Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 аз 3 июни соли 2014 № 372

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2014, № 372

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2014, № 372

тасдиқ шудааст

Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016

1. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

1. Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 (минбаъд-Барнома) бо мақсади таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, моликият, кафолати ҳуқуқҳои қонунии онҳо зимни иштирок дар ҳаракат дар роҳ, инчунин ҳифзи муҳити зист аз моддаҳои зараровари аз муҳаррики воситаҳои нақлиёт ихроҷшаванда таҳия гардидааст.

2. Барои ноил шудан ба ин мақсад ҳалли вазифаҳои зерин зарур аст:

- баланд бардоштани самараи идора ва назорати давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ;

- пешгирӣ намудани рафтори хавфноки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва баланд бардоштани интизоми нақлиётии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ;

- ба талаботи меъёрҳои мавҷуда мутобиқ намудани ҳолати техникии роҳҳои автомобилгард;

- таъмин намудани муассисаҳои сохтмону истифодабарии роҳҳо бо воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳҳо;

- ба талаботи меъёрҳои мавҷуда мутобиқ намудани муассисаҳои таълимии ронандатайёркунӣ ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт;

- такмили таъмини ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, ташкилию техникии фаъолияти назоратӣ;

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 июня 2014 года, №372

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 июня 2014 года, №372

Программа улучшения обеспечения безопасности движения на автомобильных дорогах Республики Таджикистан на 2014-2016 годы

1. Цель и задачи Программы

1. Программа улучшения обеспечения безопасности движения на автомобильных дорогах Республики Таджикистан на 2014-2016 годы (далее - Программа) разработана с целью защиты жизни и здоровья граждан, имущества, гарантии их законных прав посредством участия в дорожном движении, охрана окружающей среды от вредных веществ выводящихся двигателем транспортных средств.

2. Для достижения этих целей необходимо решение следующих проблем:

- повышение эффективности государственного управления и контроля за безопасностью дорожного движения;

- предупреждение опасных действий участников дорожного движения и повышение транспортной дисциплины участников дорожного движения;

- приведение технического состояния автомобильных дорог в соответствие с существующими нормами;

- обеспечение дорожно-строительных учреждений техническими средствами регулирования дорожного движения;

- приведение учебных организаций по подготовке водителей в соответствие с существующими нормами и повышение качества подготовки водителей транспортных средств;

- усовершенствование правового, информационного, организационного и технического обеспечения надзорной деятельности;

...