Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби таъин ва додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда имтиёз доранд, бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ
Бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ дар ҷумҳурӣ ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ ва шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда имтиёз доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимагардидаи тартиби таъин ва додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда имтиёз доранд, бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- мувофиқи тартиби муқарраргардидаи ин Низомнома гузаронидани маблағҳои заруриро ба мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) барои додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсони имтиёздор аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2003 пешбинигардида ба андозаи 12 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои истеъмоли қувваи барқ - 8,8 миллион сомонӣ ва барои истеъмоли гази табиӣ - 3.2 миллион сомонӣ, таъмин намояд;
- якҷоя бо мақомоти ҳоимияти иҷроияи дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) назорати хароҷоти мақсадноки маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсони имтиёздор бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ ҷудо карда мешаванд, таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 марти соли 2003 № 144
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 марти соли 2003 № 144
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби таъин ва додани ҷубронпулӣ барои оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда имтиёз доранд, бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ
1. Ин Низомнома шартҳои таъин ва тартиби додани ҷубронпулии ҳармоҳаи суроғавии ғайринақдиро ба оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда имтиёз доранд, барои пӯшонидани хароҷоти истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ муайян мекунад.
2. Ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулии ҳармоҳаи суроғавии ғайринақдӣ барои пӯшонидани хароҷоти пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ, бинобар баланд шудани тарифҳо ба онҳо, он оилаҳои камбизоате доранд, ки аз тарафи комиссияҳои дар назди мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) таъсисёфта мутобиқи меъёри бо ин Низомнома муқарраргардида муайян карда мешаванд ва инчунин шахсоне, ки дар асоси қонунгузории амалкунанда имтиёз доранд.
3. Ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоате, ки даромади умумии онҳо аз музди меҳнати миёна дар ноҳия, шаҳр паст мебошад (мувофиқи маълумотҳои расмии оморӣ) ва инчунин ба шахсони имтиёздошта танҳо аз рӯи ҷойи истиқомати бақайдгирифта таъин карда мешавад.
4. Таъин кардани ҷубронпулӣ ва назорати истифодаи мақсадноки он ба зиммаи комиссияҳо гузошта мешавад, ки дар назди ҳукуматҳои маҳаллӣ ташкил карда мешаванд.
Комиссия аз ҳисоби намояндагони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, шӯроҳҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои таъминкунандаи барқу газ таъсис дода мешавад. Комиссияро муовини Раиси ноҳия (шаҳр), ки бахши иҷтимоиро сарпарастӣ мекунад, роҳбарӣ мекунад. Миқдори ҳайати комиссия бояд аз 7 нафар камтар набошад.
5. Барои муайян кардани андозаи ҷубронпулӣ комиссия бояд ведомостҳои даромаду ҳаҷми пардохтҳо дар шакли рӯйхатҳо, маълумотномаҳо ва ахбороти ҳомилони электронии иттилоотиро, ки аз мақомоти андоз, мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ, марказҳои шуғл ва дигар ташкилотҳо гирифта мешаванд, истифода мебаранд.
6. Ҷамоатҳо, шӯроҳои маҳалҳо, шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, идораи истифодаи минтақаҳо вазифадоранд, ки барои додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат, мунтазам ба комиссия маълумот пешниҳод намоянд.
7. Ташкилотҳои барқу газ таъминкунанда вазифадоранд мунтазам ба комиссияҳое, ки дар назди ҳукуматҳои маҳаллӣ таъсис гардидаанд дар бораи соҳибони манзил, ки ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулӣ доранд, аммо дар давраи дахлдор (семоҳа) маблағро напардохтанд, барои қабул намудани қарор оид ба додани ҷубронпулиҳо маълумотҳоро пешниҳод намоянд.
8. Барои муайян кардани андозаи ҷубронпулӣ, шаҳрвандон ба комиссия ариза, маълумот дар бораи ҳайати оила (маълумотнома аз ҷойи зист) ва инчунин даромадҳои ҳар аъзои оила (маълумот аз мақомоти андоз), пешниҳод менамоянд.
9. Барои ҳисоб кардани ҷубронпулӣ ба даромади умумии оила дохил карда мешаванд:
а) ҳамаи намудҳои музди меҳнат, бо дарназардошти иловапулиҳо, бақияи пул ва мукофотҳо;
б) стипендияҳо, нафақа, кӯмакпулӣ (ба ғайр аз кӯмакпулии яквақта);
в) даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва ғайра. Ҳамзамон дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ даромади аз замини наздиҳавлигӣ бадастомада, ки аз 0,06 га зиёд мебошад, ба ҳисоб гирифта мешавад.
Даромадҳои шахсони ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда дар асоси маълумотҳои мақомоти андози ноҳияҳо дар бораи ҳаҷми даромадҳои андозбандишавандаи ин шахсон муайян карда мешаванд; - г) пардохти кӯмакпулӣ бо сабаби бекорӣ;
д) даромадҳо аз иҷораи манзил (дар асоси маълумотҳои мақомоти андоз);
е) пардохти молии музди меҳнат, ки арзиши он аз рӯи нархҳои озодӣ (бозорӣ) ин минтақа дар даврае, ки музди меҳнат пардохт шудааст муайян карда мешавад;
ж) музди меҳнати воқеии шахсоне, ки дар назди шахсони алоҳида ва ё коллективи шаҳрвандон ба кор машғуланд. Дар айни ҳол, қисми молии музди меҳнати ин шахсон бо ҳаҷми арзиши умумии онҳо ба ҳаҷми арзиши пулии он дохил карда мешавад.
10. Ба даромади умумии оила дохил карда намешаванд:
а) алиментҳое, ки аъзои оила пардохт менамояд;
б) субсидия барои пӯшонидани хароҷоти пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ;
в) кӯмакпулиҳои мақсадноки яквақта;
г) таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ;
д) маблағи ҷубронпулиҳое, ки бо музди меҳнат, нафақа, кӯмакпулӣ ва стипендия ҳамроҳ пардохта шудааст.
11. Ҷубронпулӣ бо қарори комиссия ҳангоми мавҷуд будани варақа (квитансия) ва ҳуҷҷатҳои ҳамшабеҳ оид ба пардохти аз меъёр зиёд истеъмолшудаи қувваи барқ ва гази табиӣ дар семоҳаи гузашта дода мешавад.
12. Ҷубронпулии хароҷот барои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ барои як семоҳа, аз аввали соли 2003 таъин карда мешавад. Баъди гузаштани мӯҳлати нишондодашуда сардори оила бояд ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулиро тасдиқ кунад.
13. Ҷубронпулӣ барои истифодабарии қувваи барқ ба оила (хоҷагӣ) ва барои истифодабарии газ бошад алоҳида ба ҳар як аъзои оила, аммо на зиёдтар аз 6 нафар, ки дар хоҷагии мазкур зиёда аз як сол ба қайд гирифта шудаанд ва дар он зиндагӣ мекунанд, таъин карда мешавад.
14. Маблағҳои ҷубронпулие, ки дар натиҷаи аз тарафи шаҳрвандон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои бо маълумотҳои бардурӯғ зиёдатӣ пардохт шудаанд, бо талаби комиссияҳои назди ҳукуматҳои маҳаллӣ баргардонида мешавад. Ба шахсоне, ки дар барзиёд ҳисоб кардани ҷубронпулӣ гунаҳгоранд мувофиқи қонунгузорӣ чораҳо андешида мешаванд.
15. Андозаи ҷубронпулии якмоҳа мувофиқи чунин тафриқаи меъёрҳои истеъмолии қувваи барқ ва гази табиӣ ҳисоб карда мешавад.
- дар давраи тобистон (апрел-сентябр) аз рӯи ҳисоби истеъмоли қувваи барқ - 100квт/с. дар як моҳ ба оила (хоҷагӣ), истеъмоли газ (танҳо бароя тайёр намудани хӯрок) -10 куб. метр дар як моҳ барои як нафар;
- дар давраи зимистон (октябр-март) аз рӯи ҳисоби истеъмоли қувваи барқ - 150квт/с. дар як моҳ ба оила (хоҷагӣ), истеъмоли газ (танҳо барои тайёр намудани хӯрок) - 12 куб. метр дар як моҳ барои як нафар.
16. Манбаи маблағҳое, ки барои ҷубронпулӣ равона мешаванд маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ мебошанд.
Ҷубронпулӣ дар доираи маблағҳое, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ барои ин мақсад ҷудо мешаванд, таъин карда мешавад. Дар айни ҳол, аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллӣ равон намудани ин маблағҳои ҷубронпулӣ барои пардохти дигар намудҳои имтиёзҳо манъ аст.
17. Гузаронидани маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳисоби хазинадории шӯъбаҳои молиявии ҳукуматҳои маҳаллӣ на дертар аз таърихи 15 моҳи гузашта барои семоҳаи гузашта дар доираи маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, ки барои ин мақсадхо пешбинӣ карда шудаанд, анҷом дода мешавад.
18. Ҳангоми тақсимоти маблағҳо аз манбаъҳо нишондиҳандаҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд:
- шумораи аҳолӣ (мувофиқи маълумотҳои расмии оморӣ);
- сатҳи бо газ ва барқ таъмин будаи ноҳияҳо (мувофиқи маълумотҳои корхонаҳои таъминкунандаи барқу газ);
- даромади миёнаи солонаи аҳолӣ (мувофиқи маълумотҳои расмии оморӣ) ва инчунин дигар нишондиҳандаҳои лозимӣ.
19. Барои гузаронидани маблағҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳисоби хазинадорӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ба шӯъбаҳои молиявии маҳлҳо Протоколи қарори комиссия дар бораи додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсони имтиёздор оид ба пардохти қувваи барқ ва газро пешниҳод менамоянд.
20. Барои гузаронидани маблағҳои ҷубронпулӣ ба корхонаҳои таъминкунандаи барқу газ, онҳо ба шӯъбаҳои молиявии маҳалҳо ҳуҷҷатҳои пардохту ҳисоббаробаркуниҳоро пешниҳод менамоянд.
21. Барои пешбурди ҳисоботи ҷубронпулии додашуда шӯъбаҳои молиявии маҳалҳо бояд барои ҳар як шахси ҷубронпулигиранда ҳисоби шахсӣ кушоянд.
Ҳисобот барои қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсони имтиёздор алоҳида бурда мешавад.
22. Комиссияҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) барои ба аҳолӣ додани ҷубронпулӣ вазифадоранд ба ҳар шахси ҷубронпулигиранда парвандаи шахсӣ кушояд ва дар он бояд ҳуҷҷатҳое, ки барои таъини ҷубронпулӣ ва ҳисоб намудани андозаи он зарур мебошанд, нигоҳ дошта шаванд.