ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ГУРЕЗАҲО"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи гурезаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1, мод.305; с. 2010, №1, мод.14; с. 2012, №12, мод.1013) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- сархати сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- ҷойи зисти муваққатӣ - ҷойи сукунати муваққатии шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо, ки дар хусуси гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод намудаанд ё гуреза дониста шудаанд";
- дар сархати чорум калимаҳои "шаҳодатномаи муваққатии бақайдгирии дархост" ба калимаҳои "шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда" иваз карда шаванд;
- сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- маркази ҷойгиркунии муваққатӣ - Маркази махсусгардонидашудаи мақомоти корҳои дохилӣ барои ҷойгиркунии муваққатии шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо, ки дар бораи гирифтани мақоми гуреза дар давраи гузаронидани чорабиниҳои ибтидоии айнияткунонӣ ва бақайдгирии пешбинигардида дархост пешниҳод намудаанд;
- ҳуҷҷати сафарӣ - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба шахсони гуреза донисташуда барои аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баромадан ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан дода мешавад;".
2. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Шахсони ба ҳимояи байналмилалӣ сазовор набуда ё эҳтиёҷ надошта
1. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:
- агар асосҳои кофӣ мавҷуд бошанд, ки онҳо эҳтимол ҷиноятҳои ҳарбӣ ё ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ ва амнияти инсониятро содир намудаанд, ки онҳоро санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;
- агар асосҳои кофӣ мавҷуд бошанд, ки онҳо эҳтимол пеш аз ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он ҷинояти вазнини хусусияти сиёсидошта содир кардаанд;
- агар асосҳои кофи мавҷуд бошанд, ки онҳо эҳтимол дар содир намудани кирдори хилофи мақсад ва принсипҳои Созмони Милалӣ Муттаҳид гунаҳгоранд;
- агар онҳо аз ҳимоя ё кӯмаки мақомот ё муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ғайр аз Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо истифода баранд.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур ҳамчунин нисбат ба шахсоне татбиқ намегардад, ки давлати мансубияти шаҳрвандии худро (маҳалли истиқомати пештараи худро) бинобар сабабҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар натиҷаи гуруснагӣ, эпидемия ё ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва хусусияти техногенидошта тарк намудаанд.".
3. Ба Қонун моддаи 3(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи З(1). Принсипҳои кор бо шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо Кор бо шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар асоси принсипҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:
- ғайритабъиз;
- берун накардан;
- муттаҳидшавии оила;
- маҳрамият;
- афзалияти ҳимояи манфиатҳои шахсони осебпазир.".
4. Дар моддаи 5:
- дар қисми 1:
- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- фаъолияти воҳидҳои мақомоти дахлдори корҳои дохилиро дар маҳалҳо роҳбарӣ ва назорат менамояд;";
- сархатҳои чорум ва панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи шаҳодатномаи гуреза, намунаҳои бланкаҳои шаҳодатномаи гуреза, ҳуҷҷати сафарӣ, инчунин ҷиҳати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин соҳа таклифҳо пешниҳод менамояд;
- барои шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо марказҳои ҷойгиркунии муваққатӣ таъсис дода, фаъолияти онҳоро таъмин менамояд;";
- сархати ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- дар асоси қарори комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза барои пешниҳод намудани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат медиҳад ё додани иҷозатро рад менамояд;";
- аз сархати нӯҳум калимаҳои "шӯъбаҳои раводид ва бақайдгирӣ" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати даҳум калимаҳои "бақайдгирии дархостро" ба калимаи "паноҳҷӯяндаро" иваз карда шаванд;
- сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"- ба шахсоне, ки мақоми гуреза гирифтаанд, шаҳодатномаи гуреза, инчунин ҳуҷҷати сафарии намунааш муқарраршуда медиҳад;
- азнавбақайдгирии ҳарсолаи гурезаҳоро якҷоя бо воҳидҳои дахлдор анҷом медиҳад;";
- сархати понздаҳум дар таҳрири зайл ифода шавад:
"- шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳоро ба қайд мегирад ва мӯҳлати бақайдгирии онҳоро тамдид менамояд;";
- дар сархати ҳаждаҳум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- сархати нуздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- дар сурати қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ихтиёран тарк накардани шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо, дар доираи ваколати худ маҷбуран берун кардани онҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро мерасонад.";
- дар сархати чоруми қисми 2 калимаҳои "дар ин бора ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар медиҳад" ба калимаҳои "вазифадор аст бо риояи принсипи берун накардан дар ин хусус воҳидҳои мақомоти дахлдори корҳои дохилиро огоҳ созад" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 6:
- ба қисми 2 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- шахси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ қарордошта, бинобар ҳолатҳои дар кишвари мансубияташ бавуҷудомада, метавонад бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур бо дархост дар бораи гирифтани мақоми гуреза муроҷиат намояд;";
- дар қисми 4 калимаҳои "ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадӣ ё мақомоти амнияти миллӣ" ба калимаҳои "ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадии мақомоти амнияти миллӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои "Ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти амнияти миллӣ" ба калимаҳои "Ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадии мақомоти амнияти миллӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои 2, 6, 7, 9, 10, 13 ва 14 калимаҳои "ҳаждаҳсолагӣ", "шонздаҳсолагӣ" ва "шонздаҳ" ба калимаи "ҳаждаҳ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 11 калимаҳои "комиссияи мақомоти корҳои дохилӣ" ба калимаҳои "комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ" иваз карда шаванд;
- қисми 12 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 13-16 мутобиқан қисмҳои 12-15 ҳисобида шаванд;
- қисми 16 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"16. Комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти амнияти миллӣ, мақомоти корҳои хориҷӣ иборат мебошад. Тартиби ташкил ва фаъолияти комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
6. Дар моддаи 8:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 8. Асосҳо барои рад кардани додани мақоми гуреза ба шахси паноҳҷӯянда";
- матни қисм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Барои рад кардани додани мақоми гуреза ба шахси паноҳҷӯянда ҳолатҳои зерин асос мешаванд, агар:";
- дар сархати панҷум калимаҳои "дигар давлате" ба калимаҳои "кишвари сеюми бехатар" иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои "дар бораи гуреза дониста шудан бо ариза муроҷиат накарда бошад" ба калимаҳои "бе сабабҳои узрнок бо дархост дар бораи хоҳиши гуреза дониста шуданаш муроҷиат накарда бошад" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 9:

"Моддаи 9. Оқибати рад кардани додани мақоми гуреза";
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Дар сурате, ки агар ба шахси паноҳҷӯянда додани мақоми гуреза рад карда шавад, мақомоти корҳои дохилӣ дар мӯҳлати то панҷ рӯзи корӣ пас аз рӯзи қабули қарор дар ин хусус ба ӯ бо зикри сабабҳои радкунӣ ва тартиби овардани шикоят аз рӯи қарори қабулшуда, инчунин шарҳи вазъи ҳуқуқии минбаъдаи ӯ ва аъзои оилааш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳинома месупорад ё ирсол менамояд.".
8. Дар моддаи 10:

"Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо";

"1. Шахси паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқҳои зерин доранд:";
- сархати панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- гирифтани ёрии иҷтимоӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- ҳуқуқ ба меҳнат ва фаъолияти соҳибкорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- дар қисми 2:

"2. Шахсони паноҳҷӯянда, инчунин аъзои оилаи онҳо ӯҳдадоранд:";

"- мақомоти корҳои дохилиро дар давоми се рӯзи корӣ дар бораи иваз намудани маҳалли истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба мақсади аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафтан огоҳ созанд;";
- дар сархати чорум калимаи "тандурустӣ" ба калимаҳои "тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 11:

"1. Асосҳо ва тартиби гуреза дониста шудани шахси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳҷӯянда аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ бо роҳи муқаррар намудани талаботи зерин муайян карда мешаванд:";
- аз сархати якум калимаҳои "муайян намудани" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои "Комиссияи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза" ба калимаҳои "комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои 6 ва 7 калимаи "шонздаҳсолагӣ" ба калимаи "ҳаждаҳ" иваз карда шавад;
- қисми 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"9. Шахси паноҳҷӯянда ба мӯҳлати 3 сол гуреза дониста шуда, ба ӯ ба ин муддат шаҳодатномаи гуреза дода мешавад. Ҳангоми дар давлати мансубияти шаҳрвандии (ё маҳалли истиқомати пештараи) ӯ боқӣ мондани ҳолатҳое, ки ӯ мавриди таъқиб қарор гирифта буд, дар асоси қарори комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза мӯҳлати гуреза дониста шудани ӯ ва мӯҳлати амали шаҳодатномаи гуреза ба ҳар 3 соли минбаъда тамдид карда мешавад.";
- қисми 10 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 11 ва 12 мувофиқан қисмҳои 10 ва 11 ҳисобида шаванд;
- қисми 12 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"12. Шахсе, ки гуреза донистани ӯ рад карда шудааст, бинобар пайдо шудани ҳолатҳои нав ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур такроран барои гирифтани мақоми гуреза ба мақомоти корҳои дохилӣ дархост пешниҳод намояд.".
10. Дар қисми 1 моддаи 12:
- сархатҳои сеюм ва панҷум хориҷ карда шаванд;
- сархати даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- муроҷиат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳалли будубоши худ бо мақсади расонидани кӯмак ба ӯ ва аъзои оилааш дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои сафарӣ дар мувофиқа бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;".
11. Дар моддаи 13:

"Моддаи 13. Қатъ гардидани мақоми гуреза ва маҳрум намудан аз он";

"1. Мақоми гуреза қатъ мегардад, агар шахс:";
- сархатҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- ихтиёран аз ҳимояи давлати мансубияти шаҳрвандӣ ё истиқомати худ аз нав истифода барад;
- ихтиёран ба кишвари мансубияти худ, ки қаблан бинобар хавфи таъқибот тарк карда буд, баргардад;";

"- яке аз ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 3 Қонуни мазкур ошкор гардад;";
- қисмҳои 3 ва 4 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"3. Қарор дар бораи қатъ гардидани мақоми гуреза ё маҳрум намудан аз мақоми гуреза аз ҷониби комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза қабул карда мешавад.
4. Огоҳинома оид ба қарори комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза дар бораи қатъ гаштани мақоми гуреза ё маҳрум намудан аз мақоми гуреза бо нишон додани сабабҳои қабули қарор дар ин бора ва тартиби шикоят овардан аз рӯи қарор аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ на дертар аз панҷ рӯзи корӣ пас аз қабули қарор ба ин шахс супорида ё ирсол карда мешавад.".
12. Дар қисми 6 моддаи 14:
- дар ҷумлаи якум баъд аз калимаҳои "Қонуни мазкур" калимаҳои "ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- ҷумлаҳои дуюм ва сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд: "Зимнан мӯҳлати амали шаҳодатномаи муваққатии шахси паноҳҷӯянда ё шаҳодатномаи гуреза аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба мӯҳлати баррасии шикоят ва қабули қарор аз тарафи мақомоти суд тамдид карда мешавад. Ҳамзамон, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ мӯҳлати бақайдгирии шахси паноҳҷӯянда ё мӯҳлати амали шаҳодатномаи гуреза ва иҷозати зисти онҳо тамдид карда мешавад.".
13. Дар моддаи 15:
- дар қисми 2 калимаҳои "ҷойҳои сукунати муваққатии (марказҳои) гурезаҳо" ба калимаҳои "марказҳои ҷойгиркунии муваққатӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои "мақомоти маҳаллии муҳоҷират" ба калимаҳои "мақомоти дахлдор" иваз карда шаванд.
14. Моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 июли соли 2014 № 1124
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш.Душанбе, 25 феврали соли 2014, № 1438
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш.Душанбе, 17 июли соли 2014 № 711