Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1112 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба моддаи 82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод. 435) қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"6. Аудити Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ, хизматрасонии буҷети ҷумҳуриявӣ, гардиши маблағҳои буҷетӣ ва қарзи давлатиро Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 июли соли 2014 № 1112

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 24 апрели соли 2014, № 1475

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш.Душанбе, 17 июли соли 2014 № 699

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАРТИБ ВА ШАРОИТИ ДАР ҲАБС НИГОҲ ДОШТАНИ ГУМОНБАРШУДА, АЙБДОРШАВАНДА ВА СУДШАВАНДА"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 марти соли 2016, № 380

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 майи соли 2016, № 226

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 433; с. 2013, №12, мод. 883; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, №1282) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми 2 моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагоне, ки нисбати онҳо чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ карда шудааст, набояд зиёда аз се шабонарӯз нигоҳ дошта шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.".

2. Моддаи 9(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 9(1). Бақайдгирии ҷойгиркунӣ дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) иигоҳдории муваққатӣ

1. Ҳангоми дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандае, ки дастгир карда шудааст, шахси масъули изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ дар Китоби бақайдгирии шахсони дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ нигоҳдошташаванда бояд маълумотҳои зеринро қайд намояд:

- насаб, ном, номи падар ва маълумотҳои дигар оид ба шахсияти дастгиршуда;

- сана ва вақти ҷойгир кардани дастгиршуда дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ;

- насаб, ном, номи падар, вазифа ва рутбаи кормандон ва шахсони мансабдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, ки дар анҷом додани амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд:

- асос барои ҷойгир кардан дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ (рақам ва санаи протоколи дастгиркунӣ, қарори (таъиноти, ҳукми) мақоми пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ бо нишон додани насаб, ном ва номи падар, вазифа ва рутбаи шахсе, ки ин ҳуҷҷатҳоро тартиб додааст ё қабул намудааст);

- ҷинояте, ки шахс барои содир кардани он гумонбар дониста ё айбдор карда шудааст ё ин ки маҳкум гардидааст;

- натиҷаи муоинаи тиббӣ;

- сана ва вақти аз дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳдории дастгиршуда хабардор намудани аъзои болиғи оила ё хешованди наздики ӯ;

- арзу дархостҳои шифоҳии дастгиршуда ва натиҷаи баррасии онҳо;

- насаб, ном ва номи падар, вазифа, рутба ва имзои шахси масъуле, ки дастгиршударо барои ҷойгир кардан дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ қабул намуда, маълумотҳои дар моддаи мазкур пешбинишударо ба расмият даровардааст;

- сана ва вақти ба изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ гузаронидан ё озод кардани дастгиршуда бо нишон додани асос барои озод кардан.

2. Шахси дастгиршуда ва ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд бо маълумотҳои сабттардида дар хусуси бақайдгирии ҷойгиркунӣ шинос шаванд, оид ба ворид намудани тағйирот ё илова ба он дархост намоянд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

14 майи соли 2016 № 1312