Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2014 № 355
тасдиқ шудааст
Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29122018 № 619, аз 26.10.2023 № 492)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (минбаъд - Тартиб) дар асоси моддаҳои 3 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" (минбаъд - Қонун) таҳия гардидааст. Тартиби мазкур қоидаҳои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муайян месозад.
2. Субъектҳо, объектҳо, асосҳо ва самтҳои афзалиятноки гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ дар Қонун пешбинӣ гардидааст.
3. Ҳамзамон, дар раванди гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ, дар сурати ошкор гардидани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ё ба мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳод ирсол менамояд, ки баррасии он ҳатмӣ мебошад .
4. Мақомоти давлатии таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, бо мақсади таъмини имконияти гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсияҳо, стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ, дар баробари барои мувофиқа ирсол намудани лоиҳаҳо онҳоро дар сомонаи интернетии худ ҷойгир мекунанд.
5. Шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъияти тибқи талаботи Қонун ва Тартиби мазкур экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мустақилона метавонанд гузаронанд.
2. Талаботи асосӣ барои гузаронидани зкспертизаи зиддикоррулсионӣ ва арзёбии дохилиидоравӣ
6. Самарабахшии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ дар баробари риояи принсипҳои пешбининамудаи Қонун бо низомнокӣ, эътимоднокӣ ва воқеияти натиҷаҳои он муайян карда мешавад.
7. Барои таъмини самарабахш гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ бояд экспертизаи ҳар як меъёри санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мавҷудияти омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия гузаронида шуда, натиҷаҳои он бо дарназардошти пайдарҳамии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия баён карда шаванд.
8. Аз рӯи натиҷаҳои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ хулоса таҳия карда мешавад. Дар хулоса муқаррароти санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо нишон додани қисми таркибии он (муқаддима, қисм, фасл, боб, параграф, модда, қисм дар модда, банд, зербанд, сархат), ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шудаанд, инъикос мегарданд. Инчунин дар хулоса метавонад оқибати эҳтимолии дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бартараф нагардидани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия инъикос карда шавад.
9. Муқаррароти дар раванди гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ ошкоршуда, ки ба омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия мансуб намебошад, аммо метавонад барои коррупсия шароит фароҳам оварад, дар хулоса ба таври алоҳида нишон дода мешавад.
10. Субъекти ваколатдор (субъектҳои тибқи Қонун барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдор, инчунин субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда, яъне мақомоти давлатии таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳоро мегузаронад) дар асоси таҳлилҳои мавҷудаи мақомот оид ба амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ (матни ҳисоботу маърӯзаҳо, омор ва дигар маводи воҳидҳои таҳлилию иттилоотӣ оид ба таҷрибаи амалии санҷишҳои молиявӣ ва аудит, оперативӣ, тафтишотию судӣ ва пешгирии коррупсияи низомнок), таҳқиқот (соҳаҳои илми ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо, сотсиологӣ дар бораи боварии аҳолӣ ба давлат, рейтингҳои байналмилалии ҳолати коррупсия дар кишвар), таҳлили хабарҳои воситаҳои ахбори омма оид ба коррупсия (дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти журналистии ҳолатҳои коррупсия) ва таҷрибаи амалии худ пешгӯӣ менамояд, ки чӣ меъёрии ҳуҳуқии амалкунанда ё қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ метавонад барои коррупсия шароит фароҳам оварад ё имконият диҳад, ки ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ содир шаванд .
11. Субъекти ваколатдор дар раванди гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ ҳангоми баҳодиҳии санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ:
- асосҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, байналмилалӣ (стандартҳои байналмилалӣ) ва танзими ҳуқуқии мавҷуда вобаста ба муносибати иҷтимоии ташаккулёбанда дар соҳаи дахлдорро ба инобат мегирад;
- таъсири санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро ба муносибатҳои иҷтимоӣ аз нуқтаи назари коррупсия пешгӯӣ менамояд;
- амалияи татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ, мушкилоти дар ин давра бавуҷудомада, ҳолатҳои муқаррарнашудаи коррупсия, инчунин муқаррароти мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқии барои коррупсия шароит фароҳамоварандаро ба инобат мегирад;
- хусусиятҳои хоси низоми ҳуқуқӣ ва муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати роҳ надодан ба такроршавии танзими ҳуқуқӣ бо якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба як соҳа ва объектҳоро ба инобат мегирад;
- муқаррар шудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳо, ба таври дақиқ муайян шудани салоҳияти онҳоро месанҷад;
- таҳлили ботафсили сабабҳои таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро амалӣ менамояд, ки кадом омилҳо барои таҳияи он таъсир расониданд;
- бо тартиби муқарраргардида иттилооти воҳидҳои дигари мақомоти давлатиро дархост ва истифода намуда, дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб менамояд;
- хавфи онро, ки меъёри нав ваколати назоратбариро васеъ менамояд (салоҳдиди субъектҳо) ва субъекти ҳуқуқдиҳанда ва назоратбаранда як шахс мебошад, муайян менамояд;
- додани ваколат ба як субъект (шахси мансабдор, комиссия)таҳлили низомнок ва арзёбии самаранокӣ ва таносуби оқилонаи расмиёти пешбинишавандаи назоратбарӣ, инчунин хароҷоти зарурии иқтидори назорат барои амалӣ намудани онро месанҷад;
- маҳдудиятҳои маъмуриро, ки бо ин меъёр дар бозори озод ва соҳаҳои дигар муқаррар мешаванд ва садди роҳи масалан, соҳибкории озод мегарданд, муайян мекунад;
- ба таври асоснок нишон медиҳад, ки барои чӣ ин ё он меъёр метавонад барои ба вуҷуд омадани коррупсия шароит фароҳам оварад;
- мувофиқати мазмуни санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи он ба ҳаҷми муносибатҳои ҳуқуқии танзимшаванда ва кофӣ будани ҳаҷми танзими ҳуқуқиро месанҷад;
- мавҷуд будани нуқсонҳо ё ихтилофоти меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки ба тафсири духӯраи (думаънидори) мазмуни санади меъёрии ҳуқуқӣ роҳ медиҳанд, ошкор менамояд;
- мавҷуд будани назорати иҷро гардидани санади меъёрии ҳуқуқии мазкур, фаъолияти субъектҳо ва расмиётро таҳлид мекунад;
- ҳолатеро муайян менамояд, ки санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бозорӣ бе асоси кофӣ (беадолатона) ҳуқуқҳои иштирокчиёни онҳоро (гурӯҳи иштарокчиёнро) маҳдуд насозад, даромади иқтисодиро ба манфиати гурӯҳҳои маҳдуд (бо тартиби инҳисорӣ имтиёзҳо диҳад) ва хароҷоти иловагиро ба дӯши субъектҳои хоҷагидорӣ нагузорад;
- ҳолатеро меомӯзад, ки санади меъёрии ҳуқуқӣ шаффофияти фаъолияти субъекти давлатӣ ё оммавиро паст накунад;
- масъалаи камтар пешбинӣ шудани расмиётро барои қабули қарорҳо, агар салоҳдиди шахси мансабдор ё мақомотро васеъ намояд, ба инобат мегирад ;
- ҳолатҳоеро ошкор мекунад, ки санади меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳоди маълумоти иловагии барои моҳияти кор зарурнабударо пешбинӣ намуда, масъулияти шахсони назораткунандаро пешбинӣ намекунад ё ҷиҳати таъмини идоракунии дахлдор ба таври кофӣ пешбинӣ накардааст, тартиби ротатсия аз нуқтаи назари вазифаҳои асосӣ, ихтисос ва манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои давлатӣ (оммавӣ) мақсаднок набуда, талаботи тахассусӣ нисбат ба таҷрибаи субъектҳо (шахсони мансабдор ва хизматчиёну кормандони дигари масъули онҳо) ғайрикофӣ буда, дигар ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо маълум гардидаанд.
12. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мӯҳлати амалӣ намудани расмиёти арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ то 1 моҳ буда, дар ҳолатҳои истисноӣ роҳбарияти мақомоти дахлдор метавонад онро то 30 рӯз тамдид намояд
3. Арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
13. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта бояд ҳатман аз арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ гузаронида шаванд. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштае, ки бе гузаронидани арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ ба мақоми ваколатдор барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ пешниҳод карда мешаванд, мавриди экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ қарор дода намешаванд ().
14. Дар раванди арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хусусиятҳои хоси танзими соҳавӣ, тахассусӣ, ки аз меъёрҳои техникӣ, таҷрибаи амалӣ ва анъанаҳои касбӣ бармеоянд, дар маълумотномаи асосноккунанда ба пуррагӣ оварда мешаванд.
15. Натиҷаи арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳо дар маълумотномаи асосноккунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оварда шуда, метавонад аз қисми муқаддимавӣ (асосҳои ҳуқуқии қабули қарор), тавсифӣ (овардани ҳолатҳои воқеӣ ва рақамҳои зарурӣ) ва хотимавӣ (баён намудани мақсади танзими ҳуқуқии санади мазкур, ба таври мушаххас нишон додани натиҷаҳои пешбинишаванда ва меъёри баҳодиҳии ҳолати иҷрои нишондиҳандаҳо ва сарчашмаҳои маблағгузории хароҷоти барои татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур, ҳангоми зарурат овардани ҳисоббарории даромади моддӣ барои буҷети давлатӣ ва манфиатҳои ҷамъиятӣ, ки қабули лоиҳаи мазкур меоварад ва омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, дар сурати ошкор шудани онҳо) иборат бошад.
4. Барасмиятдарории натиҷаҳои экспертизаи зиддикоррупсионӣ
16. Натиҷаи экспертизаи зиддикоррупсионии санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар хулоса оварда мешавад, ки он аз қисми муқаддимавӣ (асосҳои ҳуқуқии экспертизаи зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст), тавсифӣ (мавҷуд будан ё набудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дар натиҷаи экспертизаи зиддикоррупсионӣ ошкор карда шуданд) ва хотимавӣ (роҳу воситаҳои бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ба воситаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ) иборат мебошад.
17. Хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тибқи самтҳои афзалиятноки пешбининамудаи Қонун) аз ҷониби роҳбари мақомот (сарпарасти воҳиди ваколатдор) имзо карда мешавад. Сардори воҳиди ваколатдоршуда ва муовинони роҳбари мақомот роҳбарии умумии ҷараёни гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсиониро амалӣ намуда, масъалаҳои баҳснокро ҳал менамоянд. Хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ дар воҳиди сохтории дахлдори субъекти ваколатдор ба қайд гирифта шуда, ба субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ирсол карда мешавад .
18. Гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии ҳаҷман калонро метавонад гурӯҳи мутахассисон амалӣ намояд, ки аз тарафи роҳбарияти мақомот таъин гардида, хулосаи умумӣ таҳия менамояд .
19. Дар сурати ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, хусусияти онҳо, пешниҳодҳо оид ба бартараф намудани онҳо, тавсияҳо оид ба ворид намудани чораҳои пешгирикунанда ба таври алоҳида дар қисми хотимавии хулоса оварда мешаванд. Инчунин, дар хулоса дар сурати ошкор шудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ки дар асоси он ё тибқи муқаррароти алоҳидаи он лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст, тавсияҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо оварда мешаванд.
20. Хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ба мақомоти давлатии таҳиякунандаи лоиҳа, мақомоте, ки тибқи муқаррароти қонун барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ дастур ё супориш додааст, дархост кардааст, мақомоти давлатии дигар, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар ҷавоб ба муроҷиати онҳо, вобаста ба санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бошад, ба субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ирсол карда мешавад. Ҳангоми такроран ворид шудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (лоиҳа оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқии пас аз гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ таҳияшуда), ки мавриди экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ қарор дода шуд, субъекти ваколатдор бо риояи қоидаҳои Тартиби мазкур экспертизаи давлатии зиддикоррупсиониро такроран мегузаронад ва дар хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ дар ин хусус қайд гузошта мешавад .
5. Муқаррароти хотимавӣ
21. Экспертҳо ҳангоми таҳияи хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустақил мебошанд.
22. Субъектҳои барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдор барои сифати экспертизаи зиддикоррупсионӣ масъул мебошанд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2014 № 355
тасдиқ шудааст
Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (минбаъд - Тартиб) дар асоси моддаҳои 3 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" (минбаъд -Қонун) таҳия гардидааст. Тартиби мазкур қоидаҳои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муайян месозад.
2. Субъектҳо, объектҳо, асосҳо ва самтҳои афзалиятноки гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ дар Қонун пешбинӣ гардидааст.
3. Ҳамзамон, дар раванди гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ, дар сурати ошкор гардидани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ё ба мақоми назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳод ирсол менамояд, ки баррасии он ҳатмӣ мебошад.
4. Мақомоти давлатии таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, бо мақсади таъмини имконияти гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсияҳо, стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ, дар баробари барои мувофиқа ирсол намудани лоиҳаҳо онҳоро дар сомонаи интернетии худ ҷойгир мекунанд.
5. Шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъияти тибқи талаботи Қонун ва Тартиби мазкур экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мустақилона метавонанд гузаронанд.
2. Талаботи асосӣ барои гузаронидани зкспертизаи зиддикоррулсионӣ ва арзёбии дохилиидоравӣ
6. Самарабахшии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ дар баробари риояи принсипҳои пешбининамудаи Қонун бо низомнокӣ, эътимоднокӣ ва воқеияти натиҷаҳои он муайян карда мешавад.
7. Барои таъмини самарабахш гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ бояд экспертизаи ҳар як меъёри санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мавҷудияти омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия гузаронида шуда, натиҷаҳои он бо дарназардошти пайдарҳамии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия баён карда шаванд.
8. Аз рӯи натиҷаҳои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ хулоса таҳия карда мешавад. Дар хулоса муқаррароти санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо нишон додани қисми таркибии он (муқаддима, қисм, фасл, боб, параграф, модда, қисм дар модда, банд, зербанд, сархат), ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шудаанд, инъикос мегарданд. Инчунин дар хулоса метавонад оқибати эҳтимолии дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бартараф нагардидани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия инъикос карда шавад.
9. Муқаррароти дар раванди гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ ошкоршуда, ки ба омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия мансуб намебошад, аммо метавонад барои коррупсия шароит фароҳам оварад, дар хулоса ба таври алоҳида нишон дода мешавад.
10. Субъекти ваколатдор (субъектҳои тибқи Қонун барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдор, инчунин субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда, яъне мақоми давлатии таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳоро мегузаронад) дар асоси таҳлилҳои мавҷудаи мақомот оид ба амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ (матни ҳисоботу маърӯзаҳо, омор ва дигар маводи воҳидҳои таҳлилию иттилоотӣ оид ба таҷрибаи амалии санҷишҳои молиявӣ ва аудит, оперативӣ, тафтишотию судӣ ва пешгирии коррупсияи низомнок), таҳқиқот (соҳаҳои илми ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо, сотсиологӣ дар бораи боварии аҳолӣ ба давлат, рейтингҳои байналмилалии ҳолати коррупсия дар кишвар), таҳлили хабарҳои воситаҳои ахбори омма оид ба коррупсия (дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти журналистии ҳолатҳои коррупсия) ва таҷрибаи амалии худ пешгӯӣ менамояд, ки чӣ меъёрии ҳуҳуқии амалкунанда ё қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ метавонад барои коррупсия шароит фароҳам оварад ё имконият диҳад, ки ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ содир шаванд.
11. Субъекти ваколатдор дар раванди гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ ҳангоми баҳодиҳии санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ:
- асосҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, байналмилалӣ (стандартҳои байналмилалӣ) ва танзими ҳуқуқии мавҷуда вобаста ба муносибати иҷтимоии ташаккулёбанда дар соҳаи дахлдорро ба инобат мегирад;
- таъсири санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро ба муносибатҳои иҷтимоӣ аз нуқтаи назари коррупсия пешгӯӣ менамояд;
- амалияи татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ, мушкилоти дар ин давра бавуҷудомада, ҳолатҳои муқаррарнашудаи коррупсия, инчунин муқаррароти мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқии барои коррупсия шароит фароҳамоварандаро ба инобат мегирад;
- хусусиятҳои хоси низоми ҳуқуқӣ ва муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати роҳ надодан ба такроршавии танзими ҳуқуқӣ бо якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба як соҳа ва объектҳоро ба инобат мегирад;
- муқаррар шудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳо, ба таври дақиқ муайян шудани салоҳияти онҳоро месанҷад;
- таҳлили ботафсили сабабҳои таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро амалӣ менамояд, ки кадом омилҳо барои таҳияи он таъсир расониданд;
- бо тартиби муқарраргардида иттилооти воҳидҳои дигари мақомоти давлатиро дархост ва истифода намуда, дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб менамояд;
- хавфи онро, ки меъёри нав ваколати назоратбариро васеъ менамояд (салоҳдиди субъектҳо) ва субъекти ҳуқуқдиҳанда ва назоратбаранда як шахс мебошад, муайян менамояд;
- додани ваколат ба як субъект (шахси мансабдор, комиссия)таҳлили низомнок ва арзёбии самаранокӣ ва таносуби оқилонаи расмиёти пешбинишавандаи назоратбарӣ, инчунин хароҷоти зарурии иқтидори назорат барои амалӣ намудани онро месанҷад;
- маҳдудиятҳои маъмуриро, ки бо ин меъёр дар бозори озод ва соҳаҳои дигар муқаррар мешаванд ва садди роҳи масалан, соҳибкории озод мегарданд, муайян мекунад;
- ба таври асоснок нишон медиҳад, ки барои чӣ ин ё он меъёр метавонад барои ба вуҷуд омадани коррупсия шароит фароҳам оварад;
- мувофиқати мазмуни санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи он ба ҳаҷми муносибатҳои ҳуқуқии танзимшаванда ва кофӣ будани ҳаҷми танзими ҳуқуқиро месанҷад;
- мавҷуд будани нуқсонҳо ё ихтилофоти меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки ба тафсири духӯраи (думаънидори) мазмуни санади меъёрии ҳуқуқӣ роҳ медиҳанд, ошкор менамояд;
- мавҷуд будани назорати иҷро гардидани санади меъёрии ҳуқуқии мазкур, фаъолияти субъектҳо ва расмиётро таҳлид мекунад;
- ҳолатеро муайян менамояд, ки санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бозорӣ бе асоси кофӣ (беадолатона) ҳуқуқҳои иштирокчиёни онҳоро (гурӯҳи иштарокчиёнро) маҳдуд насозад, даромади иқтисодиро ба манфиати гурӯҳҳои маҳдуд (бо тартиби инҳисорӣ имтиёзҳо диҳад) ва хароҷоти иловагиро ба дӯши субъектҳои хоҷагидорӣ нагузорад;
- ҳолатеро меомӯзад, ки санади меъёрии ҳуқуқӣ шаффофияти фаъолияти субъекти давлатӣ ё оммавиро паст накунад;
- масъалаи камтар пешбинӣ шудани расмиётро барои қабули қарорҳо, агар салоҳдиди шахси мансабдор ё мақомро васеъ намояд, ба инобат мегирад;
- ҳолатҳоеро ошкор мекунад, ки санади меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳоди маълумоти иловагии барои моҳияти кор зарурнабударо пешбинӣ намуда, масъулияти шахсони назораткунандаро пешбинӣ намекунад ё ҷиҳати таъмини идоракунии дахлдор ба таври кофӣ пешбинӣ накардааст, тартиби ротатсия аз нуқтаи назари вазифаҳои асосӣ, ихтисос ва манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои давлатӣ (оммавӣ) мақсаднок набуда, талаботи тахассусӣ нисбат ба таҷрибаи субъектҳо (шахсони мансабдор ва хизматчиёну кормандони дигари масъули онҳо) ғайрикофӣ буда, дигар ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо маълум гардидаанд.
12. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мӯҳлати амалӣ намудани расмиёти арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ то 1 моҳ буда, дар ҳолатҳои истисноӣ роҳбарияти мақоми дахлдор метавонад онро то 30 рӯз тамдид намояд.
3. Арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
13. Мақоми давлатии таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаи давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот арзёбии идоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳоро мегузаронад ва онро якҷоя бо лоиҳаи таҳияшуда ё санади тасдиқгардида ба субъекти ваколатдор барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ пешниҳод мекунад.
14. Дар раванди арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хусусиятҳои хоси танзими соҳавӣ, тахассусӣ, ки аз меъёрҳои техникӣ, таҷрибаи амалӣ ва анъанаҳои касбӣ бармеоянд, дар маълумотномаи асосноккунанда ба пуррагӣ оварда мешаванд.
15. Натиҷаи арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳо дар маълумотномаи асосноккунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оварда шуда, метавонад аз қисми муқаддимавӣ (асосҳои ҳуқуқии қабули қарор), тавсифӣ (овардани ҳолатҳои воқеӣ ва рақамҳои зарурӣ) ва хотимавӣ (баён намудани мақсади танзими ҳуқуқии санади мазкур, ба таври мушаххас нишон додани натиҷаҳои пешбинишаванда ва меъёри баҳодиҳии ҳолати иҷрои нишондиҳандаҳо ва сарчашмаҳои маблағгузории хароҷоти барои татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур, ҳангоми зарурат овардани ҳисоббарории даромади моддӣ барои буҷети давлатӣ ва манфиатҳои ҷамъиятӣ, ки қабули лоиҳаи мазкур меоварад ва омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, дар сурати ошкор шудани онҳо) иборат бошад.
4. Барасмиятдарории натиҷаҳои экспертизаи зиддикоррупсионӣ
16. Натиҷаи экспертизаи зиддикоррупсионии санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар хулоса оварда мешавад, ки он аз қисми муқаддимавӣ (асосҳои ҳуқуқии экспертизаи зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст), тавсифӣ (мавҷуд будан ё набудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дар натиҷаи экспертизаи зиддикоррупсионӣ ошкор карда шуданд) ва хотимавӣ (роҳу воситаҳои бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ба воситаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ) иборат мебошад.
17. Хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тибқи самтҳои афзалиятноки пешбининамудаи Қонун) аз ҷониби роҳбари мақомот (сарпарасти воҳиди ваколатдор) имзо карда мешавад. Сардори воҳиди ваколатдоршуда ва муовинони роҳбари мақомот роҳбарии умумии ҷараёни гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсиониро амалӣ намуда, масъалаҳои баҳснокро ҳал менамоянд. Хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионӣ дар воҳиди сохтории дахлдори субъекти ваколатдор ба қайд гирифта шуда, ба субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ирсол карда мешавад.
18. Гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии ҳаҷман калонро метавонад гурӯҳи мутахассисон амалӣ намояд, ки аз тарафи роҳбарияти мақомот таъин гардида, хулосаи умумӣ таҳия менамояд.
19. Дар сурати ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, хусусияти онҳо, пешниҳодҳо оид ба бартараф намудани онҳо, тавсияҳо оид ба ворид намудани чораҳои пешгирикунанда ба таври алоҳида дар қисми хотимавии хулоса оварда мешаванд. Инчунин, дар хулоса дар сурати ошкор шудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ки дар асоси он ё тибқи муқаррароти алоҳидаи он лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст, тавсияҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо оварда мешаванд.
20. Хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионӣ ба мақоми давлатии таҳиякунандаи лоиҳа, мақоме, ки тибқи муқаррароти қонун барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ дастур ё супориш додааст, дархост кардааст, мақоми давлатии дигар, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар ҷавоб ба муроҷиати онҳо, вобаста ба санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бошад, ба субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ирсол карда мешавад. Ҳангоми такроран ворид шудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (лоиҳа оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқии пас аз гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ таҳияшуда), ки мавриди экспертизаи зиддикоррупсионӣ қарор дода шуд, субъекти ваколатдор бо риояи қоидаҳои Тартиби мазкур экспертизаи зиддикоррупсиониро такроран мегузаронад ва дар хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионӣ дар ин хусус қайд гузошта мешавад.