Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014 № 405 "Дар бораи ташкил намудани Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд"

Санаи амалкуни: 11.02.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ташкил намудани Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.02.2020 № 85)

Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади содда гардонидани ворид ва хориҷшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз 1 марти соли 2015 ҷорӣ карда шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 90 рӯз амал карда, дорандаи он метавонад дар ҳудуди ҷумҳурӣ на зиёда аз 60 рӯзи тақвимӣ аз санаи вуруд қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде дода мешавад, ки ҳуқуқи гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби содакардашуда доранд. Раводиди мазкур ройгон буда, дархосткунандаи он бояд тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи ҷаҳонӣ барои коркарди раводиди электронии яккарата 30 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка ё барои коркарди раводиди электронии бисёркарата 50 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка пардохт намояд. Дар сурати рад гардидани дархост, маблағ ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Арзиши коркарди раводиди электронӣ метавонад аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи муомилаи бамисл тағйир дода шавад. Ин амал дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.02.2020 № 85).

3. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби коркарди электронии раводиди электронӣ воридшаванда ба суратҳисоби махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ки худмаблағгузор мебошанд, равона карда мешаванд.

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо дигар вазорату идораҳои манфиатдор дар мӯҳлати як моҳ талаботи техникиро барои таъсис ва ҷорӣ намудани Шабакаи иттилоотии электронии гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд омода намуда дар мӯҳлати як моҳи минбаъда озмуни (тендерӣ) байналмилалиро бо иштироки номаҳдуди довталабон гузаронад;

- маблағгузории иқдоми мазкурро аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, амалӣ намояд;

- бо тартиби муқарраргардида давлатҳои хориҷиро дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардидани раводиди электронӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва таъсиси Шабакаи иттилоотии электронӣ барои додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор намояд;

- то 1 январи соли 2015 тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба қарори мазкур мутобиқ гардонида, ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

5. Муқаррар карда шавад, ки таъминоти минбаъдаи техникӣ, навкунӣ ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани таҷҳизот ва барномаҳои Шабакаи иттилоотии электронӣ барои додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳое, ки аз додани шнносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ, инчунин раводидҳои электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, анҷом дода мешаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 13 июни соли 2014 № 405

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ташкил намудани Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади содда гардонидани ворид ва хориҷшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз 1 марти соли 2015 ҷорӣ карда шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 90 рӯз амал намуда, дорандаи он метавонад дар қаламрави ҷумҳурӣ як карат, вале на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад. Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон танҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дода мешавад, ки ҳуқуқи гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби соддакардашуда доранд. Дархосткунандагони раводиди электронӣ бояд тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи ҷаҳонӣ маблағи 50 доллари ШМА-ро барои коркарди электронии он пардохт намоянд ва дар сурати рад гардидани дархост ин маблағ ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Раводиди электронӣ тамдид карда намешавад ва дорандагони он бояд дар мӯҳлати муқарраршуда ҷумҳуриро тарк намоянд. Маблағи коркарди раводиди электронӣ метавонад аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи баробарарзишӣ тағйир дода шавад.