Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, бо мақсади ҷалби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур, лоиҳаҳои дахлдори сармоягузорӣ таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
3. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо маблағгузории Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Буҷети давлатӣ барои солҳои дахлдор ва аз ҳисоби дигар манбаҳо таъмин намоянд.
4. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо татбиқи самараноки Барномаи мазкурро таъмин намуда, оид ба ҷараёни иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола маълумот манзур намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2014 № 506
ш. Душанбе