ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 340; с. 2000, №11, мод. 533; мод. 552; с. 2004, №2, мод. 37; мод. 53; с. 2005, №3, мод. 118; №7, мод. 408; №12, мод. 653; с. 2007, №3, мод. 157; мод. 162) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми сеюми моддаи 5 калимаҳои "полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 7:
- ба қисми якум пас аз калимаи "Сарфармондеҳи" калимаи "Олии" илова карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаи "ҷонишинҳои" ба калимаи "муовинони" иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаи "Сарситоди" ба калимаҳои "Ситоди генералии" иваз карда шавад.
3. Дар матни моддаи 8 калимаи "Сарситоди" ба калимаҳои "Ситоди генералии" иваз карда шавад.
4. Дар қисми дуюми моддаи 9 калимаҳои "Плани" ва "Сарситоди" ба калимаҳои "Нақшаи" ва "Ситоди генералии" иваз карда шаванд.
5. Ба Қонун моддаи 14 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 июли соли 2014 № 1099
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Миралиев
ш. Душанбе, 9 апрели соли 2014, №1466
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 17 июли соли 2014 №685
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВООРУЖЕННЫХ СИЛАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 13 декабря 1996 года "О Вооруженных Силах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., № 23, ст. 340; 2000 г., № 11, ст. 533; ст. 552; 2004 г., № 2, ст. 37; ст. 53; 2005 г., № 3, ст. 118; № 7, ст. 408; № 12 ст. 653; 2007 г., № 3, ст. 157; ст. 162) следующие изменения и дополнения:
1. В части третьей статьи 5 слова "конвойный полк Управления исправительных дел Министерства юстиции Республики Таджикистан, Агентство по обеспечению специальным имуществом при Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан" заменить словами "Конвойная бригада Главного управления исполнения уголовных наказаний Министерства юстиции Республики Таджикистан, Агентство по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан".
2. В части четвертой статьи 7 слова "Главного штаба", "Главном штабе" соответственно заменить словами "Генерального штаба", "Генеральном штабе".
3. В тексте статьи 8 слова "Главный штаб" заменить словами "Генеральный штаб". ;
4. В части второй статьи 9 слова "Главным штабом" заменить словами "Генеральным штабом".
5. Закон дополнить статьей 14 следующего содержания:
"Статья 14. Ответственность за нарушение требований настоящего Закона
Физические и юридические лица за нарушение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 26 июля 2014 года, № 1099
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Вооруженных Силах Республики Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Вооруженных Силах Республики Таджикистан".
Первый заместитель Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан А. Миралиев
г. Душанбе, 9 апреля 2014 года, №1466
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Вооруженных Силах Республики Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Вооруженных Силах Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Вооруженных Силах Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 17 июля 2014 года, №685