Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2014 № 181

Санаи амалкуни: 07.09.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 марти соли 2014, № 181

тасдиқ шудааст

Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2015 № 523, аз 26.09.2017 № 939, аз 7.09.2019 № 1354)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур мутобиқи қисми 10 моддаи 69 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мақоми ҳуқуқӣ, вазифаю функсияҳои асосӣ, ваколатҳо ва ташкили кори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент)-ро муайян менамояд.

2. Дастгоҳи Президент мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаи асосии он аз таъмини саривақтию сифатнок, таҳлилию иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, протоколию ташкилӣ ва ҳуҷҷатгузории фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

3. Дастгоҳи Президент дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, Дастурамали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354).

4. Дастгоҳи Президент шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, ҳисобҳои ҷорӣ ва маҳсуси бонкӣ мебошад.

5. Маблағгузории Дастгоҳи Президент аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда мешавад.

2. Сохтор ва ташкили кори Дастгоҳи Президент

6. Сохтор ва шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи Президент тибқи пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

7. Дастгоҳи Президент аз Роҳбари Дастгоҳи Президент, муовинони ӯ, бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти ташрифотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳо, идораҳо, шӯъбаҳо, бахшҳо ва дигар воҳидҳои сохторӣ иборат мебошад. Дар раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъба ва бахшҳои таркибӣ таъсис ёфта метавонанд (Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2015 № 523).

8. Дастгоҳи Президентро Роҳбари Дастгоҳи Президент сарварӣ менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Роҳбари Дастгоҳи Президент муовинон, аз ҷумла муовини якум дорад.

9. Муовинони Роҳбари Дастгоҳи Президент, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардор ва муовини сардори Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳо, муовинони онҳо, мудирони шӯъбаҳо ва шӯъбаҳои раёсатҳо, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории ба онҳо баробаркардашудаи Дастгоҳи Президент бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2015 № 523 аз 7.09.2019 № 1354).

10. Мушовирони калон ва мушовирони бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент, ки мутобиқан бо ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

11. Дигар кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент мутобиқан бо пешниҳоди сардорони раёсатҳо мудирони шӯъбаҳо бахшҳои мустақил ва воҳидҳои сохтории ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354).

12. Роҳбарони шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи Президент бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд. Ҳайати роҳбарикунандаи шахсони ҳуқуқие, ки дар назди Дастгоҳи Президент таъсис дода шудаанд, бо мувофиқаи Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354).

13. Шартҳои пардохти музди меҳнат, суғуртаи давлатӣ, таъминоти моддию техникӣ, тиббӣ, иҷтимоию маишӣ, нафақа ва таъминоти дигари кормандони Дастгоҳи Президент бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муайян карда мешаванд.

3. Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Дастгоҳи Президент

14. Вазифаҳои асосии Дастгоҳи Президент аз инҳо иборатанд:

- таъмини татбиқи ваколатҳои дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти сиёсати хориҷӣ, дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар самтҳои сиёсати дохилӣ, дар соҳаи мудофиа ва амнияти миллӣ, дар соҳаи сиёсати ҳуқуқӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар соҳаи сиёсати кадрӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 26.09.2017 № 939);

- таъмини дахлнопазирии шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва моддию техникии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини ҳамкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини татбиқи ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо мақомоти судӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ;

- таъмини татбиқи ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- таъмини ҳамкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касаба ва эҷодӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ;

- мусоидат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ваколатҳои ӯ оид ба мубориза бо коррупсия;

- назорат ва санҷиши иҷрои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани маълумот оид ба рафти иҷрои онҳо;

- ҳамоҳангсозии таҳияи сиёсат дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва рушди миллӣ, суботи дохилии сиёсӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дигар самтҳои мубрами рушди давлат ва таъмини таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои мазкур;

- ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили онҳо;

- таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ;

- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷалби онҳо ба раванди таҳия ва татбиқи сиёсат оид ба масъалаҳои мубрами рушди давлат;

- ҳамоҳангсозии омодагӣ ба ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти судӣ;

- иттилоотонии ҷомеа оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба натиҷаҳои татбиқи сиёсат дар самтҳои мубрами рушди кишвар;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи Президент вогузор мекунанд.

15. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда Дастгоҳи Президент функсияҳои зеринро иҷро менамояд:

- ташкили таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо;

- ташхиси ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- таҳияи маводи зарурӣ барои паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омодасозии маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати он, таъмини баргузории онҳо мутобиқи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барасмиятдарории фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани қонун ё қисми он барои баррасии такрорӣ;

- мунтазам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додани маълумот вобаста ба ҳолати раванди қонунгузорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳое, ки аз ҷониби вакилони халқ баррасӣ мешаванд ва фаҳмонидани мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаҳои қонунҳо;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳод дар бораи пурра ё қисман бекор кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳод оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул кардан, баромадан аз он ва барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшиши ҷазо;

- мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои коргузорӣ, сари вақт ба маълумоти иҷрокунандагон расонидани санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо тартиби муқарраргардида ташкил намудани нашри фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикос ва шарҳи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд;

- бо дарназардошти пешниҳодҳои вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани нақшаҳои кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корҳо ҷиҳати татбиқи онҳо, назорати иҷрои саривақтӣ ва босифати масъалаҳои ба нақшаҳо воридгардида;

- бо тартиби муқарраршуда ба роҳ мондани ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати аз ҷониби онҳо иҷро гардидани талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи Президент ва муовинони ӯ (Фармони Президенти ҶТ аз 26.09.2017 № 939);

- таҳияи маърӯзаҳои дахлдор ва омодасозии пешниҳодҳо оид ба таҳкими интизоми иҷроия;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба механизми ҳамоҳангсозии таҳияи сиёсат дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва рушди миллӣ, суботи дохилии сиёсӣ, рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дигар самтҳои мубрами рушди давлат ва таъмини таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои мазкур;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба методологияи ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, механизми гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили онҳо;

- воқифсозии ҷомеа оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба натиҷаҳои татбиқи сиёсат дар самтҳои мубрами рушди иқтисодиёти миллӣ;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда ва фаъолияти самараноки мақомоти идоракунии давлатӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон, мусоидат ба таҳкими системаи судӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти воситаҳои ахбори омма;

- ташкили қабули шаҳрвандон, бақайдгирӣ, таҳлил ва баррасии муроҷиати онҳо, назорат ва санҷиши ҳолати ин корҳо дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҳияи пешниҳодҳо вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон барои гузориш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилоот оид ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар кишвар ва хориҷи он, таҳлили пешниҳодҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани гузоришҳои дахлдор;

- ташкили омодасозӣ, баргузорӣ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини тартиби ягонаи таҳия ва баррасии ҳуҷҷатҳо, пешбурди коргузорӣ, риояи низоми махфият ва сирри хизматӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳои Дастгоҳи Президент вобаста ба таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

16. Дастгоҳи Президент дар ҷараёни фаъолияти худ ҷиҳати иҷрои вазифаҳо дар доираи салоҳияташ бо тартиби муқарраргардида корҳои зеринро анҷом медиҳад:

- бо Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят, шаҳр ва ноҳия, мақомоти прокуратура, вазорату идораҳо, мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷию байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд;

- аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти заруриро дархост менамояд ва мегирад;

- корҳои илмию таҳқиқотиро, аз ҷумла бо ҷалби ташкилотҳои илмӣ, олимон ва коршиносон дар асоси шартнома ташкил менамояд;

- баҳисобгирии шахсони аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озодшаванда, бо мувофиқаи онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озодшаванда, инчунин шахсонеро, ки дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои роҳбариро ишғол менамоянд, таъмин менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354);

- супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд ва иҷрои супоришҳои онҳоро назорат мекунад;

- роҳбарии шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи Президентро анҷом медиҳад (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354).

4. Роҳбарияти Дастгоҳи Президент

17. Роҳбари Дастгоҳи Президент:

- роҳбарии умумиро анҷом медиҳад ва кори Дастгоҳи Президентро ташкил намуда, масъалаҳои банақшагирӣ, банизомдарорӣ ва назорати онро таъмин мекунад, оид ба масъалаҳои фаъолияти Дастгоҳи Президент фармоишу фармонҳо мебарорад;

- тартиби кори воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президентро муайян ва масъалаҳои таҳти салоҳияташ қарордоштаро тасдиқ менамояд, ҳамкории воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президентро дар ҳалли масъалаҳои пешбининамудаи ин Низомнома ҳамоҳанг месозад, тартиби кориро дар Дастгоҳи Президент тасдиқ менамояд;

- ба ёрдамчиёни Президент, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва шахсони мансабдори Дастгоҳи Президент, роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба таҳияи маводе, ки халли онҳо дар ихтиёри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад дар доираи салоҳияти Дастгоҳи Президент супориш медиҳад;

- бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали штатиро тасдиқ менамояд ва ҳангоми зарурат дар доираи шумораи муқарраргардида ба он тағйирот ворид менамояд;

- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим менамояд;

- бо мақсади мушаххас кардани салоҳияту ваколатҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент ва тақсимоти дақиқи вазифаҳои функсионалии байни онҳо, аз ҷумла арзёбии самаранокии фаъолияташон низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ ва дастурамали мансабии кормандони онҳоро тасдиқ менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354);

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқи лоиҳаҳои низомномаҳо ва оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи Президент, инчунин оид ба шумораи ниҳоии штатии кормандони онҳо пешниҳодҳо манзур медорад (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354);

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани шахсоне, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд, пешниҳодҳо манзур медорад;

- ба истиснои шахсони дар боло зикргардида, дигар кормандони Дастгоҳи Президентро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354);

- гузаронидани аттестатсияи кормандони Дастгоҳи Президент, арзёбии самаранокии фаъолияти онҳо дар асоси дастурамалҳои дахлдор ва ташкили таҳсили касбӣ ва мақсадноки кормандонро таъмин менамояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нисбат ба кормандони Дастгоҳи Президент, ки аз ҷониби ӯ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, чораҳои  ҳавасмандгардонӣ ва ҷазои интизомӣ меандешад, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои муҷозоти интизомӣ нисбат ба кормандони Дастгоҳи Президент, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, пешниҳодҳо манзур медорад (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354);

- қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва интизоми меҳнатиро тибқи қонунгузорӣ муқаррар менамояд;

- ҳуҷҷатҳои хизматиро ба имзо мерасонад;

- ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис медиҳад, ба фаъолияти онҳо мутахассисон ва шахсони мансабдорро ҷалб менамояд;

- дар доираи сметаи хароҷоти Дастгоҳи Президент маблағҳоро ихтиёрдорӣ менамояд, масъалаҳои мукофотдиҳӣ ва дигар пардохтҳои пулии кормандони Дастгоҳи Президентро ҳал менамояд;

- Дастгоҳи Президентро дар муносибат бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷию байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;

- кори воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президентро оид ба назорати иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил менамояд, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар ин самт ҳамоҳанг месозад (Фармони Президенти ҶТ аз 26.09.2017 № 939);

- оид ба рафъи камбудиҳо ҷиҳати таъмини татбиқи фармонҳо, амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳодҳо ирсол менамояд, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки вазорату идораҳо бе риояи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намудаанд, ба онҳо бармегардонад;

- ҷиҳати баргузор шудани маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ташкилӣ меандешад ва бо Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз, вақт ва рӯзномаи маҷлисҳои Раёсати Ҳукумат ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқа менамояд;

- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;

- лоиҳаҳои фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои имзо ба Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- масъалаҳои дар воситаҳои ахбори омма нашр намудани фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал менамояд;

- мӯҳрҳои дорои тасвири Нишони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро низ иҷро мекунад.

18. Бо мақсади иҷрои вазифа ва функсияҳои пешбининамудаи Низомномаи мазкур Роҳбари Дастгоҳи Президент ҳуқуқ дорад:

- ба муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияташ супоришҳои дахлдор диҳад;

- маълумоти зарурӣ, ҳуҷҷатҳо ва дигар маводро аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор талаб намояд ва гирад;

- фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро ҳамоҳанг ва назорат намояд;

- санҷишҳо ва назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил карда, бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ва норасогиҳои ҷойдоштаро вобаста ба татбиқи онҳо талаб намояд;

- ҷихати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ва норасогиҳои ҷойдоштаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои методӣ таҳия намояд;

- аз шахсони мансабдор шифоҳӣ ва ба тариқи хаттӣ баёнот гирад;

- аз натиҷаи санҷишу омӯзишҳои дар Дастгоҳи Президент гузаронидашуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам гузориш диҳад.

19. Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Президент вазифаҳои Роҳбари Дастгоҳи Президентро дар давраи ҳозир набудани ӯ иҷро мекунад, бо супориши Роҳбари Дастгоҳи Президент маблағҳоро мутобиқи сметаи хароҷот идора менамояд. Ба доираи вазифаҳои ӯ ҳамчунин муайян намудани механизмҳои самарабахши ҳамоҳангсозии фаъолияти байни соҳаҳо, назорати иҷрои Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳамкории самарабахши байни воҳидҳои сохторҳои Дастгоҳи Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ дохил мешавад.

20. Муовини якум ва муовини Роҳбари Дастгоҳи Президенти мутобиқи тақсимоти вазифаҳои байни онҳо, ки Роҳбари Дастгоҳи Президент тасдиқ намудааст:

- роҳбарии функсионалии воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент, ҳамоҳангсозии нақшаҳо ва фаъолияти онҳоро анҷом медиҳанд;

- барои ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент ва бахши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳоро муайян менамоянд ва шароит фароҳам меоваранд;

- барои ҳалли самараноки масъалаҳои логистикӣ ва хоҷагӣ чораҷӯӣ менамоянд;

- мутобиқи супоришҳои алоҳидаи Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муносибатҳои мутақобила бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи Президентро намояндагӣ мекунанд;

- бо супориши Роҳбари Дастгоҳи Президент татбиқи функсияҳои алоҳидаи Дастгоҳи Президентро амалӣ менамоянд.

5. Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

21. Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Ёрдамчиён) ҳамчун шахси мансабдори Дастгоҳи Президент таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар тобеияти функсионалии Роҳбари Дастгоҳи Президент қарор доранд.

22. Ёрдамчиён дар тобеияти худ мушовирони калон ва мушовирон доранд, ки бо мувофиқаи онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

23. Ёрдамчиён шахсан ё ба воситаи шахсони мансабдори таҳти тобеияташон:

- вазифаҳои дар назди Дастгоҳи Президент вогузоршударо дар қисмате, ки ба татбиқи ваколатҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст, иҷро менамоянд;

- ҳамкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, прокуратура, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президентҳо, парламентҳо ва ҳукуматҳо, мақомоти давлатӣ ва ходимони сиёсии кишварҳои хориҷию ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин мекунанд;

- дар омодасозии вохӯриҳои расмӣ, боздидҳо, сӯҳбатҳо, гуфтушунидҳо, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои ӯ бо шаҳрвандон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд;

- барои нақшаҳои пешбинишаванда ва ҷории чорабиниҳое, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, пешниҳодҳо манзур менамоянд;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои кориро ҷиҳати омодасозии чорабиниҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи маводи таҳлилӣ сарварӣ мекунанд;

- лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, оид ба онҳо пешниҳодҳо манзур менамоянд;

- ҷамъоварӣ, баррасӣ ва таҳлили иттилоотро дар бораи равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсие, ки дар кишвар ва хориҷ аз он рух медиҳанд, таъмин сохта, дурнамои ҷараёни воқеаҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷиро пешбинӣ мекунанд, гузоришҳо ва пешниҳодҳои заруриро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамоянд;

- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд;

- дигар вазифаю масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иҷро мерасонанд.

24. Ёрдамчиён бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мақомоти дахлдори давлатӣ, ҷамъиятӣ, мақомоти дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд.

6. Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

25. Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ташкилӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ, иҷроия, назорат ва дигар вазифаҳоеро анҷом медиҳад, ки ба татбиқи ваколатҳои конститутсионӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ҳамарӯзае, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, мусоидат мекунад.

26. Мудир ва кормандони Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати Котибот дохил мешаванд:

- таҳияи маводи маърӯза ва муроҷиатномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд;

- маълумотномаҳо ва гузоришҳои таҳлилиро таҳия намуда, корҳои иттилоотию машваратиро анҷом медиҳанд;

- супоришҳои алоҳидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро менамоянд;

- бо мақомоти машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозанд.

7. Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

27. Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии чорабиниҳои ташкилию протоколиро бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, аз ҷумла (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354):

- таъмини ташрифоти сафарҳои дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354);

- мулоқотҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вохӯрӣ, сӯҳбатҳо, гуфтушунидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони давлатҳои хориҷӣ;

- чорабиниҳои дигар, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.

28. Хадамоти ташрифотӣ вазифаҳои худро дар ҳамкорӣ бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354).

28(1). Хадамоти ташрифот тибқи низомнома, ки бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амал мекунад (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354).

8. Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

29. Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории Дастгоҳи Президент буда, таъминоти иттилоотии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро дар воситаҳои ахбори омма ташкил менамояд.

30. Вазифаҳои асосии Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

- ташкили кор оид ба шарҳу эзоҳ ва инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои қабулнамудаи онҳо дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ;

- иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба инъикоси масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар матбуот;

- баргузор намудани конференсияҳои матбуотӣ, брифингҳо, таҳия ва паҳн намудани фишурдаи матбуотӣ ва ахбори иттилоотӣ;

- таъмини сабти телевизионӣ ва таҳияи маводи видео дар бораи вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо ва сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои дигар;

- ташкили фаъолияти якҷоя бо намояндагони аккредитатсияшудаи матбуоти кишварҳои хориҷӣ;

- ҳамкорӣ бо хадамоти матбуотии мақомоти дигари давлатӣ доир ба масъалаҳои инъикоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат.

8(1). Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354)

30(1). Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низомнома, ки бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амал мекунад (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354).

9. Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

31. Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории Дастгоҳи Президент буда, таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад ва дар тобеияти функсионалии Роҳбари Дастгоҳи Президент қарор дорад.

Ба ҳайати Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири Котибот, референтҳои Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва референтҳои муовинони ӯ ва мутахассисон дохил мешаванд. Вазифаҳои асосии Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- таъмини иттилоотию таҳлилии фаъолияти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ;

- таъмини ҳамкории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи салоҳиятҳои он;

- ташкили коргузорӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти референтҳои котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва референтҳои муовинони ӯ;

- омодасозии маҷлисҳо, машваратҳо ва чорабиниҳои дигаре, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;

- бо супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ва баррасӣ намудани пешниҳодҳо ва муроҷиатномаҳое, ки ба унвони ӯ ворид шудаанд.

10. Раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мустақили Дастгоҳи Президент

32. Ба раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мустақили Дастгоҳи Президент мутобиқан сардори Раёсат, мудири шӯъба ва мудири бахш роҳбарӣ мекунанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

33. Ба ҳайати раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мустақили Дастгоҳи Президент шахсони мансабдоре дохил мешаванд, ки рӯйхати онҳо дар ҷадвали штатии аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент тасдиқшаванда муқаррар мегардад.

34. Вазифаҳои асосии раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мустақили Дастгоҳи Президент аз инҳо иборатанд:

- таҳлили мунтазами ҳолати соҳаҳои дахлдори кишвар, муайян намудани роҳҳои самарабахши рушди онҳо, пайдо кардани ҳалли масъалаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ, масъалаҳои муҳимтарини байнисоҳавӣ, байниминтақавию ҷумҳуриявӣ ва дар ин асос таҳия намудани пешниҳоду тавсияҳои дахлдор;

- таъмини ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷорӣ кардани механизми мониторинг ва арзёбии татбиқи стратегия ва барномаҳои миллӣ;

- таҳияи методологияҳои ҷорӣ кардани усулҳои нави идоракунии стратегӣ ва ҳамоҳангсозии татбиқи консепсия ва барномаҳои стратегӣ;

- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ;

- анҷом додани назорати мунтазами иҷрои фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи Президент ва муовинони ӯ аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таҳияи гузоришҳо оид ба ин масъалаҳо;

- ташкили иҷрои нақшаҳои кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи Президент;

- таҳияи маводи зарурии таҳлилӣ ва пешниҳодҳо доир ба масъалаҳое, ки бояд аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар машваратҳои назди Роҳбарияти Дастгоҳи Президент баррасӣ карда шаванд;

- ташхис, мувофиқасозӣ ва такмили лоиҳаҳои санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои баррасӣ пешниҳод карда шудаанд;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ таҳия намудани лоиҳаҳои санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ намудани муросилоти хизматӣ, мактуб ва муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон, ки ба Дастгоҳи Президент ворид шудаанд;

- таъмини пешбурди коргузорӣ мувофиқи Дастурамали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354).

35. Раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мустақили Дастгоҳи Президент фаъолияти худро дар робитаи зичи корӣ бо дигар воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент анҷом дода, оид ба масъалаҳои доираи салоҳияташон бо ҳамдигар машварат мекунанд, ҳуҷҷатҳо ва маводи таҳияшавандаро дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартибе, ки Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, ба мувофиқа мерасонанд (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354).

36. Сардори Раёсат, мудири шӯъба ва бахши мустақили Дастгоҳи Президент:

- татбиқи вазифаҳои ба зиммаи раёсат, шӯъба ва бахши мустақил вогузоршударо ташкил намуда, барои иҷрои самарабахши онҳо масъулияти шахсӣ доранд;

- иҷрои вазифаҳои тибқи дастурамали мансабӣ байни кормандони сохторашон тақсимшударо назорат карда, интизоми дурусти меҳнатӣ ва аз ҷониби онҳо риоя гардидани талаботи Дастурамали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд ва барои ташкили кор оид ба назорат ва тафтиши иҷрои он шахсан масъул мебошанд (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354);

- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо барои таҳияи масъалаҳои аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Дастгоҳи Президент баррасишаванда маводи заруриро дархост менамоянд, ҳангоми зарурат кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро бо розигии роҳбаронашон барои омодасозии масъалаҳои доираи салоҳияти раёсат, шӯъба ва бахши мустақил ҷалб мекунанд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида доир ба ҳуҷҷатҳои барои баррасии Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиягардида ба роҳбарияти Дастгоҳи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ гузориш медиҳанд;

- ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва Роҳбари Дастгоҳи Президент дар хусуси ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргардонидани лоиҳаҳои санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе риояи талаботи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд, пешниҳод манзур менамоянд (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354);

- бо мувофиқаи Роҳбарияти Дастгоҳи Президент дар ҷаласаҳои Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маҷлисҳои ҳайатҳои мушовара, маҷлисҳо ва машваратҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта иштирок менамоянд.

37. Шахсони мансабдори Дастгоҳи Президент:

- мутобиқи тақсимоти вазифаҳо ӯҳдадориҳо ва функсияҳои ба зиммаашон вогузоршударо мутобиқ ба муқаррароти дастурамалҳои мансабии худ иҷро мекунанд, барои дар сатҳи зарурӣ иҷро гардидани онҳо масъул мебошанд;

- ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои марбут ба доираи ӯҳдадориҳои мансабиашон бо супориши Роҳбари Дастгоҳи Президент дар маҷлисҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи Президент ва муовинони ӯ, ҷаласаҳои ҳайатҳои мушовара, маҷлисҳо, машваратҳое, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мегузаронанд, иштирок мекунанд;

- дар доираи салоҳияти худ бо маводи дахлдори вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шинос мешаванд;

- дар чорабиниҳое, ки мутобиқи нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи Президент доир мегарданд, дар мувофиқа бо роҳбарони худ ва бо ризоияти Роҳбари Дастгоҳи Президент иштирок менамоянд.

11. Ҳисобдории марказӣ

38. Ҳисобдории марказӣ воҳиди сохтории Дастгоҳи Президент буда, бо ҳуқуқи раёсат фаъолият менамояд.

Ҳисобдории марказӣ ташкил, пешбурди саривақтӣ ва босифати баҳисобгирии муҳосибиро таъмин менамояд, ҷамъоварӣ, таҳлил, ҷамъбаст ва ба Роҳбари Дастгоҳи Президент пешниҳод намудани маълумотро оид ба мавҷудияти молу мулк, истифодаи захираҳои моддию молиявӣ дар Дастгоҳи Президент анҷом медиҳад, иҷрои дақиқ ва саривақтии ӯҳдадориҳои молиявӣ, назорати аз ҷониби корхона ва ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи Президент риоя гардидани тартиботи муқарраргардидаи фаъолияти молиявӣ ва хоҷагӣ, баҳисобгирии муҳосибиро анҷом медиҳад, дигар вазифа ва функсияҳои пешбининамудаи қонунгузориро иҷро мекунад.

 

12. Шахсони хуқуқии тобеи Дастгоҳи Президент

(Фармони Президенти ҶТ аз 26.09.2017 № 939)

39. Барои иҷрои вазифа ва функсияҳои алоҳида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи Президент таъсис дода мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 26.09.2017 № 939).

 

Хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 26.09.2017 № 939).

 

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 марти соли 2014, № 181

тасдиқ шудааст

Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур мутобиқи қисми 10 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мақоми ҳуқуқӣ, вазифаю функсияҳои асосӣ, ваколатҳо ва ташкили кори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент)-ро муайян менамояд.

2. Дастгоҳи Президент мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаи асосии он аз таъмини саривақтию сифатнок, таҳлилию иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, протоколию ташкилӣ ва ҳуҷҷатгузории фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

3. Дастгоҳи Президент дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, Дастуруламали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Дастгоҳи Президент шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, ҳисобҳои ҷорӣ ва маҳсуси бонкӣ мебошад.

5. Маблағгузории Дастгоҳи Президент аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда мешавад.

2. Сохтор ва ташкили кори Дастгоҳи Президент

6. Сохтор ва шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи Президент тибқи пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

7. Дастгоҳи Президент аз Роҳбари Дастгоҳи Президент, муовинони ӯ, бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳо, идораҳо, шӯъбаҳо, бахшҳо ва дигар воҳидҳои сохторӣ иборат мебошад.

8. Дастгоҳи Президентро Роҳбари Дастгоҳи Президент сарварӣ менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Роҳбари Дастгоҳи Президент муовинон, аз ҷумла муовини якум дорад.

9. Муовинони Роҳбари Дастгоҳи Президент, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳо, муовинони онҳо ва мудирони шӯъбаҳо, инчунин роҳбарони идораҳо, хадамот ва воҳидҳои сохтории ба онҳо баробаркардашудаи Дастгоҳи Президент бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

10. Мушовирони калон ва мушовирони бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент, ки мутобиқан бо ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

11. Дигар кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент мутобиқан бо пешниҳоди сардорони раёсатҳо ва идораҳо, мудирони шӯъбаҳо ва бахшҳои мустақил аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

12. Ҳайати роҳбарикунандаи шахсони ҳуқуқие, ки дар назди Дастгоҳи Президент таъсис дода шудаанд, бо мувофиқаи Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

13. Шартҳои пардохти музди меҳнат, суғуртаи давлатӣ, таъминоти моддию техникӣ, тиббӣ, иҷтимоию маишӣ, нафақа ва таъминоти дигари кормандони Дастгоҳи Президент бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муайян карда мешаванд.

3. Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Дастгоҳи Президент

14. Вазифаҳои асосии Дастгоҳи Президент аз инҳо иборатанд:

- таъмини татбиқи ваколатҳои дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти сиёсати хориҷӣ, дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар самтҳои сиёсати дохилӣ, дар соҳаи мудофиа ва амнияти миллӣ, дар соҳаи сиёсати ҳуқуқӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар соҳаи сиёсати кадрӣ;

- таъмини дахлнопазирии шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва моддию техникии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини ҳамкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини татбиқи ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо мақомоти судӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ;

- таъмини татбиқи ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- таъмини ҳамкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касаба ва эҷодӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ;

- мусоидат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ваколатҳои ӯ оид ба мубориза бо коррупсия;

- назорат ва санҷиши иҷрои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани маълумот оид ба рафти иҷрои онҳо;

- ҳамоҳангсозии таҳияи сиёсат дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва рушди миллӣ, суботи дохилии сиёсӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дигар самтҳои мубрами рушди давлат ва таъмини таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои мазкур;

- ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили онҳо;

- таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ;

- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷалби онҳо ба раванди таҳия ва татбиқи сиёсат оид ба масъалаҳои мубрами рушди давлат;

- ҳамоҳангсозии омодагӣ ба ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти судӣ;

- иттилоотонии ҷомеа оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба натиҷаҳои татбиқи сиёсат дар самтҳои мубрами рушди кишвар;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи Президент вогузор мекунанд.

15. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда Дастгоҳи Президент функсияҳои зеринро иҷро менамояд:

- ташкили таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо;

- ташхиси ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- таҳияи маводи зарурӣ барои паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омодасозии маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати он, таъмини баргузории онҳо мутобиқи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барасмиятдарории фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани қонун ё қисми он барои баррасии такрорӣ;

- мунтазам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додани маълумот вобаста ба ҳолати раванди қонунгузорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳое, ки аз ҷониби вакилони халқ баррасӣ мешаванд ва фаҳмонидани мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаҳои қонунҳо;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳод дар бораи пурра ё қисман бекор кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳод оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул кардан, баромадан аз он ва барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшиши ҷазо;

- мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои коргузорӣ, сари вақт ба маълумоти иҷрокунандагон расонидани санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо тартиби муқарраргардида ташкил намудани нашри фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикос ва шарҳи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд;

- бо дарназардошти пешниҳодҳои вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани нақшаҳои кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корҳо ҷиҳати татбиқи онҳо, назорати иҷрои саривақтӣ ва босифати масъалаҳои ба нақшаҳо воридгардида;

- бо тартиби муқарраршуда ба роҳ мондани ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати аз ҷониби онҳо иҷро гардидани талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи Президент ва муовинони ӯ;

- таҳияи маърӯзаҳои дахлдор ва омодасозии пешниҳодҳо оид ба таҳкими интизоми иҷроия;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба механизми ҳамоҳангсозии таҳияи сиёсат дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва рушди миллӣ, суботи дохилии сиёсӣ, рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дигар самтҳои мубрами рушди давлат ва таъмини таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои мазкур;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба методологияи ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, механизми гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили онҳо;

- воқифсозии ҷомеа оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба натиҷаҳои татбиқи сиёсат дар самтҳои мубрами рушди иқтисодиёти миллӣ;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда ва фаъолияти самараноки мақомоти идоракунии давлатӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон, мусоидат ба таҳкими системаи судӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти воситаҳои ахбори омма;

- ташкили қабули шаҳрвандон, бақайдгирӣ, таҳлил ва баррасии муроҷиати онҳо, назорат ва санҷиши ҳолати ин корҳо дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҳияи пешниҳодҳо вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон барои гузориш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилоот оид ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар кишвар ва хориҷи он, таҳлили пешниҳодҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани гузоришҳои дахлдор;

- ташкили омодасозӣ, баргузорӣ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини тартиби ягонаи таҳия ва баррасии ҳуҷҷатҳо, пешбурди коргузорӣ, риояи низоми махфият ва сирри хизматӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳои Дастгоҳи Президент вобаста ба таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

16. Дастгоҳи Президент дар ҷараёни фаъолияти худ ҷиҳати иҷрои вазифаҳо дар доираи салоҳияташ бо тартиби муқарраргардида корҳои зеринро анҷом медиҳад:

- бо Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят, шаҳр ва ноҳия, мақомоти прокуратура, вазорату идораҳо, мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷию байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд;

- аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти заруриро дархост менамояд ва мегирад;

- корҳои илмию таҳқиқотиро, аз ҷумла бо ҷалби ташкилотҳои илмӣ, олимон ва коршиносон дар асоси шартнома ташкил менамояд;

- бақайдгирии шахсони аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озодшаванда, бо мувофиқаи онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озодшаванда, инчунин шахсонеро, ки дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои роҳбариро ишғол менамоянд, таъмин менамояд;

- супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд ва иҷрои супоришҳои онҳоро назорат мекунад;

- роҳбарии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи Президентро анҷом медиҳад.

4. Роҳбарияти Дастгоҳи Президент

17. Роҳбари Дастгоҳи Президент:

- роҳбарии умумиро анҷом медиҳад ва кори Дастгоҳи Президентро ташкил намуда, масъалаҳои банақшагирӣ, банизомдарорӣ ва назорати онро таъмин мекунад, оид ба масъалаҳои фаъолияти Дастгоҳи Президент фармоишу фармонҳо мебарорад;

- тартиби кори воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президентро муайян ва масъалаҳои таҳти салоҳияташ қарордоштаро тасдиқ менамояд, ҳамкории воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президентро дар ҳалли масъалаҳои пешбининамудаи ин Низомнома ҳамоҳанг месозад, тартиби кориро дар Дастгоҳи Президент тасдиқ менамояд;

- ба ёрдамчиёни Президент, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва шахсони мансабдори Дастгоҳи Президент, роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба таҳияи маводе, ки халли онҳо дар ихтиёри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад дар доираи салоҳияти Дастгоҳи Президент супориш медиҳад;

- бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали штатиро тасдиқ менамояд ва ҳангоми зарурат дар доираи шумораи муқарраргардида ба он тағйирот ворид менамояд;

- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим менамояд;

- бо мақсади мушаххас кардани салоҳияту ваколатҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент ва тақсимоти дақиқи вазифаҳои функсионалии байни онҳо, аз ҷумла арзёбии самаранокии фаъолияташон низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ ва дастуруламали мансабии кормандони онҳоро тасдиқ менамояд;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқи лоиҳаҳои низомномаҳо ва оинномаҳои шахсони ҳуқуқии дар назди Дастгоҳи Президент таъсисшаванда, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи Президент, инчунин оид ба шумораи ниҳоии штатии кормандони онҳо пешниҳодҳо манзур медорад;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани шахсоне, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд, пешниҳодҳо манзур медорад;

- ба истиснои шахсони дар боло зикргардида муовинони сардорони идораҳо, муовинони мудирони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳо, референтҳои Сарвазир, референтҳои муовинони Сарвазир ва дигар кормандони Дастгоҳи Президентро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- гузаронидани аттестатсияи кормандони Дастгоҳи Президент, арзёбии самаранокии фаъолияти онҳо дар асоси дастурамалҳои дахлдор ва ташкили таҳсили касбӣ ва мақсадноки кормандонро таъмин менамояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нисбат ба кормандони Дастгоҳи Президент, ки аз ҷониби ӯ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, чораҳои муҷозоти интизомӣ меандешад, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои муҷозоти интизомӣ нисбат ба кормандони Дастгоҳи Президент, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, пешниҳодҳо манзур медорад;

- қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва интизоми меҳнатиро тибқи қонунгузорӣ муқаррар менамояд;

- ҳуҷҷатҳои хизматиро ба имзо мерасонад;

- ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис медиҳад, ба фаъолияти онҳо мутахассисон ва шахсони мансабдорро ҷалб менамояд;

- дар доираи сметаи хароҷоти Дастгоҳи Президент маблағҳоро ихтиёрдорӣ менамояд, масъалаҳои мукофотдиҳӣ ва дигар пардохтҳои пулии кормандони Дастгоҳи Президентро ҳал менамояд;

- Дастгоҳи Президентро дар муносибат бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷию байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;

- кори воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президентро оид ба назорати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил менамояд, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар ин самт ҳамоҳанг месозад;

- оид ба рафъи камбудиҳо ҷиҳати таъмини татбиқи фармонҳо, амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳодҳо ирсол менамояд, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки вазорату идораҳо бе риояи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намудаанд, ба онҳо бармегардонад;

- ҷиҳати баргузор шудани маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ташкилӣ меандешад ва бо Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз, вақт ва рӯзномаи маҷлисҳои Раёсати Ҳукумат ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқа менамояд;

- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;

- лоиҳаҳои фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои имзо ба Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- масъалаҳои дар воситаҳои ахбори омма нашр намудани фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал менамояд;

- мӯҳрҳои дорои тасвири Нишони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро низ иҷро мекунад.

18. Бо мақсади иҷрои вазифа ва функсияҳои пешбининамудаи Низомномаи мазкур Роҳбари Дастгоҳи Президент ҳуқуқ дорад:

- ба муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияташ супоришҳои дахлдор диҳад;

- маълумоти зарурӣ, ҳуҷҷатҳо ва дигар маводро аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор талаб намояд ва гирад;

- фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро ҳамоҳанг ва назорат намояд;

- санҷишҳо ва назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил карда, бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ва норасогиҳои ҷойдоштаро вобаста ба татбиқи онҳо талаб намояд;

- ҷихати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ва норасогиҳои ҷойдоштаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои методӣ таҳия намояд;

- аз шахсони мансабдор шифоҳӣ ва ба тариқи хаттӣ баёнот гирад;

- аз натиҷаи санҷишу омӯзишҳои дар Дастгоҳи Президент гузаронидашуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам гузориш диҳад.

19. Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Президент вазифаҳои Роҳбари Дастгоҳи Президентро дар давраи ҳозир набудани ӯ иҷро мекунад, бо супориши Роҳбари Дастгоҳи Президент маблағҳоро мутобиқи сметаи хароҷот идора менамояд. Ба доираи вазифаҳои ӯ ҳамчунин муайян намудани механизмҳои самарабахши ҳамоҳангсозии фаъолияти байни соҳаҳо, назорати иҷрои Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳамкории самарабахши байни воҳидҳои сохторҳои Дастгоҳи Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ дохил мешавад.

20. Муовини якум ва муовини Роҳбари Дастгоҳи Президенти мутобиқи тақсимоти вазифаҳои байни онҳо, ки Роҳбари Дастгоҳи Президент тасдиқ намудааст:

- роҳбарии функсионалии воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент, ҳамоҳангсозии нақшаҳо ва фаъолияти онҳоро анҷом медиҳанд;

- барои ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент ва бахши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳоро муайян менамоянд ва шароит фароҳам меоваранд;

- барои ҳалли самараноки масъалаҳои логистикӣ ва хоҷагӣ чораҷӯӣ менамоянд;

- мутобиқи супоришҳои алоҳидаи Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муносибатҳои мутақобила бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи Президентро намояндагӣ мекунанд;

- бо супориши Роҳбари Дастгоҳи Президент татбиқи функсияҳои алоҳидаи Дастгоҳи Президентро амалӣ менамоянд.

5. Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

21. Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Ёрдамчиён) ҳамчун шахси мансабдори Дастгоҳи Президент таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар тобеияти функсионалии Роҳбари Дастгоҳи Президент қарор доранд.

22. Ёрдамчиён дар тобеияти худ мушовирони калон ва мушовирон доранд, ки бо мувофиқаи онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

23. Ёрдамчиён шахсан ё ба воситаи шахсони мансабдори таҳти тобеияташон:

- вазифаҳои дар назди Дастгоҳи Президент вогузоршударо дар қисмате, ки ба татбиқи ваколатҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст, иҷро менамоянд;

- ҳамкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, прокуратура, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президентҳо, парламентҳо ва ҳукуматҳо, мақомоти давлатӣ ва ходимони сиёсии кишварҳои хориҷию ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин мекунанд;

- дар омодасозии вохӯриҳои расмӣ, боздидҳо, сӯҳбатҳо, гуфтушунидҳо, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои ӯ бо шаҳрвандон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд;

- барои нақшаҳои пешбинишаванда ва ҷории чорабиниҳое, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, пешниҳодҳо манзур менамоянд;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои кориро ҷиҳати омодасозии чорабиниҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи маводи таҳлилӣ сарварӣ мекунанд;

- лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, оид ба онҳо пешниҳодҳо манзур менамоянд;

- ҷамъоварӣ, баррасӣ ва таҳлили иттилоотро дар бораи равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсие, ки дар кишвар ва хориҷ аз он рух медиҳанд, таъмин сохта, дурнамои ҷараёни воқеаҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷиро пешбинӣ мекунанд, гузоришҳо ва пешниҳодҳои заруриро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамоянд;

- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд;

- дигар вазифаю масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иҷро мерасонанд.

24. Ёрдамчиён бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мақомоти дахлдори давлатӣ, ҷамъиятӣ, мақомоти дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд.

6. Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

25. Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ташкилӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ, иҷроия, назорат ва дигар вазифаҳоеро анҷом медиҳад, ки ба татбиқи ваколатҳои конститутсионӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ҳамарӯзае, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, мусоидат мекунад.

26. Мудир ва кормандони Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати Котибот дохил мешаванд:

- таҳияи маводи маърӯза ва муроҷиатномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд;

- маълумотномаҳо ва гузоришҳои таҳлилиро таҳия намуда, корҳои иттилоотию машваратиро анҷом медиҳанд;

- супоришҳои алоҳидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро менамоянд;

- бо мақомоти машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозанд.

7. Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

27. Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии чорабиниҳои ташкилию протоколиро бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, аз ҷумла:

- таъмини протоколии сафарҳои дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мулоқотҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вохӯрӣ, сӯҳбатҳо, гуфтушунидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони давлатҳои хориҷӣ;

- чорабиниҳои дигар, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.

28. Хадамоти протоколӣ вазифаҳои худро дар ҳамкорӣ бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

8. Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

29. Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории Дастгоҳи Президент буда, таъминоти иттилоотии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро дар воситаҳои ахбори омма ташкил менамояд.

30. Вазифаҳои асосии Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

- ташкили кор оид ба шарҳу эзоҳ ва инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои қабулнамудаи онҳо дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ;

- иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба инъикоси масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар матбуот;

- баргузор намудани конференсияҳои матбуотӣ, брифингҳо, таҳия ва паҳн намудани фишурдаи матбуотӣ ва ахбори иттилоотӣ;

- таъмини сабти телевизионӣ ва таҳияи маводи видео дар бораи вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо ва сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои дигар;

- ташкили фаъолияти якҷоя бо намояндагони аккредитатсияшудаи матбуоти кишварҳои хориҷӣ;

- ҳамкорӣ бо хадамоти матбуотии мақомоти дигари давлатӣ доир ба масъалаҳои инъикоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат.

9. Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

31. Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории Дастгоҳи Президент буда, таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад ва дар тобеияти функсионалии Роҳбари Дастгоҳи Президент қарор дорад.

Ба ҳайати Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири Котибот, референтҳои Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва референтҳои муовинони ӯ ва мутахассисон дохил мешаванд. Вазифаҳои асосии Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- таъмини иттилоотию таҳлилии фаъолияти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ;

- таъмини ҳамкории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи салоҳиятҳои он;

- ташкили коргузорӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти референтҳои котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва референтҳои муовинони ӯ;

- омодасозии маҷлисҳо, машваратҳо ва чорабиниҳои дигаре, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;

- бо супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ва баррасӣ намудани пешниҳодҳо ва муроҷиатномаҳое, ки ба унвони ӯ ворид шудаанд.

10. Раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мустақили Дастгоҳи Президент

32. Ба раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мустақили Дастгоҳи Президент мутобиқан сардори Раёсат, мудири шӯъба ва мудири бахш роҳбарӣ мекунанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

33. Ба ҳайати раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мустақили Дастгоҳи Президент шахсони мансабдоре дохил мешаванд, ки рӯйхати онҳо дар ҷадвали штатии аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент тасдиқшаванда муқаррар мегардад.

34. Вазифаҳои асосии раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мустақили Дастгоҳи Президент аз инҳо иборатанд:

- таҳлили мунтазами ҳолати соҳаҳои дахлдори кишвар, муайян намудани роҳҳои самарабахши рушди онҳо, пайдо кардани ҳалли масъалаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ, масъалаҳои муҳимтарини байнисоҳавӣ, байниминтақавию ҷумҳуриявӣ ва дар ин асос таҳия намудани пешниҳоду тавсияҳои дахлдор;

- таъмини ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷорӣ кардани механизми мониторинг ва арзёбии татбиқи стратегия ва барномаҳои миллӣ;

- таҳияи методологияҳои ҷорӣ кардани усулҳои нави идоракунии стратегӣ ва ҳамоҳангсозии татбиқи консепсия ва барномаҳои стратегӣ;

- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ;

- анҷом додани назорати мунтазами иҷрои фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи Президент ва муовинони ӯ аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таҳияи гузоришҳо оид ба ин масъалаҳо;

- ташкили иҷрои нақшаҳои кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи Президент;

- таҳияи маводи зарурии таҳлилӣ ва пешниҳодҳо доир ба масъалаҳое, ки бояд аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар машваратҳои назди Роҳбарияти Дастгоҳи Президент баррасӣ карда шаванд;

- ташхис, мувофиқасозӣ ва такмили лоиҳаҳои санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои баррасӣ пешниҳод карда шудаанд;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ таҳия намудани лоиҳаҳои санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ намудани муросилоти хизматӣ, мактуб ва муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон, ки ба Дастгоҳи Президент ворид шудаанд;

- таъмини пешбурди коргузорӣ мувофиқи Дастуруламали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

35. Раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мустақили Дастгоҳи Президент фаъолияти худро дар робитаи зичи корӣ бо дигар воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Президент анҷом дода, оид ба масъалаҳои доираи салоҳияташон бо ҳамдигар машварат мекунанд, ҳуҷҷатҳо ва маводи таҳияшавандаро дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартибе, ки Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастуруламали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, ба мувофиқа мерасонанд.

36. Сардори Раёсат, мудири шӯъба ва бахши мустақили Дастгоҳи Президент:

- татбиқи вазифаҳои ба зиммаи раёсат, шӯъба ва бахши мустақил вогузоршударо ташкил намуда, барои иҷрои самарабахши онҳо масъулияти шахсӣ доранд;

- иҷрои вазифаҳои тибқи дастурамали мансабӣ байни кормандони сохторашон тақсимшударо назорат карда, интизоми дурусти меҳнатӣ ва аз ҷониби онҳо риоя гардидани талаботи Дастуруламали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд ва барои ташкили кор оид ба назорат ва тафтиши иҷрои он шахсан масъул мебошанд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо барои таҳияи масъалаҳои аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Дастгоҳи Президент баррасишаванда маводи заруриро дархост менамоянд, ҳангоми зарурат кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро бо розигии роҳбаронашон барои омодасозии масъалаҳои доираи салоҳияти раёсат, шӯъба ва бахши мустақил ҷалб мекунанд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида доир ба ҳуҷҷатҳои барои баррасии Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиягардида ба роҳбарияти Дастгоҳи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ гузориш медиҳанд;

- ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва Роҳбари Дастгоҳи Президент дар хусуси ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргардонидани лоиҳаҳои санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе риояи талаботи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастуруламали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд, пешниҳод манзур менамоянд;

- бо мувофиқаи Роҳбарияти Дастгоҳи Президент дар ҷаласаҳои Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маҷлисҳои ҳайатҳои мушовара, маҷлисҳо ва машваратҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта иштирок менамоянд.

37. Шахсони мансабдори Дастгоҳи Президент:

- мутобиқи тақсимоти вазифаҳо ӯҳдадориҳо ва функсияҳои ба зиммаашон вогузоршударо мутобиқ ба муқаррароти дастурамалҳои мансабии худ иҷро мекунанд, барои дар сатҳи зарурӣ иҷро гардидани онҳо масъул мебошанд;

- ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои марбут ба доираи ӯҳдадориҳои мансабиашон бо супориши Роҳбари Дастгоҳи Президент дар маҷлисҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи Президент ва муовинони ӯ, ҷаласаҳои ҳайатҳои мушовара, маҷлисҳо, машваратҳое, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мегузаронанд, иштирок мекунанд;

- дар доираи салоҳияти худ бо маводи дахлдори вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шинос мешаванд;

- дар чорабиниҳое, ки мутобиқи нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи Президент доир мегарданд, дар мувофиқа бо роҳбарони худ ва бо ризоияти Роҳбари Дастгоҳи Президент иштирок менамоянд.

11. Ҳисобдории марказӣ

38. Ҳисобдории марказӣ воҳиди сохтории Дастгоҳи Президент буда, бо ҳуқуқи раёсат фаъолият менамояд.

Ҳисобдории марказӣ ташкил, пешбурди саривақтӣ ва босифати баҳисобгирии муҳосибиро таъмин менамояд, ҷамъоварӣ, таҳлил, ҷамъбаст ва ба Роҳбари Дастгоҳи Президент пешниҳод намудани маълумотро оид ба мавҷудияти молу мулк, истифодаи захираҳои моддию молиявӣ дар Дастгоҳи Президент анҷом медиҳад, иҷрои дақиқ ва саривақтии ӯҳдадориҳои молиявӣ, назорати аз ҷониби корхона ва ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи Президент риоя гардидани тартиботи муқарраргардидаи фаъолияти молиявӣ ва хоҷагӣ, баҳисобгирии муҳосибиро анҷом медиҳад, дигар вазифа ва функсияҳои пешбининамудаи қонунгузориро иҷро мекунад.

12. Шахсони ҳуқуқӣ дар ҳайати Дастгоҳи Президент

39. Барои иҷрои вазифа ва функсияҳои махсус мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайат ё дар назди Дастгоҳи Президент шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи Президент, ки ҷадвали алоҳидаи штатӣ ва ҳисобҳои бонкӣ, бо номи худ бланкаю мӯҳрҳо доранд, таъсис дода мешаванд.

Низомнома ва оинномаҳои шахсони ҳуқуқӣ, ки дар ҳайат ё дар назди Дастгоҳи Президент таъсис дода мешаванд ва шумораи ниҳоии кормандони онҳо бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

13. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи Президент

40. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи Президент субъектҳои мустақили хоҷагидорӣ буда, дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи байни онҳо ва Дастгоҳи Президент фаъолият менамоянд.

Низомномаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи Президент бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷиккстон тасдиқ карда мешаванд.