Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020 аз 3 июни соли 2014 № 353

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" июни соли 2014 № 353

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020

1. Муқаддима

Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020 (минбаъд - Барнома) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Стратегияи рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 334 тасдиқ гардидааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шудааст. Барнома афзалият ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо муайян намуда, бо мақсади муҳайё намудани шароити зарурӣ барои таълими истеъдодҳо амалӣ карда мешавад.

Барномаи мазкур принсипҳои заминавии сохтор ва вазифаҳои асосии низоми дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон, инчунин роҳҳои асосии амалишавии онро муайян менамояд.

Зарурати таҳияи Барнома вобаста ба пешрафти ҷомеа ва ҷаҳони муосир ба миён омада, иқтисодиёти муосир ҳарчи бештар ба мутахассисоне, ки дониши амиқ ва қобилияти навоварӣ доранд, эҳтиёҷ дорад. Аз ин сабаб яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф таъсиси низоми муассири таҳсилот, муҳайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат, фарогирии онҳо бо таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тариқи грантҳо ва бурсияҳо мебошад.

Барои ҳалли масъалаҳои мазкур зарурати ҷалб намудани хонандагони болаёқат ба марказҳои таълимию илмии махсусгардонидашуда ва марказҳои эҷодиёти техникӣ ба миён меояд.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

Гарчанде солҳои охир дар ҷумҳурӣ теъдоди литсей, гимназия, муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда, ки барномаҳои кор бо кӯдакони болаёқатро амалӣ менамоянд, зиёд шуда, иштироки хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои гуногун, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ афзун гардидааст, аммо заминаи мушаххас ва мукаммали ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, барномаҳои махсус барои дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат дар ҷумҳурӣ мавҷуд набуда, марказҳои махсусгардонидашуда барои кор бо ин хонандагон ташкил нашудаанд.

Вазифаи давлат дар самти ҷустуҷӯи хонандагони болаёқат аз таъсиси низоми самараноки таҳсилот, ки шароити таълим, тарбия, дарёфт ва рушди истеъдоди хонандагонро таъмин менамояд, иборат мебошад.

Диққати асосӣ бояд ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва мураббиён, баландмазмунии барномаҳои таълимӣ, ворид намудани усулҳои муосири таълим дода шавад.

Мақсади асосии Барнома иборат аст аз:

- муҳайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдоди хонандагон, новобаста аз ҷойи истиқомат ва вазъи иҷтимоии онҳо;

- таъмин намудани шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти хонандагони болаёқат, таҳсилоти босифат, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути иштирок ва ғолибияти хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ, кашфиётҳои нави илмӣ;

- дастгирии омӯзгорони беҳтарин ва муассисаҳои таълимӣ, паҳнкунии таҷрибаи кор ва усулҳои пешқадами онҳо;

- дастгирии муассисаҳои таълимии категорияи олӣ барои кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, ки қобилияти фавқулодда нишон додаанд.

Барои ноил шудан ба мақсадҳои пешбинишуда бояд вазифаҳои зайл амалӣ карда шаванд:

- ташаккул ва мукаммал гардонидани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, механизмҳои иқтисодӣ ва ташкиливу идоравӣ барои дарёфт ва рушди хонандагони болақёат;

- таъсиси марказҳои таълимию илмии махсусгардонидашуда ва марказҳои эҷодиёти техникӣ барои хонандагони болаёқат;

- таҳияи барномаҳои махсус барои дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат;

- ташаккул ва мукаммал гардонидани заминаи илмӣ ва методии муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ;

- ташаккули низоми тайёрии кадрҳои омӯзгорӣ ва роҳбарикунанда;

- такя ба кадрҳои баландихтисоси муассисаҳои таълимии беҳтарин, усулҳои муосири таълим;

- муносибати инфиродии таълим, муттасилӣ ва пайдарпайӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

- ҳамкории байниидоравӣ ва шабакавӣ;

- ташаккул ва мукаммал гардонидани низоми мусобиқаҳои зеҳнӣ, эҷодӣ ва варзишӣ;

- ташкили шароит барои худшиносии ҷавонон.

3. Натиҷаҳои мунтазирӣ

Дар натиҷаи татбиқи Барнома:

- низоми фаъоли идоракунӣ дар соҳаи маориф дар самти дарёфти хонандагони болаёқат таъсис дода мешавад, истеъдодҳои нав ташаккул меёбанд, ки ба пешрафти соҳаи маориф мусоидат менамоянд;

- барои гирифтани таҳсилоти босифат ва рақобатпазир, ки ба натиҷаҳо нигаронида шудааст, шароит фароҳам оварда мешавад;

- низоми таълиму тарбия такмил ёфта, сифати дониш ба стандартҳои байналмилалӣ баробар мешавад, ки ин ба ояндабинии рушди соҳаи маориф, инчунин низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот шароит фароҳам меорад;

- дастгирии давлатӣ ва механизмҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти меҳнатии кормандони педагогӣ тақвият меёбад;

- механизмҳои нави маблағгузории соҳаи маориф ҷорӣ карда мешаванд;

- фаъолияти илмию методӣ, инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ вусъат меёбад.

4. Мӯҳлати татбиқи Барнома

Мӯҳлати татбиқи Барнома солҳои 2015-2020 мебошад.

5. Маблағгузории Барнома

Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи Буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории амалкунанда манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

Замима