Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2014, № 372
тасдиқ шудааст
Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016
1. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
1. Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 (минбаъд-Барнома) бо мақсади таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, моликият, кафолати ҳуқуқҳои қонунии онҳо зимни иштирок дар ҳаракат дар роҳ, инчунин ҳифзи муҳити зист аз моддаҳои зараровари аз муҳаррики воситаҳои нақлиёт ихроҷшаванда таҳия гардидааст.
2. Барои ноил шудан ба ин мақсад ҳалли вазифаҳои зерин зарур аст:
- баланд бардоштани самараи идора ва назорати давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- пешгирӣ намудани рафтори хавфноки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва баланд бардоштани интизоми нақлиётии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ;
- ба талаботи меъёрҳои мавҷуда мутобиқ намудани ҳолати техникии роҳҳои автомобилгард;
- таъмин намудани муассисаҳои сохтмону истифодабарии роҳҳо бо воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳҳо;
- ба талаботи меъёрҳои мавҷуда мутобиқ намудани муассисаҳои таълимии ронандатайёркунӣ ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт;
- такмили таъмини ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, ташкилию техникии фаъолияти назоратӣ;
- баланд бардоштани самараи корҳои зиддисадамавию наҷотдиҳӣ ва расонидани кӯмаки таъҷилии тиббӣ ба зарардидагони садамаҳои нақлиётӣ;
- аз байн бурдани ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти назоратӣ.
2. Зарурати Барнома
3. Фаъолияти бонизоми нақлиёт асоси рушди самараноки иқтисодиёти давлат ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти нақлиётӣ ба раванди фаъолияти он ҳамаҷониба мусоидат мекунад, зеро фаъолияти бехатар ва зарурии системаи нақлиётӣ ба амнияти иқтисодӣ, ҳарбӣ, технологӣ, экологӣ ва иҷтимоии давлат бевосита таъсир мерасонад.
4. Дар давраи аз соли 2003 то соли 2013 дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ зиёда аз 16900 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо зиёда аз 4960 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 19300 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Ба ҳисоби миёна ҳар сол дар қаламрави ҷумҳурӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт 451 нафар одамон ҳалок ва зиёда аз 1750 нафар ҷароҳат мегиранд, ки зиёда аз нисфи онҳо маъюб мешаванд, зарари ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ расонидашуда низ назаррас мебошад. Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, омилҳои асосие, ки сабаби рух додани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мешаванд инҳоянд:
- номукаммалии маҷмӯи идораи давлатӣ, танзим ва назорати фаъолият оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- ба талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ ҷавобгӯй набудани ҳолати роҳҳои автомобилгард, норасогии аломатҳои роҳ, воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ;
- сатҳи пасти интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ;
- норасогии таъминоти техникӣ, тадбирҳо оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути ташкили ҳаракати нақлиёт бо истифода аз технологияҳои замонавӣ, номутобиқатии ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ба талаботи ҳозира ва сари вақт нарасонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон;
- сифати пасти тайёр намудани кадрҳои ронандагӣ, интизоми ғайриқаноатбахш ва беаҳамиятии ронандагони воситаҳои нақлиёт дар риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ.
5. Бинобар ин зарурат ба миён омадааст, ки Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 таҳия ва тасдиқ карда шавад.
3. Самтҳои асосии Барнома
6. Иҷрои чорабиниҳои Барномаи мазкур дар асоси татбиқи маҷмӯи тадбирҳои зерин амалӣ мегардад:
- такмили маҷмӯи давлатии идора ва назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- такмили сиёсати давлатӣ дар мавриди кор бо иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ;
- такмили назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- такмили ҳолати техникии роҳҳои автомобилгард;
- такмили заминаи ҳуқуқӣ дар самти назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- баланд бардоштани шуурнокии ҳуқуқии аҳолӣ оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ.
7. Барномаи мазкур рушди ояндаи самтҳои муҳим ва босамари фаъолиятро оид ба беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин ва пешниҳод менамояд.
4. Натиҷаи татбиқи Барнома
8. Дар ҳолати ба ин мақсад муваффақ шудан ва ба эътидол овардани вазъи садаманокӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, то андозае вазнинии оқибатҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиёт (шумораи фавтидагон ва ҷароҳатгирифтагон) коҳиш хоҳад ёфт.
5. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
9. Маблағгузории чорабиниҳои дар Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 пешбинишуда аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва дигар маблағҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, сурат мегирад.
6. Нақшаи чорабиниҳои Барнома
10. Нақшаи чорабиниҳои Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016:
Нақша