Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 марти соли 2014, № 216
тасдиқ шудааст
Тартиби амалӣ намудани назорати давлатии риояи қонунгузории шаҳрсозӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби амалӣ намудани назорати давлатӣ, ҷиҳати риояи қонунгузории шаҳрсозӣ (минбаъд-Тартиби мазкур) дар асоси талаботи моддаи 12 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиби назорати давлатиро оид ба риояи қонунгузории шаҳрсозӣ, вазифаҳои асосии назорати давлатӣ, низом ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи меъморӣ ва сохтмониро муайян менамояд.
2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:
- назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон - маҷмӯи тадбирҳои аз тарафи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо, инчунин шахсони воқеӣ татбиқ намудани талаботи қонунгузории шахрсозӣ оид ба ошкор намудан, пешгирӣ ва бартараф кардани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи шаҳрсозӣ;
- қонунгузории шаҳрсозӣ - санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозӣ, ки ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи шаҳрсозӣ муайян карда, муносибатҳои ҳуқуқии марбут ба фаъолияти шаҳрсозиро танзим менамояд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ-ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатӣ, ки тибқи салоҳият ва сохтори муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатҳои давлатиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии қобили қабул амалӣ менамояд;
- субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ-шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (фармоишгарон, таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, пудратчиён, истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ), ки ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ машғул мебошанд.
3. Мақомоти ваколатдори давлатии назорати меъморӣ ва сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- мақоми назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон.
4. Назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба зиммаи Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст.
5. Мақомоти ваколатдори назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соҳаи шаҳрсозиро ба танзим медароранд, ба роҳбарӣ мегиранд.
6. Дар шаҳрҳо ва ноҳияҳое, ки мақоми назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ таъсис дода нашудаанд, вазифаи онҳоро мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳрҳо ва ноҳияҳо иҷро менамоянд.
7. Назорати давлатии риояи қонунгузории шаҳрсозӣ бо мақсади риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми омодагӣ ба сохтмон, таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иҷрои корҳои сохтмонӣ, қабули объекти сохтмонаш баитмомрасида, инчунин ҳангоми истифодаи он дар давраи мӯҳлати кафолатдодашуда амалӣ карда мешавад.
8. Тартиби мазкур барои тамоми субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, ҳамчунин шаҳрвандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
9. Ба объектҳои назорати давлатӣ фаъолияти субъектҳои шаҳрсозӣ, ки ба иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ, аз ҷумла таъмир, таҷдид, сохтмони иншоот ва маҷмӯи дигари корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд, дохил мешаванд.
2. Низоми мақоми ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатиро дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон амалӣ менамояд
10. Назорати давлатиро дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон мақомоти давлатии зерин амалӣ менамоянд:
- Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;
- мақомоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони шаҳру ноҳияҳо.
3. Вазифаҳои мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон
11. Вазифаҳои мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон аз инҳо иборат мебошанд:
- ба амал баровардани назорати давлатӣ ба сифати иҷрои корҳои сохтмони манзилгоҳҳо, ба ғайр аз манзилҳои истиқоматии шахсӣ то 3 ошёна бо таҳхона ва болохона, иншооти таъиноти саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, хоҷагии об ва намудҳои дигари сохтмон, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон;
- назорати давлатии риояи меъёру қоидаҳо ва стандарту сертификатҳои сохтмонӣ аз ҷониби ташкилотҳои сохтмонӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- назорати фаъолияти вобаста ба назорати муаллифӣ ва техникии ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз тобеияти идоравиашон;
- иштирок дар комиссияҳои давлатии қабул дар мавриди ба истифода қабул кардани объектҳои таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба такмил додани талаботи лоиҳакашӣ, меъёрӣ ва асноди қонунгузорӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати корҳои сохтмон, истеҳсоли масолеҳ, конструксияҳо ва маснуоти бинокорӣ.
4. Ҳуқуқҳои мақоми назорати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон
12. Мақоми назорати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон ҳуқуқ дорад:
- ба объектҳои сохтмон, инчунин корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳу маснуоти бинокорӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, бе монеа ворид шавад;
- дар идораҳо, ташкилотҳои сохтмону васлкунӣ, корхонаҳои саноати масолеҳу конструксияҳои бинокорӣ сифати маҳсулотро санҷида, аз рӯи натиҷаҳои санҷиш қарор қабул кунад;
- дар ҳолатҳои зарурӣ озмоиши иловагӣ ва кушодани ҷузъҳои алоҳидаи конструксияҳои биною иншоотро талаб намояд;
- мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва воҳидҳои онҳоро барои иштирок дар санҷиши сифати корҳои сохтмону васлкунӣ, конструксияҳо ва маснуоту масолеҳ, гузаронидани таҳқиқоту озмоишҳо ҷалб намояд;
- дар мавриди корҳои сохтмону васлкунии хушсифат иҷронашуда ва истифодаи маснуоти масолеҳи пастсифат дастурҳое диҳанд, ки иҷрои онҳо аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ҳатмӣ мебошад;
- то рафъи норасоию камбудиҳои дар объектҳо ошкоргардида аз тариқи бонкҳо ва фармоишгароне, ки барои сохтмон маблағ ҷудо мекунанд, иҷрои минбаъдаи корҳои сохтмону васлкунӣ ва маблағгузории сохтмонҳоро боздорад;
- аз фармоишгарон, ташкилоту корхонаҳои лоиҳакашӣ ва бинокорӣ асноди марбут ба иҷрои корҳои сохтмону васлкунӣ, истеҳсоли маҳсулоту конструксияҳои бинокорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои санҷишҳои озмоишӣ, асноди иҷроияи тасдиқкунандаи сифати маҳсулоти истеҳсолшуда ва сертификатҳоро талаб намояд;
- дар ҳолатҳои зарурӣ аз фармоишгарон, ташкилоту корхонаҳои сохтмону васлкунӣ, саноати сохтмон ва масолеҳи бинокорӣ доир ба ҳаҷму навъҳои маҳсулоти истеҳсолшуда маълумот гирад;
- дар хусуси ҳолатҳои вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи ба истифода қабул кардани объектҳои сохтмонашон баитмомрасида ва аз ҷониби корхонаҳои саноати сохтмон истеҳсол гардидани маҳсулоте, ки ба стандарту сертификатҳо ва талаботи техникӣ ҷавобгӯ нест, ҷиҳати аз ҳисоботи давлатӣ хориҷ кардани онҳо ба мақомоти омор маълумот диҳад;
- дар ҳолати риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ, мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад;
- ба мақомоти иҷозатномадиҳӣ бо тартиби муқарраргардида дар бораи имконияти пешбурди фаъолияти шаҳрсозӣ ё бекор кардани иҷозатнома ҳуҷҷатҳо пешниҳод намояд.
5. Ҳамоҳангсозӣ, ҳисоботдиҳӣ ва назорат
13. Барои ҷамъбаст ва таҳлили ҳолати воқеии сифати корҳои сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳар семоҳа дар шакли муқарраргардида дар хусуси натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот тартиб дода, онро ба Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон пешниҳод менамоянд. Хадамот дар навбати худ ҷиҳати ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш додан оид ба сифат ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа маълумотнома таҳия менамояд.
6. Муқаррароти хотимавӣ
14. Баҳсҳо вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти назорати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
15. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин мақомоти давлатӣ барои иҷро накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.