Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 аз 3 июли соли 2014 № 427

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" июли соли 2014, № 427

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛИ ТАЪЛИМ ВА ОМӯЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020

1. МУҚАДДИМА

Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва қобиланд, ки аз ин забонҳо дар шароити муоширати ҳаррӯза ва касбӣ самаранок истифода баранд, меафзояд. Бинобар ин андешидани чораҳои самарабахш барои такмили рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байналмилалӣ ва байни миллатҳо зарур аст. Чораҳои мақсадноки андешидашуда метавонанд доираи имконоти истифодабарии амалӣ ва таҳияи методикаи муосири таълим, таҳия ва такмил додани маводи таълимӣ ва низомоти маҷмаавии технологии таълим, аз ҷумла мултимедиа, инчунин усулҳои худтаълимгирӣ ва худомӯзии фардиро тавсеа намоянд.

Масъалаи рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи забон маҳсуб меёбад.

Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ таъмин менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон дар кишвар дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарро таъмин намуда, имкон медиҳад, ки онҳо низ аз бар карда шаванд.

Дар давоми солҳои 2004-2014 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003, №508 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014" бомуваффақият татбиқ гардид. Вазъи имрӯзаи фаъолияти забони давлатӣ ва бисёрзабонӣ дар ҷумҳурӣ аз натиҷаҳои муносибатҳои сиёсӣ нисбат ба забони ин давра муайян мегардад. Илми забоншиносӣ қонуниятҳои вобастагии сатҳи бисёрзабониро аз дараҷаи донистани забони модарӣ ба таври назаррас муқаррар намудааст. Хуб донистани забонҳои русӣ ва англисӣ бе амиқ донистани забони модарӣ имкон надорад.

Солҳои охир дар ҷомеаи муосир тағйироти куллии иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ мушоҳида гардида, муносибатҳои байналмилалӣ васеътар мегардад. Аз ин рӯ, дар чунин шароит эҳтиёҷ ба такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ пайдо гардида, ба муносибати байни халқҳо ва кишварҳо таҳким мебахшад.

Муоширати байнифарҳангӣ робитаи инсонҳоест, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд. Ҳар як забон, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, ифодагари фарҳанги воқеии ҷомеа маҳсуб меёбад, ки дар он ё ин забон арзи ҳастӣ дорад ва ба фарҳанги он хизмат мекунад. Тавассути аз худ кардани забонҳои русӣ ва англисӣ инсон ҳамзамон ба фарҳанги миллии дигаре низ ошно мегардад, аз ҷаҳони маънавие, ки дар он забон нуҳуфтааст, дунёи ботиниашро ғанӣ мегардонад. Масъалаи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо масъалаи омӯхтани таърихи кишвар, фарҳанг ва ҳаёти он халқ вобаста мебошад.

Таҳким ва устувории сиёсати давлатӣ дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ дар ҷумҳурӣ, қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба беҳтар намудани таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба ташаккули шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта оварда мерасонад, ки забони модариашро ба таври комил аз худ кардааст ва бо забони русӣ ва англисӣ сӯҳбат карда тавонад.

Барномаи мазкур заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар муассисаҳои таълимӣ муайян намуда, барои давраи солҳои 2015-2020 пешбинӣ гардидааст ва мақсаду вазифа ва самтҳои татбиқи онро дар раванди таълиму тарбия, кафолати давлатӣ ба таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимию дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм, инчунин масъалаҳои таъминоти кадрӣ, моддию техникӣ ва молиявии Барномаро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ муқаррар менамояд.

2. ВАЗЪИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар таълими забонҳои русӣ ва англисӣ моҳияти омӯзиш, метод, маҳорати устод ва муттасил ба роҳ мондани машғулиятҳо хеле муҳим аст. Аз он муҳимтар омода намудани шароит барои омӯзиши забон мебошад. Таркиби асосии таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар шароити имрӯза дар муассисаҳои таълимӣ аз омилҳои зерин иборатанд:

- таъмини шароити мусоиди раванди таълим (таъминоти кадрӣ, методӣ, моддию техникӣ);

- сифати татбиқи раванди таълим (мақсад, мӯҳтаво, шакл ва усул);

- сифати натиҷаҳои бадастомада (ташаккули шахсияти донандаи забонҳо, кӯшиш ба фарҳанги баланди муошират ва суханварӣ).

2. Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо принсипи барномаи таълимии пай дар пай ва мунтазам мувофиқат мекунад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ омӯзиши фанни забони русӣ аз синфи 2 ва забони англисӣ аз синфи 3 оғоз меёбад. Тибқи нақшаи таълимӣ барои омӯзиши забони русӣ аз синфи 2 то 11 дар 1 ҳафта 27 соат дарс ва барои таълими забони англисӣ бошад, аз синфи 3 то 11 дар ҳаҷми 24 соат ҷудо карда шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо равияҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ, математикиву иқтисодӣ ва табиӣ барои омӯзиши ин забонҳо аз 18 то 20 соат дар як ҳафта ҷудо шудааст.

3. Дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар гурӯҳҳои тоҷикӣ дар давоми сол аз 50 то 200 соат ба нақша гирифта шудааст. Дар гурӯҳҳои таълимии ғайритоҷикӣ ва дар факултетҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар давоми 4 семестр идома меёбад.

4. Дар 3826 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 7076 омӯзгори фанни забони русӣ ва 5820 омӯзгори фанни забони англисӣ фаъолият доранд. Омода намудани мутахассисон барои муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ҷумҳурӣ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода бевосита барои омода намудани мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият мебарад. Инчунин факултетҳои забон ва адабиёти рус ва забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев мавҷуд аст. Дар ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20 кафедраи забон ва адабиёти рус (141 омӯзгор) ва 22 кафедраи забони англисӣ (273 омӯзгор) фаъолият мекунанд.

5. Аз соли 2008 сар карда, то ин дам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказҳои забони русӣ ҳамчун лоиҳаи фарҳанги ҷаҳонӣ кушода шуда, фаъолияти худро самаранок ба роҳ мондаанд, ки аз рӯйи принсипҳои ҳамкорӣ ва шарикӣ бо фонди "Русский Мир" ва сохторҳои таълимию фарҳангии ватанӣ амал мекунад (Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия).

6. Ин Марказҳо дар Тоҷикистон чун низоми иттилоотӣ ва таълимӣ фаъолият мекунанд, ки ин имкони дастрасӣ ба маълумоти бештари илмӣ ва таълимиро аз Россия фароҳам меорад ва дар самти омӯзиши забон ва фарҳанги русӣ дар заминаи усулҳои пешрафтаи таълим ва барномаҳои таълимӣ мусоидат мекунад. Ин майдони эҷодӣ ва иттилоотӣ барои гузаронидани саҳмияҳои гуногун ва чорабиниҳо дар соҳаи башардӯстӣ ва ташкили равобити фарҳангӣ мебошад.

7. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ омода намудани омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монда шудааст. Мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ омода кардани мутахассисон аз рӯи касбҳои дар боло зикргардида берун аз кишвар гузаронида мешавад (аз соли 2010 то соли 2013 дар Федератсияи Россия 4 нафар мутахассис бо забони русӣ ва 10 нафар мутахассис бо забони англисӣ таҳсил мекунанд). Мутобиқи барномаи Шӯрои Амрико оид ба маълумоти байналмилалӣ аз соли 2010 то соли 2013 137 нафар хонанда барои бозомӯзии забони англисӣ, 34 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мақсади такмили ихтисос ба ШМА фиристода шуданд.

8. Бо ташаббуси мутахассисони миллӣ ва дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ марказҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ амал мекунанд, ки хоҳишмандони зиёдеро ба худ ҷалб намудаанд.

9. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ гузаронида мешавад. Муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ғолибони ин олимпиадаҳо ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он соҳиби имтиёзҳо мегарданд.

10. Аммо вазъи имрӯзаи омӯзиш ва ҷараёни таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба беҳбудӣ эҳтиёҷ дорад. Он ба рушди нокифояи пойгоҳи моддию техникӣ ва методӣ, таҷҳизонии техникии муассисаҳои таълимӣ, сифати пасти таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, сатҳи пасти омодакунии кадрҳо ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ, мавҷуд набудани адабиёти илмию методӣ, лексикографӣ ва иттилоотӣ, ба таври зарурӣ ҷорӣ нагардидани технологияҳои инноватсионӣ ва моделҳои муосири таълим, нарасидани мутахассисони баландихтисос ва дар сатҳи паст будани маоши омӯзгорон, аз ҷумла омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ вобаста мебошад.

11. Гарчанде дар даҳсолаи охир китобҳои нави таълимӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таҳия ва нашр шуда бошанд ҳам, онҳо ба талаботи таъмини усулҳои муошират ва заминаи татбиқи муоширати байнифарҳангӣ наметавонанд пурра ҷавобгӯ бошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ теъдоди омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ ҳануз кофӣ нест, гузашта аз ин таълими ин фанҳо ба сатҳу сифати баланд ва самаранокӣ эҳтиёҷ дорад. Нарасидани мутахассисони баландихтисоси унвондори равияи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, номзад ва доктори илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ ба назар мерасад.

12. Махсусан вазъ дар муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ, ки самти фаъолияти онҳо омода кардани мутахассисони соҳаҳои педагогӣ ва тарҷумонӣ аз забони русӣ мебошад, ташвишовар аст. Масалан, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳисоби умумии омӯзгорони забони англисӣ (35 нафар) ҳамагӣ 5-6 нафар унвони илмӣ доранду халос. Дар кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода то имрӯз устодони унвондор (номзад ва ё доктори илм) намерасанд. Аз 58 омӯзгори факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳамагӣ се нафар номзади илм мебошад. Чунин вазъият дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ ба назар мерасад. Роҳҳо ва шаклҳои мавҷудаи баланд бардоштани тахассус дар ҷумҳурӣ, талаботи муассисаҳои таълимии ҷумҳуриро бо омӯзгорони баландтахассус таъмин карда наметавонад. Ҳамин тариқ, тайи се соли охир (солҳои 2011-2013) аз 7214 омӯзгорони забони русӣ ҳамагӣ 322 нафар, ки камтар аз 5 фоиз ва аз 2736 омӯзгорони забони англисӣ 196 нафар сатҳи тахасуссии худро баланд бардоштанд, ки ҳамагӣ 7 фоизро ташкил медиҳад.

13. Аз соли 2010 инҷониб дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи рамзи 13.00.02 , назария ва методикаи таълим ва тарбия (методикаи таълими забони модарӣ ва русӣ, илмҳои педагогӣ) фаъолият мекунад. Дар ин муддат дар Шӯрои диссертатсионӣ 9 унвонҷӯ, аз ҷумла 1 докторант асосан аз рӯи методикаи таълими фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ бомуваффақият рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд. Қобили қайд аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқоти илмии аз тарафи унвонҷӯён баанҷомрасида дастурҳои таълимию методӣ дар мавзӯъҳои таълими якҷояи забони русӣ дар мактаби тоҷикӣ, таълими системаи феъли забони русӣ дар мактаби тоҷикӣ, инкишофи маҳорати эҷодии хонандагон дар таълими забони англисӣ дар заминаи ҳамгироии фаннӣ, татбиқи технологияи коммуникатсионӣ ва иттилоотӣ дар дарсҳои забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии тоҷикӣ ва ғайраҳо таҳия гардиданд.

14. Аммо барои ҳалли дигар масоили мубрам ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Ҳамаи ин омилҳо ба таври ҷиддӣ андешидани чораҳои фавриро ҷихати таҳқиқи метод ва усулҳои таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд. Барномаи мазкур чораҳои мушаххаси татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003, №1047 "Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро пешбинӣ менамояд.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲО

15. Мақсади Барнома рушд, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

16. Вазифаҳои Барнома иборатанд аз:

- рушди забони русӣ ва англисӣ дар фазои таълимӣ ҳамчун забони фазои умумитаълимӣ воситаи муоширати байналмилалӣ;

- ба роҳ мондани омӯзиши муттасили забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ;

- азнавкунонии босифати мазмуну мундариҷа ва такмили услубу усулҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилот;

- мақсаднок омода намудани мутахассисони баландихтисоси забоншиносӣ дар самти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, бозомӯзии кадрҳои педагогӣ дар ин самт;

- тамоюл ба омодасозии касбии кормандони соҳаи маориф аз рӯи фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ бо мақсади ташакккули забондонии самарабахш, муоширати байнифарҳангӣ, озодона истифода бурдани забонҳои русӣ ва англисӣ дар фаъолияти касбӣ ва амалӣ;

- таъсис ва таҳким бахшидани заминаи методӣ ва моддию техникӣ барои баланд бардоштани сифати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

- омода намудани барномаҳои таълимии санҷидашуда, модулҳо ва лоиҳаҳо доир ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ;

- фароҳам овардани замина барои ташаккули ҳавасмандӣ ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;

- таъмини заминаи ҳуқуқии таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар бахши хусусӣ;

- таҳия намудани маҷмӯи чорабиниҳо баҳри нигоҳдошт, таблиғ ва оммавигардонии забонҳои русӣ ва англисӣ бо кӯмаки воситаҳои ахбори омма.

17. Низоми чорабиниҳои зарурии дар ин Барнома пешбинигардида ба сифатан беҳтар гардонидани таълим ва самарабахш аз худ намудани забонҳои русӣ ва англисӣ дар фазои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Аз ин рӯ барои такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар шароити бисёрзабонӣ ва таъмини бемайлони омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, дар заминаи китобҳои дарсӣ ва технологияҳои инноватсионии муосир, ки бо дарназардошти махсусиятҳои забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ таҳия гардидаанд, бояд кӯшиш карда шавад.

4. САМТҲОИ ТАТБИҚИ БАРНОМА ВА НАТИҶАҲОИ ОН

18. Самтҳои асосии инкишофи таълиму тарбияи томактабӣ инҳо мебошанд:

- гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ мутобиқи меъёрҳои мавҷудбудаи таълим аз синни 4-солагӣ;

- такмили босифати мӯҳтавои барнома ва маводи таълимию методӣ дар самти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои томактабӣ тибқи талаботи стандарти давлатӣ;

- фароҳам овардани шароити педагогию психологӣ барои рушди қобилият ва завқи кӯдакони синни томактабӣ дар омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла бо кӯдакони болаёқат бо дарназардошти хусусиятҳои зеҳнӣ ва малакаҳои забондонии онҳо;

- натиҷаи дилхоҳ аз татбиқи Барнома дар муассисаҳои томактабӣ дуруст дарк ва қабул кардани нутқ дар омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ дар доираи мавзӯи тавсиягардида ва ҳолату мавриди сухангӯии кӯдакон.

19. Самтҳои асосии рушди таҳсилоти миёнаи умумӣ инҳоянд:

- таҳия ва такмили барномаҳои намунавӣ (аз синфи 1 то 11) оид ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо дарназардошти назария ва амалияи таълими забони русӣ ва англисӣ, дар асоси намунаи дарсҳо, машқҳои гуногун, технологияи тарзи истифодабарии онҳо, муносибати навоварона ба раванди таълим, технологияи инноватсионӣ дар таълим;

- такмили сохтор, мӯҳтаво ва методҳои таълимӣ дар омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар асоси муошират, алоқамандии забон ва фарҳанг;

- таълими забонҳои русӣ ва англисӣ бояд ба талаботи стандартҳои таҳсилот мутобиқат дошта бошад ва озодона аз худ кардани забонҳои русӣ ва англисиро таъмин намояд;

- такмили низоми касбинтихобкунӣ дар раванди азхудкунии забонҳо;

- фароҳам овардани шароит ва имконот барои кӯдакони лаёқатманд дар таълими забонҳои русӣ ва англисӣ бо дарназардошти нерӯи зеҳнӣ ва фардияти барҷастаи забондонии онҳо.

20. Натиҷаи дилхоҳ аз татбиқи Барнома дар соҳаи таҳсилоти умумӣ ташаккули муносибати шахсию тамоюлӣ ва ҳавасмандшуда ҳангоми омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ дар доира, ҳаҷм ва талаботи стандарти давлатии таҳсилот мебошад.

21. Самтҳои асосии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ инҳоянд:

- таҳияи механизмҳои ҳавасмандгардонии муассисаҳо барои талаботи кадрҳои соҳибкасбе, ки озодона бо забонҳои русӣ ва англисӣ сухан мегӯянд;

- азнавкунонӣ ва такмили мӯҳтавои технологияҳои педагогӣ ҳангоми омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар раванди методи лингвистӣ ва омодагии касбии хонандагон;

- таъмини нигаҳдошти захираи таълимию методӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, такмил ва инкишофи минбаъдаи моделҳо ва методикаи муосири таълими забонҳои русӣ ва англисӣ;

- такмили мӯҳтавои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муносибгардонии сохтори тайёр кардани мутахассисон бо мақсади озодона аз худ кардани забонҳои русӣ ва англисӣ барои ҳамкориҳои самарабахш дар самти муоширати фарҳангӣ бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ.

22. Натиҷаи дилхоҳи татбиқи ин фасли Барнома - таъмин ва баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисон - филологҳо дар бозори меҳнат бо дониши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.

23. Самтҳои асосии рушди таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ инҳоянд:

- иштироки фаъолонаи ҳайати омӯзгорону профессорони низоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ дар таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои бунёдии илмӣ дар соҳаи назария ва амалияи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, назария ва технологияи таҳсилот бо забони хориҷӣ, ки ба таври касбӣ тайёр кардани омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисиро амалӣ месозад;

- ба даст овардани тағйироти босифат дар низоми омодагии касбии омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, на бо тамоюли фанҳои махсус (забоншинос, филолог ва ғ.), балки бо тамоюли касбӣ баҳри тайёр намудани омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, таҳия намудани стандарти давлатӣ барои омода кардани мутахассисони касбию методии забонҳои русӣ ва англисӣ;

- таъсис ва рушди ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ бо ихтисоси иловагии забони русӣ ё англисӣ, таҳсилоти ибтидоӣ бо ихтисосҳои иловагии забони русӣ ё англисӣ. Тарҷумонҳои забони русӣ ё англисӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ бо ихтисосҳои забони русӣ ё англисӣ ва ғайра;

- таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии нав, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар маҷмӯаҳои таълимӣ тибқи стандарти давлатӣ барои муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати омӯзиши босифати забонҳои русӣ ва англисӣ бо мақсади ташаккули масъулият ва салоҳияти муоширатии муҳассилин ва муносибати фаъолияти онҳо. Татбиқи робитаҳои амиқи фарҳангу маориф, рӯҳияву иқтидори онҳо дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик;

- такмили заминаи меъёрӣ ва илмиву методии таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати омӯзиш ва такмили забонҳои русӣ ва англисӣ;

- иҷрои супоришоти давлатӣ аз рӯи таъмини мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ;

- такмили фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва илмию техникӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф дар асоси рушди макотиби илмиву забоншиносӣ ва методӣ;

- ба даст овардани сифати баланди такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ дар марказҳои илмию методии хориҷи кишвар;

- гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ бо мақсади муҳокима кардани усулҳои муосири таълими забони русӣ ҳамчун забони гуфтугӯии байни тамаддунҳо ва муоширати байналмилалӣ дар фазои умумии таълимӣ, таҳия кардани маводи таълимии забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таълимии кишвар бо дарназардошти махсусиятҳои забони модарӣ;

- нишон додани ташаббус ҷиҳати татбиқи лоиҳаи байнидавлатии "Донишҷуён тарафдори робитаи забонҳо ва фарҳангҳо", ки чорабинии ниҳоии он бояд конференсияи байналмиллалии донишҷӯён таҳти ин унвон бошад;

- таҳияи чораҳо ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба кори таҳқиқотӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар нигаҳдошти фарҳангу забони халқҳои ҷаҳон, дастгирии ташаббусҳо баҳри рушди тарҷумаи бадеӣ;

- барқарор ва ба роҳ мондани таҷрибаомӯзӣ барои инкишофи нутқ ва малакаи донишҷӯёни факултетҳои филологии кишвар, ки омӯзгорони забонҳои русӣ дар мактабҳои миллиро тайёр мекунанд, дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии Россия.

24. Натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт:

- қонеъ намудани талаботи мутахассисони оянда ҷиҳати гирифтани таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ, барои рушди ҷомеа ва пешравии давлат, тайёр намудани хатмкунандагони дорои тахассуси олии забонҳои русӣ ва англисӣ;

- истифодаи васеи имконоту роҳҳо ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмӣ, аз ҷумла ба воситаи аспирантура ва докторантура;

- баланд бардоштани сифати таҳсилоти олии касбӣ ва сатҳи омодагии касбии мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд;

- баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бозори меҳнат, рушди низоми фосилавии таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини тахассуси олӣ аз рӯи забонҳои русӣ ва англисӣ ва методикаи таълими онҳо;

- омода кардани тарҷумонҳои соҳавии забонҳои русӣ ва англисӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва педагогӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии хориҷӣ.

25. Самтҳои асосии рушди таҳсилоти баъдидипломӣ инҳоянд:

- тайёр кардани номзадҳо, докторҳои илм ва докторҳо аз рӯи ихтисос (РhD) аз забонҳои русӣ ва англисӣ;

- методикаи таълими ин забонҳо, таърихи адабиёти рус, робитаҳои адабӣ ва ғайра.

26. Самтҳои асосии рушди таҳсилоти иловагӣ инҳоянд:

- таъсиси марказ, курс ва шӯъбаҳои тайёрӣ барои хоҳишмандони омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;

- ташкили марказҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ.

5. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢЌ

27. Натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт:

- густариши робитаҳои муассисаҳои таълимӣ бо муассисаҳои таълимии мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, тавсеаи имкони гузаронидани ярмарка-намоишгоҳи анъанавии "Российское образование" дар заминаи Маркази илм ва фарҳанги русӣ (Россотрудничество) бо мақсади ҷалби донишҷӯёни оянда аз ҳисоби хонандагон барои таҳсили минбаъда дар муассисаҳои таълимии гуногуни олии Федератсияи Россия;

- омода кардани омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишгоҳҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ - дар аспирантура ва докторантураҳои кишварҳои хориҷӣ, васеъ истифода бурдани имконоти таълим дар самти муассисаҳои таълимии СҲШ;

- ба роҳ мондани мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар доираи низоми таълимии СҲШ;

- гузаронидани таҳқиқоти якҷояи илмӣ, методӣ, педагогӣ ва сотсиологӣ дар самти таҳсилоти хориҷӣ, забоншиносии когнитивӣ, забону кишваршиносӣ, забону фарҳангшиносӣ, методикаи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар шароити ду ва ё бисёрзабонӣ;

- ташкил ва гузаронидани симпозиумҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо аз рӯи масоили такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар шароити муосири таълими забони хориҷӣ, муоширати забонӣ ва фарҳангӣ;

- ҷалби ташкилотҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии Россия ва Аврупо, марказҳои илм ва фарҳанг, лоиҳаҳои грантии Фонди "Русский Мир", намояндагиҳои хориҷӣ дар соҳаи илм, маориф ва санъат, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ғайра дар омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ.

6. КАФОЛАТИ ДАВЛАТӢ ВА ИҶТИМОӢ БА ХОНАНДАГОН

28. Натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт:

- фароҳам овардани имконияти интихоби барномаҳои таълимӣ аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ ва фардикунонии таълими ин забонҳо, муҳайё намудани шароит ҷиҳати таъмини худмуайянкунӣ ва интихоби ҷойи кор ба хонандагон;

- фароҳам овардани шароит ва дастгирии пурра дар сатҳи давлатӣ барои гирифтани маълумоти фарогир (инклюзивӣ) ба шахсоне, ки имкониятҳои маҳдуд доранд;

- таҳияи силсилаи чораҳои ҳавасмандкунӣ барои комёбиҳо дар хониш ва фаъолияти илмӣ;

- ҷудо намудани маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои нигоҳдории иншооти иҷтимоию фарҳангии инфрасохтори низоми таълим ва дастгирии иҷтимоии омӯзандагони забонҳои русӣ ва англисӣ.

7. МУШОИАТИ ИЛМИИ БАРНОМА

29. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии Барнома таъминоти назарраси илмию методиро талаб мекунанд, ки маблағгузории он дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Буҷети давлатӣ амалӣ гардонида мешавад.

30. Иҷрои Барнома ва вазифаҳои муқарраргардида баҳри гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ чунин самтҳои асосии фаъолиятро дар бар мегирад:

- гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва илмию амалӣ оид ба забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла дар самти омӯзиши муқоисавии забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ, соҳавӣ, байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, лоиҳаҳое, ки иҷрои корҳои илмию таҳқиқотиро аз рӯи забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла дар соҳаи забоншиносии муқоисавӣ ва типологияи забонҳои гуногунсохтор таъмин намояд;

- таҳия ва татбиқи чораҳо аз рӯи таъминоти давлатии афзалиятнок бо захираҳои молиявӣ, таҳқиқоти бунёдӣ ва илмию амалӣ аз рӯи забонҳои русӣ ва англисӣ, ки барои иҷрои самтҳои асосии рушди маориф ва ба даст овардани натиҷаҳои муайяннамудаи Барнома мусоидат мекунад;

- таъмини илмию методии таҳияи нақшаи таълимӣ ва барномаҳои курсҳои намунавӣ, фанҳои таълимӣ ва дигар санадҳое, ки бо талабот ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ муайян мешаванд;

- дастгирӣ ва рушди низоми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо тамоюли филологӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, марказҳои илмӣ ва мактабҳои илмӣ аз рӯи самтҳои асосии таҳқиқ дар таҳсилоти забони хориҷӣ, омӯзиши босифати забонҳои русӣ ва англисӣ;

- таҳияи таъминоти иттилоотию техникӣ ва ташкилии татбиқи Барнома;

- инкишофи ҳамкориҳои олимони забоншинос, методистҳо, омӯзгорон ва дигар мутахассисони соҳаи психолингвистикаи Тоҷикистон, ки дар соҳаи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамкорӣ бо марказҳои илмии байналмилалӣ таҳқиқот мебаранд;

- дар доираи имкониятҳои воқеии молиявӣ беҳтар кардани маблағгузории Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои илмию таҳқиқотие, ки ҳамоҳангсозӣ ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳияи дастурҳои илмиро аз рӯи масоили омӯзиш ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зимма доранд.

31. Натиҷаҳои дилхоҳ баъди татбиқи Барнома инҳоянд:

- татбиқи васеи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, педагогӣ ва методӣ дар фаъолияти амалии муассисаҳои таълимӣ аз рӯи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;

- барномаҳои илмӣ, илмию амалӣ, инноватсионӣ ва лоиҳаҳо аз рӯи масъалаҳои асосии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ки татбиқи Барномаро таъмин менамоянд;

- пешгӯиҳои миёнамӯҳлат, дарозмӯҳлат, таҳлил ва талабот ба мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ бо дарназардошти манфиатҳои шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ;

- ҷорӣ кардан ва истифодабарии васеи технология ва методҳои нави таълимӣ дар омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла шаклҳои фосилавии таълим;

- дастгирии афзалиятноки давлатии нигоҳдошт ва рушди марказҳои илмию таълимии асосӣ, мактабҳои забоншиносӣ, ки корҳои илмию таҳқиқотиро аз рӯи масъалаҳои забонҳои русӣ ва англисӣ пеш мебаранд;

- таъсиси бонки иттилоотии барнома ва лоиҳаҳои миллӣ (тоҷикӣ) ва байналмилалӣ аз рӯи масъалаҳои таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла типологияи муқоисавӣ, назария ва амалияи таҳияи луғатҳои таълимӣ, асосҳои назария ва амалияи тарҷума.

8. ТАЪМИНОТИ КАДРИИ НИЗОМИ МАОРИФ

32. Самтҳои асосии фаъолияти таъминот бо мутахассисон ва кадрҳои забонҳои русӣ ва англисӣ:

- рушди низоми омодакунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогии забонҳои русӣ ва англисӣ, кадрҳои роҳбарикунанда ва дигар кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла роҳбарони сатҳи олӣ;

- таъсиси усули таҳлил ва пешгӯии талабот ба кадрҳои баландихтисоси забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамаи шакл ва намуди муассисаҳои таълимӣ ва умуман низоми маориф;

- таҳияи усули ҳамкориҳои байниидоравии асоснок дар омода ва бозомӯзии омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, кормандони илмию педагогӣ дар ин самт;

- таҳияи роҳҳои омодакунии мақсадноки омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таълимӣ, ки дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст бо имкони кушодани филиали муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷалби мавсимии мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ, инчунин омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ ҷойгир шудаанд;

- таҳияи роҳҳои омодакунии мақсадноки омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ тавассути гузаштани таълим дар магистратура, аспирантура ва докторантура;

- таҳия ва татбиқи чораҳои дастгирии молиявӣ ва иҷтимоии мақсадноки омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, ки дар шароити душвори мактабҳои деҳот ва дигар муассисаҳои таълимӣ кор мекунанд;

- баланд бардоштани самаранокии низоми аттестатсияи омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ дар асоси арзёбии воқеии натиҷаҳои фаъолияти онҳо, донишҳои забонӣ ва методӣ, малака ва таҷрибаи кор дар муассисаҳои таълимӣ.

33. Натиҷаҳои дилхоҳи татбиқи Барнома инҳоянд:

- таъминоти босифати ҳама гуна муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ;

- пешгирии ҳолатҳои тарк намудан ва аз кор рафтани кадрҳои педагогии фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ аз низоми маориф;

- мунтазам ва аз рӯи нақша баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла тавассути гузаштан аз низоми таҳсилоти баъдидипломӣ бо истифода аз имконоти гузаштани бозомӯзии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он;

- риоя ва дар амал татбиқ намудани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубодилаи кадрҳои омӯзгорӣ ва илмию омӯзгорӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ.

9. ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

34. Дастгирии рушди заминаи моддӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ яке аз шартҳои асосии раванди таълим маҳсуб меёбад. Дар бисёри муассисаҳои таълимӣ то ҳол заминаи моддию техники зарурӣ вуҷуд надорад (компютерҳо, синфхонаҳои лингофонӣ, китобхонаи электронӣ). Китобхонаҳои мактабӣ аз фанни забонҳои русӣ ва англисӣ ба таври кофӣ бо адабиёти зарурии таълимӣ ва методӣ таъмин нестанд.

35. Самтҳои асосии рушди ин самт:

- ҳифзу нигоҳдошт ва рушди заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ мутобиқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, меъёрҳои иҷтимоӣ, меъёрҳои забонҳои русӣ ва англисӣ.

36. Натиҷаҳои дилхоҳ аз татбиқи Барнома:

- рушди заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар самти омӯзиши барномаҳои таълимии забонҳои русӣ ва англисӣ;

- таҳия ва ҷорӣ кардани моделҳои ояндадори усулҳои таълими инноватсионӣ ва иттилоотӣ, воситаҳои техникӣ, дастурҳои аёнӣ ва таҷҳизоти муосир барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;

- баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ, обрӯ ва талабот ба меҳнати омӯзгорон, кормандони низоми маориф, ки бо омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ машғуланд;

- баланд бардоштани мақоми иҷтимоии кормандони муассисаҳои таълимӣ, ки дар самти таълими забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолят доранд.

10. ТАЪМИНИ МОЛИЯВИИ БАРНОМА

37. Самтҳои асосии таъмини молиявии Барнома аз инҳо иборатанд:

- хароҷоти умумии молиявӣ, ки барои рушди низоми таълими забонҳои русӣ ва англисӣ зарур буда, мутобиқи қонунгузории соҳаи маориф ва тадбирҳои таъмини кафолатҳои давлатии кормандони педагогӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудааст;

- таъмини маблағгузории Барномаи таълимии забонҳои русӣ ва англисӣ, ки дар доираи имконоти воқеии молиявӣ маблағгузориро давра ба давра пешбинӣ менамояд;

- фароҳам овардани шароит барои ҷалби манбаъҳои иловагии ғайрибуҷетии маблағгузории соҳаи маориф бе кам кардани меъёрҳо ва андозаҳои мутлақи маблағгузорӣ.

11. МАҶМӯИ ТАДБИРҲО ОИД БА ТАТБИҚИ БАРНОМА

Ҷадвал

Замимаҳои 1-10 