Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 21 июли соли 2014, № 481 "Дар бораи Холиқов Р.И."

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2016 № 6 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Холиқов Р.И.

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон", моддаи 69 Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти саҳомӣ" ва бо мақсади таъмини идораи самараноки фаъолияти иқтисодию молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик эйр", Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба ӯҳдаи Холиқов Рустам Исуфович директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ҳамзамон иҷрои ваколатҳои директории генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик эйр" вогузор карда шавад.

2.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои молия, нақлиёт, адлия, Кумитаи андоз, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии вобаста ба азнавташкилдиҳию муттаҳидшавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик эйр", дар мӯҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмонов

аз 21 июли соли 2014, № 481

ш. Душанбе