Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2014, № 294
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433)
Муқаддима
Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 (минбаъд - Барнома) бо мақсади пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба пешгирии зӯроварӣ дар оила равонагардида таҳия шудааст.
Мақсади стратегии ҳамкориҳои тарафайн дар самти иҷрои Барномаи мазкур ба таъмини татбиқи самараноки механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила бо иштироки ҳамаи субъектҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, қатъиян беҳтар гардонидани системаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи воқеии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи меъёрҳои конститутсионӣ, таъмини пойдории оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар онҳо нигаронида шудааст.
Барномаи мазкур баробарҳуқуқии мардону занонро дар ҳалли масоили оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарӣ, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, манъи бисёрникоҳӣ, ихтиёрӣ будани ақди никоҳ ва бекор намудани он, масъулияти мутақобила дар масъалаҳои амволӣ ва маънавӣ ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оиларо таъмин менамояд.
1. Таҳлили вазъи умумӣ ва тамоюлҳои зӯроварӣ дар оила
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва иқдом намудан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд кӯшишҳои худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ мунтазам тақвият мебахшад.
2. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" боиси қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ гардид, ки татбиқи онҳо боиси беҳтар шудани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардидааст.
3. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар ва Конвенсия оид ба пешгирии ҳамагуна шаклҳои табйиз нисбати занонро эътироф намудааст, ки иҷрои онҳо барои беҳдошти вазъи занон дар ҷомеа равона шудааст. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" ҷиҳати мутобиқ намудани муқаррароти он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
4. Имрӯзҳо дар самти баробарҳуқуқии мардону занон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муваффақиятҳо ноил шудааст ва занону духтарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар баробари мардон фаъолият намуда истодаанд.
5. Аммо ба тадбирҳои андешидашуда нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам дар ҳаёти ҳаррӯзаи оилаҳо мушкилиҳое ҷой доранд, ки онҳо ҳалли худро тақозо менамоянд. Яке аз онҳо ин то ҳанӯз ҷой доштани хурофот оид ба ҳуқуқи занон дар ҷомеа, инчунин зӯроварӣ нисбати занон, фарзандони онҳо ва пиронсолон дар оила мебошад, ки ҳаёти аъзои оиларо душвор намуда, ба пошхӯрии он ва содиршавии кирдорҳои номатлуби дигар оварда мерасонад.
6. Бо мақсади пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила дар раёсатҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият менамоянд.
7. Дар Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб курси омӯзишии махсуси "Зӯроварӣ дар оила" ва аз соли 2011 фанни таълимии "Пешгирии зӯроварӣ дар оила" ҷорӣ шудааст.
8. Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди 8 шӯъбаҳои беморхонаҳо хонаҳои кӯмакрасонӣ ба қурбониёни зӯроварӣ таъсис дода шудаанд, ки бевосита ба ҷабрдидагон кӯмакҳои тиббию равонӣ мерасонанд.
9. Соли 2010 бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баланд бардоштани дарки ҳассосияти гендерӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии марбут ба зӯроварӣ нисбати занон барои судяҳо аз тарафи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги махсуси омӯзишӣ баргузор карда шуд.
10. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии кирдорҳои номатлуб, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила бо дастгирии шарикони иҷтимоӣ дар назди шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 105 марказҳои иттилоотию машваратӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо ҳуқуқшиносон ва равоншиносон ба шаҳрвандон кӯмаки амалӣ мерасонанд.
11. Ба маркази буҳронии "Боварӣ"-и назди Кумитаи кор бо занон ва оила дар солҳои 2012 - 2013 3268 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз ин 3054 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 1714 муроҷиат оид ба ҷой доштани ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила мебошанд.
12. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 33 марказҳои буҳронӣ ва 3 паноҳгоҳҳои муваққатӣ дар назди мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятию байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки бевосита ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила хизмат мерасонанд.
13. Бо мақсади пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо аз тарафи масъулини вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам барномаҳои телевизионӣ пахш карда мешаванд.
14. Мутобиқи маълумоти расмии Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар соли 2010 6125 ҷуфт, соли 2011 6797 ҷуфт, соли 2012 7608 ҷуфт ва дар соли 2013 8194 ҷуфтро ташкил додааст.
15. Сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳоро бармаҳал оиладор кардани навхонадорон, омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, вобастагии молиявии онҳо аз волидайн, муҳоҷирати меҳнатӣ, дахолати хешовандони наздик ва хушунати оилавӣ ташкил медиҳад.
16. Дар натиҷаи вайрон шудани оилаҳо дар ҷомеаи имрӯза теъдоди кӯдакони беназоратмонда афзоиш дорад, ки баъди гирифтани осеби рӯҳӣ онҳо ба оворагардӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб даст мезананд.
17. Дар соли 2013 аз ҷониби ноболиғон 725 ҳолатҳои содир намудани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 82 ҷиноят зиёд мебошад.
18. Аз шумораи умумии ноболиғони дар соли 2013 ҷиноят содирнамуда, 515 нафарашонро ноболиғоне ташкил медиҳанд, ки ба кор ва хондан машғул нестанд. Онҳо асосан дар оилаҳои носолим зиндагонӣ мекунанд ва вайрон шудани оилаҳо ба аксари онҳо таъсири манфии худро расонидааст.
19. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар соли 2013 нисбати 6390 волидон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки аз сатҳи пасти масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон шаҳодат медиҳад.
20. Мутобиқи маълумоти расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ нисбати занону духтарон 2103 ҷиноят содир гардидааст, ки аксарияти онҳоро ҷиноятҳои хусусияти зӯроваридошта ташкил медиҳанд.
21. Инчунин солҳои охир ба худкушӣ даст задани занону духтарон ва ноболиғон ба назар мерасад. Дар соли 2011 507 ҳолат, аз он 277 ҳолат, соли 2012 554 ҳолат, аз он 287 ҳолат ва дар соли 2013 568 ҳолат, ки 299 адади онҳо аз тарафи занону духтарон ва 55 ҳолат аз тарафи духтарони ноболиғ содир шудааст, ки аз мавҷудияти фазои носолим дар оилаҳои имрӯза шаҳодат медиҳанд.
22. Бо сабаби надоштани шароити мусоид ва то ҳол ҷой доштани хуруфот дар маҳалҳо ҳанӯз ҳам аз таҳсил дур мондани кӯдакони синни мактабӣ ба назар мерасад, ки ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ва ба пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо таъсири худро мерасонад.
23. Тибқи маълумоти расмии оморӣ дар соли хониши 2012-2013 аз 2630 нафар кӯдакони аз таҳсил дурмонда 1499 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
24. Бояд тазаккур дод, ки раванди болоравии қазияҳои сироятёбӣ ба вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният дар ҷомеа ба занон ҳам аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ, тиббӣ ва ҳам равонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 5382 нафар шаҳрвандон гирифтори бемории вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният гардидаанд. Аз ин теъдод 1476 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2008 1202 нафар зиёд мебошанд. Занони мубталои бемориҳои мазкур бештар ба табйиз, хушунат ва муносибати дағал аз тарафи ҷомеа дучор мегарданд.
2. Мақсад ва вазифаҳои асосӣ
25. Мақсади асосии Барнома фаъолгардонии кӯшишҳо дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, таъмини сиёсати самараноки гендерӣ дар кишвар, роҳ надодан ба зӯроварию табйиз дар муносибатҳои оилавӣ, ташаккули низоми созандаи муносибатҳо дар он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа маҳсуб меёбад.
26. Вазифаҳои асосии Барнома инҳо мебошанд:
- мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- ташаккули муносибати тоқатнопазири ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила;
- ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои мусоидаткунандаи зӯроварӣ дар оила;
- мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;
- пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим;
- ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд;
- ташкили механизмҳои татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила".
3. Самтҳои татбиқи Барнома
27. Барнома дар самтҳои зерин татбиқ мегардад:
- такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва татбиқи воқеии онҳо;
- тағйир додани афкори омма нисбат ба зӯроварӣ дар оила;
- ҷоннок гардонидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ, ошкор ва бартарафсозии омилҳои зӯроварӣ дар оила;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд;
- такмили мазмун ва моҳияти чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- таҳияи дастурҳои методӣ оид ба баланд бардоштани фарҳанги муносибатҳои оилавӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- дар доираи воҳидҳои кории амалкунанда ва маблағҳои пешбинишуда таъсис додани марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва беҳтар намудани хизматрасонии ҳуқуқӣ, равонӣ ва тиббӣ ба онҳо;
- таъсиси махзани ягонаи иттилоотӣ оид ба ҷиноятҳои хусусияти зӯроваридошта дар оила;
- мукаммал гардонидани фаъолияти институтҳои махсусгардонидашуда оид ба таъмини дастгирии иҷтимоии оила ва кӯдак, марказҳои равонию педагогӣ дар самти раҳоии оилаҳо аз вазъи буҳронӣ ва мутобиқгардонии ҷабрдидагон ба ҳаёти муътадил;
- мониторинги иҷрои Барнома.
4. Иҷрокунандагони чорабиниҳои дар Барнома пешбинишуда
28. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иҷрокунандагони чорабиниҳои дар Барнома пешбинишуда маҳсуб меёбанд .
5. Натиҷаҳои пешбинишаванда
29. Аз татбиқи Барнома натиҷаҳои зеринро интизор шудан мумкин аст:
- баробарҳуқуқии аъзои оила ва риояи ҳуқуқҳои онҳо таъмин карда мешавад;
- муносибати ҷомеа ба зӯроварӣ дар оила тағйир ёфта, қишрҳои гуногуни ҷомеа баҳри бартараф кардани он тадбирандешӣ менамоянд;
- механизми шарикии иҷтимоии сохторҳои дахлдор оид ба пешгирӣ ва ошкор кардани зӯроварӣ дар оила муайян ва татбиқ мегардад;
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила такмил дода мешавад;
- сатҳи зӯроварӣ дар оила дар миқёси ҷумҳурӣ коҳиш меёбад;
- махзани махсуси омории ягона оид ба зӯроварӣ дар оила таъсис дода мешавад;
- дар доираи воҳидҳои кории амалкунанда ва маблағҳои пешбинишуда марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила дар тамоми ҷумҳурӣ таъсис дода мешаванд;
- муносибатҳои равонӣ дар оилаҳо беҳтар гашта, сатҳи иҷтимоии онҳо баланд бардошта мешавад;
- масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд баланд бардошта шуда, ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон таъмин карда мешавад.
6. Маблағгузории Барнома
30. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
7. Ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги иҷрои Барнома
31. Чорабиниҳои Барнома аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегарданд. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд ҳар шаш моҳ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи мазкур бо инъикоси иҷрои воқеии нишондиҳандаҳои дар Барнома зикргардида ҳисобот пешниҳод намоянд.
32. Барнома тибқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома ба роҳ монда мешавад (замима мегардад).
8. Нишондиҳандаҳо
33. Нишондиҳандаҳои татбиқи Барнома инҳоянд:
- шумораи муроҷиати шаҳрвандоне, ки ба табйиз ва зӯроварӣ дар оила дучор гаштанд;
- шумораи марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила;
- теъдоди кормандони махсуси Вазорати корҳои дохилӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила (нозирони минтақавии пешгирии зӯроварӣ дар оила);
- шумораи чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- миқдори барномаву намоишҳо ва маводҳои чопӣ дар воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- шумораи талоқҳои ба қайд гирифташуда;
- шумораи духтарон дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- шумораи занону кӯдакони бемор ва маъюб, ки аз зӯроварӣ дар оила зарар дидаанд;
- шумораи ҳалномаҳои судӣ вобаста ба қонунвайронкуниҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила.
Замимаи 1