Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ аз 1 августи соли 2014 № 508

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2014, № 508

тасдиқ шудааст

Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259)

1. Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ (минбаъд - Феҳрист)сабти ҷории мунтазами ҳуҷҷатҳои шакли махсус оид ба ҳосилшавӣ, таркиби физикию кимиёвӣ, ҳаҷм, хусусият, инчунин интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивиро ифода мекунад ва дар доираи низоми бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ таъсис дода мешавад.

2. Ба Феҳрист иттилоот дар бораи ҳамаи намудҳои партовҳои радиоактивӣ (сахт, моеъ, газшакл, манбаъҳои радиоактивии мӯҳлати амалашон баитмомрасида, партовҳои радиоактивии коркарди саноати кӯҳкорӣ ва маъдан, оҳанпора ва ашёи бо моддаҳои радиоактивӣ ифлосшуда ва ғайра) ворид карда мешавад.

3. Феҳрист дар асоси варақаҳои баҳисобгирӣ, ки аз ҷониби маҳфуздорандагони партовҳои радиоактивӣ пур карда мешаванд (намуна замима мегардад) ва ҳар нимсола ба Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ирсол карда мешаванд, бурда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

4. Таъсис, ташкил ва пешбурди Феҳрист ба зиммаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузошта мешавад. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ташкилотҳои маҳфуздорандагони партовҳои радиоактивӣ оид ба эътимоднокии маълумотҳои дар варақаи баҳисобгирии партовҳои радиоактивӣ зикргардида санҷиш мегузаронад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

5. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Феҳрист маълумотҳоро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ба дигар мақомот дар асоси дархост, инчунин ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳо тибқи созишномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

6. Оид ба масъалаҳои пешбурди Феҳрист Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳар сол ҳисобот омода менамояд, ки он на дертар аз 28 феврал пас аз соли ҳисоботӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

7. Шахсоне, ки тартиби бурдани Феҳристро вайрон мекунанд (беасос рад кардани пешниҳоди маълумот ё пешниҳод намудани маълумоти нодуруст, сари вақт пешниҳод накардани маълумот ё пинҳон кардани он, вайрон намудани тартиби нигоҳ доштани маълумот, қасдан нобуд кардани маълумот), мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

8. Роҳбарони маҳфуздорандагони партовҳои радиоактивӣ барои сари вақт пешниҳод намудани маълумот оид ба ворид намудан (инчунин ворид намудани тағйирот) ба Феҳрист масъуланд.

9. Ҳуҷҷатҳои Феҳрист бе мӯҳлат нигоҳ дошта мешаванд.

10. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ҳифз ва пуррагии Феҳрист ва сари вақт ворид намудани тағйирот ба он масъул мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).


Замима (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259)


Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2014, № 508

тасдиқ шудааст

Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ

1. Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ (минбаъд - Феҳрист)сабти ҷории мунтазами ҳуҷҷатҳои шакли махсус оид ба ҳосилшавӣ, таркиби физикию кимиёвӣ, ҳаҷм, хусусият, инчунин интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивиро ифода мекунад ва дар доираи низоми бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ таъсис дода мешавад.

2. Ба Феҳрист иттилоот дар бораи ҳамаи намудҳои партовҳои радиоактивӣ (сахт, моеъ, газшакл, манбаъҳои радиоактивии мӯҳлати амалашон баитмомрасида, партовҳои радиоактивии коркарди саноати кӯҳкорӣ ва маъдан, оҳанпора ва ашёи бо моддаҳои радиоактивӣ ифлосшуда ва ғайра) ворид карда мешавад.

3. Феҳрист дар асоси варақаҳои баҳисобгирӣ, ки аз ҷониби маҳфуздорандагони партовҳои радиоактивӣ пур карда мешаванд (намуна замима мегардад) ва ҳар нимсола ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешаванд, бурда мешавад.

4. Таъсис, ташкил ва пешбурди Феҳрист ба зиммаи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад. Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои маҳфуздорандагони партовҳои радиоактивӣ оид ба эътимоднокии маълумотҳои дар варақаи баҳисобгирии партовҳои радиоактивӣ зикргардида санҷиш мегузаронад.

5. Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Феҳрист маълумотҳоро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ба дигар мақомот дар асоси дархост, инчунин ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳо тибқи созишномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

6. Оид ба масъалаҳои пешбурди Феҳрист Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳисобот омода менамояд, ки он на дертар аз 28 феврал пас аз соли ҳисоботӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

7. Шахсоне, ки тартиби бурдани Феҳристро вайрон мекунанд (беасос рад кардани пешниҳоди маълумот ё пешниҳод намудани маълумоти нодуруст, сари вақт пешниҳод накардани маълумот ё пинҳон кардани он, вайрон намудани тартиби нигоҳ доштани маълумот, қасдан нобуд кардани маълумот), мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

8. Роҳбарони маҳфуздорандагони партовҳои радиоактивӣ барои сари вақт пешниҳод намудани маълумот оид ба ворид намудан (инчунин ворид намудани тағйирот) ба Феҳрист масъуланд.

9. Ҳуҷҷатҳои Феҳрист бе мӯҳлат нигоҳ дошта мешаванд.

10. Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва пуррагии Феҳрист ва сари вақт ворид намудани тағйирот ба он масъул мебошад.

Замима