Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017 аз 3 июли соли 2014 № 428

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июли соли 2014 № 428

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017

1. МУҚАДДИМА

1. Дар ҷаҳони муосири бо суръат тараққиёбанда фаъолият ва рушди давлатро бе истифодаи воситаҳо ва технологияҳои муосири идоракунӣ, коммуникатсия ва алоқа тасаввур кардан имконнопазир аст. Чуноне, ки тадқиқотҳои сершумор нишон медиҳанд, зиёд гардидани ҳаҷми иттилооте, ки дар соҳаи идоракунӣ истифода бурда мешавад, бояд ба манбаи ягонаи иттилоотӣ асос ёфта, коркарди замонавиро тақозо менамояд. Дар ин шароит идоракунӣ бе истифодабарии воситаю усулҳои муосири коркард, интиқол ва пешниҳоди иттилооти электронӣ самаранок буда наметавонад.

2. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, асоснокии қарорҳои дар заминаи маҳзани ягонаи иттилоотӣ таҳияшаванда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба таъсиси низоми давлатии иттилоотӣ, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти молиявӣ ва дигар хароҷот дар ин соҳа равона гардидааст.

3. Мақсадҳои муайяншудаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди технологияҳои иттилоотӣ зарурати ҳалли масъалаҳоро ҷиҳати бунёди ҷамъияти иттилоотӣ муайян менамояд, ки дар ташаккули афзалиятҳои рушди технологияҳои иттилоотӣ дар вазорату идораҳо, ташкил намудани маҳзанҳои дахлдори маълумот ва роҳҳои истифодаи онҳо бо мақсади идоракунӣ ва таъсиси минбаъдаи марказҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо ифода меёбад. Бо ин мақсад, дар навбати аввал, пас аз ташкил намудани манбаи дохилии иттилоот таъсис додани шабакаи байниидоравии мубодилаи иттилоот миёни вазорату идораҳо барои ҳалли масъалаҳои дар назди онҳо гузошташуда, зарур мебошад.

4. Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017 (минбаъд - Барнома) самтҳои афзалиятноки рушдро дар соҳаи технологияҳои иттилоотии ҷумҳурӣ инъикос намуда, мутобиқи мақсадҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин соҳа равона карда шудааст.

5. Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 468 тасдиқ шуда, чорабиниҳоро барои солҳои 2005-2008 пешбинӣ менамуд, ки бо сабабҳои гуногун нопурра татбиқ гардидааст. Барои иҷрои ин Барнома як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла доир ба рушди инфрасохтори иттилоотӣ, таъмини мақомоти давлатӣ бо техникаи компютерӣ, ташкили шабакаҳои маҳдуди ҳисоббарорӣ дар мақомоти алоҳидаи давлатӣ, амалӣ гардид. Аммо на ҳамаи чорабиниҳои пешбинишудаи Барномаи мазкур дар мӯҳлатҳои муқарраргардида амалӣ гардиданд.

6. Барномаи мазкур мақсад ва афзалиятҳоро муайян намуда, бояд банизомдарорӣ ва ҳамоҳангсозии ҷараёни рушди кишвар ва мақомоти идоракунии давлатии он дар соҳаи истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар дурнамои миёнамӯҳлат мусоидат намояд.

7. Ҳамаи консепсияҳои давлатӣ, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва минтақавии амалкунанда ва таҳияшавандаи рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии ҳамаи мақомоти идоракунӣ, ки инфрасохтори ҳукумати электрониро ташкил менамоянд, ба Барномаи мазкур асос меёбанд.

8. Барнома воситаи муколама бо аҳли соҳибкорон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ оид ба масъалаҳои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад.

9. Дар назар дошта мешавад, ки дар заминаи Барномаи мазкур барномаҳои кӯмаки техникӣ ва молиявии хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соҳаи рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таҳия мегарданд.

2. АРЗЁБИИ ҲОЛАТИ КУНУНӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСИИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНӢ

§1. Ҳолати заминаи меъёрию ҳуқуқии рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

10. Дар Тоҷикистон як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои иттилоотӣ, иттилоотонӣ ва рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ қабул карда шудаанд.

11. Бо вуҷуди ин, норасоии мубодилаи оқилона ва соддаи иттилоотӣ на фақат дар байни мақомоти давлатӣ, балки дар дохили ҳар як мақоми давлатӣ мушоҳида карда мешавад, аз ҷумла бо сабабҳои зерин эҳсос мегардад:

- мавҷуд набудани стандарти ягонаи коркард ва истифодабарии системаҳои иттилоотӣ дар мақомоти давлатӣ;

- ҳамгироӣ надоштани сохторҳои давлатӣ дар байни худ, ки дар натиҷа истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҷиддан самаранокии худро аз даст медиҳад;

- мавҷуд набудани стандартҳо ва талабот оид ба таъминоти барномавии ҷоришаванда дар мақомоти давлатӣ;

- нагузаронидани мутобиқгардонии вазифаҳо ва расмиёти идоравӣ ва байниидоравии мақомоти давлатӣ, ки ба шакли электронӣ гузаронидани иттилооти дар шакли қоғазӣ мавҷудбударо таъмин менамояд;

- мавҷуд набудани стандартҳои ягонаи таъсис ва истифодабарии системаҳои иттилоотии идоравӣ ва байниидоравии мувофиқ ба вазифаҳои мутобиқгардонии расмиёти маъмурӣ, тадбиру усулҳои ҳаммонандсози ҳамкории электронии идоравӣ ва байниидоравӣ;

- мавҷуд набудани инфрасохтори ягонаи иттилоотии таъмини ҳамкории электронии дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар асоси истифодабарии имзои электронии рақамӣ;

- таҳия нагардидани механизмҳои идоракунии барномаҳои иттилоотонии идоравӣ ва байниидоравии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки масъалаҳои мутобиқ гардонидани расмиёти маъмуриро ба эътибор мегиранд.

§2. Ҳолати захираҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ

12. Айни замон мушкилоте ҷой доранд, ки ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти давлатӣ монеа гардидаанд:

- фарқияти сатҳи автоматикунии ҷараёнҳо, рушди инфрасохтори иттилоотӣ ва сифати қарорҳои барномавии амалишуда дар байни вазорату идораҳо;

- мавҷуд набудани талаботи умумӣ оид ба таъмини мутобиқат ва ҳамгироии захираҳои иттилоотии давлатӣ;

- қисман ё пурра мавҷуд набудани системаҳои иттилоотии идоравӣ, маҳдудият ё мавҷуд набудани феҳристҳои давлатии электронӣ;

- мавҷуд набудани механизмҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ оид ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ, ки боиси такроран аз шаҳрвандон ва ташкилотҳо дархост намудани иттилооте мегардад, ки аллакай дар маҳзани маълумоти дигар мақомоти давлатӣ мавҷуд аст;

- такроран хароҷот бурдани мақомоти давлатӣ барои коркард ва фаъолияти феҳристҳои электронии иттилоотии якхела;

- мавҷуд набудани талаботи ягонаи коркарди таъминоти барномавии намунавӣ ва харидории таъминоти барномавии қуттигӣ;

- дар вазорату идораҳо мавҷуд набудани инфрасохтори техникии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва канали дастрасӣ;

- мавҷуд набудани ҳамкории байни мақомоти давлатӣ оид ба мубодилаи иттилоот, ки дар заминаи қоидаҳои ягона асос ёфта бошанд;

- хусусияти маҳдуди дохили идоравӣ доштани татбиқи воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- мавҷуд набудани нақшаи мувофиқашудаи азнавкунӣ ва рушди таҷҳизоти техникии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- аксарияти мақомоти давлатӣ воҳидҳои махсуси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ надоранд, вуҷуд доштани мушкилиҳо вобаста ба ҷалби кадрҳои баландихтисос барои таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ.

§3. Вазъи техникии инфрасохтори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

13. Инвентаризатсияи пешакии иқтидории иттилоотии вазорату идораҳо, ки соли 2014 гузаронида шуд, ошкор намуд, ки бо техникаи компютерӣ кормандони дастгоҳҳои марказии ташкилоти зерин:

- Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК "Барқи Тоҷик" дар сатҳи 100%;

- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи 95%;

- вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 90%;

- дигар вазорату идораҳое, ки дар онҳо инвентаризатсия гузаронида шудааст, дар сатҳи аз 60 то 85% таъмин карда шудаанд.

14. Инфрасохтори техникии дар мамлакат мавҷудаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо нишондиҳандаҳои зерин тавсиф карда мешавад:

- нокифоя будани таъминоти кормандон бо техникаи муосири компютерӣ;

- ҷавобгӯй набудани истифодабарии техникаи кӯҳнашудаи компютерӣ ба талаботи системаҳои иттилоотии муосир;

- нокифоя таҷҳизонида шудани утоқҳои махсусгардонидашудаи серверӣ ё умуман мавҷуд набудани онҳо;

- кам ё мавҷуд набудани таҷҳизоти серверӣ ё шабакавӣ;

- мавҷуд набудани шабакаи маҳдуди ҳисоббарорӣ;

- сифати паст ва нархи баланд доштани хизматрасонии Интернет, ки аз тарафи Интернет-провайдерҳо расонида мешавад;

- мавҷуд набудани инфрасохтори хизматрасонӣ ба таҷҳизоти махсусгардонидашудаи серверӣ ва шабакавӣ, инчунин мавҷуд набудани заминаи техникӣ барои хизматрасонии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ.

§4. Мубодилаи ҷойдоштаи иттилооти электронӣ

15. Дар айни замон баъзе вазорату идораҳо мубодилаи иттилоотро бо истифодаи усулҳои гуногуни интиқол ва мубодилаи иттилоот, ки хусусияти ҷузъӣ доранд, амалӣ менамоянд. Аксаран мубодилаи иттилоот хусусияти номураттаб дорад, яъне идораҳо бо як усул иттилоотро интиқол дода, комилан бо усули дигар иттилоотро аз дигар идораҳо қабул мекунанд.

16. Ҳамзамон, қоидаи умумии мувофиқашудаи мубодилаи маълумот ҷой надорад ва бинобар ин ҳангоми интиқоли худи ҳамон як иттилоот ба идораҳои гуногун, такроршавии вазифа ва хароҷот сурат мегирад.

17. Дар маҷмӯъ ҳолати мубодилаи иттилоот миёни мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳбудиро мехоҳад.

18. Мавҷуд набудани шабакаи ягонаи амалкунанда, ки мақомоти ҳокимияти давлатиро ба ҳам мепайвандад (инфрасохтори техникии дар соли 2010 ташкилгардида айни ҳол барои мубодилаи иттилоот истифода шуда наметавонад), мавҷуд набудани маркази ягонаи коркарди маълумот ва маркази ягонаи телекоммуникатсионии маълумот муттаҳидгардонии иттилоот ва ҷараёни мубодилаи иттилоотро мушкил месозад.

19. Номутобиқатии қарорҳои барномавӣ-техникии аз тарафи мақомоти давлатии гуногун истифодашаванда мушоҳида карда мешавад.

20. Системаҳои иттилоотии давлатии истифодашаванда аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии алоҳида дар шароити мавҷуд набудани заминаи ягонаи меъёрии ҳуқуқии батанзимдароранда ва ҳамоҳангсозандаи ин ҷараёнҳо ташкил дода шудаанд.

21. Маҳзани маълумоти дар онҳо ҷойдошта аксаран барои истифодаи оперативӣ аз тарафи дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дастнорас мебошанд, ки дар амалия ҳангоми мубодилаи иттилоот дар сатҳи байниидоравӣ боиси батаъхирмонии назарраси муваққатӣ, ҷамъоварии чандинбора ва такроршавӣ дар системаҳои алоҳида мегардад.

22. Дар натиҷа чунин системаҳои иттилоотӣ маълумоти дорои сатҳи гуногуни саҳеҳият ва аҳамиятро дар бар мегиранд. Ҳамзамон қисми иттилоот сари вақт аз нав карда намешавад, ки ҳамчунин ба номутобиқатӣ ва мухолифати маълумоти дар он ҷойдошта сабаб мегардад.

23. Шаклҳои гуногуни нигоҳдошти иттилоот имкониятӣ истифодабарии воситаҳои автоматикунонидаи ҷустуҷӯ ва коркарди таҳлилии иттилооти дар системаҳои гуногун ҷойдоштаро маҳдуд месозад.

24. Ҳамаи ин сабабҳо таҳияи саривақтӣ ва сифати қарорҳои идоракуниро, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд, паст мегардонад.

§5. Амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи иттилоот

25. Дар Тоҷикистон ҳолати амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот бо нишондиҳандаҳои зерин тавсиф карда мешавад:

- ташкил карда нашудани инфрасохтор, ки амнияти иттилоотиро ҳангоми ҳамкории мақомоти давлатӣ бо якдигар, инчунин бо аҳолӣ ва ташкилотҳо таъмин мекунад;

- мавҷуд набудани механизми самараноки назорат ва истифодабарии иттилоот дар бораи шаҳрвандон ва ташкилотҳо, ки дар системаҳои иттилоотии давлатӣ ҷой дорад;

- нопурра бо санадҳои қонунгузорӣ ба танзим дароварда шудани дастрасӣ ба иттилоот: ҳар мақоми давлатӣ дар системаи иттилоотии худ мустақилона сатҳи дастрасии кормандонро муайян менамояд. Аксаран чунин маҳдудият хусусияти номураттаб дошта, ба таври кофӣ идора карда намешавад;

- мушоҳида гардидани сатҳи пасти истифодабарии имзои электронии рақамӣ ҳангоми мубодилаи иттилоот;

- мавҷуд набудани қоидаҳо ва меъёрҳои ташкили маҳзанҳои нигоҳдории захиравии иттилоот;

- мавҷуд набудани қоида ва нақшаҳоии барқарорсозии системаҳои иттилоотӣ пас аз аз кор баромадан ё садамаҳо;

- дар аксар ҳолат нигоҳдошти захиравии маҳзани маълумот ташкил намегардад ё бо усулҳои ноустувор ташкил карда мешавад, ки ҳангоми сар задани садамаҳои калон маълумот метавонад пурра гум шавад;

- мавҷуд набудани таҷрибаи истифодабарии афсарони махсус оид ба амнияти иттилоот.

3. МАҚСАДҲОИ АСОСӢ, АФЗАЛИЯТҲО ВА МАРҲИЛАҲОИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

26. Мақсадҳои асосии Барнома аз инҳо иборат мебошанд:

- баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ дар асоси ташкил ва рушди системаҳои иттилоотӣ;

- ташкил намудани мубодилаи байниидоравии иттилоот байни мақомоти давлатӣ ва дар ин асос васеъ намудани манбаи андозбандӣ;

- таҳияи қарорҳои асоснок дар асоси истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъмини дастрасии мақомоти давлатӣ ба маълумоти зарурӣ.

27. Барои ноил гардидан ба мақсадҳои Барнома, таъмини иҷрои вазифаҳои афзалиятнок дар самтҳои зерин зарур аст:

а) такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз он ҷумла:

- гузаронидани таҳлили қонунгузории амалкунанда ҷиҳати мутобиқат намудан ба талаботи муосири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- ба стандартҳои пешрафтаи байналмилалӣ мутобиқ намудани стандартҳои миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- таҳия ва қабул намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки истифодабарии имзои рақамии мобилиро пешбинӣ мекунад;

- таҳияи тартиби мубодилаи байниидоравии иттилоот;

- муайян намудани мақоми давлатии ваколатдор барои пешбурди феҳристи захираҳои иттилооти давлатӣ ва тасдиқ намудани низомномаи он;

- ташаккули стандартҳои ягонаи таҳия ва истифодабарии системаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти давлатӣ;

б) таҳия ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ, аз он ҷумла:

- таҳия ва истифодаи талаботи умумӣ оид ба таъмин намудани мутобиқат ва ҳамгироии захираҳои иттилооти давлатӣ;

- ҷорӣ намудан ва инкишоф додани инфрасохтори техникии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва каналҳои интиқоли иттилоот;

- таҳияи нақшаҳои мувофиқашудаи навсозӣ ва рушди парки техникии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

в) таҳкими иқтидори техникии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии мақомоти идоракунии давлатӣ, аз он ҷумла:

- таъмин намудани кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ бо техникаи муосири компютерӣ ва (ё) навсозии техникаи компютерии мавҷуда;

- таҷҳизонидан бо утоқҳои махсусгардонидашудаи серверӣ ё ҷойгир намудани захираҳои иттилоотӣ дар заминаи марказҳои коркарди иттилооти дигар мақомоти давлатӣ;

- ташкил ва рушд бахшидани шабакаҳои маҳдуди ҳисоббарорӣ бо истифодаи таҷҳизоти муосири шабакавӣ;

- таҳияи талабот ба Интернет-провайдерҳо нисбат ба пешкаш намудани хизматрасонии Интернет барои мақомоти идоракунии давлатӣ;

г) ташаккули низоми самараноки мубодилаи иттилоот, аз он ҷумла:

- таҳияи қоидаҳои мубодилаи иттилоот, ки такрор намудани функсияҳо ва хароҷотро истисно мекунанд;

- таъмин намудани мутобиқати таъминоти барномавии техникӣ ҳангоми мубодилаи иттилоот;

- таъмин намудани сатҳи аҳамиятнокӣ ва дурустии маълумот ҳангоми мубодилаи иттилоот;

д) таъмин намудани ҳифзи системаи иттилоотӣ аз дахолати тасодуфӣ ё барқасдона, аз он ҷумла:

- таҳияи талаботи умумӣ оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот;

- аз тарафи ҳар як мақомоти идоракунии давлатӣ таҳия ва ҷорӣ намудани нақшаи барқарорсозии системаи иттилоотӣ пас аз садама, бо мақсади барқарорсозӣ ва нигоҳ доштани коршоямии системаи иттилоотӣ;

- истифодабарии имзои электронии рақамӣ ҳангоми мубодилаи иттилооти хусусияти шахсӣ дошта;

- таҳияи нақшаҳои самараноки захиракунии маҳзани маълумот тарафи ҳар мақоми идоракунии давлатӣ;

- аз тарафи мақомоти идоракунии давлатӣ таъмини хариди давлатии воситаҳои ҳифзи иттилоот.

28. Дар марҳилаи якуми татбиқи Барнома дар солҳои 2014-2015 иҷрои вазифаҳои зерин дар назар дошта мешавад, аз он ҷумла:

- аниқ намудани функсия ва вазифаҳои мақомоти идоракунии давлатие, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудаанд;

- гузаронидани таҳлил ва мутобиқсозии бизнес-ҷараёнҳои дохилиидоравӣ (бизнес-функсияҳо);

- муайян ва амалӣ намудани вазифаҳои афзалиятнок, ки автоматикунониро талаб менамоянд;

- муайян намудани талабот барои таҷҳизонидани техникӣ бо мақсади мутобиқат намудан ба талаботи асосии техникии муосир;

- муайян намудани мақоми давлатие, ки пешбурди феҳристи захираҳои иттилооти давлатӣ ваколатдор шудааст ва тасдиқ намудани низомномаи он;

- гузаронидани таҳлил ва мутобиқсозии бизнес-ҷараёнҳои (бизнесфунксияҳои) байниидоравӣ;

- коркарди модели (қолаби) мубодилаи иттилоот барои системаҳои иттилоотӣ;

- ташкили давра ба давраи мубодилаи байниидоравии иттилооти электронӣ.

29. Дар марҳилаи дуюми татбиқи Барнома дар солҳои 2016-2017 иҷрои вазифаҳои зерин дар назар дошта мешавад, аз он ҷумла:

- харидорӣ намудани техникаи муосири компютерӣ ва сохтмони шабакаи маҳдуди ҳисоббарории идоравӣ;

- тарҳрезии системаҳои иттилоотии идоравӣ ва муайян намудани талабот нисбат ба таҳия ё харидории онҳо;

- таҳия ё харидорӣ намудани системаҳои иттилоотии идоравӣ, аз он ҷумла системаи иттилоотие, ки мубодилаи байниидоравии маълумотро пешбинӣ менамояд;

- ташкили мубодилаи байниидоравии иттилоот байни ҳамаи мақомоти давлатӣ;

- барои анҷом додани пардохтҳои калонҳаҷм ва фаврӣ ивазкунии низоми истифодашавандаи пардохтҳои байнибонкӣ ба низоми муосири автоматикунонидашудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо;

- иҷрои корҳо дар самти паҳн намудани низоми автоматикунонидашудаи интиқоли байнибонкии маблағҳо барои ҳамаи пардохтҳо.

30. Номгӯи чорабиниҳое, ки дар давраи татбиқи Барнома ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда ва ҳалли масъалаҳои афзалиятнокро таъмин менамоянд, дар Замима ба Барномаи мазкур оварда шудаанд. Номгӯи чорабиниҳо, чораҳои мушаххас ва арзёбии молиявии онҳо метавонад бо дарназардошти ҳолати ҷойдошта тағйир дода шавад. Чорабиниҳое, ки дар доираи Барномаи мазкур иҷро нашудаанд, чун қоида, ба давраи минбаъдаи амалисозии Барнома гузаронида мешаванд.

4. ИДОРАКУНИИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

31. Идоракунии татбиқи Барнома барои таъмини сифати зарурии иҷрои чорабиниҳои пешбинигардида, ноил гардидан ба натиҷаҳои ба нақша гирифташуда, ташкили ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки барои амалисозии он масъул мебошанд, пешбинӣ шудааст.

32. Иҷрои чорабиниҳои зерин дар назар дошта мешавад:

- гузаронидани экспертизаи қарорҳои лоиҳавии дар доираи татбиқи Барнома таҳиягардида;

- таъмини дастгирии иттилоотӣ ва инъикоси татбиқи Барнома барои ҷомеа;

- ҷорӣ намудани принсипҳои идоракунии лоиҳавии татбиқи Барнома, таҳияи регламентҳои идоракунӣ ва системаи иттилоотии дастгирии татбиқи онҳо;

- муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ барои дурнамои миёнамӯҳлат;

- тасвири таҷрибаи истифодабарии бомуваффақияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва таҳияи методикаи паҳн намудани минбаъдаи он;

- арзёбии ҳарсолаи самаранокии фаъолияти мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ;

- мониторинги харҷи маблағҳои буҷети давлатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои зикргардида ва таҳия намудани хулосаҳои дахлдор;

- ҳамоҳангсозии амалӣ намудани лоиҳаҳо дар сатҳи байниидоравӣ.

33. Ҳамоҳангсозии фаъолияти татбиқи Барнома аз тарафи Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2006, № 1707 таъсис дода шудааст, амалӣ карда мешавад. Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти вазорату идораҳо ҳар семоҳа рафти иҷрои чорабиниҳои Барномаи мазкурро баррасӣ менамоянд.

34. Барои мониторинги иҷрои Барнома нишондиҳандаҳои пайгиришавандаи зерин қабул карда шудаанд:

а) Шумораи кормандони дастгоҳи марказии мақомоти идоракунии давлатӣ, ки бо компютерҳо таъмин карда шудаанд, %;

б) Шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии мақомоти идоракунии давлатӣ, ки бо компютерҳо таъмин карда шудаанд, %;

в) Шумораи мақомоти марказии иҷроия, ки дар онҳо ҳуҷҷатгузории электронӣ дар дохили дастгоҳ ҷорӣ карда шудааст, воҳид;

г) Шумораи мақомоти марказии иҷроия, ки дар тамоми низоми онҳо ҳуҷҷатгузории электронӣ ҷорӣ карда шудааст, воҳид;

д) Ҳиссаи компютерҳои истифодашаванда, ки ба шабакаи ягонаи дохилии мақомоти давлатӣ пайваст карда шудаанд, %;

е) Шумораи мақомоти давлатие, ки ба шабакаи ягона пайваст гардида, мубодилаи электронии маълумотро байни худ таъмин намудаанд, воҳид;

ж) Шумораи маҳзанҳои электронии маълумоти мақомоти марказии иҷроия, ки ба дигар мақомоти давлатӣ дастрас мебошанд, воҳид.

5. ТАЪМИНОТИ ЗАХИРАВИИ БАРНОМА

35. Таъминоти захиравии Барнома дар асоси таҳлили хароҷот ва давомнокии иҷрои ҳар як чорабинии Барнома ҳисоб карда мешавад. Арзиши корманд-соат дар асоси музди миёнаи меҳнати мутахассис (коршинос) дар басти кории ташкилот-иҷрокунанда бо назардошти хароҷоти дигари вобаста муайян карда мешавад. Ҳамзамон хусусияти кор ба назар гирифта шуда, моддаҳои дахлдори хароҷоти буҷет муайян мегарданд.

36. Маблағгузории иҷрои чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- воситаҳои молиявӣ, ки ба мақомоти давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои мақсадҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар моддаи алоҳидаи хароҷотҳо ҷудо карда мешаванд;

- дигар сарчашмаҳои маблағгузории буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ;

- кӯмаки молиявӣ ва техникии ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва хориҷӣ.

37. Эҳтиёҷоти умумӣ ба маблағгузории Барнома, аз он ҷумла аз рӯи ҳар идора, дар ҷараёни иҷрои он муайян карда мешавад.

6. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИГАРДИДАИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

38. Рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ фаъолияти мақомоти давлатиро пурра тағйир дода, дар маҷмӯъ ҷиддан беҳтаргардии идоракунии давлатиро таъмин мекунад, ки ба мақсадҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 мутобиқат менамояд.

39. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барнома самараноки дар самтҳои зерин дар назар дошта мешавад:

- баланд бардоштани натиҷабахшии иҷрои вазифаҳои мақомоти давлатӣ аз ҳисоби таъмини дастрасӣ ва саҳеҳияти иттилооти истифодашаванда, истифодабарии маҳзанҳои ягонаи иттилоот;

- кам намудани хароҷоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои ташкили мубодилаи иттилоот дар сатҳи байниидоравӣ, инчунин аз ҳисоби рушди низоми байниидоравии ҳуҷҷатгузории электронӣ;

- баланд бардоштани сатҳи фаврият ва сифати қарорҳои қабулшаванда, кам намудани хароҷоти идоракунӣ аз ҳисоби таъсиси системаҳои дахлдори иттилоот, беҳтаргардонии инфрасохтори техникии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- ташаккули иқтидори иттиллоотию коммуникатсионии мақомоти давлатӣ барои хизматрасонии минбаъдаи электронӣ ба аҳолӣ ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва дар ин замина ташкил намудани "ҳукумати электронӣ".

Замима