Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2014, № 299
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (минбаъд - Хадамот) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият (минбаъд , ташкилот), соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.
2. Хадамот ба Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст.
3. Хадамот фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва фармоишҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд .
4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
2. Вазифаҳои Хадамот
5. Хадамот вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- мусоидат ба риояи қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- мусоидат ба таъмини имтиёз ва пардохтҳо барои кормандоне, ки дар шароити дорои таъсири омилҳои хатарнок ва зараровар кор мекунанд
- мусоидат ба рушди шарикии иҷтимоӣ байни иштирокчиёни муносибатҳои меҳнатию иҷтимоӣ ;
- мусоидат ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии корфармо ва кормандон оид ба қонунгузории меҳнат, ҳифз ва шароити меҳнат, муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ), экологӣ ва шуғли аҳолӣ;
- мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ташкили бозори меҳнат, ҷойҳои кории нав ва нигоҳдории ҷойҳои кории амалкунанда;
- мусоидат ба танзими ҳуқуқӣ ва иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;
- мусоидат ба самаранокии музокироти коллективӣ, фаъолияти комиссияҳои созиш, миёнаравӣ ва арбитражҳои меҳнатӣ;
- амалӣ кардани назорати давлатӣ ва санҷиши риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат;
- мусоидат ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат (дар ташкилотҳои буҷетӣ) ва шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), ба шумули меҳнати кӯдакон, маъюбон ва занон;
- мусоидат ба идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат дар самти ташкил ва сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо, ташхиси давлатии шароити меҳнат дар ташкилотҳои амалкунанда ва навтаъсис; - мусоидат ба тайёрии ҳатмии махсус ва касбу оид ба ҳифзи меҳнат;
- таъмини тадбирҳои мутобиқати иншооти истеҳсолӣ, таҷҳизот, равандҳои технологӣ ва маҳсулот ба талаботи ҳифзи меҳнат;
- мусоидат ба ошкор, тафтиш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои нохӯш дар истеҳсолот; - мусоидат ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои маҳдудсозии ҳуқуқ ба меҳнат, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ, меҳнати маҷбурӣ, аз ҷумла шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон;
- мусоидат ба танзими ҳуқуқии фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони хориҷӣ дар субъектҳои хоҷагидор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
- дигар вазифаҳое, ки ба рушди соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мусоидат менамоянд.
6. Хадамот назорату санҷишҳои давлатиро дар самтҳои зерин анҷом медиҳад:
- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи меҳнат, ҳифз ва шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- иҷрои ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва риояи шароити бехатарии меҳнат, инчунин ҳифзи кормандон аз амалҳои ғайриқонунии корфармоён, шахсони мансабдор ва шахсони дигари масъули ташкилотҳо;
- дуруст ва сари вақт пардохт намудани музди меҳнат ва дигар пардохтҳое, ки аз ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон бармеоянд;
- истифодаи дурусти рӯйхати истеҳсолот, касбу корҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳо;
- иҷрои чорабиниҳои ҳифз ва бехатарии меҳнат, пешниҳоди имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳои муқарраршуда, либос ва пойафзоли махсуси корӣ, воситаҳои муҳофизати фардӣ - гигиенӣ, шир ва ғизои профилактикӣ ба кормандоне, ки дар корҳои вазнин, зараровар, хавфнок ва дорои шароити номусоиди меҳнат фаъолият доранд;
- дурустии таъин ва пардохти ҷуброни зараре, ки ба саломатии кормандон ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ расонида шудааст;
- аз тарафи ташкилот, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ риоя гардидани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва ҷорӣ намудани воситаҳои муосири ҳифзи меҳнат, ки ҷароҳатбардориҳои истеҳсолӣ ва ба бемориҳои касбӣ гирифторшавиро пешгирӣ менамоянд;
- аз ҷониби тарафҳо иҷро гардидани ӯҳдадориҳо аз рӯи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ оид ба шароити меҳнат дар ташкилотҳо;
- риояи қонунгузории меҳнат дар истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон;
- воқеияти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барҳамдиҳии ҷойҳои кори амалкунанда;
- бо кор таъмин намудани шаҳрвандон, бахусус занон ва ҷавонон;
- дар доираи квотаи муқарраргардида бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷдошта, ки дар бозори меҳнат ба рақобат тобовар нестанд;
- риояи тартиби пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корфармоён ба мақомоти ваколатдор;
- риояи тартиби ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб намудани шаҳрвандони бекор;
- риояи тартиби расонидани хизматҳои машваратӣ ва дастгирии ташаббуси фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ;
- риояи тартиби баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод;
- риояи раванди муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф;
- риояи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии (ихтиёрии) аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ;
- риояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ;
- истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ ва барҳам додани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар бозори меҳнат;
- риояи талабот оид ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои корманд ҷиҳати таъмини суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, инчунин тартиби муқаррар намудан, ҷудо ва пардохт кардани кумакпулиҳо дар вақти корношоямии муваққатӣ аз ҳисоби маблағҳои корфармо;
- риояи талабот оид ба дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ҳангоми ба кор қабул кардани кормандон;
- риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат дар самти тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат
- тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Ваколатҳои Хадамот
7. Хадамот бо мақсади таъмини вазифаҳо дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида ваколат дорад:
- бо мақсади гузаронидани назорат ва санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ташкилот, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, тибқи тартиби муқарраргардида ташриф орад;
- барои таъмини татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ санҷишҳои мақсаднок ва ногаҳонӣ гузаронад;
- дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ вобаста ба риояи қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ санҷишҳои муштарак гузаронад;
- экспертизаи шароити меҳнатро дар ташкилотҳои амалкунанда ва навтаъсис гузаронад;
- дар бораи риоя намудани талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми сохтмон, таҷдиди иншооти истеҳсолӣ, мошинҳо ва механизмҳо хулоса диҳад;
- вазифаҳои ихтиёрдори асосӣ ва қабулкунандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳдории Хадамот ва татбиқи вазифаҳои ба он вогузоршуда пешбинӣ гардидаанд, иҷро намояд;
- оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи меҳнат, ҳифзи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешниҳодҳо таҳия намояд;
- оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин ба корфармоён ва кормандон дар омӯхтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чораҳо андешад;
- ҳангоми назорату санҷишҳои давлатӣ далелҳои тасдиқкунандаро нусхабардорӣ, акс ва ба навор гирад;
- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертиро (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои машваратӣ) дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида таъсис диҳад;
- маводҳоро оид ба ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин иҷро накардани дастурҳои Хадамот, ки дар асоси назорату санҷишҳо дода шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба суд ва дигар мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳо, қитъаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродиро то бартараф гардидани вайронкуниҳои талаботи ҳифзи меҳнат, агар фаъолияти онҳо ба ҳаёт ва саломатии кормандон таҳдид кунад, боздорад;
- истифодабарии минбаъдаи либосу пойафзоли махсуси корӣ ва воситаҳои муҳофӣзати инфиродиро дар сурати ба талаботи стандартҳо ва шартҳои техникӣ мутобиқат накардани онҳо манъ кунад;
- чораҳои маҳдудкунанда, огоҳкунанда ва пешгирикунандаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба роҳ надодан ва қатъ кардани вайронкуниҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ равона гардидаанд, инчунин чораҳои аз байн бурдани оқибатҳои вайронкуниҳои номбурдаро истифода барад;
- дар мӯҳлатҳои муқарраргардида аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳо оид ба шароити меҳнат, техникаи бехатарӣ, шуғл, ҷароҳатбардории истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ маълумот дархост намояд ва гирад;
- аз мақомоти давлатии омор оид ба меҳнат, музди меҳнат ва рушди иҷтимоӣ маълумоти оморӣ дархост намояд;
- ба роҳбарони ташкилотҳо дар бораи бекор кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошанд, амрномаҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳад;
- мутахассисони идораҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва дигар ташкилотҳоро ҷиҳати баррасӣ ва таҳияи масъалаҳо оид ба ҳифз ва шароити меҳнат, гузаронидани машваратҳо, экспертизаҳо ва ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои санҷиш ҷалб намояд;
- дар асоси шартнома бо тарафҳои манфиатдор доир ба гузаронидани экспертиза ва аттестатсияи шароити меҳнати ҷойҳои корӣ, ченкуниҳои лаборатории омилҳои зараровари муҳити истеҳсолӣ, баҳсҳои меҳнатӣ конфронсу семинарҳо гузаронад, оид ба масъалаҳои меҳнат маслиҳатҳои ҳуқуқӣ диҳад;
- аз мақомоти давлатии андоз иттилооти зарурӣ оид ба дастрасии суроғаи ҳуқуқӣ, насаб ва номи роҳбар ва сармуҳосибони шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар асоси шаҳодатнома фаъолиятдоштаро дархост намояд;
- аз корфармо ва намояндаи он, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ҳуҷҷатҳо, шарҳ ва иттилои барои анҷоми вазифаҳои назоратӣ ва санҷишӣ заруриро дархост кунад ва гирад;
- ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатномаи амалкунанда оид ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат машварат ва иттилоот диҳад;
- дар доираи салоҳияти худ тибқи талаботи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуда, ҷазои маъмурӣ таъин намояд ;
- дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд.
4. Ташкили фаъолият
8. Ба Хадамот Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
9. Сардори Хадамот як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
10. Сардори Хадамот:
- роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказии Хадамотро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- сардорони сохторҳои Хадамотро дар маҳал ва кормандони онҳоро тибқи тартиби қонунгузорӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- низомномаҳои сохторҳои Дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии Хадамотро тасдиқ менамояд;
- дар доираи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шумораи кормандон, фонди музди меҳнат ва рӯйхати штатии Дастгоҳи марказии Хадамотро тибқи талаботи намунавӣ ва харҷномаи таъминоти онро барои тасдиқ намудан ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар доираи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шумораи кормандон, фонди музди меҳнат ва рӯйхати штатии вазифаҳои мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамот пешбинигардида, инчунин харҷномаи таъминоти онҳоро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор пешбинигардида тасдиқ менамояд.
11. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи худ ба забони давлатӣ, мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкаҳои дахлдор буда, аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2014, № 299
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Роҳбарият
Шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат
Шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират
Шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва назорат
Шуъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнат
Бахши умумӣ ва хоҷагидорӣ
Бахши баҳисобгирии муҳосибавӣ ва банақшагирӣ
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2014, № 299
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Дастгоҳи марказӣ
Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон
Шӯъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе
Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Ҳисор;
Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Ваҳдат;
Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Рашт;
Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2014, № 299
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (минбаъд - Хадамот) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият (минбаъд , ташкилот), соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.
2. Хадамот ба Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст.
3. Хадамот фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва фармоишҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
2. Вазифаҳои Хадамот
5. Хадамот вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- мусоидат ба риояи қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- мусоидат ба таъмини имтиёз ва пардохтҳо барои кормандоне, ки дар шароити вазнини меҳнат кор мекунанд;
- мусоидат ба рушди шарикии иҷтимоӣ байни корфармо ва иттифоқҳои касаба;
- мусоидат ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии корфармо ва кормандон оид ба қонунгузории меҳнат, ҳифз ва шароити меҳнат, муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ), экологӣ ва шуғли аҳолӣ;
- мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ташкили бозори меҳнат, ҷойҳои кории нав ва нигоҳдории ҷойҳои кории амалкунанда;
- дигар вазифаҳое, ки ба рушди соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мусоидат менамоянд.
6. Хадамот назорату санҷишҳои давлатиро дар самтҳои зерин анҷом медиҳад:
- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи меҳнат, ҳифз ва шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- иҷрои ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва риояи шароити бехатарии меҳнат, инчунин ҳифзи кормандон аз амалҳои ғайриқонунии корфармоён, шахсони мансабдор ва шахсони дигари масъули ташкилотҳо;
- дуруст ва сари вақт пардохт намудани музди меҳнат ва дигар пардохтҳое, ки аз ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон бармеоянд;
- истифодаи дурусти рӯйхати истеҳсолот, касбу корҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳо;
- иҷрои чорабиниҳои ҳифз ва бехатарии меҳнат, пешниҳоди имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳои муқарраршуда, либос ва пойафзоли махсуси корӣ, воситаҳои муҳофизати фардӣ - гигиенӣ, шир ва ғизои профилактикӣ ба кормандоне, ки дар корҳои вазнин, зараровар, хавфнок ва дорои шароити номусоиди меҳнат фаъолият доранд;
- дурустии таъин ва пардохти ҷуброни зараре, ки ба саломатии кормандон ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ расонида шудааст;
- аз тарафи ташкилот, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ риоя гардидани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва ҷорӣ намудани воситаҳои муосири ҳифзи меҳнат, ки ҷароҳатбардориҳои истеҳсолӣ ва ба бемориҳои касбӣ гирифторшавиро пешгирӣ менамоянд;
- аз ҷониби тарафҳо иҷро гардидани ӯҳдадориҳо аз рӯи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ оид ба шароити меҳнат дар ташкилотҳо;
- риояи қонунгузории меҳнат дар истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон;
- воқеияти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барҳамдиҳии ҷойҳои кори амалкунанда;
- бо кор таъмин намудани шаҳрвандон, бахусус занон ва ҷавонон;
- дар доираи квотаи муқарраргардида бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷдошта, ки дар бозори меҳнат ба рақобат тобовар нестанд;
- риояи тартиби пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корфармоён ба мақомоти ваколатдор;
- риояи тартиби ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб намудани шаҳрвандони бекор;
- риояи тартиби расонидани хизматҳои машваратӣ ва дастгирии ташаббуси фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ;
- риояи тартиби баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод;
- тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Ваколатҳои Хадамот
7. Хадамот бо мақсади таъмини вазифаҳо дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида ваколат дорад:
- бо мақсади гузаронидани назорат ва санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ташкилот, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, тибқи тартиби муқарраргардида ташриф орад;
- барои таъмини татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ санҷишҳои мақсаднок ва ногаҳонӣ гузаронад;
- дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ вобаста ба риояи қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ санҷишҳои муштарак гузаронад;
- экспертизаи шароити меҳнатро дар ташкилотҳои амалкунанда ва навтаъсис гузаронад;
- дар бораи риоя намудани талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми сохтмон, таҷдиди иншооти истеҳсолӣ, мошинҳо ва механизмҳо хулоса диҳад;
- вазифаҳои ихтиёрдори асосӣ ва қабулкунандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳдории Хадамот ва татбиқи вазифаҳои ба он вогузоршуда пешбинӣ гардидаанд, иҷро намояд;
- оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи меҳнат, ҳифзи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешниҳодҳо таҳия намояд;
- оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин ба корфармоён ва кормандон дар омӯхтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чораҳо андешад;
- ҳангоми назорату санҷишҳои давлатӣ далелҳои тасдиқкунандаро нусхабардорӣ, акс ва ба навор гирад;
- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертиро (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои машваратӣ) дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида таъсис диҳад;
- маводҳоро оид ба ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин иҷро накардани дастурҳои Хадамот, ки дар асоси назорату санҷишҳо дода шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба суд ва дигар мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳо, қитъаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродиро то бартараф гардидани вайронкуниҳои талаботи ҳифзи меҳнат, агар фаъолияти онҳо ба ҳаёт ва саломатии кормандон таҳдид кунад, боздорад;
- истифодабарии минбаъдаи либосу пойафзоли махсуси корӣ ва воситаҳои муҳофӣзати инфиродиро дар сурати ба талаботи стандартҳо ва шартҳои техникӣ мутобиқат накардани онҳо манъ кунад;
- чораҳои маҳдудкунанда, огоҳкунанда ва пешгирикунандаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба роҳ надодан ва қатъ кардани вайронкуниҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ равона гардидаанд, инчунин чораҳои аз байн бурдани оқибатҳои вайронкуниҳои номбурдаро истифода барад;
- дар мӯҳлатҳои муқарраргардида аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳо оид ба шароити меҳнат, техникаи бехатарӣ, шуғл, ҷароҳатбардории истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ маълумот дархост намояд ва гирад;
- аз мақомоти давлатии омор оид ба меҳнат, музди меҳнат ва рушди иҷтимоӣ маълумоти оморӣ дархост намояд;
- ба роҳбарони ташкилотҳо дар бораи бекор кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошанд, амрномаҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳад;
- мутахассисони идораҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва дигар ташкилотҳоро ҷиҳати баррасӣ ва таҳияи масъалаҳо оид ба ҳифз ва шароити меҳнат, гузаронидани машваратҳо, экспертизаҳо ва ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои санҷиш ҷалб намояд;
- дар асоси шартнома бо тарафҳои манфиатдор доир ба гузаронидани экспертиза ва аттестатсияи шароити меҳнати ҷойҳои корӣ, ченкуниҳои лаборатории омилҳои зараровари муҳити истеҳсолӣ, баҳсҳои меҳнатӣ конфронсу семинарҳо гузаронад, оид ба масъалаҳои меҳнат маслиҳатҳои ҳуқуқӣ диҳад;
- дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд.
4. Ташкили фаъолият
8. Ба Хадамот Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
9. Сардори Хадамот як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
10. Сардори Хадамот:
- роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказии Хадамотро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- сардорони сохторҳои Хадамотро дар маҳал ва кормандони онҳоро тибқи тартиби қонунгузорӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- низомномаҳои сохторҳои Дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии Хадамотро тасдиқ менамояд;
- дар доираи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шумораи кормандон, фонди музди меҳнат ва рӯйхати штатии Дастгоҳи марказии Хадамотро тибқи талаботи намунавӣ ва харҷномаи таъминоти онро барои тасдиқ намудан ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар доираи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шумораи кормандон, фонди музди меҳнат ва рӯйхати штатии вазифаҳои мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамот пешбинигардида, инчунин харҷномаи таъминоти онҳоро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор пешбинигардида тасдиқ менамояд.
11. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи худ ба забони давлатӣ, мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкаҳои дахлдор буда, аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2014, № 299
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Роҳбарият
Шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат
Шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират
Шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ
Шӯъбаи ҳуқуқ
Бахши экспертизаи давлатии шароити меҳнат
Бахши умумӣ ва хоҷагидорӣ
Бахши баҳисобгирии муҳосибавӣ ва банақшагирӣ
Бахши кадрҳо
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2014, № 299
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Дастгоҳи марказӣ
Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон
Шӯъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ