Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 марти соли 2014, № 190
тасдиқ шудааст
Тартиби таҳияи тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби таҳияи тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 47 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, самтҳои асосии такмилдиҳии низоми ҷойгиркунӣ, рушди маҳалҳои аҳолинишин, саноат, кишоварзӣ, инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии дорои аҳамияти минтақавӣ ва байни маҳалҳои аҳолинишин, сарҳади маҳалҳои аҳолинишин ва минтақаҳои наздишаҳрӣ ва шаҳрҳо, тадбирҳои ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсири ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва нигоҳ доштани ҳудуди объектҳои мероси фарҳангиро ба танзим медарорад.
2. Таҳияи тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - тарҳи банақшагирӣ) дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатӣ, меъёрҳо ва қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ мегардад.
3. Тарҳи банақшагирӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи стратегияи рушди шаҳрсозии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
4. Роҳбарии ташкилӣ, илмӣ ва методии таҳияи тарҳи банақшагириро Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
5. Тартиби мувофиқакунӣ, экспертиза ва тасдиқи тарҳи банақшагирӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки расмиёти гузаронидани экспертиза ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавиро ба танзим медарорад, амалӣ карда мешавад.
6. Муқаррароти асосии тарҳи банақшагирӣ пас аз тасдиқ гардидан дар воситаҳои ахбори умум интишор карда мешавад.
7. Тарҳи банақшагирӣ пас аз тасдиқ дар бойгонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорат ҷиҳати амалӣ гардидани он нигоҳ дошта мешавад.
2. Тартиби таҳияи тарҳи банақшагирӣ
8. Таҳияи тарҳи банақшагирӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
9. Дархост оид ба таҳияи тарҳи банақшагирӣ аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
10. Фармоишгари таҳияи тарҳи банақшагирӣ Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
11. Тарҳи банақшагирӣ дар асоси супориш барои таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ тибқи замимаи 1 Тартиби мазкур, ки аз ҷониби фармоишгар дода мешавад, таҳия карда мешавад.
12. Муқаррароти асосии тарҳи банақшагирӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи заминсозӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, назорати кӯҳӣ, геология, назорати санитарию эпидемологӣ, нақлиёт, ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ мувофиқа карда мешавад.
13. Номгӯи мақомот ва муассисаҳое, ки тарҳи банақшагирӣ бо онҳо мувофиқа карда мешавад аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
14. Тартиби мувофиқакунӣ ва экспертизаи тарҳи банақшагирӣ дар супориш барои таҳияи тарҳи банақшагирӣ муайян карда мешавад.
15. Фармоишгар тарҳи банақшагирӣ ва муқаррароти асосии онро барои мувофиқа ба мақомот ва муассисаҳои манфиатдор ирсол менамояд. Мақомот ва муассисаҳои манфиатдор бояд дар мӯҳлати 10 рӯз хулосаи худро ба фармоишгар пешниҳод намоянд.
16. Дар ҳолати аз тарафи мақомот ва муассисаҳо пешниҳод нагардидани хулоса дар мӯҳлати муқарраргардида тарҳи банақшагирӣ мувофиқашуда ҳисобида мешавад.
17. Мухолифатҳо оид ба масъалаҳои мувофиқакунии тарҳи банақшагирӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
18. Лоиҳаи тарҳи банақшагирӣ қабл аз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудан аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва лоиҳаҳои сохтмонӣ гузаронида мешавад.
19. Тарҳи банақшагирӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди фармоишгар тасдиқ карда мешавад.
3. Таркиби тарҳи банақшагирӣ
20. Тарҳи банақшагирӣ мувофиқи тарҳи генералии ҷойгиркунии аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, сиёсати давлатиро дар соҳаи стратегияи рушди шаҳрсозии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
21. Бо тарҳи банақшагирӣ муқаррар карда мешаванд:
- минтақабандии ҳудудҳо;
- самтҳои асосии такмилдиҳии низоми ҷойгиркунӣ, рушди маҳалҳои аҳолинишин;
- самтҳои асосии рушди саноат, кишоварзӣ, инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии дорои аҳамияти минтақавӣ ва байни маҳалҳои аҳолинишин;
- сарҳади маҳалҳои аҳолинишин ва минтақаҳои наздишаҳрӣ ва шаҳрҳо;
- тадбирҳои ҳифзи ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсири ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ, нигоҳ доштани ҳудудҳои объектҳои мероси фарҳангӣ.
22. Маводи асосии тарҳи банақшагирӣ дар бар мегирад:
- тарҳи ҳудуди айни ҳол истифодашаванда (нақшаи такявӣ);
- тарҳи арзёбии умумии ҳудуд;
- нақшаи лоиҳавӣ (нақшаи асосӣ);
- тарҳи минтақабандии ҳудуд;
- тарҳи коммуникатсияҳои минтақавию нақлиётӣ;
- тарҳи ҳифзи ҳудуд аз таъсирҳои хатарноки табиӣ ва техногенӣ;
- дигар тарҳҳое, ки таҳияи онҳоро хусусияти объекти фаъолияти банақшагирии шаҳрсозӣ муайян менамояд.
23. Тарҳи ҳудуди айни ҳол истифодашаванда (нақшаи такявӣ) - тарҳи арзёбии умумии ҳудуд, нақшаи лоиҳавӣ (нақшаи асосӣ): дар масштаби 1:200000 - 1:100000 ҳангоми масоҳати объекти банақшагирии шаҳрсозӣ аз 100 ҳазор километри мураббаъ кам будан ва 1:1000000 - 1:500000ҳангоми масоҳат аз 100 ҳазор километри мураббаъ зиёд будан иҷро карда мешаванд. Миқёс ва номгӯи маводи асосии графикиро фармоишгари тарҳи банақшагирӣ муайян менамояд.
24. Таркиби маводи асосии тарҳи банақшагирӣ, тавзеҳномаи умумӣ, номгӯ, мундариҷа ва масштаби тарҳҳо, тарҳҳои иловагӣ ва порчаҳои алоҳида, дар супориш барои таҳияи тарҳи банақшагирии ҳудуд дар мувофиқа бо фармоишгар муайян карда мешаванд.
25. Таҳияи тарҳи банақшагирӣ бо истифодаи технологияҳои компютерӣ, харитаҳои топографии рақамӣ, нақшаҳои ҳудудҳо ва маҳалҳои аҳолинишин бояд ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ бошанд.
4. Талаботи асосӣ ба супориш барои таҳияи тарҳи банақшагирӣ
26 Тарҳи банақшагирӣ дар асоси супориш барои таҳияи тарҳи банақшагирӣ (тибқи Замимаи 2), ки онро фармоишгар медиҳад, таҳия карда мешавад.
27. Фармоишгар метавонад омодасозии супориш барои таҳияи тарҳи банақшагириро ба таҳиягари лоиҳа супорад.
28. Супориш барои таҳияи тарҳи банақшагирӣ дар ҳолати зарурӣ метавонад дар таркиби худ гузаронидани корҳои пешазлоиҳавӣ, илмию тадқиқотӣ ва ҷустуҷӯиҳои муҳандисиро дар бар гирад.
29. Супоришро барои таҳияи тарҳи банақшагирӣ фармоишгар тасдиқ мекунад.
5. Таъминоти иттилоотии таҳияи тарҳи банақшагирӣ
30. Дар асоси супориш барои таҳияи тарҳи банақшагирӣ фармоишгар вазифадор аст иттилооти ибтидоии заруриро барои таҳияи ҳуҷҷати шаҳрсозӣ таъмин намояд.
31. Фармоишгар метавонад ҷамъоварии иттилооти ибтидоиро ба таҳиягари тарҳи банақшагирӣ супорад. Шартҳои ҷамъоварии иттилооти ибтидоӣ ва маблағгузории корҳо дар шартнома нишон дода мешаванд.
32. Мӯҳтаво ва ҳаҷми иттилооти ибтидоиро таҳиягар ва фармоишгари тарҳи банақшагирӣ муайян менамоянд.
33. Иттилооти ибтидоӣ барои таҳияи тарҳи банақшагирӣ иборат аст, аз феҳристи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ вобаста ба танзими фаъолияти шаҳрсозӣ, истифодаи замин, ҳифзи захираҳои табиӣ, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва дигар иттилооте, ки барои таҳияи тарҳи банақшагирӣ зарур мебошад.
34. Маводи иттилоотии ибтидоӣ барои таҳияи тарҳи банақшагирӣ дар бар мегирад:
- иттилоот дар бораи омӯзиши объекти банақшагирии шаҳрсозӣ;
- мавҷуд будани сарчашмаҳои бойгонӣ, таърихӣ, бадеӣ, феҳристи корҳои илмию тадқиқотии қаблан иҷрошуда, ҳуҷҷатҳо ва лоиҳаҳои шаҳрсозӣ;
- иттилоот оид ба ҳолати демографӣ ва шуғли аҳолӣ;
- иттилоот оид ба инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ, муҳандисӣ, истеҳсолӣ ва сохтмонӣ;
- маводи топографию геодезӣ;
- маводи тадқиқот ва ҷустуҷӯҳои минтақавию геологӣ барои курортҳо;
- маводи пешбинишавандаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудуд ва маҳалҳои аҳолинишин;
- иттилоот оид ба барномаҳои мақсадноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ;
- иттилоот дар бораи истифодаи муосири ҳудудҳо ва арзёбии иқтисодии онҳо;
- натиҷаҳои таҳқиқот ва дурнамои шароити санитарию беҳдоштӣ ва экологӣ;
- нишондиҳандаҳои таҳқиқоти иҷтимоӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ;
- маводи лоиҳаҳои минтақаҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ барои таҳияи нақшаҳои генералӣ;
- маводи нақшаҳои такявӣ, нақшаҳои бақайдгирии коммуникатсияҳои зеризаминӣ ва атласҳои коркарди геологӣ барои таҳияи нақшаҳои асосӣ;
- маводи кадастри шаҳрсозӣ;
- дигар иттилоот ва талаботе, ки дар супориш барои таҳияи тарҳи банақшагирӣ пешниҳод карда мешавад.
6. Тартиби нигоҳ доштани тарҳи банақшагирӣ
35. Нусхаи тарҳи банақшагирии тасдиқшуда дар бойгонии таҳиягари тарҳи банақшагирӣ бо тартиби муқарраргардида нигоҳ дошта мешавад.
36. Тарҳи банақшагирии тасдиқшуда аз ҷониби фармоишгар ба мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои бақайдгирӣ ва нигоҳдорӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин супорида мешавад:
- лоиҳаи нақша (нусхаи аслӣ);
- нақшаи ҳолати истифодаи ҳозираи ҳудуд (нусхаи аслӣ);
- дигар маводи асосии графикӣ (нусхаи аслӣ);
- тавзеҳномаи умумӣ бо нусхаҳои нақшаҳо ва тарҳҳо (шумораи нусхаҳо бо супориш барои таҳияи лоиҳа муқаррар карда мешавад).
37. Нусхаи ҳуҷҷатҳои графикии шакли электронӣ бо тартиби муқарраргардида дар бойгонии таҳиягари тарҳи банақшагирӣ нигоҳ дошта мешавад.
38. Истифодабарии тарҳи банақшагирии тасдиқшуда, ки дар нигоҳдории доимии мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Замимаи 1
ба Тартиби таҳияи тарҳи
банақшагирии ҳудуди
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ТАСДИҚ МЕКУНАМ
______________________
(вазифа)
______________________
(ному насаб)
______________________
(имзо)
______________________
(сана)
Супориш барои таҳияи тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Намуди ҳуҷҷати шаҳрсозӣ__________________________________________
____________________________________________________________________

2. Фармоишгар_______________________________________________________

3. Таҳиягари ҳуҷҷати шаҳрсозӣ_______________________________________

4. Асосҳо барои таҳияи ҳуҷҷати шаҳрсозӣ_____________________________

5. Объекти банақшагирии шаҳрсозӣ ё бинокории ҳудуд, хусусиятҳои
асосии он___________________________________________________________

6. Талаботи асосӣ ба номгӯ, мундариҷа ва шакли маводи
пешниҳодшаванда бо таҳияи ҳуҷҷати шаҳрсозӣ, пайдарҳамӣ ва мӯҳлати
иҷрои корҳо_________________________________________________________

7. Номгӯ, иҷрокунандагон, мӯҳлат ва тартиби пешниҳод намудани
иттилооти ибтидоӣ барои таҳияи ҳуҷҷати шаҳрсозӣ_____________________

8. Феҳристи мақомоти давлатӣ ва субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
(Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе,
шаҳрҳо ва ноҳияҳое), ки ҳуҷҷати шаҳрсозиро мувофиқа
менамоянд___________________________________________________________

9. Талаботи ташкилотҳои мувофиқакунанда нисбат ба намуди ҳуҷҷати
шаҳрсозии таҳияшаванда______________________________________________

10. Номгӯ ва тартиби гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ва
ҷустуҷӯиҳои муҳандисии пеш аз лоиҳавӣ (ҳангоми зарурат)_____________

11. Тартиби мувофиқакунӣ ва экспертизаи ҳуҷҷати шаҳрсозӣ____________

12. Дигар талабот ва шартҳо аз иҷрокунанда
__________________________________________

(ному насаб) (имзо)

Аз мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ

(cана)
Аз дигар мақомоти мувофиқакунанда

Эзоҳ: мундариҷаи супориш мувофиқи талабот ба таҳияи намудҳои алоҳидаи ҳуҷҷати шаҳрсозӣ ва хусусияти объекти банақшагирии шаҳрсозӣ ва бинокорӣ метавонад аниқ гардонида шавад.
Замимаи 2
ба Тартиби таҳияи тарҳи
банақшагирии ҳудудҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию техникии тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
+----+--------------------------------+------------+---------+-------ҷ
|№ | | Воҳиди | Ҳолати |Муҳлати|
|№ | Нишондиҳандаҳо | ченак |ҳозира то|ҳисобӣ |
|п/п | | | соли 20 | |
+----+--------------------------------+------------+---------+-------+
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |

| 1 | Ҳудуд | | | |
|1.1 | Ҳамагӣ | ҳазор га | | |
| | аз ҷумла: | | | |
| | - заминҳои таъиноти кишоварзӣ | ҳазор га | | |
| | - заминҳои маҳалҳои аҳолинишин | | | |
| | (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои | | | |
| | аҳолинишини деҳот) | | | |
| | - заминҳои саноатӣ, энергетикӣ,| | | |
| | нақлиётӣ, алоқа, радио, | | | |
| | телевизион, информатикӣ, | | | |
| | таъмини кайҳонӣ, мудофиа, | | | |
| | амният ва таъиноти махсуси | | | |
| | дигари берун аз ҳудуди маҳали | | | |
| | аҳолинишин | | | |
| | - заминҳои ҳудудҳо ва иншооти | | | |
| | махсус муҳофизатшаванда | | | |
| | аз ҷумла: | | | |
| | ҳудудҳои табиии махсус | | | |
| | муҳофизатшаванда (бо ҷудо | | | |
| | кардани маҳалҳои табобатию | | | |
| | солимгардонӣ ва осоишгоҳҳо) | | | |
| | таъиноти ҳифзи табиӣ, | | | |
| | таъиноти дамгирӣ, таъиноти | | | |
| | таърихию фарҳангӣ дигар | | | |
| | заминҳои махсуси пурарзиш | | | |
| | - заминҳои фонди ҷангал | | | |
| | аз ҷумла: | | | |
| | ҷангалҳои гурӯҳи якум | | | |
| | - заминҳои фонди об | | | |
| | - заминҳои захиравӣ | | | |
| | | | | |
|1.2 | Аз ҳудуди умумӣ: | | | |
| | - заминҳои моликияти давлатӣ | - - | | |
| | - заминҳои субъектҳои Ҷумҳурии | | | |
| | Тоҷикистон | | | |
| | - заминҳои мақомоти маҳаллии | - - | | |
| | иҷроияи ҳокимияти давлатӣ | | | |
| | - заминҳои зери биноҳои | - - | | |
| | моликияти шахсӣ | | | |
| 2 | Аҳолӣ | | | |
|2.1 | Ҳамагӣ Жҳазор нафар | | |
| | аз ҷумла: | фоизи | | |
| | - теъдоди аҳолии шаҳрҳо | шумораи | | |
| | - теъдоди аҳолии деҳот |умумии аҳолӣ| | |
|2.2 | Нишондиҳандаҳои табиии ҳаракати| - - | | |
| | аҳолӣ | | | |
| | - афзоиш | | | |
| | - камшавӣ | | | |
|2.3 | Нишондиҳандаҳои муҳоҷирати | - - | | |
| | аҳолӣ | | | |
| | - афзоиш | - - | | |
| | - камшавӣ | - - | | |
|2.4 | Теъдоди кӯчидагони иҷборӣ Жҳазор нафар | | |
| | ва гурезаҳо | | | |
|2.5 | Теъдоди шаҳрҳои аҳолинишин | | | |
| | ҳамагӣ | | | |
| | аз ҷумла | | | |
| | - шаҳрҳо | | | |
| | аз ҷумла бо теъдоди аҳолӣ: | | | |
| | | | | |
| | Беш аз 1 млн нафар | | | |
| | 250 ҳазор -1 млн. нафар | | | |
| | 100 - 250 ҳазор нафар | | | |
| | 50 - 100 ҳазор нафар | | | |
| | То 50 ҳазор нафар | | | |
| | - шаҳракҳо | | | |
|2.7 | Зичии аҳолӣ |нафар /м2 | | |
|2.8 | Зичии аҳолии деҳот | - - | | |
|2.9 | Сохтори синнусолии аҳолӣ: Жҳазор нафар/| | |
| | - кӯдакони то 15 сола | фоизи | | |
| | - Аҳолии синнусоли қобили | теъдоди | | |
| | меҳнат (мардон 16-59 сола, |умумии аҳолӣ| | |
| | занҳо 16 - 54 сола) | | | |
| | - Аҳолии калонсоли | | | |
| | ғайриқобили меҳнат | | | |
| | | | | |
|2.10| Теъдоди аҳолии бо меҳнат | | | |
| | машғулбуда Жҳазор нафар | | |
| | ҳамагӣ | | | |
| | аз ҷумла: Жҳазор нафар/| | |
| | - дар соҳаи моддӣ | фоизи | | |
| | | теъдоди | | |
| | |умумии аҳолӣ| | |
| | аз ҷумла: | | | |
| | саноат | - - | | |
| | сохтмон | - - | | |
| | кишоварзӣ | - - | | |
| | илм | - - | | |
| | дигарҳо | - - | | |
| | | | | |
| 3 | Иқтидори иқтисодӣ | | | |
|3.1 | Ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ | млн. сомон | | |
| | | | | |
|3.2 | Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти | - - | | |
| | кишоварзӣ | | | |
| 4 | Фонди манзил | | | |
|4.1 | ҳамагӣ | ҳазор м2 | | |
| | | масоҳати | | |
| | | умумии | | |
| | | манзил | | |
| | | | | |
| | | | | |
| | аз ҷумла: | | | |
| | - дар шаҳрҳо | ҳазор м2 | | |
| | | масоҳати | | |
| | | умумии | | |
| | | манзилҳо | | |
| | - дар маҳалҳои аҳолинишини | - - | | |
| | деҳот | | | |
|4.2 | Аз фонди манзили умумӣ: | - - | | |
| | - моликияти давлатӣ | | | |
| | - моликияти шахсӣ | | | |
| | | | | |
|4.3 | Таъмини аҳолӣ бо масоҳати | м2/нафар | | |
| | умумии манзил | | | |
| | - дар шаҳрҳо | | | |
| | - дар маҳалҳои аҳолинишини | | | |
| | деҳот | | | |
|4.4 | Таъмини фонди манзил бо | | | |
| | шабакаи обтаъминкунӣ | | | |
| | - дар шаҳрҳо | фоизи фонди| | |
| | | умумии | | |
| | | манзили | | |
| | | шаҳрҳо | | |
| | - дар маҳалҳои аҳолинишини | фоизи фонди| | |
| | деҳот | умумии | | |
| | | манзилии | | |
| | | маҳаллҳои | | |
| | | аҳолини- | | |
| | | шини деҳот | | |
| | Таъмини фонди манзил бо | | | |
| | плитаҳои барқӣ | | | |
| | - дар шаҳрҳо | фоизи фонди| | |
| | | умумии | | |
| | | манзили | | |
| | | шарҳо | | |

| | плитаҳои газӣ | | | |

| | | деҳот | | |
| | | | | |
| 5 | Иншооти таъиноти хизмати | | | |
| | иҷтимоӣ ва фарҳангию маишии | | | |
| | байниминтақавӣ | | | |
|5.1 | Мактабҳои олӣ | донишҷӯён| | |
|5.2 | Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ | талабагон| | |
| | ва миёнаи махсус | | | |
|5.3 | Муассисаҳои фарҳангӣ ва санъат | воҳиди | | |
| | (театрҳо, осорхонаҳо, толорҳои | дахлдор | | |
| | намоишгоҳҳо ва ғайра) | | | |
| | ҳамагӣ /1000 нафар | | | |
|5.4 | Муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо,| - - | | |
| | поликлиникаҳо ва ғайра) | | | |
|5.5 | Муассисаҳои санаторию | - - | | |
| | осоишгоҳӣ, солимгардонӣ, | | | |
| | истироҳатӣ ва туризм | | | |
| | (санаторияҳо, хонаҳои | | | |
| | истироҳатӣ, пансионатҳо, лагер | | | |
| | барои талабагон ва ғайра) | | | |
|5.6 | Муассисаҳои таъмини иҷтимоӣ | - - | | |
|5.7 | Ташкилот, муассисаҳо ва | - - | | |
| | идораҳои молия, муассисаҳои | | | |
| | алоқа | | | |
|5.8 | Дигар иншооти хизмати | - - | | |
| | иҷтимоӣ ва фарҳангию маишии | | | |
| | аҳолӣ | | | |
| 6 | Инфрасохтори муҳандисию | | | |
| | нақлиётӣ | | | |
|6.1 | Дарозии шабакаи роҳи оҳани | км | | |
| | аҳамияти давлатидошта | | | |
| | аз ҷумла: | | | |
| | - аҳамияти ҷумҳуриявӣ | - - | | |
| | - аҳамияти минтақавӣ | - - | | |
|6.2 | Дарозии шабакаи роҳи | | | |
| | автомобилгарди аҳамияти | - - | | |
| | давлатидошта | - - | | |
| | аз ҷумла: | - - | | |
| | - аҳамияти ҷумҳуриявӣ | | | |
| | - аҳамияти минтақавӣ | | | |
|6.3 | Аз шумораи умумии роҳҳои | км /% | | |
| | автомобилгарди рӯйпӯшашон сахт | | | |
| | Зичии шабакаҳои нақлиётии | | | |
|6.4 | аҳамияти давлатидошта: | км/100м2 | | |
| | - роҳи оҳан | - - | | |
| | - автомобилӣ | км | | |
| | аз ҷумла: | | | |
| | дар шаҳрҳо | | | |
| | дар маҳалҳои аҳолинишини | | | |
| | деҳот | | | |
|6.5 | | | | |
|6.6 | Фурудгоҳҳо | воҳид | | |
| | аз ҷумла: | | | |
| | - аҳамияти байналмилалидошта | - - | | |
| | - аҳамияти ҷумҳуриявидошта | - - | | |
| | | | | |
|6.7 | Таъмини аҳолӣ бо автомобили | автомобил| | |
| | сабукрави шахсӣ | | | |
| | (баҳар 1000 аҳолӣ) | | | |
| 7 | Инфрасохтори муҳандисӣ ва | | | |
| | ободонии ҳудуд | | | |
|7.1 | Таъминоти об | | | |
|7.1.| Истеъмоли об: Жҳазор м3/дар| | |
| 1 | ҳамагӣ | 24 соат | | |
| | аз ҷумла барои эҳтиёҷоти | - - | | |
| | нӯшокӣ ва ҳоҷагӣ | | | |
| | аз ҷумла дар шаҳрҳо | - - | | |
|7.1.| Истеҳсоли иншооти обкаш, | - - | | |
| 2 | аз ҷумла обкашҳои зеризаминӣ | | | |
|7.1.| Истифодаи шабонарӯзии об |л/дар 24соат| | |
| 3 | барои як нафар дар 24 соат | ба як нафар| | |
| | аз ҷумла: | - - | | |
| | - хоҷагидорӣ ва нӯшокӣ | - - | | |
| | аз онҳо | - - | | |
| | дар шаҳрҳо | - - | | |
| | дар маҳалҳои аҳолинишини | - - | | |
| | деҳот | | | |
|7.2.| Ҳаҷми партови обҳои ҷорӣ ба Жҳазор м3/дар| | |
| 1 | ҳавзҳои рӯизаминӣ | 24 соат | | |
| | аз ҷумла: | | | |
| | Обҳои ҷории хоҷагию маишӣ, | - - | | |
| | аз ҷумла, дар шаҳрҳо | - - | | |
|7.2.| Аз миқдори умумии партовҳои об | - - | | |
| 2 | пас аз софкунии биологӣ | | | |
| | аз ҷумла дар шаҳрҳо | | | |
|7.2.| Истеҳсоли иншооти тозакунии | - - | | |
| 3 | обихроҷкунӣ | | | |
| | аз ҷумла, дар шаҳрҳо | - - | | |
|7.3 | Таъмини барқ | | | |
|7.3.| Истеҳсоли сарчашмаҳои | | | |
| 1 | марказонидашуда: | | | |
| | - таъмини барқ | МВт | | |
| | - таъмини гармӣ | Гкал/соат | | |
|7.3.| Талабот ба | | | |
| 2 | | | | |
| | - нерӯи барқ | млн | | |
| | | кВт-с./сол | | |
| | | | | |
| | аз ҷумла, барои эҳтиёҷоти | - - | | |
| | хоҷагию маишӣ | | | |
| | аз ҷумла, дар шаҳрҳо | - - | | |
| | - гармидиҳӣ |млн Гкал/сол| | |

| | | - - | | |
|7.3.| Дарозии хатҳои ҳавоии барқии | км | | |
| 3 | шиддаташон 35 кВ ва аз ин боло | | | |
|7.4 | Таъминоти газ | | | |
|7.4.| Истифодаи газ | млн м3/сол| | |
| 1 | ҳамагӣ: | | | |
| | аз ҷумла: | - - | | |
| | - барои эҳтёҷоти хоҷагию маишӣ | | | |
| | аз ҷумла: | - - | | |
| | - дар шаҳрҳо | - - | | |
| | - барои эҳтиёҷоти итеҳсолӣ | | | |
| | Вазни хоси газ дар тавозуни | фоиз | | |
| | гармидиҳӣ | | | |
|7.4.| Сарчашмаи интиқоли газ | млн м3/сол| | |
| 3 | | | | |
|7.5 | Алоқа | | | |
|7.5.| Дарозии хатҳои алоқаи кабелии | км | | |
| 1 | байнишаҳрӣ | | | |
|7.5.| Паҳноии пахши телевизион | | | |
| 2 | ба аҳолӣ | фоиз ҳамагӣ| | |
| | ҳамагӣ | аҳолӣ | | |
| | аз ҷумла: | | | |
| | - аҳолии шаҳрҳо | фоиз аҳолии| | |
| | - аҳолии маҳалҳои аҳолинишини | шаҳр | | |
| | деҳот | | | |
| | | | | |
|7.5.| Таъмини аҳолӣ бо шабакаи | рақам | | |
| 3 | телефонии истифодаи умумӣ | ба 100 оила| | |
| | ҳамагӣ | | | |
| | аз ҷумла: | | | |
| | - дар шаҳрҳо | | | |
| | - дар маҳалҳои аҳолинишини | | | |
| | деҳот | | | |
|7.6 | Тайёрии муҳандисии ҳудуд | | | |
|7.6.| Ҳудудҳое, ки гузаронидани | воҳиди | | |
| 1 | чораҳои махсусро оид ба тайёрии| мувофиқ | | |
| | муҳандисӣ талаб менамоянд | | | |
|7.7 | Тозакунии беҳдошти ҳудуд | | | |
|7.7.| Миқдори партовҳои маишии сахт |ҳаз м3/ сол | | |
| 1 | | | | |
| | аз ҷумла миқдори партовҳои | - - | | |
| | маишии сатҳи истифодашаванда | | | |
| | аз ҷумла дар шаҳрҳо | - - | | |
|7.8 | | | | |
| 8 | Ҳифзи муҳити зист ва истифодаи | | | |
| | сарфакоронаи табиат | | | |
|8.1 | Ҳаҷми партовҳои зарарнок ба | ҳазор т/сол| | |
| | атмосфераи ҳаво | | | |
|8.2 | Ҳаҷми умумии партовҳои | млн м3/сол | | |
| | оби ифлос | | | |
|8.3 | Вазни хоси ҳавзҳои ифлосшуда | фоиз | | |
|8.4 | Рекултиватсияи ҳудудҳои | га | | |
| | заминашон харобшуда | | | |
|8.5 | Корҳои барқароркунии ҷангалҳо | - - | | |
|8.6 | Ҳудудҳои аз ҷиҳати экологӣ | - - | | |
| | ғайриқаноатбахш (ҳудудҳои бо | | | |
| | моддаҳои кимиёвию биологӣ ва | | | |
| | дигар микроорганизмҳои | | | |
| | зарарнок, аз консентратсияи | | | |
| | ҳадди имконпазираш зиёд, | | | |
| | моддаҳои радиоактивии бо ҳаҷми | | | |
| | аз сатҳи ҳадди имконпазираш | | | |
| | зиёд) | | | |
|8.7 | Дигар нишондиҳандаҳо оид ба | воҳиди | | |
| | ҳифзи муҳити зист ва истифодаи | дахлдор | | |
| | сарфакоронаи захираҳои табиӣ | | | |
| 9 | Ҳаҷми тахминии маблағгузориҳо | млн. сом | | |
| | (инвеститсияҳо) барои навбати 1| | | |
| | амалигардонии қарордодҳои лоиҳа| | | |