Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2014, № 507
тасдиқ шудааст
Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259)
1. Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ (минбаъд - Кадастр) - ин махзани маълумоти мураттабшуда дар бораи объектҳои барои нигохдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, инчунин ҷойҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ ва дар бораи макони ҷойгиршавӣ, хусусияти миқдорӣ ва сифатӣ, низоми назорат ва мониторинги маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва шароити нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ мебошад.
2. Кадастр дар доираи баҳисобгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ таъсис дода шуда, бо мақсади таъмин намудани назорати фаврӣ аз болои ҷойгир ва интиқол ёфтани парговҳои радиоактивӣ, шароити нигоҳдорӣ ва гӯронидани онҳо ва истифодабарии иқтидори мавҷуда оид ба нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ бурда мешавад.
3. Таъсис, ташкили пешбурди фаъолияти Кадастр ба зиммаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузошта мешавад ().
4. Кадастр дар асоси варақаҳои бақайдгирие (намуна замима мегардад), ки аз ҷониби соҳибони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва ҷойҳои нигоҳдории мувақаттии партовҳои радиоактивӣ пур карда мешавад ва ҳар сол ба Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ирсол карда мешаванд, бурда мешавад. Барои пур кардани варақаҳои бақайдгирӣ, инчунин иловакунӣ ва навкунии минбаъдаи онҳо маълумоти Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ истифода мешавад. Тағйиру иловаҳо ба варақаҳои бақайдгирӣ мунтазам зимни пайдо шудани маълумоти нав бо нигоҳ доштани маълумоти аввалия ворид карда мешаванд ().
5. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба дурустаи маълумоти дар варақаи бақайдгирии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ (ҷойҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ) зикргардида, риояи талаботи бехатарии радиатсионӣ ва муҳофизати ҷисмӣ дар маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ (ҷойҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ) санҷишҳо мегузаронад ().
6. Оид ба масъалаҳои пешбурди фаъолияти Кадастр Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳар сол ҳисобот тартиб медиҳад, ки на дертар аз 28 феврал, пас аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ().
7. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Кадастр маълумотро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва дигар мақомот тибқи дархост, инчунин ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳо тибқи созишномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ().
8. Ҳуҷҷатҳои Кадастр бе мӯҳлат нигоҳ дошта мешаванд.
19. Шахсоне, ки тартиби бурдани Кадастрро вайрон мекунанд (беасос рад кардан аз пешниҳод намудани маълумот ё пешниҳод намудани маълумоти нодуруст, сари вақт пешниҳод накардани маълумот ё пинҳон кардани он, вайрон намудани тартиби нигоҳ доштани маълумот, қасдан нобуд кардани маълумот), мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
10. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба муҳофизат ва пуррагии маълумоти Кадастри давлатии маҳфузгоҳхои партовҳои радиоактивӣ масъул мебошад ().
Замима