ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд чун Мақоми иҷроияи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд чун Мақоми иҷроияи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим, ки 11 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Бонки байналмилалии таҷдид ва рушдро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани Созишномаи мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 14 майи соли 2014 № 1489
Рақами гранти БПМТИ: ТF014523
Барномаи пилотии мувофиқшавӣ ба
тағйирёбии иқлими Фонди стратегии
иқлим
Созишномаи грантӣ
(лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот)
байни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва
Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд
чун Мақоми иҷроияи Барномаи пилотии
мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими
Фонди стратегии иқлим
Аз 11 июни соли 2013
Рақами гранти БПМТИ: ТF0Н523
Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим
Созишномаи мазкур аз санаи аз 11 июни соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд дар матн - "Грантгиранда") ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (минбаъд дар матн - "Бонки ҷаҳонӣ"), ки ба сифати мақоми иҷроияи Барномаи пилотии мувофиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди глобалии экологӣ (минбаъд дар матн -БМПТИ) амал мекунад, баста шудааст.
Бо ҳамин ҳуҷҷат Грантгиранда ва Бонки ҷаҳонӣ ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1 Шартҳои стандартӣ; Мафҳумҳо
1.1. Шартҳои стандартӣ аз 15 феврали соли 2012 барои грантҳое, ки Бонки ҷаҳонӣ аз фондҳои гуногун дарёфт менамояд (минбаъд дар матн"Шартҳои стандартӣ"), қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошанд.
1.2. Агар дар матн маънои дигаре дар назар дошта нашуда бошад, пас ҳамаи истилоҳоти дар Созишномаи мазкур истифодашаванда, ки бо ҳарфҳои калон навишта шудаанд, ҳамон маъноеро доранд, ки дар Созишнома ва Шартҳои стандартӣ муайян шудааст, истилоҳоти иловагии дар поён овардашуда маънои зерин доранд:
а. "Бенефитсиар" шахсест аз гурӯҳҳои зерин: (i) Гурӯҳи ҳавасманди ҷамоавӣ (тибқи мафҳуми дар зер овардашуда), (ii) Гурӯҳи истифодабарандагони чарогоҳҳо (тибқи мафҳуми дар зер овардашуда), ё (iii) Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ки дар сурати мутобиқат ба меъёрҳои дар Дастури амалиётии лоиҳа зикргардида, ҳуқуқи гирифтани субгрант барои татбиқи зер лоиҳа доранд.
в. "КҲМЗ" маънои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Грантгиранда ё ягон вориси ҳуқуқии онро дорад.
с. "Гурӯҳи ҳавасманди ҷамоавӣ" маънои гурӯҳи хоҷагиҳоро дар сатҳи деҳа дорад, ки метавонанд ба сифати бенефитсиар дар доираи зерқисми 1.1. Лоиҳа интихоб шаванд.
d. "БЭ" маънои баҳодиҳии экологӣ бо дарназардошти хусусияти ҷойгиршавии ҳар як иншоот, аз ҷумла лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зистро барои ҳар як иншоот ифода мекунад, ки аз ҷониби Грантгиранда мутобиқи ҚЧҲМЗ, Ҷадвали 2 ва Фасли 1 (В) Созишномаи мазкур тасдиқ шуда, барои Бонки ҷаҳонӣ қаноатбахш мебошанд. БЭ-и мазкур нисбати корҳое гузаронида мешавад, ки аз ҷониби Бенефитсиар дар доираи татбиқи Зерлоиҳа дахлдор амалӣ гардида, дар он тадбирҳои идоракунӣ ва паст фаровардани хавфҳои эҳтимолии экологӣ, ихтисор ё ҷуброни оқибатҳои таъсири номусоид ба муҳити зист дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо дар доираи Лоиҳа ба таври муфассал муайян карда мешаванд. Ба ғайр аз ин ҳангоми гузаронидани БЭ маълумоти ибтидоии экологию иҷтимоӣ барои ҳар объект муайян гардида, маълумоти муфассал дар бораи заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оварда мешавад, чораҳои дахлдори институтсионалӣ, механизмҳои мониторинг ва ҳисоботдиҳие зикр карда мешаванд, ки метавонанд татбиқи зарурии чорабиниҳо ва мунтазам гирифтани маълумотро дар бораи риояи шартҳои гузошташуда таъмин намоянд. Зимнан, ба натиҷаҳои БЭ метавонанд дар асоси тасдиқи пешакии хаттӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Ба ғайр аз ин мафҳуми "БЭ" ба яке аз намудҳои баҳодиҳии экологӣ мансуб мебошад.
е. "ҚЧҲМЗ" Қолаби чораҳои ҳифзи муҳити зист аз 18 декабри соли 2012 мебошад, ки аз ҷониби Грантгиранда таҳия ва тасдиқ шудааст ва баъдан дар саҳифаи " Shoshop" - и Бонки ҷаҳонӣ аз 5 феврали соли 2013 ва 6 феврали соли 2013 дар Тоҷикистон нашр гардида, дар ҷадвали 2 қисми 1 (В) Созишномаи мазкур зикр мегардад ва қонеъкунандаи Бонки ҷаҳонӣ мебошад. ҚИҲМЗ қоидаю тавсияҳо ва расмиёти гузаронидани баҳодиҳии таъсири фаъолияти лоиҳавӣ ба муҳити зистро дар бар гирифта, чораҳои ихтисор, сабук кардан ё ҷуброни оқибатҳои таъсири номатлуб ба муҳити зист ва афзун гардонидани доираи таъсири мусбии Лоиҳаро муайян менамояд, аз ҷумла фасли алоҳида ба идоракунии хавфи марбут ба фаъолият оид ба мубориза бо ҳашароти зараррасони кишоварзӣ бахшида шудааст. Ҳамзамон дар асоси мувофиқаи пешакӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ба он баъзан метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
f. "Нақшаи ҳифзи муҳити зист" ё НҲМЗ маънои ҳуҷҷатҳоро бо дарназардошти хусусияти ҷойгиршавии ҳар як иншооти татбиқи лоиҳа дорад, ки ҳангоми гузаронидани БЭ барои ҳар иншооти мушаххас таҳия карда мешаванд. НҲМЗ аз ҷониби Грантгиранда тибқи ҚЧҲЗ ва ҷадвали 2 қисми 1 (В) Созишномаи мазкур таҳия ва тасдиқ гардида, бояд барои Бонки ҷаҳонӣ қаноатбахш бошанд. Зимнан ба НҲМЗ дар асоси розигии хаттии пешакии Бонки ҷаҳонӣ баъзан метавонанд тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шаванд. Ба ғайр аз ин, мафҳуми НҲМЗ ба яке аз намудҳои дар боло зикргардидаи он мансуб аст.
g. "Гурӯҳи татбиқи лоиҳа" (ГТЛ) гурӯҳеро ифода мекунад, ки он дар назди КҲМЗ барои иҷрои корҳо оид ба татбиқи лоиҳа ташкил шуда, ба он Ҳамоҳангсози лоиҳа, ёвари Ҳамоҳангсози лоиҳа ва машваратчиёни махсус барои кор оид ба татбиқи лоиҳа ҷалбшаванда шомил мебошанд.
h. "Хароҷоти иловагии амалиётӣ" хароҷоти истифодабарии иловагиеро ифода мекунад, ки дар ҳолати зарурӣ аз ҷониби ГТЛ бо мақсади татбиқи лоиҳа, идоракунӣ ва гузаронидани мониторинг, аз ҷумла додани маоши кормандони ГТЛ, ки хизматчиёни давлатӣ нестанд, истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии техника ва таҷҳизоти идора, истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт, хароҷоти сафарҳои дохилӣ, алоқа, тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ, ҳаққи хизмати бонк, пардохтҳои иҷтимоӣ ва дигар хароҷоте, ки дар асоси буҷети даврагии Бонки ҷаҳониро қонеъкунанда пардохта мешавад.
i. "Ҷамоат" маънои воҳиди маъмурию ҳудудии Грантгирандаро ифода мекунад.
j. "Гурӯҳи истифодабарандагони чарогоҳ" гурӯҳи фермерҳоро ифода мекунад, ки дар сатҳи деҳа ё ҷамоат бо мақсади таҳия ва татбиқи нақшаҳо дар доираи Зерқисми 1.2 Лоиҳа ташкил шуда, тибқи Зерқисмати 1.2 Лоиҳа ҳамчун Бенефитсиар интихоб шаванд.
k. "БМПТИ" - Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлимиро ифода мекунад.
l. "Созишномаи гранти БПМТИ" Созишномаи грантиеро ифода мекунад, ки дар санаи дахлдор байни Грантгиранда ва БМПТН баста шуда, тибқи он аз ҷониби БПМТИ барои лоиҳа маблағ дар ҳаҷми 9.450.000 (нӯҳ миллиону чорсаду панҷоҳ ҳазор) доллари ШМА ҷудо мегардад.
m. "Нақшаи харид" нақшаи хариди Грант Грантгирандаро тибқи лоиҳа ифода мекунад, ки санаи 19 феврали соли 2013 қабул гардида, дар банди 1.16 Дастур оид ба харид ва банди 1.24 Дастур барои машваратчиён зикр гардидааст ва нақшаи мазкур метавонад бо мурури замон тибқи муқаррароти бандҳои зикргардида нав карда шавад.
n. "ТҒҲ лоиҳавӣ" ташкилотҳои ғайриҳукуматии соҳибтаҷрибаву ихтисосмандро ифода мекунад, ки дорои қайди дахлдор буда, дар қаламрави Грантгиранда фаъолият мебаранд ва қонеъкунандаи талаботи Бонки ҷаҳонӣ мебошанд, мутобиқи Дастури амалиётии Лоиҳа интихоб ва аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар асоси қарордод барои дастгирии гурӯҳҳои манфиатҳои ҷамоавӣ, гурӯҳҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо мақсади татбиқи Лоиҳа киро шудаанд, мафҳуми "ТҒҲ лоиҳавӣ" инчунин ҳар яке аз ин ташкилотҳоро ифода мекунад.
о. "Дастури амалиётии лоиҳа" ё ДАЛ дастуруламалеро ифода мекунад, ки бояд аз ҷониби Грантгиранда тибқи моддаи V фасли 5.01 (b) Созишномаи мазкур тасдиқ гардида, барои Бонки ҷаҳонӣ қонеъкунанда бошад ва дар он ӯҳдадориҳои амалиётию маъмурӣ, расмиёту қоидаҳои татбиқи лоиҳа, аз ҷумла дастуруламал оид ба расмиёти молиявӣ тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур, инчунин тибқи қонунҳои миллӣ ва қоидаҳои Грантгиранда қайд шуда бошад. Бо мурури замон тибқи иҷозати хаттии пешакии Банки ҷаҳонӣ ба он метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
р. "Субгранд" маънои грантеро дорад, ки аз ҷониби Грантгиранда ба фоидаи Бенефитсиар аз ҳисоби маблағҳои Гранти асосӣ дар доираи Қисмати 1 Лоиҳа мувофиқи тартибу шартҳои дар Фасли 1D. ва Е Ҷадвали 2 Созишномаи мазкур зикргардида ҷудо мегардад.
q. "Зерлоиҳа" маънои лоиҳаеро дорад, ки аз ҷониби Грантгиранда тибқи меъёру расмиёти дар Дастури амалиётии лоиҳа дарҷёфта интихоб гардида, аз ҳисоби Субгрант дар асоси Созишнома дар бораи зерлоиҳаи дахлдор маблағгузорӣ мешавад.
r. "Созишнома дар бораи зерлоиҳа" созишномаеро ифода мекунад, ки байни Грантгиранда ва Бенефитсиар барои Зерлоиҳаи дахлдор мутобиқи Фасли 1.F Ҷадвали 2 Созишномаи мазкур баста мешавад.
s. "Тренингҳо" хароҷотеро аз рӯи лоиҳа ифода мекунад, ки он бо гузаронидани сафарҳои шиносшавӣ, курсҳои таълимӣ, семинарҳо, таҷрибаомӯзӣ ва дигар чорабиниҳои таълимӣ алоқаманд буда, ба хариди мол ва хизматрасонӣ дар доираи қарордодҳои басташуда ворид нагардидааст, аз ҷумла хароҷот барои маводи таълимӣ, иҷораи бино ва таҷҳизот, хароҷоти нақлиёт ё шабонарӯзӣ барои курсантҳо ва тренерҳо.
t. "Ассотсиатсияи истифодабарандагони об" гурӯҳеро иборат аз фермерон дар назар дорад, ки дар сатҳи деҳа ё ҷамоат барои таҳия ва татбиқи нақшаҳо дар доираи Зерқисмати 1.2 Лоиҳа ташкил шуда, метавонанд ба сифати Бенефитсиарҳо мутобиқи Зерқисмати 1.2 Лоиҳа интихоб шаванд.
Моддаи II. Лоиҳа
2.01. Грантгиранда ба ин васила ҷонибдории худро ба мақсадҳои лоиҳа, ки дар Ҷадвали 1 ба Созишномаи мазкур замимагардида ("Лоиҳа") зикр гардидаанд, иброз медорад. Дар ин робита Грантгиранда Лоиҳаро тавассути КҲМЗ тибқи муқаррароти Моддаи II Шартҳои стандартӣ амалӣ менамояд.
2.02. Бе ягон маҳдудият нисбат ба муқаррароти Фасли 2.01 Созишномаи мазкур ва ба истиснои ҳолатҳое, ки Грантгиранда ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи шарти дигар ба мувофиқа меоянд, Грантгиранда бояд кафолат диҳад, ки Лоиҳа мутобиқи муқаррароти Ҷадвали 2 ба Созишномаи мазкур замимагардида амалӣ хоҳад шуд.
Моддаи III. Грант
3.01. Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади мусоидат барои маблағгузорӣ тибқи Созишномаи мазкур барои ба Грантгиранда ҷудо намудани грант ба маблағи баробар ба нӯҳ миллиону чорсаду панҷоҳ ҳазор (9450000) доллари ШМА дар асоси шарту мӯҳлатҳое, ки дар Созишномаи мазкур зикр гардидаанд ё ба он дахл доранд, розигии худро медиҳад.
3.02. Грантгиранда ҳуқуқ дорад, ки маблағи Грантро мувофиқи Фасли IV Ҷадвали 2, ки ба Созишномаи мазкур замима мегардад, гирад.
3.03. Грант аз фонди трастии дар боло зикргардида маблағгузорӣ мешавад, ки барои он Бонки ҷаҳонӣ марҳила ба марҳила аз донорҳо аъзоҳаққӣ мегирад. Мутобиқи Фасли 3.02 Шартҳои стандартӣ ӯҳдадориҳои Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи пардохти маблағ барои иҷрои Созишномаи мазкур дар доираи маблағе маҳдуд мегардад, ки он аз тарафи Донорҳо барои фонди трастии дар боло зикргардида ҷудо мегардад, Грантгиранда бошад, ҳуқуқ дорад, маблағҳоро ба шарти мавҷуд будани онҳо гирифта, истифода барад.
Моддаи IV Чораҳои иловагӣ
4.01. Ҳолати иловагии боздошти пардохти дар Фасли 4.02 (К) Шартҳои стандартӣ зикргардида ин аст:
а) Бонки ҷаҳонӣ муқаррар намояд, ки баъд аз санаи дар Фасли 5.03 Созишномаи зикргардида эътибор пайдо кардани грант пеш аз ин сана, вале баъд аз ба имзо расидани Созишнома воқеае рух додааст, ки он боиси қабул кардани қарор аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар бораи боздоштани ҳуқуқи Грантгиранда барои гирифтани маблағ аз суратҳисоби Грант гардидааст, агар Созишномаи мазкур замоне эътибор пайдо кунад, ки ин воқеа ба вуқӯъ пайвастааст.
Моддаи V. Эътибор пайдо кардан; Қатъи амал
5.01. Созишномаи мазкур то замони ба Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод намудани тасдиқномаи расмии қонеъкунандаи талаботи Бонки ҷаҳонӣ дар хусуси он, ки шартҳои зерин риоя гардидаанд, эътибор пайдо намекунад:
а. бастан ва пешниҳод намудани Созишномаи мазкур аз номи Грантгиранда тибқи ҳамаи амалҳои аз ҷониби Ҳукумат амалишуда ба таври зарурӣ иҷозат дода ё тасдиқ шуда бошанд.
b. бастан ва иҷро намудани Созишномаи дар бораи гранти ФГЭ аз номи Грантгиранда тавассути ҳамаи амалҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумат ба таври дахлдор иҷозат ё тасдиқ шуда бошад ва ҳамаи шартҳои эътибор пайдо кардани он ё ҳуқуқи Грантгиранда барои гирифтани маблағ (ба ғайр аз эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур) иҷро гардида бошанд;
с. Роҳбарии амалиётии лоиҳа, ки қонеъкунандаи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, аз ҷониби Грантгиранда тасдиқ шуда бошад;
d. Грантгиранда дар бораи харид, насб ва мутобиқгардонии таъминоти барномавии баҳисобгирии муҳосибавии 1 С-ро имзо карда бошад, ки он аз ҷониби КҲМЗ барои мақсадҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ, буҷет ва ҳисоботдиҳӣ дар доираи татбиқи Лоиҳа истифода мегардад ва Грантгиранда итминон дода бошад, ки аз ҷониби КҲМЗ барои гузаронидани омӯзиши зарурӣ аз рӯи системаи нави баҳисобгирии муҳосибавӣ бо мақсади истифодабарии самараноки он аз тарафи кормандони идораи молиявӣ ва пардохт маблағҳо захира шудаанд;
е. Грантгиранда машваратчиёнро оид ба масъалаҳои идоракунии молиявӣ ва пардохти қонеъкунандаи талаботи Бонки ҷаҳониро барои дастгирии кормандони муҳосиботи КҲМЗ ва масъул будан барои иҷрои вазифаҳои оид ба идоракунии молиявӣ ва пардохт киро карда бошад.
5.02. Ба истиснои ҳолатҳое, ки Грантгиранда ва Бонки ҷаҳонӣ ба мувофиқаи дигар мерасанд, Созишномаи мазкур ҳамон рӯзе эътибор пайдо мекунад, ки Бонки ҷаҳонӣ ба Грантгиранда дар хусуси гирифтани тасдиқномаи расмии зарурӣ мутобиқи Фасли. 5.01 (Санаи эътибор пайдо кардан) огоҳинома ирсол менамояд. Агар то санаи эътибор пайдо кардани Созишнома ягон воқеае ба вуқӯъ напайвандад, ки бо сабаби он Бонки ҷаҳонӣ дар бораи боздоштани ҳуқуқи Грантгиранда оид ба гирифтани маблағ аз суратҳисоби Грант қарор қабул кунад ва агар Созишнома эътибор пайдо карда бошад, Бонки ҷаҳонӣ метавонад ирсоли огоҳиномаро то замоне боздорад, ки дар давоми он воқеа (воқеаҳо) аз миён бардошта шаванд.
5.03. Қатъи амал бо сабаби ғайриимкон будани эътибор пайдо кардан. Созишномаи мазкур ва ҳамаи ӯҳдадориҳои тарафҳо аз рӯи он қать мегарданд, агар он дар мӯҳлати 90 (навад) рӯз баъд аз санаи имзои Созишномаи мазкур эътибор пайдо накарда бошад ва агар аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ баъд аз баррасии сабабҳои батаъхиргузорӣ санаи дертар барои иҷрои шартҳои Фасли мазкур муқаррар карда нашавад. Бонки ҷаҳонӣ бояд фавран дар бораи муқаррар гардидани мӯҳлати дертар огоҳ намояд.
Моддаи VI Намояндаи Грантгиранда. Суроғаҳо.
6.01. Намояндаи Грантгиранда, ки дар Фасли 7.02 Шартҳои стандартӣ зикр гардидааст, Вазорати молия мебошад.
6.02. Суроғаи Грантгиранда, ки дар Фасли 7.01 Шартҳои стандартӣ зикр гардидааст, ин аст:
Вазорати молия
Кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3
ш.Душанбе, 734025
Ҷумҳурии Тоҷикистон. Рақами факс (992-372)21-33-29
6.03. Суроғаи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар Фасли 7.01 Шартҳои стандартӣ зикр гардидааст, ин аст:
Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд
Кӯчаи1818 Н, N.W.
Вашингтон, Ҳавзаи Колумбия 20433
Штатҳои Муттаҳидаи Америка
Телеграмма:
телекс:
факс:
INDEVAS 248423 (МСI) ё
Ҳавзаи Колумбия 64145 (МСI) 1-202-477-6391
Дар ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рӯзу соли дар боло нишон додашуда МУВОФИҚА ШУДААСТ.
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
________________________
Намояндаи ваколатдор
Ному насаб____________________
Вазифа________________________
Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд, ки ба сифати Мақоми иҷроияи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим амал мекунад
_______________________
Намоянда ваколатдор
Ҷадвали 1. Тавсифи лоиҳа
Мақсади умумии рушд аз рӯи лоиҳа (МРЛ) ва Мақсади глобалии экологӣ (МГЭ) пешниҳоди имкониятҳо ба бошандагони деҳот ҷиҳати зиёд намудани сармояи истеҳсолӣ ба тариқе мебошад, ки идоракунии захираҳои табиӣ такмил ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои интихобшудаи иқлиман осебпазир баланд бардошта шавад.
Лоиҳа аз се қисмҳои зерин иборат мебошад:
Қисмати 1: Сармоягузорӣ ба истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи захираҳои замин.
Зерқисмати 1.1. Истеҳсолоти кишоварзии устувор дар сатҳи деҳаҳо ва идораи захираҳои замин.
Ҷудо намудани Субгрантҳои хурд ба Гурӯҳҳои ҷамоавӣ дар сатҳи маҳалҳои аҳолинишини деҳот ҷиҳати амалисозии (i) сармоягузорӣ ба истеҳсолоти кишоварзӣ; (ii) сармоягузорӣ ба идораи захираҳои замин ва (iii) сармоягузорӣ ба иншооти дахлдори инфрасохтори хурди деҳот.
Зерқисмати 1.2. Ташаббусҳои калонҳаҷм дар соҳаи идоракунии устувори захираҳои замин дар сатҳи ҷамоатҳо.
а. Ҷудо намудани Субгрантҳо ба гурӯҳҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо дар сатҳи ҷамоатҳо барои татбиқи нақшаҳои муштараки идоракунии чарогоҳҳо ва хоҷагии чорвопарварӣ, гузаронидани тренингҳо ва хариди таҷҳизот ва мебели идоравӣ барои Гурӯҳҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо;
b. Ҷудо намудани Субгрантҳо ба Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об барои амалӣ намудани нақшаҳо оид ба ҷорӣ намудани таҷрибаи устувори идоракунии байнихоҷагии захираҳои об дар киштзорҳои обёришавандашаванда, гузаронидани тренингҳо ва хариди таҷҳизот ва мебели идоравӣ барои Ассотсиатсияи истифодабарандагони об.
Қисмати 2. Идоракунии дониш ва дастгарии иститутсионалӣ
Зерқисмати 2.1. Дастгирии гурӯҳӣ ва машваратҳои техникӣ.
а. Омодагӣ, баҳодиҳӣ, татбиқ ва мониторинги сармоягузорӣ ва нақшаҳои деҳот оид ба идоракунии чарогоҳҳо ва захираҳои оби байнихоҷагӣ дар доираи зерлоиҳаҳое, ки аз маблағҳои Қисмати 1 Лоиҳа маблағгузорӣ мешаванд.
в. Дасгирии ташкилотҳои дар сатҳи ҷамоавӣ амалкунанда бо мақсади расонидани хизматрасонии машваратии техникӣ ба гурӯҳҳои фермерӣ ва дигар ташкилотҳои деҳот.
Зерқисмати 2.2. Трениигҳо, паҳн намудани иттилоот ва барномаҳо оид ба табодул
а. Дастгирии марҳилаи шиносоии Лоиҳа бо мақсади расонидани иттилоот дар бораи мақсад, муносибат ва фаъолияти Лоиҳа ба шарикон ва ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз ҷумла сафар ба маҳалҳо.
в. Беҳтар намудани донишу малака аз рӯи чунин мавзӯи муҳим, ба монанди баҳодиҳӣ ва мониторинги экологӣ, идоракунии якҷоягии захираҳои замин, об ва чарогоҳҳо, ҳифзи маҷмӯии растаниҳо аз ҳашароти зараррасон, сифати хок ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.
с. Дастгирии кори таҳлилӣ бо мақсади пешниҳоди тавсияҳо оид ба таҳияи дизайн ва таъмини устувории сармоягузории деҳот, инчунин гузаронидани баҳодиҳии Лоиҳа дар давраи фосилавӣ ва баъд аз ба итмом расидани татбиқи он.
d. Дастгирии пахши иттилоот тавассути мубодилаи донишу малака байни минтақаҳои лоиҳавӣ ва барномаву лоиҳаҳои шабеҳ бо роҳи мусоидат барои мубодилаи ҳуҷҷатҳо,, иттилоот ва дониш оид ба роҳу воситаҳои лоиҳавии нисбатан муваффақона бо мақсади зиёдкунӣ ва пешбурди онҳо.
е. Дастгирии расонидани ёрии техникӣ ва сарфи маблағгузории хароҷоти дахлдор барои гузаронидани баҳодиҳӣ ва пажӯҳиш аз рӯи лоиҳа.
Қисми 3. Идоракунии лоиҳа ва ҳамоҳангсозӣ
Дастгирии татбиқи лоиҳа тариқи маблағгузории хароҷоти иловагии амалиётии Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, чи дар КҲМЗ ва чи дар кумитаҳои ноҳиявии он барои харид, идоракунии молиявӣ, хамоҳангсозӣ, ҳисоботдиҳӣ ва гузаронидани мониторингу баҳодиҳии лоиҳа.
Ҷадвали 2. Иҷрои лоиҳа
Фасли I. Механизмҳои институтсионалӣ ва механизмҳои дигар.
А. Механизмҳои институтсионалӣ.
1. Грантгиранда ба воситаи КҲМЗ Лоиҳаро мувофиқи талабот, меъёрҳо, механизмҳои ташкилӣ ва расмиёти амалии дар Дастури амалиётии лоиҳа КЧҲ МЗ баёнгардида амалӣ намуда, ҳуқуқ надорад, ки тартиби нав муқаррар намояд, муқаррароти Дастури амалиётии лоиҳаро бе розигии пешакии Бонки ҷаҳонӣ тағйир диҳад, бекор кунад ё аз он берун барояд.
2. На дертар аз _____ Грантгиранда ҷиҳати дастгирии ҳамоҳангии Байнисоҳавӣ, гузаронидани мониторинги ҷараёни татбиқи лоиҳа ва ҳалли ихтилифоти назар, ки дар доираи татбиқи Лоиҳа ба вуҷуд омада метавонанд, бояд комиссияи байниидоравӣ таъсис дода, ба кори он идома бахшад. Комиссияи мазкур таҳти роҳбарии Раиси КҲМЗ фаъолият бурда, ба он намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Академияи фанҳо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати энергетика, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шомил мешаванд.
3. Бо мақсади татбиқи Қисмати 2.1 Лоиҳа Грантгиранда ба воситаи КҲМЗ бояд (i) ТҒҲ-ро дар асоси меъёрҳое, ки дар Дастури амалиётии лоиҳа нишон дода шудаанд, интихоб намояд; (ii) бо ҳар ТҒҲ-и лоиҳавӣ барои татбиқи чорабиниҳо дар доираи Қисмати 2 Лоиҳа қарордодҳо бандад, ки онҳо талаботи Бонки ҷаҳониро қонеъ карда тавонанд.
4. Дар тӯли тамоми муҳлати татбиқи лоиҳа Грантгиранда ӯҳдадор аст, ки Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи назди КҲМЗ-ро бо маблағҳои молиявӣ, бинои хизматӣ, захираҳо, аз ҷумла кормандони ихтисосманду ботаҷриба, миқдори кифояи машваратчиён, тавре дар Дастури амалиётии лоиҳа нишон дода шудааст, таъмин намояд ва он бояд Бонки ҷаҳониро қонеъ карда тавонад.
В. Меъёрҳои бехатарии экологӣ ва иҷтимоӣ.
1. Грантгиранда ба воситаи КҲМЗ: (i) бояд то иҷрои корҳо дар доираи Зерқисмати 1.1 Лоиҳа бадодиҳии экологӣ (БЭ) гузаронад ва мутобиқи ҚҶМЗ вобаста ба он НҲМЗ-ро барои зерлоиҳаҳои дахлдор омода созад, ки он пешакӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ мегардад; (ii) бояд Зерқисмати 1.1 Лоиҳаро мувофиқи натиҷаҳои БЭ-и дахлдор ва НҲМЗ-и вобаста ба он амалӣ намояд; ва (iii) ҳуқуқ надорад, ки бе розигии пешакии Бонки ҷаҳонӣ ба БЭ-и дахлдор ва НҲМЗ-и вобаста ба он тағйирот ворид созад, онҳоро боздорад, бекор кунад ё аз муқаррароти онҳо даст кашад.
2. Грантгиранда набояд ягон фаъолиятеро аз рӯи Лоиҳа иҷро кунад, ки он боиси мусодираи замин ё кӯчонидани аҳолии маҳаллӣ гардад.
С. Сиёсати зиддикорупсионӣ
Грантгиранда ӯҳдадор мешавад, ки Лоиҳаи мазкурро мутобиқи "Дастуруламал оид ба пешгирӣ ва мубориза бо қаллобию коррупсия дар лоиҳаҳои аз ҳисоби маблағҳои қарзии ББРТ, қарз ва грантҳои АБР маблағгузоришаванда" аз 15 октябри соли 2006 ва дар таҳрири нав аз январи соли 2011 ("Дастуруламали муқовимат ба коррупсия") амалӣ менамояд.
D. Грантҳои хурд дар доираи Зерқисмати 1.1 Лоиҳа
1. Бо мақсади мусоидат ба амалисозии Зерқисмати 1.1 Лоиҳа Грантгиранда бояд: (а) ягон Зерлоиҳаро мутобиқи меъёрҳо ва расмиёти дар Дастури амалиётии лоиҳа нишон додашуда интихоб намояд; (b) қисми маблағи Грантро барои татбиқи зерлоиҳаи интихобшуда тибқи Созишнома дар бораи зерлоиҳаи байни Грантгиранда ва Бенефитсиари дахлдор баимзорасида дар доираи шарту талаботи аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ тасдиқгардида, аз он ҷумла дар Фасли 1. Ғ Ҷадвали мазкур ва Дастури амалиётии лоиҳа дарҷгардида ба Бенефитсиар ҷудо намояд.
2. Грантгиранда ҳуқуқҳои худро мутобиқи Созишнома дар бораи зерлоиҳаҳо тарзе бояд амалӣ гардонад, ки ҳимояи манфиатҳои Грантгиранда ва Бонки ҷаҳонӣ ва ноилшавӣ ба мақсадҳои Лоиҳаро таъмин намояд. Ба истиснои ҳолатҳои алоҳидае, ки бояд бо Бонки ҷаҳонӣ мувофиқа гарданд, Грантгиранда ҳуқуқи гузашт кардан, тағйир додан, бекор кардан ё даст кашидан аз Созишнома дар бораи зерлоиҳа ё муқаррароти алоҳидаи онро надорад.
3. Грантгиранда бояд таъмин намояд, ки ҳар як Созишнома дар бораи зерлоиҳа барои татбиқи зерлоиҳа дар доираи Зерқисмати 1.1 ба тартибу шартҳои зерин мувофиқат кунад, вале бо онҳо маҳдуд нагардад:
а) Илова ба маблағи Субгранти ҷудошаванда пардохти иловагии бенефитсиар дар шакли пулӣ ё молӣ ба андозаи баробар ба 25% маблағи Субгрант лозим меояд.
b) Ҳар Бенефитсиар бояд фаъолияти худро дар доираи Зерқисмати 1.1 Лоиҳа мутобиқи Дастуруламал оид ба муқовимат ба коррупсия амалӣ намояд.
с) Маблағҳои Субгрант набояд барои маблағгузории намудҳои ғайриқонунии фаъолият ё хароҷоти дар Даструри амалиётии лоиҳа номбаршуда истифода гарданд.
4. Грантгиранда ӯҳдадор мешавад, ки барои баррасии пешакӣ ва тасдиқи Бонки ҷаҳонӣ се (3) пешниҳоди аввал ҷиҳати гирифтани Субгрантҳо ва Созишномаҳоро дар бораи зерлоиҳаҳо вобаста ба ноҳияҳои Тавилдара ва Ҷиргатол аз рӯи катергорияҳои зерини Субгрантҳое, ки дар доираи Қисмати 1.1 Лоиҳа ҷудо мегарданд, пешниҳод намояд:
а) Байни Грантгиранда ва Гурӯҳи дахлдори манфиати ҷамоавӣ барои сармоягузории истеҳсолоти кишоварзӣ;
b) Байни Грантгиранда ва Гурӯҳи далдори манфиати ҷамоавӣ барои сармоягузории идоракунии захираҳои замин;
с) Байни Грантгиранда ва Гурӯҳи дахлдори манфиати ҷамоавӣ барои сармоягузории инфрасохтори хурди истеҳсолии деҳот.
5) Грантгиранда ӯҳдадор мешегвад, ки барои баррасии пешакӣ ва тасдиқи Бонки ҷаҳонӣ се (3) пешниҳоди аввал ҷиҳати гирифтани Субгрантҳо ва Созишномаҳоро дар бораи зерлоиҳаҳо вобаста ба ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг аз рӯи катергорияҳои зерини Субгрантҳое, ки дар доираи Қисмати 1.1 Лоиҳа ҷудо мегарданд, пешниҳод намояд:
а) Байни Грантгиранда ва Гурӯҳи дахлдори манфиати ҷамоавӣ барои сармоягузории истеҳсолоти кишоварзӣ;
b) Байни Грантгиранда ва Гурӯҳи дахлдори манфиати ҷамоавӣ барои сармоягузории идоракунии захираҳои замин;
с) Байни Грантгиранда ва Гурӯҳи дахлдори манфиати ҷамоавӣ барои сармоягузории инфрасохтори хурди истеҳсолии деҳот.
6) Грантгиранда ӯҳдадор мешавад, ки барои баррасии пешакӣ ва тасдиқи Бонки ҷаҳонӣ се (3) пешниҳоди аввал ҷиҳати гирифтани Субгрантҳо ва Созишномаҳоро дар бораи зерлоиҳаҳо вобаста ба ноҳияҳои Фархор ва Кӯлоб аз рӯи катергорияҳои зерини Субгрантҳое, ки дар доираи Қисмати 1.1 Лоиҳа ҷудо мегарданд, пешниҳод намояд:
а) Байни Грантгиранда ва Гурӯҳи дахлдори манфиати ҷамоавӣ барои сармоягузории истеҳсолоти кишоварзӣ;
b) Байни Грантгиранда ва Гурӯҳи далдори манфиати ҷамоавӣ барои сармоягузории идоракунии захираҳои замин;
с) Байни Грантгиранда ва Гурӯҳи дахлдори манфиати ҷамоавӣ барои сармоягузории инфрасохтори хурди истеҳсолии деҳот.
Е) Грантҳои калонҳаҷм дар доираи Зерқисмати 1.2 Лоиҳа
1. Бо мақсади мусоидат барои амалӣ намудани Зерқисми 1.2 Лоиҳа Грантгиранда бояд: а) ягон Зерлоиҳаро мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва расмиёти дар Дастури амалиётии Лоиҳа баёнгардида интихоб намояд ва (b) қисми маблағи Грантро барои татбиқи зерлоиҳаи интихобшуда тибқи Созишнома дар бораи зерлоиҳаи байни Грантгиранда ва Бенефитсиари дахлдор баимзорасида дар доираи шарту талаботи аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ тасдиқгардида, аз он ҷумла дар Фасли 1.Ғ Ҷадвали мазкур ва Дастури амалиётии лоиҳа дарҷгардида ба Бенефитсиар ҷудо намояд.
2. Грантгиранда ҳуқуқҳои худро мутобиқи Созишнома дар бораи зерлоиҳаҳо тарзе бояд амалӣ гардонад, ки ҳимояи манфиатҳои Грантгиранда ва Бонки ҷаҳонӣ ва ноилшавӣ ба мақсадҳои Лоиҳаро таъмин намояд. Ба истиснои ҳолатҳои алоҳидае, ки бояд бо Бонки ҷаҳонӣ мувофиқа гарданд, Грантгиранда ҳуқуқи гузашт кардан, тағйир додан, бекор кардан ё даст кашидан аз Созишнома дар бораи зерлоиҳа ё муқаррароти алоҳидаи онро надорад.
3. Грантгиранда бояд таъмин намояд, ки ҳар як Созишнома дар бораи зерлоиҳа барои татбиқи зерлоиҳа дар доираи Зерқисмати 1.1 ба тартибу шартҳои зерин мувофиқат кунад, вале бо онҳо маҳдуд нагардад:
а) Илова ба маблағи Субгранти ҷудошаванда пардохти иловагии бенефисиар дар шакли пулӣ ё молӣ ба андозаи баробар ба 25% маблағи Субгрант лозим меояд.
b) Ҳар Бенефитсиар бояд фаъолияти худро дар доираи Зерқисмати 1.1 Лоиҳа мутобиқи Дастуруламал оид ба муқовимат ба коррупсия амалӣ намояд.
с) Маблағҳои Субгрант набояд барои маблағгузории намудҳои ғайриқонунии фаъолият ё хароҷоти дар Даструри амалиётии лоиҳа номбаршуда истифода гарданд.
4. Грантгиранда ӯҳдадор мешавад, ки барои баррасии пешакӣ ва тасдиқи Бонки ҷаҳонӣ 2 (ду) пешниҳод ҷиҳати гирифтани Субгрантҳо ва Созишномаҳоро дар бораи зерлоиҳаҳо аз рӯи катергорияҳои зерини Субгрантҳое, ки дар доираи Зерқисмати 1.2 Лоиҳа ҷудо мегарданд, пешниҳод намояд:
а) Байни Грантгиранда ва гурӯҳҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо;
b) Байни Грантгиранда ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об.
F. Созишнома дар бораи Зерлоиҳа дар доираи Зерқисматҳои 1.1 ва 1.2 Лоиҳа
Бо мақсади амалӣ намудани Зерлоиҳаҳо дар доираи Зерқисматҳои 1.1. ва 1.2 Лоиҳа, Грантгиранда ба воситаи КҲМЗ бояд:
а) бо Бенефитсиари ваколатдор мутобиқи шарту талаботи тасдиқнамудаи Бонки ҷаҳонӣ ва ба Дастури амалиётии Лоиҳа воридгардида, бо мақсади ҷудо намудани Субгрантҳо барои татбиқи Зерлоиҳаи зикргардида Созишномаро дар бораи Зерлоиҳа ба имзо расонад.
b) Таъмин намояд, ки Созишнома дар бораи зерлоиҳа дар асоси шакли намунавии тасдиқнамудаи Бонк ва ба Дастури амалиётии лоиҳа воридшуда таҳия карда шавад ва мутобиқи он Грантгиранда ҳуқуқҳои барои ҳимояи манфиатҳои худ ва Бонки ҷаҳонӣ кофӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои зерин дошта бошад: (1) боздоштан ва бекор кардани ҳуқуқи ҳар Бенефитсиар барои истифодаи маблағи Субгрант, ё ҷуброн намудани тамоми маблағи Субгрант ё қисми он, дар ҳолати қодир набудани Бенифитсиар барои иҷро намудани ӯҳдадориҳои худ аз рӯи Созишнома дар бораи зерлоиҳа, ва (2) аз ҳар як Бенефитсиар талаб намояд, ки (i) Зерлоиҳаи дахлдори худро бо ҷаҳду талоши лозимӣ ва самаранок мутобиқи қонунгузории миллӣ оид ба масъалаҳои меҳнати кӯдакон ва мутобиқи стандартҳои зарурӣ ва усулҳои амалии техникӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, идоракунӣ, экологӣ ва иҷтимоии қонеъкунандаи талаботи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла мутобиқи муқаррароти Дастуруламали муқовимат ба коррупсия ва КҲМЗ иҷро намоянд; (ii) дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин аз рӯи зарурат захираҳои барои амалӣ намудани Зерлоиҳа заруриро пешкаш намоянд; (iii) хариди мол, кор, хизматрасонии машваратии аз ҳисоби маблағҳои Субгрант маблағгузоришавандаро тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур амалӣ намоянд; (iv) расмиёти муқарраргардидаро барои мувофиқи нишондодҳои барои Бонки ҷаҳонӣ қонеъкунанда гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии пешрафт дар доираи Зерлоиҳаи дахлдор ва иҷрои мақсадҳои он риоя намоянд; (V) системаи соддаи идоракунӣ ва молиявиро мутобиқи стандартҳои муттасил истифодашавандаи баҳисобгирии муҳосибавии қонеъкунандаи Бонки ҷаҳонӣ дар фаъолияти бо ташаббуси ҷамоатҳо анҷомшаванда пеш баранд ва бо ҳамин тариқ амалиёт, захираҳо ва хароҷоти марбут ба Зерлоиҳаро дуруст инъикос намоянд; (vi) бо дархости Бонки ҷаҳонӣ ё Грантгиранда аз ҷониби аудиторони мустақили қонеъкунандаи талаботи Бонки ҷаҳонӣ ва мутобиқи стандартҳои муттасил истифодашавандаи аудит, ки қобили қабули Бонки ҷаҳонӣ мебошанд, аудити ҳисоботҳои молиявии таҳияшавандаро гузаронида, ҳисоботи бо ҳамин тариқ санҷидашударо сари вақт ба Грантгиранда ва Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод намоянд; (vii) ба Грантгиранда ва Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани санҷиши Зерлоиҳа, фаъолияти он ва тамоми ҳуҷҷату навиштаҷоти дахлдор имконият диҳанд; (viii) ба Грантгиранда ва Бонки ҷаҳонӣ тамоми иттилоотеро, ки онро Грантгиранда ва Бонки ҷаҳонӣ бо дарназардошти иҷрои корҳои дахлдор дар оянда асоснок талаб менамоянд, таҳия ва пешниҳод намоянд.
с) Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро мутобиқи Созишномаҳо дар бораи зерлоиҳаҳо тарзе бояд амалӣ гардонад, ки ҳимояи манфиатҳои Грантгиранда ва Бонки ҷаҳонӣ ва ноилшавӣ ба мақсадҳои Лоиҳаро таъмин намояд. Ба истиснои ҳолатҳои алоҳидае, ки бояд бо Бонки ҷаҳонӣ мувофиқа гарданд, Грантгиранда ҳуқуқи гузашт кардан, тағйир додан, бекор кардан ё даст кашидан аз Созишнома дар бораи зерлоиҳа ё муқаррароти алоҳидаи онро надорад.
Фасли II. Мониторинг, ҳисобот ва баҳодиҳии Лоиҳа
А. Ҳисоботҳо оид ба лоиҳа; Ҳисоботи хотимавӣ
1. Грантгиранда бояд мониторинг ва баҳодиҳии ҷараёни татбиқи Лоиҳаро гузаронида, мутобиқи Фаслии 2.06 Шартҳои стандартӣ ва дар асоси индикаторҳои қобили қабули Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳа ҳисобот таҳия намояд. Ҳар ҳисобот оид ба Лоиҳа бояд марҳилаи як семоҳаи тақвимиро дар бар гирифта, на дертар аз як моҳи баъди ба анҷом расидани мӯҳлати фарогирифтаи чунин ҳисобот ба Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод карда шавад.
2. Грантгиранда бояд ҳисоботи хотимавиро мутобиқи муқаррароти Фасли 2.06 Шартҳои стандартӣ таҳия намояд. Ҳисоботи хотимавӣ бояд дар давоми 6 (шаш) моҳ пас аз санаи хатми Лоиҳа ба Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод карда шавад.
В. Идораи молиявӣ; Ҳисоботҳои молиявӣ; Аудитҳо
1. Грантгиранда бояд таъмин намояд, ки пешбурди низоми идоракунии молиявӣ тибқи муқаррароти Фасли 2.07 Шартҳои стандартӣ амалӣ карда шавад.
2. Грантгиранда бояд таъмин намояд, ки ҳисоботҳои молиявии фосилавии аз ҷониби аудит санҷида нашуда ба Бонки ҷаҳонӣ на дертар аз чилу панҷ (45) рӯз баъд аз ба охир расидани ҳар семоҳаи тақвимӣ дар бораи ин семоҳа пешниҳод гардад. Ҳисоботҳои якум бояд баъд аз охир расидани семоҳаи пурра ва баъд аз гузаронидани пардохтҳои аввал дар шаклу мундариҷаи қонеъкунандаи Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод карда мешаванд.
3. Грантгиранда бояд ҳисоботҳои молиявии худро аз рӯи Лоиҳа тибқи муқаррароти Фасли 2.07 (b) Талаботи стандартӣ барои санҷиши аудиторӣ пешниҳод намояд. Ҳар як чунин аудити ҳисобтҳои молиявӣ бояд марҳилаи як соли молиявии Грантгирандаро дар бар гирад. Ҳисоботҳои молиявии аз санҷиши аудитӣ гузашта бояд ба Бонки ҷаҳонӣ на дертар аз шаш (6) моҳи баъд аз ба анҷом расидани ин марҳила пешниҳод гарданд.
Фасли III. Харид.
А. Маълумоти умумӣ
1. Дастур оид ба харид ва интихоби машваратчиён.
Ҳамаи молҳо, кору хизматрасонии машваратию ғайримашваратии барои Лоиҳа заруре, ки аз ҳисоби маблағҳои Грант маблағгузорӣ мешаванд, бояд мутобиқи талаботи дар санадҳои зерин ифода ё зикргардида харидорӣ шаванд:
а) дар Фасли 1 "Дастуруламали: Хариди мол, корҳо ва хизматрасонии ғайримашваратӣ дар доираи қарзии БҶРТ, қарз ва грантҳои АБР" аз соли 2011 ("Дастуруламали харид") дар ҳолати хариди мол, кор ва хизматрасонии ғайримашваратӣ ва фаслҳои 1 ва 1У "Дастури интихоб ва кирояи машваратчиён дар доираи маблағҳои қарзии БҶРТ қарзу грантҳои АБР ба воситаи қарздеҳони Бонки ҷаҳонӣ" аз соли 2011 ("Дастури интихоби машваратчиён") дар ҳолати хариди хизматрасонии машваратӣ; ва
b) Дар муқаррароти Фасли III мазкур, зеро чунин тарз ба таври муфассал дар Нақшаи харид мушаххас карда мешавад.
2. Мафҳумҳо. Истилоҳоте, ки бо ҳарфҳои калон навишта шуда, дар Фасли мазкур барои шарҳи усулҳои муайяни харид ё усулҳои додани хулоса дар бораи харид аз ҷониби Бонки миллӣ дар доираи қарордодҳои алоҳида истифода бурда мешаванд, ба усули дахлдоре ишора мекунанд, ки дар Фаслҳои II ва III Дастуруламал оид ба харид ё Фаслҳои II, III, 1У ва У Дастуруламал оид ба интихоби машваратчиён, вобаста ба мавридҳои алоҳида, шарҳ дода шудааст.
В). Усулҳои махсуси хариди мол, кор ва хизматрасонии ғайри-машваратӣ
1. Озмунҳои миллии тиҷоратӣ.
Ба истиснои ҳолатҳое, ки дар параграфи баъдинаи 2 оварда шудаанд, молҳо, кор ва хизматрасонии ғайримашваратӣ бояд тибқи қарордодҳо харид гарданд, ки дар асоси Озмунҳои миллии тиҷоратӣ бо риояи муқаррароти иловагии дар замима ба Ҷадвали мазкури 2 нишон дода шудаанд.
2. Усулҳои дигари хариди мол, кор ва хизматрасонии ғайримашваратӣ.
Ҷадвали дигар воситаҳои харидро муайян месозад, ки онҳо аз Озмунҳои миллии тиҷоратӣ фарқ дошта, барои хариди мол, кор ва хизматрасонии тиҷоратӣ дар доираи қарордодҳое, ки дар Нақшаи харид нишон дода шудаанд, истифода бурда мешавад:
(а) Шоппинг
С. Усулҳои махсуси хариди хизматрасонии машваратӣ.
1. Интихоб дар асоси сифат ва нарх.
Ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар параграфи баъдинаи 2 оварда шудаанд, хизматрасониҳои машваратӣ бояд тибқи қарордодҳои дар асоси интихоби сифату нарх басташуда харидорӣ карда шаванд.
2. Усулҳои дигари хариди хизматрасонии машваратӣ. Усулҳои зерини аз харид дар асоси интихоб аз рӯи сифат ва нарх фарқкунанда метавонанд барои хариди хизматрасониҳои машваратӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Нақшаи харид зикргардида истифода бурда шаванд: (а) Интихоб дар асоси сифат; (b) Интихоб дар асоси нархи нисбатан пасти пешниҳодшуда; (с) Интихоб дар асоси дараҷаи тахассусии машваратчиён; (d) Интихоби ширкатҳои машваратчиён аз як сарчашма; ва (f) Расмиёти интихоби машваратчиёни инфиродӣ дар асоси ғайриозмун.
D. Баррасии қарордодҳои харид аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ.
Дар Нақшаи харид бояд нишон дода шавад, ки кадом қарордодҳо пешакӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ мегарданд. Ҳамаи дигар қарордодҳо аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ минбаъд баррасӣ мегарданд.
Фасли IV. Гирифтани маблағи Грант
А. Маълумоти умумӣ
1. Грантгиранда метавонад маблағҳои Грантро барои маблағгузории хароҷоти иҷозатдодашудаи дар ҷадвали зерини параграфи 2 зикргардида тибқи муқаррароти зерин гирад: а) Моддаи III Шартҳои стандартӣ; b) Фасли мазкур; ва (с) дастуруламалҳои иловагие, ки дар бораи онҳо Бонки ҷаҳонӣ Грантгирандаро огоҳ месозад (аз ҷумла "Дастуруламали Бонки ҷаҳонӣ оид ба пардохтҳо дар доираи Лоиҳаҳо" аз соли 2006, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо мурури замон таҷдиди назар гардида, қобили истифода мутобиқи Созишномаи мазкур мебошад, инчунин ба дастуруламалҳои ба ин монанд).
2. Ҷадвали зерин категорияҳои хароҷоти иҷозатдодашудае, ки аз ҳисоби маблағҳои Грант пардохт мешавад ("Категория"), ҷудо намудани маблағ аз рӯи ҳар як категория ва фоизи ҷудошавии маблағи хароҷоти иҷозатдодашударо аз рӯи ҳар категория нишон медиҳад.
+-------------------------+--------------------+---------------------ҷ
| Категория | Маблағи гранти | Таносуби фоизии |
| | ҷудогардида | хароҷоти |
| | (бо доллари ШМА) | маблағгузоришаванда|
+-------------------------+--------------------+---------------------+
| (1). Субгрантҳо барои | 4,500,000 доллари | 55% |
| молҳо, кор, хизматра- | ШМА | |
| сониҳои машваратӣ ва | | |
| тренингҳо аз рӯи | | |
| Қисмати 1(а) | | |
+-------------------------+--------------------+---------------------+
| (2). Субгрантҳо барои | 1,110,000 доллари | 55% |
| молҳо, кор, хизматра- | ШМА | |
| сониҳои машваратӣ ва | | |
| тренингҳо аз рӯи | | |
| Қисмати 1 (в) | | |
+-------------------------+--------------------+---------------------+
| (3). Мол, кор, хизматра-| 2,340,000 доллари | 49% |
| сониҳои машваратӣ ва | ШМА | |
| тренингҳо аз рӯи | | |
| Қисмати 2 | | |
+-------------------------+--------------------+---------------------+
| (4). Хароҷоти иловагии | 1,390,000 доллари | 74% |
| амалиётӣ ва тренингҳо аз| ШМА | |
| рӯи Қисмати 3, ба ғайр | | |
| аз хариди автомобилҳо | | |
+-------------------------+--------------------+---------------------+
| (5) Хароҷоти иловагии | 110,000 доллари | 100% |
| амалиётӣ ҷиҳати хариди | ШМА | |
| автомобилҳо барои | | |
| Қисмати 3 | | |
+-------------------------+--------------------+---------------------+
| Маблағи умумӣ | 9,450,000 доллари | |
| | ШМА | |
+-------------------------+--------------------+---------------------+
В. Шартҳои гирифтани маблағ; Марҳилаи гирифтани маблағ
1. Новобаста аз шартҳои қисми А Фасли мазкур, маблағҳо набояд дар ҳолатҳои зерин гирифта шаванд:
а. барои пӯшонидани хароҷоте, ки то санаи ба имзо расидани Созишномаи мазкур аз ҷониби Грантгиранда амалӣ шудааст.
b. барои хариди автомобилҳо;
с. Вобаста ба Субгранти муайян дар доираи Категорияи (I) ё Категорияи (2), агар (i) КҲМЗ ва ТҒҲ-и дахлдори аз рӯи Лоиҳа интихобгардида қарордоди дарбаргирандаи мӯҳлату шартҳои қонеъкунандаи Бонки ҷаҳониро дар доираи Қисмати 2 Созишномаи мазкур иҷро накарда бошанд; ва (ii) агар Созишнома дар бораи Зерлоиҳа вобаста ба Субгранти дахлдор, ки байни Бенефитсиар ва КҲМЗ аз номи Грантгиранда баста шудааст, тартиб ва шартҳои қонеъкунандаи Бонки ҷаҳониро дар бар нагирифта бошад.
2. Санаи ба анҷом расонидан, ки дар Фасли 3.06 (с) Шартҳои стантартӣ зикр гардидааст, 31 майи соли 2018 мебошад.
Замима Озмунҳои миллии тиҷоратӣ.
Расмиёти хариде, ки бояд дар Озмунҳои миллии тиҷоратӣ риоя карда шавад, усулҳои хариди тавассути савдои озмунӣ (тендерӣ) бо ширкати бемаҳдуди иштирокчиён, тавре дар Қонуни №168, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" аз 3 марти соли 2006 (дар таҳрири Қонуни №815, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" аз 16 апрели соли 2012) (минбаъд дар матн - "Қонуни хариди давлатӣ" номида мешавад) зикр шудааст, мебошанд, вале ба шарте, ки чунин расмиёт ба: (а) муқаррароти Фасли 1 ва бандҳои 3.3 ва 3.4 Дастуруламал оид ба харид (тибқи талаботи банди 3.3 Дастуруламал) ва (b) ба бандҳои зерин мутобиқ бошад:
Иштирок дар хариди озмунӣ
1. Соҳибҳуқуқӣ. Меъёрҳои соҳибҳуқуқии довталабон барои ширкат дар ҷараёни харид ва ба даст овардани имконияти буридани қарордоди аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузоришаванда, бояд ба муқаррароти дар Фасли 1 Дастуруламал оид ба харид муайянгардида мутобиқ бошанд; мутобиқан, ягон довталаб ё довталаби эҳтимолӣ набояд барои бастани қарордодҳои аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузоришаванда бо сабабҳои фарқкунанда аз онҳое, ки дар Фасли 1 Дастуруламал оид ба харид пешбинӣ гардидаанд, салоҳиятнадошта эълон карда шавад.
2. Афзалияти пудратчиёни ватанӣ: Ягон афзалият дар мавриди пудратчиёни ватанӣ ҳангоми баҳодиҳии таклифҳои озмунӣ дар асоси шаҳрвандии довталаб, мансубияти мол, хизматрасонӣ ё меҳнат, ва ё барномаҳои имтиёзӣ дода намешавад.
3. Ҳуҷҷатҳои озмун (тендер): Ташкилотҳои харидкунанда бояд аз ҳуҷҷатҳои дахлдори стандартии озмуние истифода баранд, ки Бонки ҷаҳониро қонеъ карда тавонанд ва чунин ҳучҷатҳо тавре бояд тайёр карда шаванд, ки сарфанокӣ, самаранокӣ, шаффофӣ ва мутобиқати пурра ба муқаррароти Фасли 1 Дастуруламал оид ба харидро таъмин намоянд.
То замоне, ки шакли тағйирёфтаи ҳуҷҷатҳои стандартии озмунӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маъқул дониста нашавад, бояд қолабҳои намунавии ҳуҷҷатҳои озмунии Бонки ҷаҳонӣ оид ба гузаронидани озмунҳои миллии тиҷоратӣ барои минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ истифода бурда шаванд.
4. Мӯҳлати амали таклифӣ озмунӣ.
Мӯҳлати амали таклифи озмунӣ тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои озмунӣ бо дарназардошти марҳилае, ки метавонад барои тасдиқ ва бақайдгирии қарордор зарур бошад, тавре дар Қонун дар бораи хариди давлатӣ нишон дода шудааст, бояд кофӣ бошад. Тамдиди мӯҳлати амали таклифи озмунӣ, агар ин бо сабаби ҳолатҳои истисноӣ зарур бошад, метавонад аз ҷониби ҳамаи иштирокчшёни озмун дар шакли хаттӣ то ба охир расидани мӯҳлати ибтидоии амали таклифи озмунӣ пешниҳод гардад, ба шарте, ки чунин тамдид танҳо мӯҳлати минималиеро фаро гирад, ки барои анҷоми баҳодиҳӣ ба охир расад, пешкаш намудани қарордод ва ё ба анҷом расонидани ҷараёни бақайдгирӣ зарур аст. Ягон тамдиди иловагӣ бе розигии хаттии пешакии Бонки ҷаҳонӣ дархост намешавад.
5. Талаботи тахассусӣ: Меъёрҳои интихоб бояд дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба таври возеҳ нишон дода шаванд. Бинобар ин тамоми меъёрҳои нишондодашуда ва танҳо чунин меъёрҳои қабулгашта бояд барои муайян намудани он истифода бурда шаванд, ки довталаб ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯй аст ё не, Дараҷаи тахассус бояд дар асоси шарти "гузаштан ё нагузаштан" баҳо дода шавад ва барои ин системаи баҳодиҳии баллӣ истифода гардад. Чунин усули баҳодиҳӣ бояд танҳо ба қобилияти аризадиҳанда ё довталаби эҳтимолӣ барои самаранок иҷро намудани қарордод, бо дарназардошти омилҳои объективӣ ва ҳисобшаванда, аз ҷумла: (i) таҷрибаи дахлдори умумӣ ва махсус ва натиҷаи қаноатбахши фаъолияти солҳои пеш ва далелҳои бомуваффақият ба анҷом расонидани чунин қарордодҳо дар тӯли марҳилаи муайян; (ii) вазъи молиявӣ ва дар ҳолатҳои дахлдор (iii) ба имконияти иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ё корҳои истеҳсолӣ асос ёбад.
Расмиёти интихоби пешакии тахассусӣ ва ҳуҷҷатҳои қонеъкунандаи Бонки ҷаҳонӣ бояд барои қарордодҳои калон, маҷмӯӣ ва ё қарордодҳои махсусгардонидашуда барои иҷрои корҳо истифода бурда шаванд. Санҷиши маълумоте, ки дар асоси он довталаб аз рӯи тахассуси пешакӣ интихоб гардидааст, аз ҷумла ӯҳдадориҳои ҷорӣ ва имкониятҳои довталаб дар мавриди мавҷуд будани ҳайати кормандон ва таҷҳизот, дар вақти имзои қарордод гузаронида мешавад. Ҳангоми хариди мол ва кор интихоби пешакии тахассуси истифода бурда намешавад, вале дараҷаи тахассусии довлатабе, ки бо ӯ бастани қарордод тавсия дода мешавад, баъд аз имзои қарордод бо истифода аз меъёрҳои тахассусии дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ зикргардида баҳогузорӣ мешавад.
6. Кафолатҳо. Кафолатҳо бояд дар қолаби дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ зикргардида пешниҳод шаванд. Кафолати таклифи озмунӣ бояд дар давоми бисту ҳашт (28) рӯзи баъд аз ба охир расидани мӯҳлати ибтидоии амали таклифи озмунӣ ё дигар давоми марҳилаи муайяни баъд аз тамдид кардани мӯҳлати он, агар барои ин зарурат пайдо шавад, эътибор дошта бошад.
7. Пешниҳод ва кушодани таклифи озмунӣ (тендерӣ):
Барои иштирокчиёни эҳтимолии озмун бояд ҳадди ақал сӣ (30) рӯз аз вақти нашри даъватномаҳо барои иштирок дар тендер ё санаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тендерӣ, вобаста ба он, кадом сана баъдтар фаро мерасад, дода шавад, то таклифҳои озмуниро тайёр ва пешниҳод намоянд. Таклифҳо метавонанд тариқи почта ё ба воситаи ягон кас расонида шаванд. Таклифҳои озмунӣ бояд дарҳол баъд аз ба охир расидани мӯҳлати пешниҳодшуда расман кушода шаванд. Протоколи кушодани лифофаҳо бояд баъд аз кушода шудани онҳо аз ҷониби аъзои комиссияи тендерӣ ба имзо расонида шавад. Нусхаи протоколи кушодани лифофаҳо бояд дарҳол ба тамоми иштирокчиёни тендер, ки дархост кардаанд, инчунин ба Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди қарордодҳое, ки бояд пешакӣ баррасӣ гарданд, расонида шавад. Ягон таклифи тендерӣ дар вақти кушодани лифофаҳо набояд рад карда шавад.
8. Баҳодиҳии пешниҳодҳои тендерӣ ва бастани қарордодҳо.
Ба иштирокчиёни озмунҳои тиҷоратӣ иҷозат дода намешавад, ки онҳо дар вақти баҳодиҳии пешниҳодҳо иштирок кунанд, инчунин ягон маълумот вобаста ба баҳодиҳии пешниҳодҳо набояд ба иштирокчиён расонида нашавад, то он даме, ки ба онҳо огоҳинома дар бораи пешкаш намудани қарордод расонида шавад.
Меъёрҳои баҳодиҳӣ бояд дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ аниқ нишон дода шаванд. Баҳодиҳии пешниҳодҳои тендерӣ бояд риояи қатъии меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ нишондодашуда гузаронида шавад. Ҳамаи меъёрҳои баҳодиҳӣ бояд дар андозаи пулӣ ифода ёбанд, агарчи бидуни нархгузорӣ нишон дода шуда бошад. Системаи баллҳо дар баҳодиҳии пешниҳодҳои тендерӣ набояд истифода бурда шавад ва ягон нишондодҳои минималӣ ё моҳияти фоизӣ дар баҳодиҳии пешниҳодҳои тендерӣ набояд ба назар гирифта шавад. Иштирокчиёни тендер набояд аз озмуни тиҷоратӣ дар асоси тамоюли ночизи ғайримоддӣ хориҷ гарданд. Қарордод бо довталаби ҷавбогӯй ба меъёрҳои интихоби довталабон баста мешавад, ки дархосги ӯ (i) ҳамчун пурра ҷавобгӯба шартҳои ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва (ii) дар асоси пешниҳоди арзиши пасттарини баҳодиҳӣ муайян шудааст.
Аз иштирокчии тендер талаб кардани иҷрои ягон ӯҳдадории дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикрнагардида, ё бо кадом восита ворид намудани тағйирот ба пешниҳоди ибтидоии тендерӣ ба сифати шарти бастани қарордод манъ аст.
9. Баҳодиҳии сметаи хароҷот: Маълумотнома дар бораи сметаи хароҷоти пешниҳодгардида бояд маҳрамона бошад ва ба пудратчиёни эҳтимолӣ ифшо нагардад. Ягон пешниҳоди тендерӣ дар асоси муқоиса бо сметаи хароҷот ва ё ҳаҷми максималии буҷет бе розигии пешакии хаттии Бонки ҷаҳонӣ бояд рад карда нашавад.
10. Рад кардани дархостҳо ва гузаронидани тендери такрорӣ: Ягон таклифи тендерӣ фақат барои он, ки аз чорчӯбаи пешакӣ муайянгаштани ҳадди ниҳоӣ ё "лимити" нарх мегузарад, набояд рад карда шавад. Ҳамаи таклифҳои тендерӣ (ё як таклиф, агар фақат як таклиф пешниҳод гардида бошад) набояд рад карда шавад, ҷараёни харид набояд бекор нагардад ва пешниҳоди дархостҳои нав набояд бе розигии пешакии хаттии Бонки ҷаҳонӣ талаб карда шавад.
11. Ворид намудани тағйирот ба қарордод: Дар мавриди қарордодҳое, ки бояд пешакӣ аз ҷониби Бонкӣ ҷаҳонӣ баррасӣ гарданд, Грантгиранда бояд дар хусуси онҳо аз Бонки ҷаҳонӣ "зид нест"-и расмӣ гирад, пеш аз он, ки розигии худро ба инҳо диҳад: (i) тамдиди назарраси мӯҳлати иҷрои қарордод; (ii) ворид намудани тағйироти назаррас ба ҳаҷми хизматрасонӣ тибқи қарордод ё ворид намудани дигар тағйироти куллӣ ба шартҳои қарордод; (iii) бо ягон тартиб ворид намудани тағйирот ё ислоҳоте (ба ғайр аз ҳолатҳои ниҳоят зарур), ки дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо тартиби пештараи ворид намудани тағйиру иловаҳо арзиши аввалаи қарордодро аз 15% зиёд намояд, ё (iv) пешниҳоди бекор кардани қарордод. Нусхаи ҳамаи ислоҳҳо ба қарордод бояд ба Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод гардад.
12. Қаллобӣ ва коррупсия: Ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва қарордодҳое, ки қонеъкунандаи Бонки ҷаҳонӣ эътироф шудаанд, бояд муқарраротро дар бораи расмиёти Бонки ҷаҳонӣ марбут ба манъ таъин кардани муҷозот нисбати ширкатҳо ё шахсони алоҳидае, ки тибқи далелҳои муайяншуда бо қаллобӣ ва коррупсия машғуланд, тавре дар Дастуруламал оид ба харид нишон: дода шудааст, дар бар гирифта бошанд.
13. Санҷиш ва ҳуқуқи гузаронидани аудит.
Мутобиқи Дастуруламал оид ба харид ҳар ҳуҷҷати тендерӣ ва қарордоде, ки аз ҳисоби маблағҳои Грант маблағгузорӣ мешавад, бояд муқарраротро дар мавриди он, ки иштирокчиёни озмуни тиҷоратӣ, таҳвилгарон, пудратчиён ва зерпудратчиёни онҳо, агентҳо, кормандон, машваратчиён, провайдерҳои хизматҳо ё таҳвилгарони мол бояд ба Бонки ҷаҳонӣ иҷозат диҳанд, то ҳамаи суратҳисобҳо, ҳисоботҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста бо пешниҳоди таклифҳои тендерӣ ва иҷрои қарордодро тафтиш намояд, инчунин онҳоро аудиторони аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ таъингардида санҷанд, дар бар гирифта бошад. Амалҳое, ки ба эҷод кардани мушкилиҳои назаррас дар гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқи пешбининамудаи Дастуруламал оид ба харид барои гузаронидани аудит равона гардидаанд, тавре дар Дастуруламал оид ба харид муайян гаштааст, истифодаи таҷрибаи монеъаэъҷодкунӣ ҳисобида мешаванд.