Тартиби гардиши силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии он аз 30 майи соли 2014 № 339

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2014, № 339

тасдиқ шудааст

Тартиби гардиши силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии он

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби гардиши силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии он (минбаъд - Тартиб) гардиши силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии он (минбаъдсилоҳ), аз ҷумла баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва гирифта гаштани силоҳ, интиқол, мусодира ва нобуд кардани силоҳ, истеҳсол ва сохтани силоҳ, фурӯш, додан ва соҳиб шудани силоҳ, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро танзим менамояд.

2. Гардиши силоҳ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои дигари ҳарбӣ (минбаъд - ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда) ва бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

2. Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва гирифта гаштани силоҳ

3. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда вазифадоранд мувофиқи тартиби муқарраргардида силоҳро ба ҳисоб гиранд. Номгӯй ва намунаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии силоҳ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда муайян карда мешавад.

4. Бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ӯҳдадориҳои ба онҳо вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории маблағҳои пулӣ ва сарватҳо, инчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқ доранд дар асоси рухсатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силоҳ соҳиб шаванд.

5. Силоҳ ба бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси шартномаи тарафайн ва дархости хаттии ин бонкҳо, ки ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, дода мешавад.

6. Дар дархост шумора, намуд ва калибри силоҳи дархостшаванда нишон дода мешавад.

7. Вазорати корҳои дохилӣ:

- дар муддати 1 моҳ дар хусуси қонеъ гардонидан ва ё рад намудани дархости бонк қарор қабул менамояд;

- дар ҳолати мавҷуд набудани шароити нигоҳдории силоҳ дар бонкҳо масъалаи додани силоҳро то муҳайё гардонидани шароити зарурии нигоҳдорӣ муваққатан мавқуф мегузорад.

8. Пас аз гирифтани силоҳ бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки дар мӯҳлати 10 рӯз силоҳро дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавиашон ба қайд гузоранд.

9. Рухсатнома барои ҳуқуқи нигоҳдорӣ ва гирифта гаштани силоҳи кӯтоҳмили оташфишони мукофотӣ ба кормандони ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ва дар нафақабуда аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ҳангоми иваз намудани маҳалли истиқоматашон кормандони ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ва дар нафақабуда, ки силоҳи мукофотӣ доранд ва инчунин дар ҳолати баргардонидани он ба ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда, ҳатман бояд ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати хаттӣ намоянд.

10. Нигоҳдории силоҳ дар ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ва бонкҳо танҳо дар ҷойҳои махсуси бо ҳамин мақсад таҷҳизонидашуда, ки амнияту бехатарии нигоҳдории силоҳро таъмин мекунанд, амалӣ мегардад. Утоқҳои барои нигоҳдории силоҳ пешбинишуда бояд бо воситаҳои муосири техникӣ оид ба ҳифз ва бехатарии зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз карда шаванд.

11. Талаботи нигоҳдории силоҳ вобаста ба таъиноти он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда муқаррар карда мешаванд.

12. Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда, аз ҷумла дар нафақабуда, ки бо тартиби муқарраршуда силоҳро ба даст овардаанд, вазифадоранд шароити мусоиди нигоҳдории силоҳро таъмин намоянд.

13. Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ҳуқуқи нигоҳдории силоҳи мукофотӣ ва лавозимоти ҷангии онро дар ҷойҳои нигоҳдории силоҳи ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда доранд.

14. Дар ҳолати дуздӣ ё гум кардани силоҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда, аз ҷумла дар нафақабуда вазифадоранд, ки фавран оид ба ҳодисаи рухдода ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд.

15. Доир ба ҳама ҳодисаҳои дуздӣ, гум кардан, вайроншавӣ ва ё аз кор баромадани силоҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ва бонкҳо вазифадор мебошанд, ки ба роҳбарони бевоситаи худ хабар диҳанд. Дар навбати худ роҳбарони ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ва бонкҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ ва дар мавридҳои зарурӣ ба зерсохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар маҳалҳо хабар медиҳанд. Ҷиҳати чораҷӯии зарурӣ ва дарёфти саривақтии ин силоҳҳо дар хабар бояд сабабу вақти тахминии дуздӣ ё гум шудани силоҳ, бо назардошти номгӯи намуд, калибр, силсила, рақам, соли барориши ҳар як адад силоҳ нишон дода шавад.

16. Силоҳи дуздидашуда ё гумшуда тибқи меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда аз ҳисоби ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ва бонкҳо пас аз гирифтани маълумотнома аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баҳисобгузории ин силоҳ, ҳамчун дуздидашуда ё гумшуда аз эътибор соқит карда мешаванд. Дар ҳолати дарёфт ва баргардонидани силоҳи гумшуда ё дуздидашуда ба ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ва бонкҳо, роҳбарони онҳо вазифадоранд, ки дар муддати се рӯз ба мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти давлатии дахлдор хабар диҳанд.

3. Интиқоли силоҳ

17. Интиқоли силоҳ ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан, обӣ, автомобилӣ ва дигар намуди нақлиёт зери ҳамроҳии дастаҳои ҳарбикунонидашудаи муҳофизон, бо расмияткунонии ҳуҷҷатҳои дахлдори шакли муқарраргардида амалӣ карда мешавад. Шакл ва тартиби барасмиятдарории ин ҳуҷҷатҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда муқаррар карда мешавад. Интиқоли силоҳи дар ихтиёри бонкҳо буда танҳо бо рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ мегардад.

18. Силоҳ ҳангоми интиқол бояд дар ҳолати аз тир холибуда қарор дошта, алоҳида аз лавозимоти ҷангӣ ҷойгир бошад. Силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ бояд дар зарфҳои махсус банду баст гардида, мӯҳргузорӣ ва тамғазании қурғошимӣ карда шавад.

19. Дар ҳолати ошкор гаштани харобшавии зарфҳо, осебёбии мӯҳру тамға зимни интиқоли силоҳ дар воситаҳои нақлиёт сардори дастаи ҳарбикунонидашудаи муҳофизон вазифадор аст, ки фавран оид ба ин ҳодиса ба коменданти ҳарбӣ, сардорони истгоҳи роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва мақомоти корҳои дохилӣ дар нақлиёт хабар расонад. Пас аз он санад барои андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бартарафсозии сабабҳои мусоидаткунандаи ҳодисаи рухдода тартиб дода мешавад ва муҳофизати ҷойи ҳодиса таъмин карда мешавад.

4. Мусодира ва нобуд кардани силоҳ

20. Мусодираи силоҳи хизматчиён ва кормандони ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда, ки дар хизмат ё нафақа қарор доранд, аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои дахлдор, ки барои амалисозии назорати гардиши силоҳ ваколатдор мебошанд, иҷро карда мешавад,

21. Ҳангоми мусодираи силоҳ ва лавозимоти ҷангии он протокол тартиб дода шуда, ба ин протокол қайдҳо дар бораи намуд, навъ, калибр, силсила ва рақами силоҳи муайяншуда, инчунин намуд ва миқдори лавозимоти ҷангии мусодирашуда дароварда мешаванд.

22. Силоҳе, ки аз ҳисоби ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда бароварда шудааст, инчунин аз ҷиҳати техникӣ корношоям гаштааст, бо роҳи тартиб додани санади дахлдор бояд хориҷ карда шавад.

23. Силоҳе, ки бинобар сабаби аз ҷиҳати техникӣ корношоям гардидан аз ҳисоби бонкҳо бароварда мешавад, тибқи тартиби муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ барои нобуд кардан супорида шавад.

24. Санад оид ба хориҷ намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда аз ҷониби ҳайати комиссия тартиб дода, амалӣ мегардад.

25. Силоҳи хориҷшуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ба воситаи буриш ва гудозиши он дар дастгоҳҳои махсус нобуд карда мешавад.

5. Истеҳсол ва сохтани силоҳ

26. Сохтани силоҳ аз васли қисмҳои он, инчунин тайёр кардани лавозимоти ҷангӣ иборат мебошад. Азнавсозӣ ё таъмири силоҳ бо мақсади ба он баргардонидани хусусиятҳои зарбазании гумшуда гузаронида мешавад.

27. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис, коркард, озмоиш, истеҳсол, сохтан, инчунин таъмири силоҳ, тайёр намудани лавозимоти ҷангӣ ва қисмҳои асосии онро амалӣ карда метавонанд. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашудае, ки тибқи Тартиби мазкур ҳуқуқи истеҳсол ва сохтани силоҳро надоранд, дар асоси шартнома бо дигар ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда истеҳсол ва сохтани силоҳро амалӣ менамоянд.

28. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд бехатарӣ, назорати истеҳсол ва сохтани силоҳ, сифати молҳои истеҳсолшуда ва нигоҳдории муносиби онҳоро таъмин намоянд.

29. Ҳар як адади (миқдори) силоҳи таъмиршаванда тибқи талаботҳои ҳуҷҷатгузории техникӣ бояд аз озмоиш ва ё назорат гузаронида шуда, тамғазании ҷудогонаи рақамҳо ва (ё) ҳарфҳоро дошта бошад.

6. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он

30. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи гирифта гаштани силоҳ ва инчунин шаҳодатномаи сафари хизматӣ, ки силоҳи воридшаванда ва содиршаванда дар он дарҷ меёбад, амалӣ карда мешавад. Ҳуҷҷати мазкур дар якҷоягӣ бо нусхаи шаҳодатномаи сафари хизматӣ ба мақоми гумрукӣ, ки дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, пешниҳод карда мешавад. Нусхаи шаҳодатномаи сафари хизматӣ пас аз муқоиса бо нусхаи аслиаш аз тарафи корманди мақоми гумрукӣ тавассути мӯҳргузории рақамӣ тасдиқ мешавад ва дар парвандаи мақоми гумрукӣ монда мешавад.

31. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он аз ҷониби кормандони ташкилотҳои ҳарбикунонидашуда ва хадамотҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати роҳбарони ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё зарурати сафари хизматӣ ташриф меоваранд, дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси рухсатномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

32. Дар рухсатнома ному насаби кормандони ташкилотҳои ҳарбикунонидашудаи хориҷӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ, навъ, намуд, рақам ва калибри силоҳ, миқдори лавозимоти ҷангӣ барои ҳар як адади силоҳи воридшаванда нишон дода мешавад.

33. Иҷозатнома ва нусхаи он аз ҷониби намояндаи тарафи қабулкунанда ба мақоми гумрукӣ, ки дар гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, пешниҳод карда мешавад.

34. Рухсатнома ва нусхаи он пас аз муқоисакунии онҳо аз ҷониби корманди мақоми гумрукӣ тавассути мӯҳргузории рақамӣ тасдиқ шуда, нусхаи он бошад дар парвандаи мақоми гумрукӣ гузошта мешавад.

35. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда содирот ва воридоти силоҳро бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ва байниидоравӣ амалӣ менамоянд.

7. Фурӯш, додан ва соҳиб шудани силоҳ

36. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда (ба истиснои бонкҳо) ҳуқуқ доранд:

- силоҳи дар ихтиёри худ бударо ба дигар ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда фурӯшанд ва ё ройгон диҳанд;

- дар асоси рухсатномаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳро доранд, муваққатан силоҳ диҳанд;

- аз шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатнома барои истеҳсол ва фурӯши силоҳ доранд, силоҳ харидорӣ намоянд;

- бо тартиби муқарраргардида силоҳи мукофотиро ба осорхона ва ташкилотҳое, ки ҳуқуқи коллексиякунӣ ва ба намоишгузории намудҳои муайяни силоҳро доранд, супоранд.

Роҳбарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи ташаккули фондҳои махсуси силоҳҳои мукофотӣ ва лавозимоти ҷангии он, инчунин додани силоҳи муқарраршуда ба хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон, аз ҷумла кормандони ба нафақа баромада ҳамчун мукофот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дигар роҳбарони ташкилотҳои давлатии ҳарбикунондашуда низ (ба истиснои бонкҳо) ҳуқуқи бо силоҳ мукофотонидани кормандони худро мувофиқи пешниҳодоти хаттӣ ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. Силоҳи мукофотонидашуда бо фармони роҳбарони ин ташкилотҳо ба расмият дароварда шуда, дар Вазорати торҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.

8. Назорати гардиши силоҳ

37. Назорати гардиши силоҳ дар ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ва бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 30 мая 2014 года, № 339

П О Р Я Д О К

оборота боевого оружия и боеприпасов к нему

1. Обшие положения

1. Порядок оборота боевого оружия и боеприпасов к нему (далее Порядок) регулирует оборот боевого оружия и боеприпасов к нему (далее - оружие), в том числе учет, хранение и ношение оружия, транспортировка, изъятие и уничтожение оружия, производство и изготовление оружия, продажа, передача и приобретение оружия, ввоз на территорию Республики Таджикистан и вывоз из территории Республики Таджикистан оружия и боеприпасов к нему.

2. Оборот оружия осуществляется в Министерстве обороны Республики Таджикистан, Министерстве внутренних дел Республики Таджикистан, Государственном комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Комитете по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Республики Таджикистан, Агентстве по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан, Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан, Главном управлении по исполнению уголовных наказаний Министерства юстиции Республики Таджикистан, Агентстве по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан, других воинских формированиях (далее - государственные военизированные организации) и банках Республики Таджикистан.

2. Учет, хранение и ношение оружия

3. Государственные военизированные организации обязаны в установленном порядке вести учет оружия. Перечень и образцы документов по учету оружия, определяются нормативными правовыми актами относящимися к государственным военизированным организациям.

4. Банки Республики Таджикистан в целях выполнения возложенных на них обязанностей по охране мест содержания денежных средств и ценностей, а также при их транспортировке имеют право приобрести на основании разрешения оружие в порядке, установленном Министерством внутренних дел Республики Таджикистан.

5. Оружие банкам Республики Таджикистан выдается органами внутренних дел на основании договора сторон и письменной заявки этих банков, представленной в Министерство внутренних дел Республики Таджикистан этими же банками.

6. В заявке указывается количество, модель и калибр требуемого оружия.

7. Министерство внутренних дел:

- в течение месяца принимает решение об удовлетворении или отказе в заявке банка.

- в случае отсутствия условий хранения оружия в банках, временно откладывает решение о вопросе выдачи оружия до создания необходимых условий хранения.

8. После получения оружия банки Республики Таджикистан обязаны в течении 10 дней зарегистрировать оружие в органах внутренних дел по месту своего расположения.

9. Разрешение на право хранения и ношения наградного огнестрельного короткоствольного оружия сотрудникам государственных военизированных организаций и находящимся на пенсии, выдаётся Министерством внутренних дел Республики Таджикистан. При перемене места жительства сотрудники государственных военизированных организаций и находящиеся на пенсии, имеющие наградное оружие, а также в случаях возврата наградного оружия в государственные военизированные организации непременно обязаны обратиться письменно в Министерство внутренних дел Республики Таджикистан.

10. Хранение оружия в государственных военизированных организациях и банках осуществляется только в специально оборудованных для этих целей помещениях, обеспечивающих сохранность и безопасность его хранения. Помещения, предназначенные для хранения оружия, должны быть оборудованы современными техническими средствами по охране и пожарной безопасности.

11. Требования к хранению оружия в зависимости от его предназначения устанавливаются нормативными правовыми актами, относящимися к государственным военизированным организациям.

12. Военнослужащие и сотрудники государственных военизированных организаций, в том числе находящиеся на пенсии, получившие в установленном порядке оружие, обязаны обеспечить надлежащие условия его хранения.

13. Военнослужащие и сотрудники государственных военизированных организаций имеют право осуществлять хранение наградного оружия и боеприпасов к нему в помещениях для хранения оружия в государственных военизированных организациях.

14. В случаях хищения или утраты оружия военнослужащие и сотрудники государственных военизированных организаций, в том числе находящиеся на пенсий, обязаны немедленно заявить об этом происшествии в органы внутренних дел.

15. О всех случаях хищений, утраты, порчи или выхода из строя оружия военнослужащие и сотрудники государственных военизированных организации и банков обязаны доложить своему непосредстненному (прямому) руководству. В свою очередь руководители государственных военизированных организаций и банков сообщают о данном происшествии в органы внутренних дел, в в необходимых случаях в подведомственные подразделения Государственного комитета национальной безопасности на местах. Для принятия необходимых мер и своевременного нахождения этих оружий в сообщениях должны указываться предполагаемые причины и время хищения или утраты оружия с учетом перечня видов, калибра, серии, номера, года выпуска и каждой единицы оружия.

16. Похищенное или утраченное оружие, списывается с учета государственных военизированных организаций и банков, после выданной справки Министерства внутренних дел Республики Таджикистан о постановке на учет его, как похищенного или утраченного, в соответствии с предусмотренными нормами нормативных правовых актов, относящихся государственным военизированным организациям. В случаях обнаружения и возвращения в государственные военизированные организации и банки, похищенного или утраченного оружия, руководители этих организаций обязаны в течение 3-х дней доложить об этом в органы внутренних дел и соответствующим государственным органам.

3. Транспортировка оружия

17. Транспортировка оружия воздушным, железнодорожным, водным, автомобильным и другими видами транспорта производится под сопровождение отряда военизированной охраны с оформлением соответствующих документов установленных образцов. Образцы и порядок оформления этих документов устанавливаются нормативными правовыми актами, относящимися к государственным военизированным организациям. Транспортировка оружия, находящегося в распоряжении банков, осуществляется только с разрешения органов внутренних дел.

18. Оружие при транспортировке должно находиться в разряженном состоянии и отдельно от боеприпасов. Оружие и боеприпасы должны быть упакованы в специальную тару, которая опечатывается или опломбировывается сургучом.

19. В случаях обнаружения признаков повреждения тары, нарушения оттисков печатей или пломб при перевозке оружия в транспортных средствах, руководитель отряда военизированной охраны обязан немедленно сообщить об этом военному коменданту и руководству железнодорожной станции, аэропортов и органам внутренних дел на транспорте. После чего составляется акт для принятия необходимых мер по устранению причин, способствовавших случившемуся, и обеспечивается охрана места происшествия.

4. Изъятие и уничтожение оружия

20. Изъятие оружия у военнослужащих и сотрудников государственных военизированных организаций, находявшихся на службе или на пенсии, производится представителями соотоетствуюших организаций, уполномоченными осуществлять контроль за оборотом оружия.

21. При изъятии оружия боеприпасов к нему составляется протокол, в этот протокол вносится запись об определенном виде, типе, калибре, серии и номере оружия, а также о видах и количестве изъятых боеприпасов.

22. Оружие, снятое с учёта государственных военизированных организаций, а также технически пришедшее в негодность, подлежит списанию путем оформления соответствующего акта.

23. Оружие, снятое с учета банков, в связи технически пришедшим в негодность, подлежит сдаче для уничтожения в органы внутренних дел в порядке, установленном нормативными правовыми актами, относящимися к государственным военизированным организациям.

24. Акт о списании оружия и боеприпасов к нему составляется и осуществляется составом комиссии на основании нормативных правовых актов, относящихся к государственным военизированным организациям.

25. Списанное оружие подлежит уничтожению в соответствии с нормативными правовыми актами, относящимися к государственным военизированным организациям, в специальных аппаратах путём резки и расплавления.

5. Производство и изготовление оружия

26. Изготовление оружия охватывает сборку его частей, а также изготовление боеприпасов к нему. Реконструкция или ремонт оружия производится с целью возврата ему утраченных поражающих свойств.

27. Министерство обороны Республики Таджикистан, Министерство внутренних дел Республики Таджикистан, Государственный комитет национальной безопасности Республики Таджикистан и Национальная гвардия Республики Таджикистан могут осуществлять исследование, разработку, испытание, изготовление, а также ремонт оружия, изготовление боеприпасов и их составных частей. Государственные военизированные организации, не имеющие в соответствии с настоящим Порядком права ня производство и изготовление оружия, согласно договору с другими государственными военизированными организациями осуществляют производство и изготовление оружия.

28. Министерство обороны Республики Таджикистан, Министерство внутренних дел Республики Таджикистан, Государственный комитет национальной безопасности Республики Таджикистан и Национальная гвардия Республики Таджикистан обязаны обеспечить безопасность контроль над производством и изготовлением оружия, качеством выпускаемой продукции и её надлежащей сохранностью.

29. Каждая единица (партия) ремонтируемого оружия подлежит испытанию или контролю в соответствии с требованиями технической документации и имеет индивидуальную цифровую и (или) буквенную маркировку.

6. Ввоз на территорию Республики Таджикистан и вывоз из Республики Таджикистан оружия и боеприпасов к нему

30. Ввоз на территорию Республики Таджикистан и вывоз из Республики Таджикистан оружия и боеприпасов к нему военнослужашими и сотрудниками государственных военизированных организаций с целью выполнения служебных обязанностей осуществляется на основании документов, подтверждающих право ношения оружия, а также командировочного удостоверения, в которое вписывается ввозимое или вывозимое оружие. Указанный документ вместе с копией командировочного удостоверения предъявляется в таможенный орган, расположенный в пунктах пропусков через Государственную границу Республики Таджикистан. Копия командировочного удостоверения после ее сверки с подлинником заверяется сотрудником таможенного органа путем проставления номерной печати и остается в деле таможенного органа.

31. Ввоз на территорию Республики Таджикистан и вывоз из Республики Таджикистан оружия и боеприпасов к нему сотрудниками иностранных военизированных организаций и спецслужб, прибывающих в Республику Таджикистан по приглашению руководителей государственных военизированных организаций Республики Таджикистан или по служебной необходимости, осуществляется по согласованию с Министерством иностранных дел Республики Таджикистан и на основании разрешения Министерства внутренних дел Республики Таджикистан.

32. В разрешении указываются фамилия, имя, отчество сотрудников иностранных военизированных организаций и спецслужб иностранных государств, тип, вид, номер и калибр оружия, количество боеприпасов к каждой ввозимой единице оружия.

33. Разрешение и его копия предъявляются представителем принимающей стороны в таможенный орган, расположенный в пункте пропусков через Государственную границу Республики Таджикистан.

34. Разрешение и его копия после их сверки заверяются сотрудником таможенной службы путем проставления номерной печати, копия же остается в деле таможенного органа.

35. Государственные военизированные организации осуществляют импорт и экспорт оружия с разрешения Правительства Республики Таджикистан на основании межгосударственных и межведомственных договоров.

7. Продажа, передача и приобретение оружия

36. Государственные военизированные организации (за исключением банков) имеют право:

- продавать или передавать безвозмездно оружие другим государственным военизированным организациям;

- на основании разрешения Министерства внутренних дел Республики Таджикистан временно выдавать оружие должностным лицам государственных органов, имеющих разрешение па право хранения и ношения оружия в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

- приобрести оружие у юридических лиц, имеющих лицензию на право производства и продажи оружия;

- передавать в установленном порядке наградное оружие музеям и организациям, имеющим право на коллекционирование или экспонирование определенных видов оружия.

Руководители Министерства обороны Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан имеют право формировать специализированные фонды наградных оружий и боеприпасов к нему, а также передать в соответствии с законодательством Республики Таджикистан установленное оружие военнослужащим, сотрудникам, в том числе находящимся на пенсии в качестве награды.

Другие государственные военизированные организации (за исключением банков) также имеют право наградить оружием своих сотрудников, согласно письменному представлению в Министерство обороны Республики Таджикистан. Наградное оружие оформляется приказом руководителей этих организаций и регистрируется в Министерстве внутренних дел Республики Таджикистан.

8. Контроль за оборотом оружия

37. Контроль за оборотом оружия в государственных военизированных организациях и банках Республики Таджикистан осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.