Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 4 июни соли 2014, № 391

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 391

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (минбаъд - Агентӣ) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои хизматрасонии давлатиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият амалӣ менамояд ва корро дар ин самт таҳти идораи бевоситаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

2. Агентӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад.

3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

2. Вазифаҳо

5. Агентӣ дар соҳаҳои муқарраршуда вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

а) дар соҳаи меҳнат:

- таъмини рушди устувори шарикии иҷтимоӣ тавассути ба имзо расонидани созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ ва қарордодҳои меҳнатӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо;

- бақайдгирии созишномаҳои соҳавии (тарифӣ) аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо басташуда ва шартномаҳои коллективии баимзорасонидаи ташкилоту муассисаҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо;

- ҳамкорӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон, сохторҳои мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо дар самти ҳаллу фасли масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ;

- мусоидат ба таъминоти саривақтӣ ва пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо;

- мунтазам мавриди таҳлил қарор додани масъалаҳои марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва пешниҳоди маълумот ба мақомоти ваколатдор;

- манзур намудани пешниҳодоти мушаххас ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти ҷойдоштаи соҳа;

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ дар ташкилоту корхонаҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо;

- омӯзиши тамоюлҳо ва масъалаҳои рушди минбаъдаи татбиқи кафолатҳои меҳнатӣ ба аҳолии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва пешниҳод ба мақомоти ваколатдори болоӣ;

- расонидани кӯмаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонаҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар самти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ;

- дар заминаи масъалаҳои дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баррасишаванда пешниҳод намудани таклиф барои такмил ва рушди қонунгузории соҳа ба мақомоти ваколатдори болоӣ;

- таъмини иҷрои саривақтии санадҳо ва дастуру супоришҳои мақомоти ваколатдори болоӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ;

б) дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ:

- бо дарназардошти вазъ дар бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар низоми доимоамалкунандаи мониторинги бозори меҳнатро дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкил менамояд;

- бо мақсади арзёбии вазъи бозори меҳнат, муайян намудани талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ, истифодаи самараноки қувваи корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳоро оид ба тадқиқи вазъи бозори меҳнат амалӣ менамояд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷамъоварӣ ва пешниҳоди саривақтии маълумоти омориро доир ба ҳолати бозори меҳнат таъмин менамояд ва барои ворид намудани шаклҳои нави оморӣ ҷиҳати арзёбии вазъи воқеии бозори меҳнат тадбирҳоро амалӣ месозад;

- ҳар сол оид ба ҳолати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ варақаҳои маълумотӣ интишор мекунад, ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдор дар бораи ҳолати он маълумот медиҳад;

- ҷиҳати роҳандозӣ намудани механизми шарикии иҷтимоӣ дар самти таъсис, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии ҷойҳои корӣ, инчунин тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои коргарӣ ва мутахассисон чорабиниҳо амалӣ менамояд;

- бо дарназардошти ҳолати бозори меҳнат, сатҳи шуғлнокӣ, бекорӣ ва дар асоси таҳлили ҳолати захираҳои меҳнатӣ, дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бо ҷалби дигар мақомоти дахлдор дар таҳияи лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз ҷумла барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғли табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ иштирок намуда, дар доираи ваколати худ иҷрои онҳоро таъмин менамояд;

- дар бораи муқаррар намудани квота барои ба кор қабул намудани шаҳрвандони дар бозори меҳнат осебпазир дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон таклифҳо таҳия намуда, барои баррасӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамояд ва дар доираи ваколатҳои худ иҷрои онҳоро таъмин менамояд;

- барои таҳсилоти касбӣ, тайёрии касбӣ ва бозомӯзии ашхосе, ки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ мебошанд, мусоидат менамояд;

- ҷойҳои кории холиро ба ҳисоб мегирад, аз рӯи ҷойҳои кории холии мавҷуда пешниҳод ва талаботро ба қувваи корӣ муайян менамояд ва махзани маълумотро оид ба ҷойҳои кории холӣ дар бозори меҳнати дохил ва хориҷ аз кишвар ташкил медиҳад;

- дастрасии озоди шаҳрвандон ва корфармоёнро ба махзани маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ таъмин мекунад ва ба шаҳрвандон дар интихоби кори муносиб, ба корфармоён дар интихоби кадрҳои коргарӣ мусоидат менамояд;

- ҷиҳати омодасозии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат ба шуғли онҳо дар хориҷ аз кишвар тадбирҳоро амалӣ менамояд;

- тавассути нашри буклетҳо, плакатҳо ва тайёр намудани варақаю овезаҳои иттилоотӣ, инчунин ташкил намудани барномаҳои радио ва телевизионӣ ба аҳолӣ оид ба вазъи бозори меҳнат, дар бораи тадбирҳои амалишавандаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва қонунгузорӣ дар ин соҳа иттилоъ медиҳад;

- дар ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунад;

- ба шуғли инфиродии шаҳрвандони бекор тавассути расонидани хизматҳои машваратӣ, ташкил ва гузаронидани тренингу семинарҳо, дастгирии молиявӣ мусоидат менамояд ва ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони бекор ва корҷӯй тариқи таъсиси муассисаҳои хурди истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, инчунин хоҷагиҳои ёрирасон кӯмак мерасонад;

- байни шаҳрвандони бекори дар мақомоти маҳаллии Агентӣ бақайдгирифташуда ташвиқоти ба соҳибкорӣ машғул шуданро таъмин менамояд;

- ҷиҳати мусоидати фаъол ба шуғли шаҳрвандони бекор тавассути ташкили нуқтаҳои кирояи қувваи корӣ, биржаҳои меҳнат, муассисаҳои шуғли беруна ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ махсусгардонидашуда тадбирҳоро таҳия ва амалӣ менамояд;

- мунтазам ярмаркаҳои минтақавӣ ва соҳавии ҷойҳои кории холиро бо иштироки корфармоён мегузаронад;

- оид ба роҳнамоии касбӣ хизматрасониҳо пешкаш менамояд, ба шаҳрвандони бекор ва онҳое, ки дар ҷустуҷӯи кор мебошанд, машваратҳо медиҳад;

- тавассути ярмаркаҳо пурсишҳои сотсиологӣ мегузаронад;

- фаъолияти низоми таҳсилоти калонсолонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ҳамоҳанг месозад, меъёрҳои давлатии системаи таҳсилоти калонсолонро дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор таҳия намуда, барои тасдиқ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ барномаҳои таълимиро оид ба таҳсилоти калонсолон таҳия намуда, оид ба ташкили таҳсилоти калонсолон хизматрасониҳо пешкаш мекунад;

- дар таҳия намудани стандартҳои касбии миллӣ бевосита иштирок менамояд;

- талаботро ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо муайян менамояд, низоми марказҳои таълимиро оид ба таҳсилоти калонсолон ба роҳ мемонад, усулҳои таълими модулӣ, инноватсионӣ ва дигар усулҳои таълими муосирро дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор ҷорӣ мекунад;

- омӯзиши касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисоси шаҳрвандони бекор ва ашхоси корҷӯро ташкил менамояд, якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён масъалаҳои бо кор таъмин намудани онҳоро пас аз хатми муассисаҳои таълимии касбӣ ҳал менамояд;

- барои муайян намудани талабот ба малакаҳои касбӣ пайваста тадқиқот мегузаронад;

- низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва сертификаткунонии малакаҳои касбии шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатиро тавассути худмаблағгузорӣ ба роҳ мемонад;

- роҳбарии методии низоми таълими касбии калонсолонро ташкил менамояд;

- ҷиҳати ташаккул додани низоми шарикии иҷтимоӣ дар раванди таҳсилот ва таълими касбии калонсолон тадбирҳоро таҳия ва амалӣ месозад;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида корҳоро оид ба муайян ва эътироф намудани мақоми бекории шаҳрвандон, таъин ва пардохти кӯмакпулӣ ҳангоми бекорӣ, инчунин пардохти стипендияро дар давраи таҳсил тибқи роҳхати мақомоти маҳаллии Агентӣ ташкил мекунад;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба боздоштан ё қатъ намудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, инчунин пардохти стипендия дар давраи таълим қарор қабул менамояд;

- оид ба зарурати муқаррар намудани иловапулӣ ҷиҳати пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ва стипендияи шаҳрвандони бекоре, ки дар парастории худ шахсони то 15-солаи таҳти таъминот қарордошта доранд, таклифҳоро таҳия ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамояд;

- экспертизаи иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва сармоягузории таҳияшавандаро дар самти таъсиси ҷойҳои кории нав мегузаронад;

- оид ба зарурати ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор хулоса медиҳад.

6. Агентӣ дар баробари ваколатҳои номбаршуда дар доираи татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кооператсия ҳамоҳангсозии молрасонии мутақобилаи ташкилотҳо, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ алоқаманд аст, муайян ва мувофиқсозии рӯйхати чунин молрасонии мутақобиларо амалӣ месозад:

- бо тартиби муқарраргардида оид ба тақсими фармоишҳои таҳвили мол, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ, аз ҷумла ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти Агентӣ озмунҳо мегузаронад ва шартномаҳои давлатӣ мебандад;

- вазифаҳои фармоишгари давлатии барномаҳо ва лоиҳаҳои мақсадноки илмию техникӣ ва сармоягузориро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ анҷом медиҳад;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида бо мақомоти ҳокимияти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ ҳамкорӣ менамояд;

- қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандонро таъмин намуда, аз рӯи онҳо қарор кабул менамояд ва ба муроҷиаткунандагон дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон посух ирсол менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;

- омодагии сафарбарии дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои дар тобеияташ бударо ба омодагии сафарбарӣ таъмин менамояд;

- тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони Агентиро ташкил менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар раванди фаъолияти Агентӣ ташкил меёбанд, анҷом медиҳад;

- вазифаҳои тақсимкунанда ва қабулкунандаи асосии маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои молиявии барои таъминоти Агентӣ пешбинишударо амалӣ месозад;

- дар доираи фаъолияти худ конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳоро ташкил менамояд.

7. Агентӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳояш ҳуқуқ дорад:

- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доир ба масъалаҳое, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият марбут мебошанд, шарҳу тавзеҳ диҳад;

- барои кор карда баромадани масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб созад;

- ташкили кор ва роҳбарии фаъолияти сохторҳои тобеъро амалӣ менамояд;

- Агентӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ надорад танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва функсияи назоратиро анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ҳуқуқ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Ин маҳдудияти ваколатҳои Агентӣ ба ваколатҳои директори Агентӣ оид ба ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ташкили фаъолияти Агентӣ, назорати фаъолияти сохторҳои таркибии он татбиқ намегардад.

3. Ташкили фаъолият

8. Ба Агентӣ директор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Директори Агентӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ вогузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

Директори Агентӣ муовини якум ва муовин дорад, ки онҳо бо пешниҳоди директори Агентӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Шумораи муовинони директори Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

9. Директори Агентӣ:

- лоиҳаи Низомнома, Нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Агентиро ҷиҳати тасдиқи минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи солона ва нишондиҳандаҳои фаъолияти Агентӣ, инчунин оид ба иҷрои онҳо ҳисобот пешниҳод менамояд;

- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони директор ва сармуҳосиби Агентӣ, роҳбарони мақомоти вилоятӣ ва шаҳри Душанбе ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони ташкилотҳои системаи Агентиро мувофиқа менамояд;

- муовинони роҳбарон ва сармуҳосибони мақомоти вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, инчунин ташкилотҳои системаи Агентиро бо пешниҳоди роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбарони мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентиро дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сармуҳосибони мақомоти Агентиро бо пешниҳоди роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- дар доираи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, фонди музди меҳнат ва рӯйхати штатии дастгоҳи марказии Агентиро тибқи талаботи намунавӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории онро дар доираи меъёрҳои муқарраргардида барои тасдиқ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони қисмҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ тақсим менамояд;

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин бо тартиби муқарраргардида низомномаю оинномаҳои ташкилотҳои системаи Агентиро тасдиқ менамояд;

- оид ба эълони озмунҳо ҷиҳати ишғоли мансабҳо дар дастгоҳи марказии Агентӣ, мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои система қарор қабул мекунад, кормандони дастгоҳи марказии Агентиро (ба ғайр аз роҳбарият) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Агентӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинигардидаро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом медиҳад;

- дар доираи меъёрҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шумораи кормандони мақомот ва ташкилотҳои маҳаллии Агентӣ, фонди музди меҳнат ва рӯйхати штатии онҳоро тибқи талаботи намунавӣ, инчунин сметаи хароҷоти нигоҳдории онҳоро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор пешбинишуда тасдиқ менамояд;

- қарору фармоишҳо мебарорад, дастуруламалҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳоеро, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, мақомоту ташкилотҳои маҳаллии системаи Агентӣ ҳатмӣ аст, тасдиқ мекунад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Агентиро тасдиқ мекунад, инчунин ҳисоботҳоро оид ба фаъолияти онҳо баррасӣ менамояд;

- ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ташкилотҳои системаи Агентӣ ҷиҳати пешниҳоди минбаъдаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- ба ташкилотҳои системаи Агентӣ супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- қарорҳои ба қонунгузорӣ ва меъёрҳои муқарраргардида ихтилофдоштаи мақомоту ташкилотҳои системаи Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани қарорҳо тибқи қонун муқаррар нашуда бошад;

- масъалаҳои ҳавасмандгардонии моддии кормандони Агентӣ, роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаро ҳал намуда, барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои меҳнатӣ ҷиҳати сарфароз гардонидан кормандонро мувофиқи тартиби муқарраргардида бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

10. Ҷиҳати баррасии масъалаҳои фаъолият ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди Агентӣ бо тартиби муқарраргардида мақомоти (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ) ҳамоҳангсоз, аз ҷумла байнисоҳавӣ таъсис дода мешаванд.

11. Агентӣ, бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, бо тартиби муқарраргардида нашри варақаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопиро анҷом медиҳад.

12. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкаҳои дахлдор буда, аз суратҳисоби ягонаи Саррраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

13. Маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳи марказии Агентӣ: 734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ- 5/1.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 391

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Роҳбарият

Раёсати ҳифзи меҳнат

Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Раёсати тарҳрезию молия

Раёсати ташкилӣ

Шӯъбаи ҳуқуқ

Шӯъбаи маъмурию хоҷагӣ

Бахши кадрҳо

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 391

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб

Раёсат, шӯъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 391

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ"

Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази таълимии шаҳри Душанбе"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе"