Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи "Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи Лоиҳаи "Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи "Таъмини услувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим" таъсис дода шуда, Оинномаи он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон агентии иҷроияи Лоиҳаи мазкур муайян карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Лоиҳа ва маблағгузории нигоҳдории Марказро мутобиқи шартҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ таъмин намоянд.
4. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи "Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим" дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор, ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷотро барои нигоҳдории Марказ таҳия ва тасдиқ намоянд.
5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгиркунии Марказ масоҳати заруриро ҷудо намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 сентябри соли 2014 № 564
ш. Душанбе