Шӯро мусоидат менамояд.

24. Шӯрои миллӣ ба шӯроҳои миллии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кӯмаки машваратӣ ва амалӣ мерасонад.

4. Муқаррароти хотимавӣ

25. Ба Низомномаи мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо, масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани фаъолияти Шӯрои миллӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон амалӣ карда мешавад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "9" сентябри соли 2014 № 601

тасдиқ шудааст

Ҳайати Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433)

Раиси Шӯро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа

Муовини Раиси Шӯро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиби масъули Шӯро сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аъзои Шӯро:

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433);

Муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;

Раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

Муовини раиси вилояти Суғд, раиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд;

Муовини раиси вилояти Хатлон, раиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон;

Муовини раиси шаҳри Душанбе, раиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;

Намояндагони иттиҳодияҳо ҷамъиятӣ (се нафар бо мувофиқа)

Муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;