×

Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" августи соли 2014, № 506

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018

Пешгуфтор

Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018 (минбаъд- Барнома) дар асоси "Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025" (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010, № 321) таҳия гардида, татбиқи Консепсияи мазкурро дар давраи миёнамӯҳлат таъмин менамояд.

Барнома бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди минбаъдаи хоҷагии манзилию коммуналии кишвар таҳия шуда, ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ афзалият ва самтҳои умумии соҳаро муайян менамояд ва барои ноил шудан ба дастрасии осони аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии хоҷагии манзилию коммуналӣ нигаронида шудааст.

Дар Барнома вазифаҳо доир ба дастрасии хизматрасониҳои обтаъминкунӣ, санитария ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои муҳими кишвар, аз ҷумла Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва Барномаи беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020 ва дигар барномаҳои минтақавӣ муайян гаштаанд ба инобат гирифта шудаанд.

Чорабиниҳои Барномаи мазкур алоқамандии стратегияҳо ва барномаҳои дар сатҳи миллӣ қаблан қабулшударо таъмин менамоянд, ки татбиқи онҳо ба беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ, афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳои таъмини оби нӯшокӣ ва санитария, хусусан дар деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, такмил додани танзими ҳуқуқӣ ва идоракунии соҳа, аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ, ки садди роҳи рушди соҳибкорӣ мебошанд, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Барномаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо иштироки мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мушовирони хориҷию маҳаллӣ бо дастгирии молиявии ташкилоти байналмилаллии ЮСАИД (тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2011, № 71548(15-4)), таҳия шудааст.

Ҳангоми таҳияи Барномаи мазкур таҳқиқоти дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ гузаронидашуда ва дигар чорабиниҳо, бахусус маводи конференсияҳои дар ин мавзӯъ гузаронидашудаи ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, миссияҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби онҳо вазъи соҳаи коммуналӣ, мушкилоти таъмини оби нӯшокӣ ва санитарияро баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод шудаанд.

Боби 1. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

1. Ҳадафи асосии Барнома фароҳам овардани шароити муносиби зиндагии аҳолӣ, ба ҳамаи истеъмолкунандагон дастрас будани хизматрасониҳои коммуналии ба меъёрҳои иҷтимоӣ мутобиқ, эътимоднокии кори системаҳои ҳаётан муҳими манзилию коммуналӣ, таъмини шароити иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои азнавсозии техникӣ, расидан ба кори безарари соҳа мебошад.

2. Татбиқи Барномаи мазкур метавонад дар таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, ки дар ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, ба монанди Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020, Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ дарҷ шудаанд, мусоидат намояд.

3. Барномаи мазкур иҷрои вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:

- такмилдиҳӣ ва муносиб намудани сохтори идоракунии соҳа, ташкили заминаи иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ барои таъмини кори мунтазами субъектҳои хоҷагидорӣ, ки ба раванди хизматрасониҳо ҷалб карда шудаанд;

- таҷдид ва рушди инфрасохтори муҳандисии коммуналии шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳот, таъмини кори эътимоднок ва устувори онҳо, ворид намудани техника ва технологияҳои пешқадам ва каммасраф;

- ташкили шароити ҷалб намудани сармояҳои хусусии кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлат, таъмини дастгирии давлатии рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ, таҳкими иқтидори техникии соҳа;

- татбиқи чорабиниҳои маҷмӯӣ доир ба демонополизатсияи соҳа, ташкили бозори пешниҳоди хизматрасониҳо ва рушди рақобат бо ҷалби субъектҳои соҳибкории хурду миёна, рушди шаклҳои нави муносибатҳои иқтисодӣ дар байни таҳвилдиҳандагон ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳо;

- такмилдиҳии механизми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба танзим даровардани системаи амалкунандаи имтиёзҳо, тақвият бахшидани самти нишонавии маблағҳо, ки барои ин мақсад ҷудо мешаванд;

- баланд бардоштани иқтидори ниҳодии соҳа ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифати манзилию коммуналӣ.

Боби 2. Арзёбии вазъи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ

4. Ҳолати соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар асоси маълумоти таҳқиқотӣ, ки аз тарафи мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои дахлдор гузаронида шудаанд, ба ҳолати то санаи 1 июни соли 2011 чунин арзёбӣ шудааст.

Дастрасӣ ба обтаъминкунӣ, санитария ва хоҷагии манзилию коммуналӣ яке аз омилҳои асосии беҳтар намудани ҳаёт ва таъмини саломатии аҳолӣ мебошад.

Дастрасии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ бо нишондиҳандаҳои зерин пешниҳод мешаванд: бо хизматрасонии обтаъминкунии мутамарказонидашуда 87,0 фоизи аҳолии шаҳрҳо, 61,5 фоизи аҳолии шаҳракҳо ва маркази ноҳияҳо, 43,4 фоизи аҳолии деҳот фаро гирифта шудаанд; хизматрасонии канализатсия ба 80,0 фоизи аҳолии шаҳрҳо, 18,2 фоизи аҳолии шаҳракҳо, 0,2 фоизи аҳолии деҳот дастрас мебошад; дастрасии хизматрасониҳои мутамарказонидашудаи ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ ба аҳолии шаҳрҳо 85,6 фоиз, аҳолии шаҳракҳо 67,3 фоиз ва аҳолии деҳот 3,6 фоизро ташкил медиҳад.

5. Натиҷаи таҳқиқоти гузаронидашуда нишон дод, ки аксар шабакаҳо ва иншооти соҳа дар ҳолати фарсуда қарор доранд. Аз он ҷумла, дар шаҳрҳо 68,0 фоизи шабакаҳои обтаъминкунӣ дар ҳолати корӣ буда, 7 фоизи шабакаҳо қисман коршояманд ва 25 фоизи онҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Дар деҳот ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 40, 44 ва 16 фоизро ташкил медиҳад. Қисми зиёди иншоотҳо ва таҷҳизотҳо ба азнавсозӣ ва барқарорсозӣ эҳтиёҷ доранд.

Амалан дар 70 фоизи маҳалҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ набудани системаи канализатсия ва сифати пасти поксозии партовобҳо дар системаҳои амалкунанда ба саломатии аҳолӣ хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад ва солҳои охир ҳолатҳои авҷгирии бемориҳои эпидемиологӣ ва заҳролудгардонии муҳити зист ба назар мерасад.

6. Аз рӯи маълумоти расмӣ ба ҳолати то санаи 1 январи соли 2014 ҳаҷми фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон 66708.0 ҳазор м2 ташкил дод, ки аз он 20173,0 ҳазор м2 фонди манзили хонаҳои баландошёна мебошад. Маълумоти расмии оморӣ нишон медиҳад, ки 10,6 ҳазор м2 фонди манзил дар ҳолати фарсуда ва 6,5 ҳазор м2 дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Аз фонди умумии манзил, ки 413988 ҳуҷраро дар бар мегирад, 348464 ҳуҷраи он хусусӣ гардонида шудааст ва қисми боқимонда ё 15,8 фоизи он ба моликияти коммуналӣ ва идоравӣ шомил аст.

7. Рушди шаклҳои алтернативии идоракунии фонди манзил бо суръати хеле суст ҷараён дорад. Дар давраи аз соли 2009 инҷониб, пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрҳуҷрагӣ ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил", дар ҷумҳурӣ танҳо 162 ширкатҳо ташкил шудаанд, ки то 3 фоизи шумораи умумии истиқоматкунандагони биноҳои бисёрҳуҷрагиро ташкил медиҳад.

8. Қонунгузории ба танзим даровардани рушди соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ низ ба такмилдиҳӣ эҳтиёҷ дорад. Аслан дар ҷумҳурӣ соҳибкории хусусӣ дар хизматрасонии фонди манзил, системаи обтаъминкунӣ ва канализатсия иштирок наменамояд.

9. Дастрасии аҳолии кишвар ба гармидиҳии мутамарказонидашуда ва таъмини оби гарм, чунин тасниф мегардад, ки шурӯъ аз солҳои 1991- 1992 истеъмолкунандагон, ба истиснои як қисми истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе амалан ба ин намуди хизматрасониҳо таъмин нестанд. Дегхонаҳои системаҳои таъмини гармӣ, ки солҳои 1960-1980 ба истифода супорида шуда буданд, бинобар давраи тӯлонии истифодабарӣ аз ҷиҳати техникӣ хароб гардида, ба таҷдиди пурра эҳтиёҷ доранд.

Боби 3. Сохтмон ва барқарорсозии иншооти инфрасохтори манзилию коммуналӣ, маблағҳои молиявии зарурӣ ва таъмини сарчашмаҳои маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои мутамарказии давлатӣ ва сармояҳои хориҷӣ

Яке аз қисмҳои асосии Барнома таҷдид ва сохтмони иншооти соҳаи манзилию коммуналӣ ва муайян намудани маблағҳои зарурии молиявӣ барои таҷдид ва сарчашмаи маблағгузории онҳо мебошад.

10. Бо мақсади муайян намудани ҳаҷми корҳои таҷдиди иншооти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва воситаҳои зарурии молиявӣ барои маблағгузории онҳо, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" якҷоя бо гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ барои солҳои 2014-2025 оид ба ҳолати техникии ҳамаи иншооти коммуналии ҷумҳурӣ таҳқиқот гузаронид. Дар асоси маводи таҳқиқотӣ, ҷиҳати таъмини истифодаи самаранокии онҳо, ҳаҷми корҳои сохтмонию барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ, канализатсия ва санитария барои давраи аз соли 2014 то соли 2025 муайян карда шуд, ки маблағи талаботи барои татбиқи амалии онҳо 10140887,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Маблағгузории ҳаҷми корҳои сохтмону барқарорсозии иншоот ва системаҳо аз ҳисоби сафарбарии сарчашмаҳои молиявии зайл дар таносуб бо хароҷоти умумӣ ба таври зерин муайян шудаанд: маблағҳои буҷети давлатӣ, ниҳодҳои байналминалии молиявӣ, маблағҳои худи корхонаҳо ва дигар сарчашмаҳои молиявии иловагӣ.

11. Аз рӯи натиҷаҳои хароҷоти молиявӣ муайян шудааст, ки ҷиҳати татбиқи Барнома барои барқарорсозии системаҳои соҳаи коммуналӣ барои давраи аз соли 2014 то соли 2018 дар таносуб нисбат ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар андозаи 3042266,0 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст.

12. Маблағҳои зарурӣ ва сарчашмаи маблағгузориҳо барои татбиқи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018 бо замимаи 1, дар 2 саҳ. ва тақсимоти маблағҳои ҷалбшаванда дар миқёси шаҳру ноҳияҳо, дар 19 саҳ. пешниҳод карда шудаанд.

Боби 4. Роҳҳои асосии ислоҳоти сохтори идоракунӣ ва демонополизатсияи хоҷагии манзилию коммуналӣ

§ 1. Муайян намудани мақоми давлатие, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи рушд ва танзими хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз он ҷумла дар деҳот пеш мебарад

13. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва такмилдиҳии системаи идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ тақсимоти вазифаҳои танзими хизматрасониҳо ва додани ваколатҳо ба мақомоти давлатии дахлдор зарур аст. Дар доираи Барнома таъсиси мақоми давлатӣ, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳа масъул мебошад, пешбинӣ шудааст. Мақоми мазкур муттасил таҳлилҳои маҷмӯӣ гузаронида, раванди рушди соҳаи хоҷагии манзилию коммуналиро дар асоси ҳисоботҳои давлатии оморӣ ва муҳосибӣ ҷамъбаст менамояд, назорати риояи меъёрҳои муқарраршудаи стандарти иҷтимоиро доир ба хизматрасонии аҳолӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ амалӣ менамояд.

§ 2. Демонополизатсия ва рушди рақобат дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

14. Яке аз қисмҳои асосии Барнома дар соҳа ташкил намудани муҳити рақобат мебошад, ки он барои баланд бардоштани сатҳи дастрасии хизматрасониҳо ва беҳтар гардонидани сифати онҳо шароит фароҳам меоварад. Демонополизатсия заминаи зарурии рушди рақобат дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад. Рушди рақобат дар соҳаи фаъолияти хоҷагии манзилию коммуналӣ бо роҳҳои зерин амалӣ мешавад:

- идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил ва иттилооти хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- рушди шаклҳои алтернативии хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла системаҳои мустақили таъмини ҳаёт;

- истифодаи тасвибҳои иқтисодӣ барои вайрон намудани ӯҳдададориҳои қарордод;

- иҷрои намудҳои ҷудогонаи корҳо оид ба хизматрасонии иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ (обтаъминкунӣ, ободонӣ, кабудизоркунии минтақаҳо, тозагии санитарӣ, истифодабарии хоҷагии лифтҳо ва дигар намудҳои кору хизматрасонӣ);

- корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ ва сохтмонӣ доир ба рушди иншооти таъиноти коммуналӣ.

15. Бо мақсади рушди рақобат дар соҳа зарур аст, ки:

- баъзе ваколатҳо ва функсияҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ гузошта шаванд;

- соҳибкории хусусӣ ба бозори хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ҷалб карда шавад;

- стандартҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва дигар асноди батанзимдарорӣ таҳия ва тасдиқ карда шаванд;

- таҷрибаи аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил намудани фармоиш ҷиҳати хизматрасонӣ ва рушди иншооти таъиноти манзилию коммуналидошта истифода бурда шавад.

§ 3. Рушди шаклҳои нави идоракунии фонди манзил, аз ҷумла ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил

16. Зарурияти ислоҳоти идоракунии фонди манзил бо тағйироти иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои бозорӣ алоқаманд аст. Дар ин самт мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият дар соҳа, аз ҷумла хусусӣ, кооперативӣ ва давлатӣ, омили муайянкунанда ба шумор меравад. Бо мақсади рушди рақобат дар соҳаи манзил Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил" қабул гардида буд. Барои рушди ширкати соҳибмулкони манзил ва дигар шаклҳои идоракунии фонди манзил татбиқи чораҳои маҷмӯӣ, ки ворид намудани механизмҳои ҳавасмандгардонии ташкил намудан ва рушди ширкатҳои моликони манзил, дастгирии давлатӣ дар фаъолияти онҳо, содда гардонидан ва камхарҷ намудани бақайдгирӣ ва хизматрасониҳои онҳоро пешбинӣ менамоянд, зарур аст. Чорабиниҳое, ки рушди минбаъдаи ширкати соҳибмулкони манзилро таъмин менамоянд, дар Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома муайян карда шудаанд.

§ 4. Рушди ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ дар идоракунии иншооти инфрасохтори коммуналӣ

17. Яке аз самтҳои афзалиятноки Барнома ҷалби сармоягузорони хусусӣ дар раванди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ ба шумор меравад. Дар ин раванд ҳамкории давлатию бахши хусусӣ нақши муҳим дорад, ки ба мақомоти давлатӣ барои дар асоси шартномавӣ ҷалб намудани сармоягузорони хусусӣ, ҷиҳати босамар ва босифат ҳал намудани вазифаҳо ва проблемаҳои дахлдори соҳаи коммуналӣ имконият медиҳад. Иншооти инфрасохтори коммуналӣ, манзилӣ, иҷтимоӣ иншооти ҷалби сармояҳо буда метавонанд.

Рушди механизмҳои ҳамкории давлатию бахши хусусӣ дар ҷалби сармояҳои ғайрибуҷетӣ барои таҷдиди инфрасохтори коммуналӣ низ имконият фароҳам меоварад.

18. Барои рушди механизмҳои ҳамкории давлатию бахши хусусӣ ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:

- таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи рушди ҳамкории давлатию бахши хусусӣ ва пешниҳод намудани онҳо ба Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарики давлат ва бахши хусусӣ";

- тайёр намудани мутахассисон оид ба рушди ҳамкории давлатию бахши хусусӣ.

Боби 5. Механизмҳои ислоҳоти системаи молиявии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

§ 5. Солимгардонии ҳолати молиявии қорхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

19. Маблағи умумии қарзи дебитории корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ҳолати то санаи 1 январи соли 2014 маблағи 27 млн. 597,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2013 ба маблағи 603,5 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Қарзи кредитории корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ҳолати то санаи 1 январи соли 2014 маблағи 25 млн. 382,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати соли 2013 ба 22,8 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст. Аз он ҷумла қарзи пардохтҳои андозӣ ба ҳолати то санаи 1 январи соли 2014 маблағи 8 млн. 077,9 ҳазор сомонӣ, ё 31,8 фоизи қарзи умумӣ (аз ин 2,5 млн. сомонӣ ҷаримаҳои солҳои гузашта) мебошад, пардохтҳои иҷтимоӣ бошанд мутаносибан 2 млн. 345,2 ҳазор сомонӣ, ё 9,2 фоизи қарзи умумиро ташкил менамояд.

Таҳлили мавқеи молиявии корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ нишон медиҳад, ки қарздорони асосии корхонаҳои системаи хоҷагии манзилию коммуналӣ аҳолӣ, буҷетҳои сатҳҳои гуногун, ташкилотҳои буҷетӣ ва дигар истеъмолкунандагон мебошанд ва дар навбати худ корхонаҳои коммуналӣ дар назди идораҳои андози давлатӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, барои барқи истифодашуда ва дигарон ӯҳдадориҳои қарзӣ доранд.

20. Мавҷудияти хеле зиёд қарзҳои барои расидан ба кори безарар ва фаъолияти самараноки корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ҷалб намудани сармояҳо ба соҳа монеа мебошад. Бо мақсади солимгардонии молиявии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ андешидани чораҳои зарурӣ ва давра ба давра пардохт намудани қарзҳои солҳои гузаштаи андозҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ зарур мебошад.

§ 6. Роҳҳои такмилдиҳии расмиёти таҳия ва танзими нархномаҳо барои хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ

21. Сиёсати нархномаҳо бояд шаффофу боадолат бошад ва ҳамзамон қобили пардохти ҳаққи хизматрасонии истеъмолкунандагонро ба эътибор гирад. Сатҳи нархномаҳо бояд хароҷоти истифодабариро пӯшонида тавонанд, вале хароҷоте, ки дар натиҷаи бесамар идоракунии истеҳсолот ба вуҷуд меоянд, набояд аз ҳисоби маблағҳои истеъмолкунандагон ҷуброн карда шаванд. Дар ин робита муайян намудани нархномаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноккардашуда ҳамчун танзимкунандаи мувозинаи манфиати иқтисодии таҳвилдиҳандагони хизматрасониҳо ва истеъмолкунандагони онҳо хеле муҳим аст. Нархномаи хизматрасониҳо бояд дар асоси баҳои объективии хароҷот, аз рӯи меъёрҳои асоснок кардашудаи иқтисодӣ ва базаи ягонаи методологӣ ба шакл дароварда шаванд.

22. Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ, Барнома тақсимоти вазифаҳои таҳияи методологияи ба танзим даровардани нархномаҳои хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва функсияи ҳисобӣ намудани онҳо, ки ин ба корхонаҳои хизматрасон вогузошта мешавад, пешбинӣ карда шудааст.

§ 7. Механизмҳои ҷалби сармояҳо, қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлат, грантҳо барои таҷдиди иншоот, системаҳо ва рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ

23. Бо мақсади ҳавасмандгардонии раванди сармоягузорӣ ва муносиб гардонии системаи хароҷоти давлатӣ бояд масъалаи ҷорӣ намудани усулҳои нави ҷудо намудани кӯмаки молиявӣ ба корхонаҳои шакли моликияташон гуногун дида баромада шавад. Кӯмаки молиявӣ аз тарафи давлат бо мақсади ҳаммаблағгузориҳои хароҷоти татбиқи лоиҳаҳо, инчунин бо мақсади ҳалли дигар масъалаҳои стратегӣ ҷудо мегардад. Дар баробари кӯмаки бевоситаи молиявӣ давлат ба соҳа дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ, грантҳо, қарзҳо ва дигар воситаҳо мусоидат менамояд.

Шарти ҳатмии ҷорӣ намудани системаи кӯмаки молиявии соҳа ин шаффофияти раванди ҷудо гардидан ва хароҷоти маблағҳои пулии мақсаднок мебошад.

24. Яке аз омилҳои расидан ба ҳолати устувори молиявии соҳаи коммуналӣ, ташкили фонди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад. Ҳангоми ташкили он ҷалби сармояҳои сармоягузорони хориҷӣ ва бахши хусусӣ ба мақсад мувофиқ аст.

§ 8. Такмили механизмҳои маблағгузории рушди соҳа барои корхонаҳо ва ташкилотҳои аз буҷет маблағгузоришаванда

25. Гузариш ба усули меъёрии маблағгузории иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла системаи маориф, тандурустӣ ва дигар идораҳо, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷониби онҳо истифодабарии усули мазкурро нисбат ба истеъмоли хизматрасониҳои коммуналӣ талаб менамояд. Дар мавриди таҳияи буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо ва дар сметаи хароҷоти идораҳои номбурда мувофиқан пешбинӣ намудани маблағҳо барои пардохти хизматрасониҳо мувофиқи меъёрҳои муқарраршудаи хизматрасониҳо зарур аст.

26. Бо мақсади таъмини симои дахлдори берунаи ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, ободонӣ ва кабудизоркунии минтақаҳо, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ мувофиқи нақшаи ҳаҷми корҳо аз сарчашмаҳои мақсаднок таъмин намудани маблағгузории чорабиниҳои пешбинишуда зарур аст.

§ 9. Таъмин намудани ҷолибияти сармоягузории хоҷагии манзилию коммуналӣ

27. Барои аз ҷиҳати сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани фаъолияти хоҷагии манзилию коммуналӣ таҳия намудани механизмҳои нави ниҳодӣ ва молиявӣ оид ба маблағгузории босамари сармояҳои давлатию хусусӣ зарур аст. Ҷалби соҳибкории хусусӣ ба идоракунии иншооти коммуналӣ ба усулҳои муосири идоракунӣ ва механизмҳои бозорӣ гузаштанро таъмин менамояд, ки омили мазкур аз ҳолати мавҷуда баромадани корхонаҳои коммуналӣ ва гузаштан ба муколамаи қобили қабул доир ба ташкили муносибатҳои бевоситаи "фармоишгар - истеъмолкунанда", инчунин бо роҳи ташкили рақобати солим - таъмин намудани хизматрасониҳои босифат, мусоидат менамояд.

28. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати ҷолибияти сармоягузории соҳа рушди механизмҳои шарикии давлатию бахши хусусӣ зарур аст. Дар давраи аввал бояд шакли соддаи шарикии давлатию бахши хусусӣ, аз ҷумла шартномаҳои консессионӣ оид ба идоракунӣ ва нигоҳдории боваринок, рушд ёбад.

29. Бо мақсади таъмини дастрасӣ ба захираҳои грантӣ ва қарзӣ, такмилдиҳӣ ва пай дар пай ворид намудани механизми баргардонидани маблағҳои сармоягузорон, барои татбиқи лоиҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷалбшаванда, зарур мебошад. Инчунин татбиқи чорабиниҳои зарурӣ доир ба таъсиси Фонди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ (минбаъд - Фонди ХМК), зарур мебошад.

§ 10. Таъмини ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ

30. Барнома татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагонро дар шакли зайл пешбинӣ менамояд:

- таҳия ва риояи меъёрҳо, инчунин стандартҳои хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ;

- дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

- ташкили системаи мониторинги сифати хизматрасониҳо.

§ 11. Баланд бардоштани иқтидори институтсионалии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

31. Иқтидори ниҳодии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ҷумҳурӣ ба таҷдиди системаи идоракунӣ, омӯзиш ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо, истифодабарии технологияҳои муосири иттилоотӣ эҳтиёҷ дорад. Барои расидан ба ин мақсад татбиқи чорабиниҳои зайл пешбинӣ мешаванд:

- таҷдиди системаи бозомӯзии кадрҳо барои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус;

- ҷорӣ намудани системаи гирифтани маълумоти тахассусии иловагӣ барои мутахассисони корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки дар асоси барномаҳои таълимӣ бо дархости корхонаҳо омода гардидаанд;

- давра ба давра гузаштан ба системаи автоматикунонидашудаи ҳисоби пардохтҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳо бо истифода аз барномаҳои муосир.

Боби 6. Такмили механизмҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

§ 12. Такмили механизмҳои ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои аҳолии имтиёздор

32. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ ба гурӯҳҳои ашхоси имтиёздор муқаррар карда шудааст, аммо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ механизми рӯйпуш намудани зарари таҳвилдиҳандагони хизматрасониҳо, ки ба имтиёздорон дар тартиботи муайяншуда хизмат мерасонанд, на он қадар возеҳ сабт шудааст. Дар натиҷаи номуайянии сарчашмаҳои рӯйпӯш намудани имтиёзҳо аз рӯи категорияҳои ҷудогонаи истеъмолкунандагон, чун қоида ин хароҷот аз тарафи буҷет рӯйпӯш карда намешавад ва ба таносуби зарари таҳвилдиҳандагони хизматрасониҳо мегузарад. Мутаносибан ин ҳолат ба афзоиши ҳаҷми қарзҳои дебиторию кредитории корхонаҳои соҳа оварда мерасонад.

Барои расидан ба ҳолати устувории молиявии корхонаҳои коммуналӣ таҳияи механизми ба таври пурра рӯйпӯш намудани зарари хизматрасонии ба категорияҳои имтиёздорон расонидашуда зарур аст.

Боби 7. Такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ бо дарназардошти рушди муносибатҳои бозоргонӣ

33. Ислоҳоти системаи манзилию коммуналии кишвар, такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқии ӯ, мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои амалкунандаи муносибатҳои бозориро талаб менамояд, ки он ба ташкили фазои мусоиди мавҷудияти корхонаҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор, ки дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дорои фаъолияти муваффақ бошанд ва ба истеъмолкунанда босифат хизмат расонанд.

34. Таҳия ва таҷдиди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ барои давраи солҳои 2014-2018 дар Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи пешбинишуда барои тасдиқ пешниҳод мешавад.

Боби 8. Таъмини молиявии татбиқи Барнома

35. Дар қарорҳои конференсияҳои ҷумҳуриявии аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" гузаронидашуда қайд шудааст, ки бо назардошти ҳолати мавҷудаи соҳаҳои обтаъминкунӣ ва санитария, барои таъмини кори мунтазам ва рушди минбаъдаи онҳо, ба таври умумӣ афзоиш додани маблағгузориҳоро аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бо мақсади таҳияи меҳанизмҳои молиявӣ, ки дастгирии давлатӣ, ҷалби маблағҳои сармоягузории ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, қарзҳои маблағҳои бонкиро пешбинӣ намудааст, талаб менамояд.

36. Таъмини молиявии татбиқи Барнома аз сарчашмаҳои зерин муайян карда мешавад:

- маблағҳои пешбинишавандаи Буҷети давлатӣ;

- маблағҳои худии корхонаҳои коммуналӣ, тибқи барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ, ки дар тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ шудаанд;

- грантҳо, қарзҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, маблағҳои хайриявӣ;

- сармоягузориҳои хориҷӣ ва маблағҳои ашхоси воқеию ҳуқуқӣ, ки бо роҳи ба онҳо додани иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ барои идоракунӣ, иҷора, консессия амалӣ мегардад;

- Фонди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ.

Боби 9. Мехнизмҳои татбиқи Барнома (нишондиҳандаҳои ноилшавӣ ба натиҷаҳо)

§ 13. Нишондиҳандаҳои мақсаднок ва индикаторҳои Барнома, тартиби пешниҳод ва шакли ҳисоботдиҳӣ оид ба иҷрои он

37. Вобаста ба мақсадҳо ва вазифаҳое, ки бо Барнома муайян шудаанд, индикаторҳои зерини ноил шудан ба натиҷаҳо пешбинӣ мегардад:

- дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии обтаъминкунии марказонидашуда, фоизи афзоиш;

- ҳавлиҳо, ки аз колонкаҳои кӯчагӣ истифода мебаранд, фоизи кам шудани онҳо;

- ҳавлиҳо, ки ба системаи марказонидашуда пайвастанд, вале бо об таъмин нестанд, фоизи кам шудани онҳо;

- дастрасии муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ ба хизматрасонии обтаъминкунӣ ва канализатсия, фоизи афзоиш;

- дастрас будани хоҷагиҳо ба хизматрасонии канализатсия, афзоиш нисбат ба шумораи умумӣ дар фоиз;

- шумораи ҳавлиҳо, ки бо таҷҳизотҳои баҳисобгирии об таъминанд, фоизи афзоиш;

- кам кардани талафоти об, дар фоиз;

- дастрасии ҳавлиҳо ба хизматрасониҳои партовҳои сахти маишӣ, фоизи афзоиши он;

- ҷамъоварии маблағи хизматрасониҳо, фоизи афзоиши он;

- ҷалби сармояҳо ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории Барнома.

§ 14. Механизмҳои татбиқи Барнома ва мониторинги ҷараёни иҷрои он

38. Бо мақсади ташкили механизми босамари батанзимдарорӣ ва ҳамкориҳои сохторҳои манфиатдор дар назди Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ташкил намудани Гурӯҳи дастгирии татбиқи Барнома ба мақсад мувофиқ аст.

39. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо татбиқи самараноки Барномаро, бо шакли муқарраршуда ҳисобот омода намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти татбиқи Барномаи мазкур ҳар нимсола маълумот пешниҳод менамояд.

§ 15. Таъмини иттилоотии татбиқи Барнома

40. Аз ҷониби аҳолӣ - истеъмолкунандаи асосии хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ дастгирӣ намудани чорабиниҳои Барномаи мазкур муваффақияти татбиқи Барномаро таъмин менамояд. Ин дастгирӣ аз пурра ва босифат пеш бурдани корҳои иттилотию таблиғотӣ низ вобастагии зич дорад.

41. Таъмини иттилоотии татбиқи Барнома бо роҳи ташкили Сомона пешбинӣ мешавад, ки дар Маркази мониторинги татбиқи Барнома таъсис ёфтааст ба мавзӯи он фаъолияти зайл дохил мешавад:

- ташкили заминаи миллии иттилоот ва маълумот дар бораи системаҳои обтаъминкунӣ ва санитарияи кишвар;

- гузаронидани мониторинги рафти татбиқи Барнома;

- ташкили сомона/интернет портал;

- мунтазам пешниҳод намудани маълумот оид ба ҷараёни татбиқи Барнома тавассути воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ, шабакаҳои телевизионии давлатии ҷумҳуриявию хусусӣ ва вилоятию ноҳиявӣ (барномаҳои махсус барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, намоиши филмҳои мустанад дар бораи ҷараёни татбиқи Барнома, намоиш додани роликҳои иҷтимоӣ дар бораи пешгирии хароҷоти барзиёди захираҳо). Дар ҳолати фаъол нигоҳ доштани сомонаи расмӣ, таҳияи маълумот дар бораи рафти татбиқи Барнома ва ба воситаи шабакаи Интернет инъикос намудани онҳо;

- мунтазам гузаронидани пурсиши (мониторинги) афкори ҷамъиятӣ ва аз тариқи воситаҳои ахбори омма инъикос намудани натиҷаи онҳо;

- фаъолнамоии кори маъмурияти шаҳру ноҳияҳо вобаста ба гузаронидани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, ташкили сохторҳои дахлдор (марказҳои матбуот, шӯъбаҳо оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва ҷамъият).

§ 16. Натиҷаҳои пешбинишавандаи иҷрои Барнома

42. Татбиқи Барнома барои амалҳои зайл имконият фароҳам меоварад:

- гузаронидани ислоҳоти сохтори идоракунии соҳа ва ташкили заминаи меъёрии ҳуқуқии он;

- беҳтар намудани шароити муносиб ва бехатари истиқомат, сатҳи таъмини стандартҳои иҷтимоӣ дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ;

- таҷдиди воситаҳои асосӣ, системаҳо ва таҷҳизотҳои соҳа, паст кардани дараҷаи хӯрдашавӣ (то дараҷаи истифодабарии бехатар) ва баланд бардоштани кори самаранок ва боэътимоди системаҳои муҳандисии таъмини ҳаёт ва фонди манзил;

- татбиқи чорабиниҳои маҷмӯӣ доир ба такмили идоракунӣ ва рушди муносибатҳои рақобатнок, танзими нархномаҳо, рушди муносибатҳои бозорӣ ва шартномавӣ дар соҳаи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ;

- такмили механизмҳои ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои рушд ва таҷдиди хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- фароҳам овардани шароит барои молиявӣ солим гардонидани субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, таъмини паст кардани хароҷоти моддӣ ва баланд бардоштани масъулиятнокӣ барои сифати хизматрасонӣ.

*** Замимаҳо дар матни аслӣ оварда шудаанд.