Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ташкил намудани Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.02.2020 № 85)
Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади содда гардонидани ворид ва хориҷшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз 1 марти соли 2015 ҷорӣ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 90 рӯз амал карда, дорандаи он метавонад дар ҳудуди ҷумҳурӣ на зиёда аз 60 рӯзи тақвимӣ аз санаи вуруд қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде дода мешавад, ки ҳуқуқи гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби содакардашуда доранд. Раводиди мазкур ройгон буда, дархосткунандаи он бояд тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи ҷаҳонӣ барои коркарди раводиди электронии яккарата 30 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка ё барои коркарди раводиди электронии бисёркарата 50 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка пардохт намояд. Дар сурати рад гардидани дархост, маблағ ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Арзиши коркарди раводиди электронӣ метавонад аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи муомилаи бамисл тағйир дода шавад. Ин амал дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад ().
3. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби коркарди электронии раводиди электронӣ воридшаванда ба суратҳисоби махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ки худмаблағгузор мебошанд, равона карда мешаванд.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо дигар вазорату идораҳои манфиатдор дар мӯҳлати як моҳ талаботи техникиро барои таъсис ва ҷорӣ намудани Шабакаи иттилоотии электронии гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд омода намуда дар мӯҳлати як моҳи минбаъда озмуни (тендерӣ) байналмилалиро бо иштироки номаҳдуди довталабон гузаронад;
- маблағгузории иқдоми мазкурро аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, амалӣ намояд;
- бо тартиби муқарраргардида давлатҳои хориҷиро дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардидани раводиди электронӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва таъсиси Шабакаи иттилоотии электронӣ барои додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор намояд;
- то 1 январи соли 2015 тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба қарори мазкур мутобиқ гардонида, ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.
5. Муқаррар карда шавад, ки таъминоти минбаъдаи техникӣ, навкунӣ ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани таҷҳизот ва барномаҳои Шабакаи иттилоотии электронӣ барои додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳое, ки аз додани шнносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ, инчунин раводидҳои электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, анҷом дода мешаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 13 июни соли 2014 № 405
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Электронной информационной сети для получения визы Республики Таджикистан и внедрении электронной визы Республики Таджикистан для иностранных граждан и лиц без гражданства
(в редакции постановления Правительства РТ от 11.02.2020 № 85)
Согласно статье 21 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях упрощения въезда и выезда иностранных граждан и лиц без гражданства, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Электронную информационную сеть для получения визы Республики Таджикистан и внедрить с 1 марта 2015 года электронную визу Республики Таджикистан для иностранных граждан и лиц без гражданства.
2. Установить, что электронная виза Республики Таджикистан действует в течение 90 дней и ее владелец может находиться на территории республики не более 60 календарных дней с даты въезда. Электронная виза выдается тем иностранным гражданам и лицам без гражданства, которые имеют право получить визу Республики Таджикистан в упрощенном порядке. Данная виза бесплатная и ее заявитель должен оплатить 30 долларов Соединенных Штатов Америки за обработку однократной электронной визы или 50 долларов Соединенных Штатов Америки за обработку многократной электронной визы посредством международно признанных электронных сетей. В случае отказа ходатайства, данная сумма заявителю не возвращается. Стоимость обработки электронных виз может изменяться Министерством иностранных дел Республики Таджикистан по принципу взаимности. Данное действие оформляется в форме распоряжения министра иностранных дел Республики Таджикистан по согласованию с Правительством Республики Таджикистан.
3. Установить, что денежные средства, поступающие от электронной обработки электронных виз, переводятся на специальный счет Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан направляются для финансирования дипломатических представительств и консульских учреждений Республики Таджикистан за границей, находящихся на самофинансировании.
4. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан:
- совместно с другими заинтересованными министерствами и ведомствами в месячный срок подготовить техническое требование по созданию и внедрению Электронной информационной сети для получения визы Республики Таджикистан и внедрения электронной визы Республики Таджикистан для иностранных граждан и лиц без гражданства и в течение последующего месяца провести международный тендер с участием неограниченного количества участников;
- финансирование данной инициативы осуществить за счет выдачи заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан, имеющих электронный носитель информации;
- в установленном порядке информировать иностранные государства о введении в Республике Таджикистан электронных виз для иностранных граждан и создании Электронной информационной сети по выдаче виз Республики Таджикистан;
- до 1 января 2015 года привести все нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением и представить конкретные предложения по внесению изменений и дополнений в действующее законодательство.
5. Установить, что дальнейшее техническое обеспечение, обновление, поддержание на должном уровне оборудования и программ Электронной информационной сети по выдаче виз Республики Таджикистан и электронной визы Республики Таджикистан осуществляется Министерством иностранных дел Республики Таджикистан за счет средств, поступающих от выдачи заграничных паспортов, имеющих электронный носитель информации, а также электронных виз Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 13 июня 2014 года, № 405