Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират табдил дода шавад.
2. Низомнома, сохтор, рӯйхати штатӣ ва сметаи хароҷоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистои ҷониби Россияро дар бораи ба низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидани Намояндагии собиқ Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, воқеъ дар шаҳри Москва огоҳ созад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории саривақтии хароҷоти нигоҳдории Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисчои дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷиратро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои фаъолияти сиёсати берунӣ пешбинӣ шудааст, таъмин намояд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2007, № 124 "Дар бораи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 июни соли 2014 № 392
ш. Душанбе