Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2011 № 1014 "Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 9.07.2014 № 226 аз эътибор соқит дониста шуд.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади ташкили низоми ягонаи идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар заминаи сохторҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, кор бо муҳоҷирони Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва оид ба муҳоҷирати меҳнатии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад;

- ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳоро оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, бакортаъминкунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд;

- дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд, сохторҳо ё атташеҳо оид ба муҳоҷират, ки ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати функсионалӣ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд, таъсис диҳад;

- Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мӯҳлати ду моҳ таҳия ва тасдиқ намояд;

- масъалаҳои ташкилию молиявиро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, ҳал намояд;

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба ҳамин Фармон мутобиқ намояд.

2) Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- сархати якуми банди 3 хориҷ карда шавад;

- ба банди 5 Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони зикргардида тасдиқ карда шудааст, сархати ёздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

21 январи соли 2011 № 1014