Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1113 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод.435) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 1 моддаи 6 сархати- нӯҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"-ташкили шароити мусоид барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ;".

2. Дар сархати чоруми банди 1) қисми 1 моддаи 21 калимаи "дигари" ба калимаҳои "дигар дар" иваз карда шавад.

3. Дар моддаи 36:

- аз қисми 1 рақами "1." ва калимаҳои "ва дигар қонунҳо" хориҷ карда шаванд;

- қисмҳои 2 ва 3 хориҷ карда шаванд.

4. Моддаи 37 хориҷ карда шавад.

5. Ба қисми 3 моддаи 48 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- барои халалдор сохтани манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 июли соли 2014 № 1113

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 25 июни соли 2014, № 1547

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 17 июли соли 2014 № 700

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О НАЦИОНАЛЬНОМ БАНКЕ ТАДЖИКИСТАНА"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 июня 2011 года "О Национальном банке Таджикистана" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011г., №6, ст.435) следующие изменения и дополнения:

1. Часть 1 статьи 6 дополнить абзацем девятым следующего содержания:

"- создание благоприятных условий для защиты интересов потребителей услуг банковской системы;".

2. В статье 36:

- из части 1 цифру "1." и слова "и другими законами" исключить;

- части 2 и 3 исключить.

3. Статью 37 исключить.

4. Часть 3 статьи 48 дополнить абзацем третьим следующего содержания:

"- за нарушение интересов потребителей услуг банковской системы;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 26 июля 2014 года, № 1113

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Национальном банке Таджикистана"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Национальном банке Таджикистана".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                           Ш. Зухуров

г. Душанбе, 25 июня 2014 года, № 1547

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Национальном банке Таджикистана"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Национальном банке Таджикистана", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Национальном банке Таджикистана".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                            М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 17 июля 2014 года №700