Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" июни соли 2014, № 354
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналӣ
1. Муқаррароти умумӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 82)
1. Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналӣ (минбаъд-Қоидаҳо) муносибатҳои байни иҷрокунандагон ва истеъмолкунандагони хизматҳо оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва таъмин бо захираҳои дахлдорро танзим намуда, тартиби пешниҳод ва пардохти хизматрасониҳо, ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва масъулияти истеъмолкунандагон ва иҷрокунандагонро муайян менамояд.
2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:
а) иҷрокунанда:
- ташкилоте, ки дар моликият ё идоракунии амалиётиаш фонди манзил, иншоот ва шабакаҳои муҳандисӣ қарор дорад ва ба вазифаҳои ӯ пешниҳоди хизматрасониҳои коммуналӣ ба истеъмолкунанда дохил мешавад ва ё ваколатдор аст, ки вазифаҳои иҷрокунандаро барои истеъмолкунандагони дар фонди манзил ва иншооти дигари давлатӣ ё ғайридавлатӣ истиқоматкунанда анҷом диҳад;
- корхонаи пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои коммуналӣ ба истеъмолкунандагони дар фонди манзил истиқоматкунанда;
- хадамоти манзилию коммуналӣ, ки оид ба таъмин намудани истеъмолкунандагони дар фонди манзил истиқоматкунанда, бо хизматрасониҳои коммуналӣ шартномаҳо мебандад;
б) истеъмолкунанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ)-ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзғор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд ();
в) шабакаҳои дохилӣ (дохилибиноӣ) - шабакаҳои аз дохили биноҳо ва ё қитъаи замин гузаранда, ки расонидани маҳсулотро ба асбобҳои истеъмолкунанда таъмин мекунанд;
г) сарҳади масъулияти истифодабарӣ - хатти ҷудошудаи ҷузъиёти шабакаҳои муҳандисӣ аз рӯи нишонаҳои ӯҳдадорӣ (масъулият) барои истифода ва хизматрасонии техникии ҷузъиёти мазкур, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гашта, дар шартнома дарҷ гардидаанд;
д) қобилияти гузарониш - имконияти шабакаҳои муҳандисӣ оид ба гузаронидан ва қабул намудани миқдори муайяни захираҳо дар реҷаи муқарраршуда дар вақти муайян;
е) маҳсулот - нерӯи барқ, оби хунук ва гарм, гази табиӣ, нерӯи гармӣ дар шакли оби гарм, ки барои пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба таъмини барқ, гармӣ, газ, об ва таҳвили маҳсулот истифода мешаванд;
ж) шабакаҳои муҳандисӣ - маҷмӯи иншооти молу мулкие, ки бевосита дар ҷараёни пешниҳоди захираҳо истифода мешаванд;
з) нақшаи шабакаҳо - нақшаи тамоми шабакаҳои муҳандисии барои дастрасии умум кушода, ки мақоми меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо тартиби ҳатмӣ дар асоси ҷойгиркунии иншооти сохтмонии мавҷуда ва тарҳрезишаванда дар соҳаи таъмини барқ, гармӣ, газ, об ва канализатсия тартиб медиҳанд;
и) шабакаҳои аз ҷиҳати технологӣ ба ҳам пайвастгардида шабакаҳои муҳандисии ба ташкилотҳо бо ҳуқуқи соҳибмулкӣ ва ё дигар асосҳои қонунӣ тааллуқдошта, ки нуқтаҳои тарафайни пайвастшавӣ доранд ва дар системаи ягонаи технологии таъмини барқ, гармӣ, газ, об ва канализатсия иштирок менамоянд;
к) нуқтаи пайвастшавӣ - ҷой дар иншооти сохтмонӣ ва ё қитъаи замин барои пайвастшавии асбобҳо ба шабакаҳои муҳандисии таъминкунандаи барқ, гармӣ, газ, об ва канализатсия;
л) хизматрасонии техникӣ - маҷмӯи чорабиниҳо, ки азназаргузаронии муоинавӣ, хизматрасониҳои ҷорӣ ва садамавии шабакаҳои муҳандисиро дар бар мегирад;
м) шартҳои техникӣ - ҳуҷҷате, ки нуқтаи пайвастшавиро ба шабакаҳои муҳандисӣ муайян намуда, барои пайвастшавии сарборӣ (тавоноӣ), сарчашмаи таъминот, нишондодҳои баранда ва ё қабулкунанда, тарзу усул ва ҷадвали танзимкунанда, нишондодҳо ва талаботи асосие, ки бояд барои пайвастшавии иншооти сохтмонӣ (ё таҷдидшаванда) ба шабакаҳои муҳандисӣ иҷро шаванд ва ба истеъмолкунанда кафолати пайвастшавиро ба шабакаҳои муҳандисӣ диҳанд. Шартҳои техникӣ аз ҷониби ташкилоте, ки дар зербанди "а"-и банди мазкур пешбинӣ шудааст дода мешавад.
3. Қоидаҳои мазкур нисбат ба истеъмолкунандагон ва иҷрокунандагони хизматрасонӣ оид ба таъмини гарми, барқ, газ ва обу канализатсия новобаста аз тобеияти идоравиашон шаклҳои моликият ва ҳуқуқию ташкилии онҳо татбиқ карда мешавад.
4. Қоидаҳои мазкур инчунин нисбат ба ҳолатҳое, ки дар натиҷаи сохтмони (ё таҷдиди) шабакаҳои муҳандисӣ ва ё таҷҳизот оид ба истеҳсоли маҳсулот зарурати пайвастшавии муваққатӣ ва ё доимӣ ба шабакаҳои муҳандисии аз ҷиҳати технологӣ ба ҳам алоқаманд ба миён меояд, татбиқ карда мешаванд.
5. Расмиёти пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
- гирифтани шартҳои техникӣ дар доираи додани супоришҳои меъморию банақшагирӣ барои тарҳрезии иншоот тибқи Қоидаҳои мазкур ва бо дарназардошти талаботи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ;
- ба имзо расонидани шартномаи барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии техникии онҳо;
- пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ.
2. Тартиби гирифтани шартҳои техникӣ
6. Шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ аз ҷониби иҷрокунанда дар асоси дархости мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ё истеъмолкунанда дода мешаванд.
7. Ҳангоми таҷдид, дигаршаклӣ, азнавтарҳсозии иншоот, ки ба афзоиш ва ё коҳишёбии миқдори захираҳои зарурии истифодашаванда алоқаманд нестанд, гирифтани шартҳои нави техникӣ талаб карда намешавад.
8. Дархост бояд номгӯйи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ё истеъмолкунанда макони ҷойгиршавӣ ва суроғаи почтавии онро бо замимаи нусхаи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби истеъмолкунанда ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои гирифтани шартҳои техникӣ пешниҳодшуда дар бар гирад.
9. Талаб намудани пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳо манъ аст.
10. Иҷрокунанда, ки истифодабарии шабакаҳои муҳандисиро амалӣ мекунад, ӯҳдадор аст дар давоми 10 рӯзи корӣ баъд аз гирифтани дархост ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ё истеъмолкунанда шартҳои техникӣ оид ба имконияти пайвастшавии иншооти тарҳрезишуда ба шабакаҳои муҳандисию техникиро бо нишон додани ҷойи пайвастшавӣ равона намояд.
11. Дар сурати муайян шудани номувофиқатии тавоноии дархостшуда ба шарту талаботи мавҷуда, иҷрокунанда ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати пешбинишудаи банди 10 Қоидаҳои мазкур аз рӯзи гирифтани дархост ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ё истеъмолкунанда оид ба номувофиқатии тавоноии дархостшуда бо нишон додани сабабҳои номувофиқатӣ хулоса пешниҳод намояд.
12. Мавҷуд набудани имконият барои пайваст шудан ба шабакаҳои муҳандисӣ наметавонад барои рад кардани дархост ҷиҳати додани супоришҳои меъморию банақшагирӣ шавад.
13. Шартҳои техникӣ бояд дорои маълумоти зерин бошанд:
- номгӯй ва суроғаи иншоот;
- нуқтаҳои пайвастшавӣ;
- тавоноӣ дар ҳар як нуқтаи пайвастшавӣ;
- ҳадди ниҳоии сарборӣ дар ҳар як нуқтаи пайвастшавӣ;
- мӯҳлати амали шартҳои техникӣ;
- мӯҳлати пайвастшавии иншооти сохтмонӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ;
- талаботи махсус ва иловагии техникӣ.
14. Иҷрокунандае, ки шартҳои техникиро ба истеъмолкунанда додааст, ҳуқуқ надорад, ки шартҳои онро тағйир диҳад ва ё иҷрои онҳоро қатъ намояд.
15. Дар сурати мавҷуд набудани имконияти пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ дар маҳалли нишондода, аз ҷониби иҷрокунанда бояд дигар имкониятҳои таъмини муҳандисии иншоот нишон дода шавад.
16. Гирифтани дигар шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ, ки Қоидаҳои мазкур пешбинӣ накардаанд, талаб карда намешавад.
17. Пайвастшавии иншооти сохтмонӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ бе гирифани шартҳои техникӣ ва бастани шартнома манъ аст.
18. Пешниҳоди шартҳои техникӣ ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ё истеъмолкунанда аз ҷониби иҷрокунанда ройгон аст.
19. Дар сурати ба миён омадани зарурати зиёд намудан ва ё кам кардани тавоноии қаблан иҷозатдодашуда, шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ ба иҷрокунанда, ки бо ӯ дар бораи хизматрасонии коммуналӣ шартнома бастааст, дархости хаттии дахлдор пешниҳод менамояд.
20. Иҷрокунанда, ки бо ӯ дар бораи пешниҳоди хизматрасонии коммуналӣ шартнома баста шудааст, ӯҳдадор аст дар давоми 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи воридшавии дархост шартҳои техникии навро бе тағйир додани нуқтаи пайвастшавӣ ва бе қатъ кардани шартҳои техникии пештар додашуда, ба истеъмолкунанда пешниҳод намояд.
21. Ҳангоми зарурат бояд дар давоми 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳоди шартҳои техникии нав ба шартномаи пешниҳоди хизматрасонии коммуналӣ тағйироти дахлдор ворид карда шавад.
3. Мӯҳлати амали шартҳои техникӣ
22. Шартҳои техникӣ ба мӯҳлати се сол дода мешавад ва аз лаҳзаи бастани шартнома дар бораи пешниҳоди хизматрасонии коммуналӣ ва пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ қатъ мегарданд.
23. Мӯҳлати амали шартҳои техникӣ мумкин аст дар асоси дархост ба мӯҳлати як сол дароз карда шавад.
24. Маълумот оид ба мавҷудияти тавоноӣ ва шабакаҳои муҳандисии вуҷуддошта ва банақшагирифташуда, инчунин оид ба расмиёти пайвастшавии иншооти сохтмонӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар давоми 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи муроҷиати онҳо ба таври ройгон пешниҳод карда мешавад.
4. Тартиби пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ
25. Пайвастшавии иншооти сохтмонаш (ё таҷдидаш) анҷомёфта ба шабакаҳои муҳандисӣ то қабули иншоот барои истифода тибқи зинаҳои зерин сурат мегирад:
- пешниҳоди ариза оид ба имзо расонидани шартнома дар бораи пешниҳоди хизматрасонии коммуналӣ ва пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ;
- аз ҷониби истеъмолкунанда ва иҷрокунанда имзо шудани шартномаҳо дар бораи пешниҳоди хизматрасонии коммуналӣ ва пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ дар асоси санади муайянсозии сарҳади масъулияти истифодабарии иншооти ба шабакаҳои муҳандисӣ пайвастшаванда;
- пешниҳоди маҳсулот.
26. Барои пайваст намудани иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ истеъмолкунанда ба иҷрокунанда бо ариза ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- шартҳои техникӣ;
- барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахсе, ки аризаро аз номи истеъмолкунанда ба имзо расонидааст;
- барои шахси воқеӣ- шиноснома;
- ҳуҷҷатҳои иҷрои корҳо (санадҳои иҷрои корҳои ноаёни хатҳои муҳандисӣ).
27. Аз истеъмолкунанда талаб кардани дигар ҳуҷҷатҳо манъ аст.
28. Иҷрокунанда ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо қабул намуда, дарҳол ба истеъмолкунанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули ин ҳуҷҷатҳоро медиҳад.
29. Иҷрокунанда дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи ворид шудани ариза мутобиқати ҳуҷҷатҳоро ба талаботи муқаррарнамудаи банди 26 омӯхта, дар ҳолати муайян кардани номутобиқатии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи банди мазкур ӯҳдадор аст, ки дар ҳамин мӯҳлат истеъмолкунандаро дар бораи номутобиқатии ошкоргардида ба таври хаттӣ огоҳ намояд.
30. Ариза дар бораи пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ бояд дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза баррасӣ карда шавад.
31. Дар доираи мӯҳлати баррасии ариза мутобиқати иҷрои корҳо оид ба ҷойгирсозии шабакаҳо ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назар гузаронида мешавад, сарҳади моликият ё тобеияти мувозинавӣ бо истеъмолкунанда мувофиқа карда мешавад.
32. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ ва мувофиқасозӣ истеъмолкунанда ва иҷрокунанда санади дахлдорро оид ба мутобиқатӣ ба имзо мерасонанд, ки асос барои бастани шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасонии коммуналӣ ва хизматрасонии техникии шабакаҳои муҳандисӣ ба ҳисоб меравад.
33. Иҷрокунанда дар давоми 5 рӯзи корӣ бо истеъмолкунанда дар хусуси пешниҳоди хизматрасонии коммуналӣ ва хизматрасонии техникӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ шартнома ба имзо мерасонад.
34. Иҷрокунанда дар давоми 5 рӯзи корӣ, аз рӯзи ба имзо расидани шартнома иншоотро ба шабакаҳои муҳандисӣ пайваст намуда, пас аз он ба шабакаҳои муҳандисӣ расонидани хизмати асосии техникиро оғоз менамояд.
35. Пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ дар асоси шартномаи дутарафа амалӣ карда мешавад.
5. Тартиби пешниҳод ва пардохти хизматрасонӣ
36. Низоми пешниҳоди хизматрасониҳо ба истеъмолкунандагон бояд дар ҳолати тайёрии доимӣ қарор дошта бошад, ба истиснои ҳолатҳои зерин:
- ҳангоми гузаронидани корҳои таъмир ва профилактикӣ (аз тарафи иҷрокунанда мутобиқи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, қоидаҳои истифодабарии техникӣ, муқаррарот дар бораи гузаронидани таъмири ҷорию асосӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии муқарраргардида);
- дар вақти танаффус дар давраи гармидиҳӣ барои низомоти гармидиҳӣ, ки аз тарафи иҷрокунанда бо дарназардошти шароити обу ҳаво муқаррар мегарданд;
- ҳангоми рӯй додани офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, ки аз иҷрокунанда вобастагӣ надоранд.
37. Иҷрокунанда ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда хизматрасонии сифатнок ба талаботи ҳатмии меъёрҳо ва стандартҳо, қоида ва ҷавобгӯи меъёрҳои санитарӣ, шартҳои шартнома, инчунин маълумот оид ба хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи иҷрокунандаро расонад.
38. Хусусиятҳои истеъмолӣ ва реҷаи пешниҳоди хизматрасонӣ бояд ба меъёрҳои муқарраршудаи зерин мутобиқат намоянд:
- аз рӯи гармидиҳӣ - ба ҳарорати ҳаво дар хонаҳои истиқоматӣ ҳангоми иҷрои чорабиниҳо оид ба гарм кардани истиқоматгоҳҳо мутобиқи меъёрҳои амалкунанда ва қоидаҳо;
- аз рӯи таъминоти барқ - ба нишондиҳандаи нерӯи барқ аз рӯи стандартҳои амалкунанда;
- аз рӯи таъминоти газ - ҳаҷми таъминоти газ аз рӯи стандартҳои амалкунанда;
- аз рӯи таъминоти оби хунук - аз рӯи хусусият ва таркиби оби интиқолшаванда, инчунин ҳисоби хароҷоти об дар нуқтаи тақсим, бояд ба талаботи гигиенӣ ҷавобгӯ бошанд;
- аз рӯи таъминоти оби гарм - ба талаботи беҳдоштӣ аз рӯи таркиб, хусусият ва дараҷаи гармкунии оби интиқолшаванда, инчунин аз рӯи ҳисоби хароҷоти об дар нуқтаи тақсим;
- аз рӯи канализатсия - мутобиқат ба равонасозии обҳои ганда.
39. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки аз рӯи бехатарии хизматрасониҳо ба истеъмолкунанда назорат мебаранд ҳуқуқ доранд, ки ба воҳидҳои ҳудудии худ вазифаи амалисозии аниқ кардани ҳаҷми хусусиятҳои истеъмолӣ, тартиби хизматрасонӣ ва сатҳи муқаррар намудани кафолати сифатро бо дарназардошти таркиб ва фарсудашавии фондҳои асосии таъиноти коммуналӣ, шароити иқлимӣ ва дигар шароити маҳаллии нуқтаи аҳолинишин супоранд. Иҷрокунанда дар бораи қарорҳои қабулшуда ва тасҳеҳоти дахлдори ҳаҷми пардохти хизматрасониҳо тавассути воситаҳои ахбори омма истеъмолкунандаро қабл аз як моҳ то ба расмият даровардани қарори қабулшуда бояд огоҳ кунад.
40. Иҷрокунанда вазифадор аст, ки дар шакли аёнӣ ва дастрас маълумотро дар бораи Қоидаҳои мазкур, хизматҳои расонидашаванда ва нархҳои онҳо, шартҳои пардохт, реҷаю тартиби пешниҳоди хизматрасониҳо, хусусиятҳои истеъмолии онҳо, мавҷудияти сертификат ба хизматрасониҳое, ки онро талаб мекунанд, таъмин намояд.
41. Хизматрасониҳо ба истеъмолкунанда ба таври музднок тибқи шартнома ва Қоидаҳои мазкур расонида мешаванд.
42. Дар шартнома инҳо инъикос меёбанд:
- сифати хизматрасониҳо, реҷаи пешниҳоди хизматрасониҳо ва ҳаҷмҳои меъёрии истеъмол;
- тартиб ва мӯҳлати бартараф кардани носозӣ ва садамаҳо дар доираи масъулияти истифодабар;
- андоза ва шартҳои муқарраргардидаи пардохтҳо, давраи ҳисобу китоб ва мӯҳлати пешбурди пардохт, ҷаримаи аҳдшиканӣ барои сари вақт напардохтани ҳаққи хизматрасониҳо;
- ҷавобгарии иҷрокунанда барои сари вақт бартараф накардан ва пешниҳоди хизматрасониҳо;
- тавсифи техникии таҷҳизоти муҳандисии бинои истиқоматӣ, инчунин нишондиҳандаи муайянкунандаи тавоноии ҳадди ниҳоии асбобу дастгоҳҳо ва мошинҳои барқию маишӣ;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣ ва масъулияти иҷрокунанда ва истеъмолкунанда;
- шартҳои қатъ гардидани хизматрасониҳо.
43. Номгӯи хизматрасониҳое, ки ба истеъмолкунанда пешниҳод карда мешаванд, аз рӯи дараҷаи (сатҳи) ободонии иншоот муайян карда мешаванд.
44. Ҳаҷми пардохти хизматрасониҳо аз ҷониби иҷрокунанда дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ муқаррар карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
45. Давраи ҳисобот барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳо дар як моҳи тақвимӣ муқаррар карда мешавад. Пардохт то 10-уми моҳи баъд аз он амалӣ карда мешавад. Ҳаққи хизматрасониҳо ба таври муназзам дар давоми сол пардохт карда мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
46. Шакли пардохти хизматрасониҳо дар мувофиқа бо истеъмолкунанда ва иҷрокунанда ба таври нақдӣ ё ғайринақдӣ сурат мегирад. Пардохт ба таври нақдӣ ба воситаи ҳуҷҷати махсуси пардохт бо истифодаи мошинҳои назоратию хазинавӣ анҷом дода мешавад.
47. Дар сурати мавҷуд будани дастгоҳи баҳисобгирии истеъмолкунандагон пардохти хизматрасонӣ метавонад бевосита ба худи иҷрокунанда сурат гирад. Ҳамзамон муносибатҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур барои истеъмолкунанда ва иҷрокунанда дар қисми ӯҳдадориҳо ҳуқуқ ва масъулиятҳояшон нигоҳ дошта мешаванд, ки он бояд дар шартнома инъикос ёбад.
48. Ҳангоми мувофиқат накардани хизматрасонӣ ба талаботи сифати муқарраргардидаи шартнома ҳаққи пардохт низ аз ҷониби истеъмолкунанда мутаносибан кам мегардад.
49. Феҳристи номувофиқатиҳо ва андозаи онҳо, андозаи камшавии онҳо ва тартиби ба қайд гирифтани номувофиқатӣ, инчунин шартҳои тавсиявии кам кардани ҳаққи пардохти хизматрасониҳо дар сурати паст гардидани сифати хизматрасонии коммуналӣ ба истеъмолкунандагон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо воҳидҳои ҳудудии онҳо муқаррар карда мешаванд.
6. Тартиби истифода аз хизматрасониҳо
50. Тартиби истифода аз хизматрасониҳо бояд дар асос ва мутобиқи Қоидаҳои мазкур ва шартнома сурат гирад.
51. Назорати истифодаи дурусти хизматрасониҳо аз тарафи иҷрокунанда мутобиқи шартнома амалӣ карда мешавад.
7. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои истеъмолкунанда ва иҷрокунандаи хизматрасониҳо
52. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:
- ба гирифтани хизматрасониҳои сифаташ муқарраршуда, ки барои ҳаёт ва саломатиаш бехатар мебошанд ва ба амволи ӯ зарар намерасонанд;
- аз иҷрокунанда дар ҳаҷми пурра ҷуброни зарар ва зиёни ба ҳаёт ва саломатӣ ё амволаш, ки дар натиҷаи камбудиҳо дар пешниҳоди хизматрасониҳо расонида шудаанд, инчунин зарари маънавиро бо андоза ва тартиби мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида талаб намояд;
- ҳангоми танаффуси хизматрасониҳо ҳаққи онро напардозад. Қатъи пардохти хаққи хизматрасониҳо иҷрокунандаро аз ҷуброни зарар ва зиёни расонидашуда озод намесозад;
- ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар пешниҳоди хизматрасониҳо аз ҷониби иҷрокунанда, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома талаб карда мешаванд;
- ба мақомоти давлатӣ ва ё суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати вайрон кардани ҳуқукҳояш муроҷиат намояд.
53. Истеъмолкунанда ӯҳдадор аст:
- сари вақт дар мӯҳлати дар шартнома муқарраргардида ҳаққи хизматрасонии пешниҳодшударо пардохт намояд;
- хизматрасониҳоро аз рӯи таъиноти мустақимашон ба таври оқилона истифода намояд;
- амалҳоеро, ки боиси риоя накардани тартиби истифодабарии хизматрасониҳои муқаррарнамудаи шартнома ва Қоидаҳо мебошанд, анҷом надиҳад;
- талаботи бехатарии техникиро ҳангоми истифодаи хизматрасониҳо риоя намояд;
- намояндаи иҷрокунандаро барои бартарафсозии садамаҳо, санҷиши таҷҳизоти муҳандисӣ, асбобҳои ченкунӣ ва назоратӣ иҷозат диҳад.
54. Ба истеъмолкунанда манъ аст:
- бе иҷозати иҷрокунанда азнавтаҷҳизонии шабакаҳои муҳандисии дохилӣ;
- бе иҷозати хаттии иҷрокунанда пайваст ва истифода намудани дастгоҳи барқии рӯзгор ва мошинҳои иқтидорашон аз имкониятҳои техникии шабакаҳои барқии дохилии бино бештар буда, қисмҳои иловагии дастгоҳи гармидиҳӣ, симтобҳои танзимкунанда ва маҳкамшаванда, инчунин насб ва истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти рӯзгор, аз ҷумла дастгоҳи инфиродии софсозии об, ки шаҳодатномаи техникӣ надоранд ва ба талаботи бехатарии истифодабарӣ ва меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ нестанд;
- риоя накардани ҷадвали баҳисобгирии хизматрасониҳо;
- истифодаи гармкунакҳо дар дохили системаи гармидиҳӣ, ки таъиноти бевосита нестанд (рехтани об аз низом ва дастгоҳи гармидиҳӣ).
55. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад:
- дар ҳолати аз ҷониби истеъмолкунанда риоя накардани мӯҳлати пардохтҳо чораҳои дар шартнома пешбинигардидаро татбиқ намояд;
- ҷараёни истифодаи хизматрасониҳоро тавассути гузаронидани муоинаи ҳолати таҷҳизоти муҳандисӣ дар истеъмолкунанда назорат кунад.
56. Иҷрокунанда ӯҳдадор аст:
- оид ба тайёр кардани лоиҳа ва бастани шартнома дар бораи хизматрасониҳо сари вақт чораҳо андешад;
- хизматрасониҳои босифати муқарраршударо (хусусиятҳои истифодабарӣ ва тартиби пешниҳод) пешкаш намояд;
- дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шакли бақайдгирии дархостҳоеро (шикоятҳоеро), ки ба истеъмолкунандагон бинобар риоя накардани сифати муқарраргардидаи хизматрасониҳо ва мӯҳлати бартарафсозии камбудиҳо пешниҳод карда мешавад, муқаррар намояд;
- ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии нуқсонҳои сифати хизматрасониҳо ба истеъмолкунандагон чораҳои саривақтӣ андешад;
- дар сурати тағйир ёфтани сифати хизматрасонӣ сари вақт ба истеъмолкунандагон маълумот диҳад;
- ба вайрон гардидани ҷараёнҳои технологӣ ва паст шудани сифати хизматрасониҳо роҳ надиҳад, ҷиҳати баланд бардоштани хусусиятҳои истеъмолӣ ва сифати хизматҳои пешниҳодшаванда, инчунин истифодаи оқилонаи маҳсулоти обу барқ тадбирҳо пешбинӣ намояд.
8. Муқаррароти хотимавӣ
57. Иҷрокунанда дар ҳаҷми пурра барои, расонидани зарар ба ҳаёт саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда дар натиҷаи беасос пешкаш накардани хизматрасонӣ, инчунин беасос баланд намудани арзиши (тарифи) хизматҳои расонидааш тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
58. Иҷрокунанда барои сифати ҳизматрасониҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои мазкур ва шартнома ҷавобгар мебошад.
59. Иҷрокунанда, истеъмолкунанда ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" июни соли 2014, № 354
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналӣ (минбаъд-Қоидаҳо) муносибатҳои байни иҷрокунандагон ва истеъмолкунандагони хизматҳо оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва таъмин бо захираҳои дахлдорро танзим намуда, тартиби пешниҳод ва пардохти хизматрасониҳо, ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва масъулияти истеъмолкунандагон ва иҷрокунандагонро муайян менамояд.
2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:
а) иҷрокунанда:
- ташкилоте, ки дар моликият ё идоракунии амалиётиаш фонди манзил, иншоот ва шабакаҳои муҳандисӣ қарор дорад ва ба вазифаҳои ӯ пешниҳоди хизматрасониҳои коммуналӣ ба истеъмолкунанда дохил мешавад ва ё ваколатдор аст, ки вазифаҳои иҷрокунандаро барои истеъмолкунандагони дар фонди манзил ва иншооти дигари давлатӣ ё ғайридавлатӣ истиқоматкунанда анҷом диҳад;
- корхонаи пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои коммуналӣ ба истеъмолкунандагони дар фонди манзил истиқоматкунанда;
- хадамоти манзилию коммуналӣ, ки оид ба таъмин намудани истеъмолкунандагони дар фонди манзил истиқоматкунанда, бо хизматрасониҳои коммуналӣ шартномаҳо мебандад;
б) истеъмолкунанда - шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқие мебошад, ки дар асоси шартномаи бо иҷрокунанда баста, хизматрасониро барои эҳтиёҷоти хоҷагию маишӣ истифода мебарад ё мақсади истифодабарии онро дорад;