Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "4" июни соли 2014 № 392
тасдиқ шудааст
Низомномаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
1. Муқаррароти умумӣ
1. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират (минбаъд - Намояндагӣ) бо мақсади иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои муҳоҷират дар Федератсияи Россия таъсис дода шудааст.
2. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Намояндагиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкур ташкил медиҳанд.
3. Намояндагӣ чораҳоро оид ба танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, мусоидат барои ҷойивазкунии муваққатӣ ва мавсимии шахсони воқеӣ, ки бо иваз намудани ҷойи истиқомат ё ҷойи кор, бакортаъминкунии қонунӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин бо маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия алоқаманд мебошанд, амалӣ месозад.
4. Намояндагӣ дар доираи ваколатҳои худ ба муҳоҷирони меҳнатӣшаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.
5. Намояндагӣ фаъолияташро бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамоҳанг месозад.
6. Намояндагӣ бо воҳидҳои сохтории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, байналмилалӣ ва дигар муассисаю идораҳо ҳамкорӣ менамояд.
7. Намояндагӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисоб, бланк ва мӯҳри худ мебошад.
8. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират қонунгузории Федератсияи Россияро риоя менамояд.
9. Сохтор, рӯйхати штатҳо, андозаи маоши роҳбар ва кормандони Намояндагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
10. Намояндагӣ метавонад дар ҳавзаҳои федералии Россия кормандони худро дошта бошад.
11. Кормандони Намояндагӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, бархурдор мебошанд.
2. Вазифаҳои асосии Намояндагӣ
12. Вазифаҳои асосии Намояндагӣ инҳо мебошанд:
- дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия (минбаьд - Сафорат) муаррифӣ ва ҳимоя намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират дар Федератсияи Россия;
- амалисозии чораҳо оид ба татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистои дар соҳаи муҳоҷират.
- дар якҷоягӣ бо Сафорат ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия;
- таҳлили бозори меҳнати Федератсияи Россия;
- ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират;
- дар доираи салоҳияти худ ба роҳ мондани робитаҳо ва мусоидат намудан ба фаъолияти пурсамари ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаслораҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ;
- анҷоми коргузорӣ ва иҷрои чорабинихо оид ба таъмини низоми махфӣ дар Намояндагӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Ваколатҳои асосии Намояндагӣ
13. Намояндагӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба инкишоф ва вусъати ҳамкорӣ бо давлати қабулкунанда доир ба масъалаҳои муҳоҷират;
- таҳлил ва пешгӯии вазъи муҳоҷират дар Федератсияи Россия вобаста ба таъсири эҳтимолии он ба раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз натиҷаҳои он сари вақт огоҳ сохтани Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорат;
- таҳти роҳбарии Сафорат дар якҷоягӣ бо муассисаҳои консулӣ ва дигар намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия андешидани чораҳо оид ба баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда дар кишвари иқомат;
- мусоидат ба фаъолияти ташкилот ва ҷамъиятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷик дар Федератсияи Россия;
- дар доираи салоҳияти худ дар мувофиқа бо Сафорат ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба инъикоси масъалаҳои муҳоҷират;
- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи сиёсати муҳоҷират ва вазъи муҳоҷиратдар Федератсияи Россия;
- баҳогузории воқеии вазъи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар давлати қабулкунанда аз нуқтаи назари таъсири эҳтимолии он ба раванди муҳоҷират;
- иштирок дар чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳияи шартномаҳои байнидавлатӣ ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа ва амалисозии онҳо;
- бунёди махзани электронии маълумот оид ба масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия;
- мусоидат кардан вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират, бо кор таъмин намудани мухоҷирони меҳнатӣ ва додани машваратҳои ҳуқуқӣ дар Федератсияи Россия;
- қабулу баррасии арзу шикоятҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар доираи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда дар Федератсияи Россия;
- мусоидат ба субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бастани шартномаҳо бо субъектҳои хоҷагидор ва корфармоёни Федератсияи Россия, ба роҳ мондани назорати доимӣ аз болои риояи шартномаҳое, ки байни субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармоёни Федератсияи Россия ба имзо расонидаанд, инчунин шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ ва шартномаҳо дар хусуси иҷрои кор (хизматрасонӣ), ки байни муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармоёни Федератсияи Россия баста шудаанд;
- мутобиқи қонунгузории давлати бокортаъминкунанда роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои муштарак бо хадамоти муҳоҷират, шуғл, маъмурияти шаҳру минтақаҳо ва мақомоти дигари манфиатдори Федератсияи Россия дар бобати бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бокортаъминкунӣ ва баҳогузории шароити меҳнат, истироҳат ва риояи ҳуқуқҳои онҳо;
- иштирок дар семинару конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар ҳудуди Федератсияи Россия ва пешниҳод намудани маълумот ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорат;
- дар доираи салоҳияти худ гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо ва машваратҳо, инчунин амалӣ намудани мубодилаи афкор бо намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират;
- дархости маълумоти оморӣ ва дигар иттилоот аз вазорату идораҳои дахлдори Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират, ки барои амалисозии фаъолияти Намояндагӣ заруранд;
- таҳия ва пешниҳоди хулоса оид ба қатъ ё бекор кардани иҷозатномаҳои субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки шартҳои иҷозатномадиҳиро риоя намекунанд;
- тибқи тартиби муқарраргардидаи ҳисоботдиҳӣ пешниҳод намудани маълумоти муфассал ва оморӣ оид ба фаъолияти Намояндагӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорат;
- таъмини иҷрои дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорат дар соҳаи муқарраргардида;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
4. Ташкили фаъолияти Намояндагӣ
14. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷиратро Роҳбари ои идора мекунад, ки бо пешниҳоди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
15. Роҳбари Намояндагӣ як муовин дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
16. Кормандони Намояндагӣ аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
17. Роҳбари Намояндагӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Намояндагӣ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
18. Роҳбари Намояндагӣ:
- фаъолияти Намояндагиро ташкил намуда, вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои ба зиммаи ӯ гузошташударо иҷро мекунад, риояи қонунҳо ва интизомро дар фаъолияти Намояндагӣ таъмин менамояд;
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Намояндагӣ гузошташуда шахсан масъул буда, доираи ваколатҳои кормандони Намояндагиро муайян месозад;
- нақшаи кори Намояндагиро тартиб медиҳад;
- бо тартиби муқарраргардида бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шартномаҳои шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ мебандад;
- дастурамали мансабии кормандонро дар асоси Низомномаи мазкур таҳия ва тасдиқ мекунад;
- кормандони Намояндагиро ба сафари хизматӣ ба дигар минтақаҳо мефиристад;
- ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони Намояндагӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- тибқи ҷадвали рухсатии тасдиқнамудаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Намояндагӣ рухсатии меҳнатӣ медиҳад;
- дар доираи салоҳияти худ оид ба ташкили фаъолияти Намояндагӣ фармоишҳоро ба имзо мерасонад;
- бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Намояндагӣ, оид ба ҳавасмандгардонии кормандони Намояндагӣ ва инчунин барои пешниҳоди кормандон ба мукофотҳои давлативу идоравӣ ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд.
5. Фаъолияти молиявию хоҷагидории Намояндагӣ
19. Маблағгузории хароҷот барои таъминоти Намояндагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар доираи маблағҳои тасдиқшуда амалӣ мегардад.
Намояндагӣ фаъолияти молиявию хоҷагидориро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда, истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин менамояд.
Намояндагӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз воситаҳои махфии алоқаи телефонӣ, телефаксӣ ва элекронӣ (рамзӣ, байналмилалӣ ва ҳукуматӣ) истифода мебарад.
Ҳисобот оид ба фаъолияти молиявии Намояндагӣ тибқи тартиби муқарраршуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Пардохти кӯмакпулию, ҷубронпулиҳо ба кормандони Намояндагӣ ҳангоми рафтан ба ҷойи кор ва ҳангоми озод шуданашон аз мансаби ишғолнамуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Таъминот бо нафақа ва кӯмакпулию иловапулиҳо ба кормандони Намояндагӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
20. Суроғаи ҳуқуқии Намояндагӣ дар асоси шартнома муайян: карда мешавад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июни соли 2014, № 392
тасдиқ шудааст
Сохтори Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, воқеъ дар шаҳри Москва
Роҳбарият
Шӯъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Шӯъбаи ҳуқуқ
Бахши молия, коргузорӣ ва ҳоҷагидорӣ
Котиби матбуот
***Замимаи 3 ва 4 дар матни аслӣ оварда мешаванд.