×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1097 "Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият"

Санаи амалкуни: 18.03.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 394)

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1186)

Қонуни мазкур намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин асосҳои ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани онҳоро муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият -санади намунааш тасдиқшуда, ки дар он иттилоот дар бораи маълумоти фардии шахси воқеӣ сабт шудааст ва он имкон медиҳад, ки шахсият ва вазъи ҳуқуқии соҳиби он бо мақсади айнияткунонии шахсият муқаррар карда шаванд;

- шиносномаи шаҳрваиди Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд ва собиткунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он мутобиқи шарномаҳои байналмилилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистои -ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаба иҷрои фаъолияти дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дигар вазифаҳои расмӣ ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1186);

- шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии ба зиммааш вогузоршуда ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистои - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи ҳуқуқии ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он;

- шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ -ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ, ки давлати хориҷӣ медиҳад;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, ки далели мансубияти худро ба шаҳрвандии ягон давлат надорад ва аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони паноҳҷӯянда ва вазъи ҳуқуқии онҳо, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо" ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод мекунанд;

- шаҳодатномаи гуреза - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки шахсияти шахсони паноҳҷӯяндаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донисташударо тасдиқ менамояд;

- шаҳодатномаи таваллуд - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, ки аз бақайдгирии давлатии воқеияти таваллуди ӯ шаҳодат медиҳад;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати муваққатии тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи гирифтани иҷозат барои зисти доимӣ дар Тоҷикистон;

- гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси бешаҳрванд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи гирифтани иҷозат барои зисти доимӣ дар Тоҷикистон;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардидае, ки шахсияти хизматчии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, собиткунандаи вазъи ҳуқуқии ӯ ва ивазкунандаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

- мақомоти ваколатдори давлатӣ - мақомоти давлатие, ки дар доираи ваколатҳои худ ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро амалӣ менамоянд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷойи истиқоматашон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доими истиқомат доранд ё муваққатан дар Тоҷикистон қарор доранд, татбиқ мегарданд.

Моддаи 4. Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳиби онҳо таҳти ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 5. Принсипҳои танзими ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Принсипҳои танзими ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият инҳоянд:

- қонуният;

- риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- баробарии ҳама дар назди қонун;

- ҳатмӣ будан;

- дастрас будан;

- роҳ надодан ба табъиз бо асосҳои мансубият, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молумулкӣ, ҷинсӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, ҷойи зист ё ҳама гуна дигар ҳолатҳо.

Моддаи 6. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд вобаста ба гирифтан ва нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд мутобиқи вазъи ҳуқуқиашон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳуқуқ доранд.

2. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидааст, ӯҳдадор аст шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.

3. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ӯҳдадоранд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро эҳтиёткорона нигоҳ доранд онҳоро гум, вайрон, нобуд накунанд, инчунин мавриди сохтакорӣ қарор надиҳанд.

4. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷойи истиқомат, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ё муваққатан дар Тоҷикистон қарор доранд, ӯҳдадоранд мувофиқи вазъи ҳуқуқиашон дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дар қайди ҷойи истиқомат бошанд ё аз рӯйи ҷойи будубош ба қайд гирифта шаванд.

5. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд дар сурати аз тарафи шахсони мансабдор рад шудани дархосташон оид ба додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз рӯи қарори онҳо шикоят намоянд.

БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОБАСТА БА ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро тасдиқ менамояд;

- Номгӯи шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба онҳо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, тасдиқ менамояд;

- андозаи боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет барои омада намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, инчунин тартиби хароҷоти онҳоро муайян менамояд;

- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 8. Ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1) Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи шахсиятро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1186); 

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда;

- шаҳодатномаи гуреза;

- гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) Ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро, ки дар банди 1) ҳамин модда ва сархатҳои якум ва чоруми банди 1) моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1186).

3) Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷат оид ба гирифтани ҳуқуқи зисти доимӣ дар хориҷи кишварро гирифтааст, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва дар ҳолати аз тарафи ӯ гирифтани шаҳрвандии давлати дигар, шиносномаи ӯро бозпас мегирад.

4) Дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 9. Ваколатҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1) Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи шахсиятро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014;

- шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) Ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм, ва чоруми банди 1) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1186).

3) Дигар ваколатеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ

Мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ:

- намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дар доираи ваколатҳояшон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;

- ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дар доираи ваколатҳояшон амалӣ менамоянд;

- дигар ваколатеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

БОБИ 3. НАМУДҲОИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ

Моддаи 11. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият инҳоянд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда;

- шаҳодатномаи гуреза;

- шаҳодатномаи таваллуд;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ;

- шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, шаҳодатномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробарқардашуда), маъюбон, донишҷӯён ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 12. Талабот ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дорои маълумоти зерин мебошанд:

- насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан);

- сана ва ҷойи таваллуд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷинс (дар ҳолатҳои пешбинишуда);

- мансубияти миллӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳрвандӣ, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои шашум, нӯҳум ва чордаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд;

- вазъи оилавӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сурат, ба истиснои шаҳодатномаи таваллуд;

- номи мақоме, ки хуҷҷатро додааст;

- санаи додан, силсила ва рақами ҳуҷҷат;

- мӯҳлати амали он, ба истиснои шаҳодатномаи таваллуд ва шаҳодатномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда);

- суроға ва ҷойи зист, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маълумоти электронии муайянкунандаи шахсият дар шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- имзои соҳиби ҳуҷҷат дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои якум - чорум ва дувоздаҳум - сездаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд.

2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бояд рақами фардии айнияткунониро дошта бошанд.

3. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар дохили кишвар истифода мешаванд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ бо харфҳои кириллӣ (бо забони тоҷикӣ ва русӣ) ба расмият дароварда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар дохил ва берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои кириллӣ (бо забони тоҷикӣ) ва ҳарфҳои лотинӣ (бо забони англисӣ) ба расмият дароварда мешаванд.

Моддаи 13. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидаанд, дода шуда, он ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он мебошад.

2. Ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- дар бораи бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби қайди ҷойи истиқомат - аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ;

- дар бораи қайди никоҳ - аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ;

- дар бораи бекор кардани қайди никоҳ - аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;

- дар бораи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз тарафи мақомоте, ки чунин ҳуҷҷатро медиҳанд;

- дар бораи муносибати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидааст, ба ӯҳдадории умумии ҳарбӣ - аз тарафи комиссариати ҳарбӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;

- дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда - аз тарафи мақомоти андоз;

- дар бораи мансубияти миллӣ - аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;

- дар бораи гурӯҳи хун ва омилҳои резуси мансубияти хуни соҳиби шиноснома (бо хоҳиши соҳиби шиноснома) - аз тарафи муассисаи

- тандурустии ҷойи истиқомат.

3. Сабтҳо ва қайдҳо дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ ворид мегарданд, бо мӯҳрҳои шаклашон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муқарраргардида ба расмият дароварда мешаванд. Ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сабту қайдҳое, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

4. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои зерин дода мешавад:

1) шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996:

- аз рӯзи ба синни 16 расидани шахс то рӯзи ба синни 25 расидани ӯ;

- аз рӯзи ба синни 25 расидани шахс то рӯзи ба синни 45 расидани ӯ;

- аз рӯзи ба синни 45 расидани шахс шиноснома ба мӯҳлати бемаҳдуд дода мешавад.

2) шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ба мӯҳлати 10 сол дода мешавад.

5. Агар мӯҳлати эътибори шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти адои хизмати ҳарбии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи даъват гузашта бошад, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи бақайдгирии истиқомат, дар ҳолати набудани қайди ҷойи истиқоматдар ҷойи будубош ё ҷойи истиқомати воқеии шаҳрванд баъд аз ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ дода мешавад.

Моддаи 14. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мансабдор тибқи Номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Ба шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо - аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;

- раводиди кишварҳои хориҷӣ - аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ;

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда - аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

3. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад.

4. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони то синни 16 вобаста ба синну сол ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад.

Моддаи 15. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мансабдор тибқи Номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Ба шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда - аз тарафи макомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

3. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад.

4. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони то синни 16 вобаста ба синну сол ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад.

Моддаи 16. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Ба шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

3. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 10 сол дода мешавад.

4. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони то синни 16, вобаста ба синну сол ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад.

Моддаи 17. Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ

1. Асосҳои додан ва мӯҳлати эътибори шиносномаи шаҳрванди хориҷиро ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ қонунгузории давлати хориҷӣ муайян мекунад.

2. Ба шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз тарафи мақомоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дигар сабту қайдҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда.

Моддаи 18. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд

1. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба шахси бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат дошта, ба синни 16 расидааст ва дорои гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба мӯҳлати 5 сол дода шуда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳиби он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мебошад.

3. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба шахсони ба синни 16 нарасида ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар бе падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дода мешавад.

4. Ба шаҳодатноми шахси бешаҳрванд сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- дар бораи фарзандони то синни 16 дар ҳолати баромадани онҳо бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба хориҷи кишвар бо часпондани расми онҳо - аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ;

- раводиди кишварҳои хориҷӣ - аз тарафи мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ;

Моддаи 19. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда

1. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда тибқи талаботи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо" дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда ба мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳ дода мешавад.

3. Тартиби таҳия намудани шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда ва гуреза дониста шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 20. Шаҳодатномаи гуреза

Шаҳодатномаи гуреза ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар барои гурезаҳо" вазъи ҳуқуқии гурезаро соҳиб шудаанд, дода мешавад.

Моддаи 21. Шаҳодатномаи таваллуд

1. Шаҳодатномаи таваллуд дар асоси санади бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи таваллуд то гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба ҳисоб меравад.

Моддаи 22. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин дода мешавад:

- ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба охир расидани мӯҳлати эътибори онҳо, беэътибор донистан ё мавҷуд набудани ҳуҷҷатхои тасдиқкунандаи шахсият дар вақти будубоши онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар ҳолати таваллуд шудани онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд - дар ҳолати гум кардани шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ҳангоми будубоши онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми гурезаро доранд дар ҳолати гум кардани шаҳодатномаи гуреза ҳангоми будубоши онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат дошта, барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои беэътибордонисташуда доранд - дар ҳолати аз ҷониби давлати хориҷӣ ронда шудан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданашон.

2. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридшавии яккарата ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад ва барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шуда наметавонад.

3. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд.

4. Ба шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

5. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати на зиёда аз 60 рӯз дода мешавад.

Моддаи 23. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 расидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, ба мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ, вале на бештар аз 5 сол ва ҳангоми расидан ба синни 45 ба мӯҳлати эътибори шиносномаи хориҷӣ дода мешавад.

2. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 нарасидаанд, ятим мондаанд ё падар ё модар доранд ва бо онҳо якҷоя истиқомат мекунанд ва ё парастори онҳо, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё онҳо зери парастории доимии давлат қарор доранд, дода шуда, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.

3. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 нарасидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, падар ё модарашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

4. Ҳангоми ба хориҷа рафтани шаҳрванди хориҷӣ шахсияти ӯро шиносномаи давлати шаҳрвандиаш тасдиқ мекунад.

Моддаи 24. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки ба синни 16 расидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дорад, ба мӯҳлати амали на бештар аз 5 сол ва ҳангоми расидан ба синни 45 бе мӯҳлат дода мешавад.

2. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони бешаҳрванд, ки ба синни 16 нарасидаанд, ятим мондаанд, ё падар ё модар доранд ва бо онҳо якҷоя истиқомат мекунанд ва ё шахси парастори онҳо, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё онҳо зери парастории доимии давлат қарор доранд, дода шуда, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.

3. Дар вақти ба хориҷа рафтани шахси бешаҳрванд шахсияти ӯро шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд тасдиқ мекунад.

Моддаи 25. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати ягона ва бемӯҳлати тасдиқкунандаи шахсият, вазъи хизматӣ ва дар хизмати ҳарбӣ қарор доштани хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.

2. Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти хизматчиёни ҳарбӣ ва ворид намудани сабту қайдҳо ба онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

БОБИ 4. АСОСҲОИ БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАН, ДОДАН, ИВАЗ КАРДАН, БАРҚАРОР НАМУДАН, БЕЭЪТИБОР ДОНИСТАН, СУПОРИДАН, ГИРИФТАН, НОБУД КАРДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ ВА МӯҲЛАТИ ДОДАНИ ОНҲО

Моддаи 26. Асосҳо барои додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар асоси яке аз ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:

- санади расмӣ дар бораи таваллуд;

- маълумотнома дар бораи қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани шаҳрвандӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тағйир додани шаҳрвандӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;

- пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи додани вазъи ҳуқуқии гуреза.

Моддаи 27. Мӯҳлати додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ шахсан ё ба намояндаи қонунии ӯ (ғайр аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои якум, шашум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми моддаи 11 номбар шудаанд) аз рӯзи пешниҳоди ариза дар мӯҳлатҳои зерин дода мешаванд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - на дертар аз 15 рӯзи корӣ ва дар ҳолатҳои гузаронидани санҷишхои иловагӣ- на дертар аз 30 рӯзи корӣ;

- шиносномаи дипломатӣ ва хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - на дертар аз 15 рӯзи корӣ;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дорои маълумоти электронӣ - на дертар аз 15 рӯзи корӣ;

- ба расмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар зарурати табобати фаврӣ, бемории вазнин ё фавти хешованде, ки дар хориҷа истиқомат мекунад - на дертар аз 3 рӯзи корӣ;

- ба расмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баромадан барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - на дертар аз 3 моҳ;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - на дертар аз 20 рӯзи корӣ;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда - на дертар аз 10 рӯзи корӣ;

- шаҳодатномаи гуреза - на дертар аз 3 моҳ;

- шаҳодатномаи таваллуд - на дертар аз 10 рӯзи корӣ;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд, гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз 3 то 6 моҳ.

2. Мӯҳлати додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбиро бо назардошти талаботи қисми 2 моддаи 25 Қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1186).

3. Бо хоҳиши шахси воқеӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо тартиби фаврӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1186).

Моддаи 28. Иваз кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар ҳолатҳои зерин иваз карда мешаванд:

- расидан ба синни 16;

- гузаштани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;

- гум кардан, дуздида шудан ё барои истифодаи минбаъда корношоям гардидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;

- тағйир додани насаб, ном, номи падар, миллат, сана ва ҷойи таваллуд ва маълумоти дигар;

- ошкор гардидани иштибоҳу ғалат ва сохтакориҳо дар сабтҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;

- тағйир додани ҷинс ва ё симои зоҳирӣ (чеҳра);

- соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷуд набудани имконияти минбаъд ворид намудани сабтҳои дахлдор ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар набудани ҷойи холӣ дар саҳифаҳои онҳо.

Моддаи 29. Барқарор намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳангоми гум кардани онҳо

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба мақомоти ваколатдори давлатӣ барои аз нав гирифтани онҳо муроҷиат менамоянд.

2. Ҳангоми гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат

Моддаи 30. Беэътибор донистани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, супоридан ва нобуд кардани он

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар чунин ҳолатҳо беэътибор дониста, супорида ва нобуд карда мешавад:

- тағйир додани насаб, ном, номи падар;

- ба охир расидани мӯҳлати амали он;

- гум кардани ҳуҷҷат аз рӯзи аз тарафи соҳиби он ба мақоми ваколатдори давлатӣ додани ариза;

- номутобиқатӣ ба вазъи ҳуқуқии соҳиби он;

- дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфт шудаанд, барои ирсоли минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатие, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро ба расмият даровардаанд, дар хориҷи кишвар ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд. Ҳангоми аз ҷониби сохиби он барқарор намудани ҳуҷҷати гумшудаи тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷати ёфтшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад.

3. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси фавтида, аз ҷумла аз ҷониби суд фавтида эълоншуда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ супорида шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.

4. Беэътибор донистани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархати чордаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 31. Рад кардан ба додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

Додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, агар:

- шаҳрванд аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, воқиф бошад- то гузаштани мӯҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани мӯҳлати рухсати ӯ ба ин маълумот;

- шаҳрванд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст, ё ин ки ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст - то баровардани қарор доир ба парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;

- шаҳрванд барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад - то адои (иҷрои) мӯҳлати ҷазо ва ё озод шудан аз ҷазо;

- шаҳрванд аз иҷрои ӯҳдадориҳои аз тарафи суд ба зиммааш гузошташуда саркашӣ кунад - то иҷрои ӯҳдадориҳо;

- шаҳрванд дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода бошад;

- нисбат ба шаҳрванд ба суд даъвои граждани пешниҳод шуда бошад то ба охир расидани пешбурди парванда;

- шаҳрванд дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир карда бошад ва ё зери назорати маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ қарор дошта бошад - то барҳам хӯрдани доғи судӣ ва ё ба итмом расидани мӯҳлати назорат;

- шаҳрванд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад - то ба итмом расидани мӯҳлати адои хизмати ҳарбӣ.

Моддаи 32. Гирифтан ва истифода бурдани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

1. Дар ҳолатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти тафтишоти пешакӣ, таҳқиқ, инчунин суд ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё баррасии онҳо, аз даст додани шаҳрвандӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бозпас гирифта ё аз эътибор соқит дониста мешаванд. Гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1186).

2. Ба сифати гарав гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият манъ аст.

3. Айнияткунонии шахси воқеӣ аз рӯи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҳамчунин истифодаи онҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

4. Аз шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият гирифта шуда, дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳангоми озод шудан аз адои ҷазо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба соҳибони онҳо баргардонида мешаванд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 33. Инҳисори (монополияи) давлатӣ дар соҳаи тайёр намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Фаъолият оид ба тайёр намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти дар сархатҳои якум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинишуда, ҷамъоварӣ ва пешбурди махзани маълумоти якҷоякардашудаи низоми тайёр намудани ҳуҷҷатҳо, автоматикунонии корҳои баҳисобгирии равандҳои муҳоҷират, таҳия, ҷорӣ ва ҳамроҳкунии маводи барномавию техникӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ба инҳисори (монополияи) давлат мансуб буда, аз ҷониби корхонае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 34. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро эътироф кардааст, дар асоси принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ бо давлатҳои хориҷӣ оид ба истифодаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳамкорӣ менамояд.

Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 июли соли 2014 № 1097

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 11 июни соли 2014, №1522

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 17 июли соли 2014 №683

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ

Қонуни мазкур намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин асосҳои ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани онҳоро муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият -санади намунааш тасдиқшуда, ки дар он иттилоот дар бораи маълумоти фардии шахси воқеӣ сабт шудааст ва он имкон медиҳад, ки шахсият ва вазъи ҳуқуқии соҳиби он бо мақсади айнияткунонии шахсият муқаррар карда шаванд;

- шиносномаи шаҳрваиди Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд ва собиткунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он мутобиқи шарномаҳои байналмилилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистои -ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромаданба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаба иҷрои фаъолияти дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дигар вазифаҳои расмӣ ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон;

- шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии ба зиммааш вогузоршуда ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистои - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи ҳуқуқии ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он;

- шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ -ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ, ки давлати хориҷӣ медиҳад;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, ки далели мансубияти худро ба шаҳрвандии ягон давлат надорад ва аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони паноҳҷӯянда ва вазъи ҳуқуқии онҳо, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо" ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод мекунанд;

- шаҳодатномаи гуреза - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки шахсияти шахсони паноҳҷӯяндаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донисташударо тасдиқ менамояд;

- шаҳодатномаи таваллуд - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, ки аз бақайдгирии давлатии воқеияти таваллуди ӯ шаҳодат медиҳад;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати муваққатии тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи гирифтани иҷозат барои зисти доимӣ дар Тоҷикистон;

- гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси бешаҳрванд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи гирифтани иҷозат барои зисти доимӣ дар Тоҷикистон;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардидае, ки шахсияти хизматчии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, собиткунандаи вазъи ҳуқуқии ӯ ва ивазкунандаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

- мақомоти ваколатдори давлатӣ - мақомоти давлатие, ки дар доираи ваколатҳои худ ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро амалӣ менамоянд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷойи истиқоматашон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доими истиқомат доранд ё муваққатан дар Тоҷикистон қарор доранд, татбиқ мегарданд.

Моддаи 4. Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳиби онҳо таҳти ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 5. Принсипҳои танзими ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Принсипҳои танзими ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият инҳоянд:

- қонуният;

- риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- баробарии ҳама дар назди қонун;

- ҳатмӣ будан;

- дастрас будан;

- роҳ надодан ба табъиз бо асосҳои мансубият, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молумулкӣ, ҷинсӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, ҷойи зист ё ҳама гуна дигар ҳолатҳо.

Моддаи 6. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд вобаста ба гирифтан ва нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд мутобиқи вазъи ҳуқуқиашон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳуқуқ доранд.

2. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидааст, ӯҳдадор аст шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.

3. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ӯҳдадоранд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро эҳтиёткорона нигоҳ доранд онҳоро гум, вайрон, нобуд накунанд, инчунин мавриди сохтакорӣ қарор надиҳанд.

4. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷойи истиқомат, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ё муваққатан дар Тоҷикистон қарор доранд, ӯҳдадоранд мувофиқи вазъи ҳуқуқиашон дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дар қайди ҷойи истиқомат бошанд ё аз рӯйи ҷойи будубош ба қайд гирифта шаванд.

5. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд дар сурати аз тарафи шахсони мансабдор рад шудани дархосташон оид ба додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз рӯи қарори онҳо шикоят намоянд.

БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОБАСТА БА ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро тасдиқ менамояд;

- Номгӯи шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба онҳо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, тасдиқ менамояд;

- андозаи боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет барои омада намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, инчунин тартиби хароҷоти онҳоро муайян менамояд;

- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 8. Ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1) Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи шахсиятро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда;

- шаҳодатномаи гуреза;

- гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) Ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро, ки дар банди 1) ҳамин модда ва сархати якуми банди 1) моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд.

3) Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷат оид ба гирифтани ҳуқуқи зисти доимӣ дар хориҷи кишварро гирифтааст, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва дар ҳолати аз тарафи ӯ гирифтани шаҳрвандии давлати дигар, шиносномаи ӯро бозпас мегирад.

4) Дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 9. Ваколатҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1) Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи шахсиятро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014;

- шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) Ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм, ва чоруми банди

1) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд амалӣ намуда, шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3) Дигар ваколатеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ

Мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ:

- намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дар доираи ваколатҳояшон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;

- ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дар доираи ваколатҳояшон амалӣ менамоянд;

- дигар ваколатеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

БОБИ 3. НАМУДҲОИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ

Моддаи 11. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият инҳоянд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда;

- шаҳодатномаи гуреза;

- шаҳодатномаи таваллуд;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ;

- шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, шаҳодатномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробарқардашуда), маъюбон, донишҷӯён ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 12. Талабот ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дорои маълумоти зерин мебошанд:

- насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан);

- сана ва ҷойи таваллуд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷинс (дар ҳолатҳои пешбинишуда);

- мансубияти миллӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳрвандӣ, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои шашум, нӯҳум ва чордаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд;

- вазъи оилавӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сурат, ба истиснои шаҳодатномаи таваллуд;

- номи мақоме, ки хуҷҷатро додааст;

- санаи додан, силсила ва рақами ҳуҷҷат;

- мӯҳлати амали он, ба истиснои шаҳодатномаи таваллуд ва шаҳодатномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда);

- суроға ва ҷойи зист, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маълумоти электронии муайянкунандаи шахсият дар шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- имзои соҳиби ҳуҷҷат дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои якум - чорум ва дувоздаҳум - сездаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд.

2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бояд рақами фардии айнияткунониро дошта бошанд.

3. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар дохили кишвар истифода мешаванд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ бо харфҳои кириллӣ (бо забони тоҷикӣ ва русӣ) ба расмият дароварда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар дохил ва берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои кириллӣ (бо забони тоҷикӣ) ва ҳарфҳои лотинӣ (бо забони англисӣ) ба расмият дароварда мешаванд.

Моддаи 13. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидаанд, дода шуда, он ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он мебошад.

2. Ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- дар бораи бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби қайди ҷойи истиқомат - аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ;

- дар бораи қайди никоҳ - аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ;

- дар бораи бекор кардани қайди никоҳ - аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;

- дар бораи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз тарафи мақомоте, ки чунин ҳуҷҷатро медиҳанд;

- дар бораи муносибати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидааст, ба ӯҳдадории умумии ҳарбӣ - аз тарафи комиссариати ҳарбӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;

- дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда - аз тарафи мақомоти андоз;

- дар бораи мансубияти миллӣ - аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;

- дар бораи гурӯҳи хун ва омилҳои резуси мансубияти хуни соҳиби шиноснома (бо хоҳиши соҳиби шиноснома) - аз тарафи муассисаи

- тандурустии ҷойи истиқомат.

3. Сабтҳо ва қайдҳо дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ ворид мегарданд, бо мӯҳрҳои шаклашон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муқарраргардида ба расмият дароварда мешаванд. Ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сабту қайдҳое, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

4. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои зерин дода мешавад:

1) шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996:

- аз рӯзи ба синни 16 расидани шахс то рӯзи ба синни 25 расидани ӯ;

- аз рӯзи ба синни 25 расидани шахс то рӯзи ба синни 45 расидани ӯ;

- аз рӯзи ба синни 45 расидани шахс шиноснома ба мӯҳлати бемаҳдуд дода мешавад.

2) шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ба мӯҳлати 10 сол дода мешавад.

5. Агар мӯҳлати эътибори шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти адои хизмати ҳарбии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи даъват гузашта бошад, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи бақайдгирии истиқомат, дар ҳолати набудани қайди ҷойи истиқоматдар ҷойи будубош ё ҷойи истиқомати воқеии шаҳрванд баъд аз ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ дода мешавад.

Моддаи 14. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мансабдор тибқи Номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Ба шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо - аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;

- раводиди кишварҳои хориҷӣ - аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ;

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда - аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

3. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад.

4. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони то синни 16 вобаста ба синну сол ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад.

Моддаи 15. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мансабдор тибқи Номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Ба шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо - аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;

- раводиди кишварҳои хориҷӣ - аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ;

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда - аз тарафи макомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

3. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад.

4. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони то синни 16 вобаста ба синну сол ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад.

Моддаи 16. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Ба шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо - аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;

- раводиди кишварҳои хориҷӣ - аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ;

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда - аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

3. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 10 сол дода мешавад.

4. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони то синни 16, вобаста ба синну сол ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад.

Моддаи 17. Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ

1. Асосҳои додан ва мӯҳлати эътибори шиносномаи шаҳрванди хориҷиро ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ қонунгузории давлати хориҷӣ муайян мекунад.

2. Ба шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз тарафи мақомоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дигар сабту қайдҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда.

Моддаи 18. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд

1. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба шахси бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат дошта, ба синни 16 расидааст ва дорои гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба мӯҳлати 5 сол дода шуда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳиби он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мебошад.

3. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба шахсони ба синни 16 нарасида ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар бе падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дода мешавад.

4. Ба шаҳодатноми шахси бешаҳрванд сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- дар бораи фарзандони то синни 16 дар ҳолати баромадани онҳо бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба хориҷи кишвар бо часпондани расми онҳо - аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ;

- раводиди кишварҳои хориҷӣ - аз тарафи мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ;

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда - аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

Моддаи 19. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда

1. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда тибқи талаботи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо" дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда ба мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳ дода мешавад.

3. Тартиби таҳия намудани шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда ва гуреза дониста шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 20. Шаҳодатномаи гуреза

Шаҳодатномаи гуреза ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар барои гурезаҳо" вазъи ҳуқуқии гурезаро соҳиб шудаанд, дода мешавад.

Моддаи 21. Шаҳодатномаи таваллуд

1. Шаҳодатномаи таваллуд дар асоси санади бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи таваллуд то гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба ҳисоб меравад.

Моддаи 22. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин дода мешавад:

- ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба охир расидани мӯҳлати эътибори онҳо, беэътибор донистан ё мавҷуд набудани ҳуҷҷатхои тасдиқкунандаи шахсият дар вақти будубоши онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар ҳолати таваллуд шудани онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд - дар ҳолати гум кардани шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ҳангоми будубоши онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми гурезаро доранд дар ҳолати гум кардани шаҳодатномаи гуреза ҳангоми будубоши онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат дошта, барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои беэътибордонисташуда доранд - дар ҳолати аз ҷониби давлати хориҷӣ ронда шудан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданашон.

2. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридшавии яккарата ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад ва барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шуда наметавонад.

3. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд.

4. Ба шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо - аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда - аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

5. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати на зиёда аз 60 рӯз дода мешавад.

Моддаи 23. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 расидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, ба мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ, вале на бештар аз 5 сол ва ҳангоми расидан ба синни 45 ба мӯҳлати эътибори шиносномаи хориҷӣ дода мешавад.

2. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 нарасидаанд, ятим мондаанд ё падар ё модар доранд ва бо онҳо якҷоя истиқомат мекунанд ва ё парастори онҳо, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё онҳо зери парастории доимии давлат қарор доранд, дода шуда, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.

3. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 нарасидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, падар ё модарашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

4. Ҳангоми ба хориҷа рафтани шаҳрванди хориҷӣ шахсияти ӯро шиносномаи давлати шаҳрвандиаш тасдиқ мекунад.

Моддаи 24. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки ба синни 16 расидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дорад, ба мӯҳлати амали на бештар аз 5 сол ва ҳангоми расидан ба синни 45 бе мӯҳлат дода мешавад.

2. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони бешаҳрванд, ки ба синни 16 нарасидаанд, ятим мондаанд, ё падар ё модар доранд ва бо онҳо якҷоя истиқомат мекунанд ва ё шахси парастори онҳо, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё онҳо зери парастории доимии давлат қарор доранд, дода шуда, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.

3. Дар вақти ба хориҷа рафтани шахси бешаҳрванд шахсияти ӯро шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд тасдиқ мекунад.

Моддаи 25. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати ягона ва бемӯҳлати тасдиқкунандаи шахсият, вазъи хизматӣ ва дар хизмати ҳарбӣ қарор доштани хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.

2. Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти хизматчиёни ҳарбӣ ва ворид намудани сабту қайдҳо ба онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

БОБИ 4. АСОСҲОИ БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАН, ДОДАН, ИВАЗ КАРДАН, БАРҚАРОР НАМУДАН, БЕЭЪТИБОР ДОНИСТАН, СУПОРИДАН, ГИРИФТАН, НОБУД КАРДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ ВА МӯҲЛАТИ ДОДАНИ ОНҲО

Моддаи 26. Асосҳо барои додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар асоси яке аз ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:

- санади расмӣ дар бораи таваллуд;

- шаҳодатномаи таваллуд;

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда;

- маълумотнома дар бораи қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани шаҳрвандӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тағйир додани шаҳрвандӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;

- пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи додани вазъи ҳуқуқии гуреза.

Моддаи 27. Мӯҳлати додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ шахсан ё ба намояндаи қонунии ӯ (ғайр аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои якум, шашум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми моддаи 11 номбар шудаанд) аз рӯзи пешниҳоди ариза дар мӯҳлатҳои зерин дода мешаванд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - на дертар аз 15 рӯзи корӣ ва дар ҳолатҳои гузаронидани санҷишхои иловагӣ- на дертар аз 30 рӯзи корӣ;

- шиносномаи дипломатӣ ва хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - на дертар аз 15 рӯзи корӣ;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дорои маълумоти электронӣ - на дертар аз 15 рӯзи корӣ;

- ба расмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар зарурати табобати фаврӣ, бемории вазнин ё фавти хешованде, ки дар хориҷа истиқомат мекунад - на дертар аз 3 рӯзи корӣ;

- ба расмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баромадан барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - на дертар аз 3 моҳ;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - на дертар аз 20 рӯзи корӣ;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда - на дертар аз 10 рӯзи корӣ;

- шаҳодатномаи гуреза - на дертар аз 3 моҳ;

- шаҳодатномаи таваллуд - на дертар аз 10 рӯзи корӣ;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд, гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон -аз 3 то 6 моҳ.

2. Бо хоҳиши шахси воқеӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо тартиби фаврӣ дода мешаванд.

Моддаи 28. Иваз кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар ҳолатҳои зерин иваз карда мешаванд:

- расидан ба синни 16;

- гузаштани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;

- гум кардан, дуздида шудан ё барои истифодаи минбаъда корношоям гардидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;

- тағйир додани насаб, ном, номи падар, миллат, сана ва ҷойи таваллуд ва маълумоти дигар;

- ошкор гардидани иштибоҳу ғалат ва сохтакориҳо дар сабтҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;

- тағйир додани ҷинс ва ё симои зоҳирӣ (чеҳра);

- соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷуд набудани имконияти минбаъд ворид намудани сабтҳои дахлдор ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар набудани ҷойи холӣ дар саҳифаҳои онҳо.

Моддаи 29. Барқарор намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳангоми гум кардани онҳо

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба мақомоти ваколатдори давлатӣ барои аз нав гирифтани онҳо муроҷиат менамоянд.

2. Ҳангоми гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат

Моддаи 30. Беэътибор донистани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, супоридан ва нобуд кардани он

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар чунин ҳолатҳо беэътибор дониста, супорида ва нобуд карда мешавад:

- тағйир додани насаб, ном, номи падар;

- ба охир расидани мӯҳлати амали он;

- гум кардани ҳуҷҷат аз рӯзи аз тарафи соҳиби он ба мақоми ваколатдори давлатӣ додани ариза;

- номутобиқатӣ ба вазъи ҳуқуқии соҳиби он;

- тағйир додани ҷинс ва ё симои зоҳирӣ (чеҳра);

- дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфт шудаанд, барои ирсоли минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатие, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро ба расмият даровардаанд, дар хориҷи кишвар ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд. Ҳангоми аз ҷониби сохиби он барқарор намудани ҳуҷҷати гумшудаи тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷати ёфтшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад.

3. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси фавтида, аз ҷумла аз ҷониби суд фавтида эълоншуда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ супорида шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.

4. Беэътибор донистани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархати чордаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 31. Рад кардан ба додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

Додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, агар:

- шаҳрванд аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, воқиф бошад- то гузаштани мӯҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани мӯҳлати рухсати ӯ ба ин маълумот;

- шаҳрванд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст, ё ин ки ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст - то баровардани қарор доир ба парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;

- шаҳрванд барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад - то адои (иҷрои) мӯҳлати ҷазо ва ё озод шудан аз ҷазо;

- шаҳрванд аз иҷрои ӯҳдадориҳои аз тарафи суд ба зиммааш гузошташуда саркашӣ кунад - то иҷрои ӯҳдадориҳо;

- шаҳрванд дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода бошад;

- нисбат ба шаҳрванд ба суд даъвои граждани пешниҳод шуда бошад то ба охир расидани пешбурди парванда;

- шаҳрванд дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир карда бошад ва ё зери назорати маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ қарор дошта бошад - то барҳам хӯрдани доғи судӣ ва ё ба итмом расидани мӯҳлати назорат;

- шаҳрванд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад - то ба итмом расидани мӯҳлати адои хизмати ҳарбӣ.

Моддаи 32. Гирифтан ва истифода бурдани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

1. Дар ҳолатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти тафтишоти пешакӣ, таҳқиқ, ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз даст додани шаҳрвандӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бозпас гирифта ё аз эътибор соқит дониста мешаванд. Гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор манъ аст.