Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2014, № 173
тасдиқ шудааст
Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.10.2021 №445)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯрои ҳамоҳангсозӣ) дар назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад
2. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад
3. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, марказҳои илмии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, марказу ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, конструкторӣ, таҷрибавӣ ва таҷрибавию эксперименталӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ (минбаъд - субъектҳои фаъолияти илмӣ ва таълимӣ), инчунин бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи илм, технология ва таҳсилоти касбӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ташкил менамояд
4. Қарорҳои дар доираи салоҳияти худ қабулкардаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои иҷро намудан аз ҷониби вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳои илмӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳатмӣ мебошанд
2. Мақсад ва масъалаҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ
5. Мақсад ва масъалаҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ инҳоянд:
- такмил додани шаклу усулҳои ташкил, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ;
- мусоидат намудан ба рушди илми бунёдӣ ва амалӣ, дастгирии фаъолнокии инноватсионӣ;
- инкишофи иқтидори кадрҳои илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот;
- ташкили таҳияи барнома ва лоиҳаҳои тадқиқотии миллӣ;
- омода кардани тавсияҳо 6а Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории барнома ва лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи ташкилот ва муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар ва иҷрои таҳқиқот новобаста ба тобеияти идоравӣ дар соҳаи банақшагирӣ доир ба самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ;
- мусоидат ба таҳкими робитаҳои илм бо истеҳсолот ва истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг.
3. Функсияҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ
6. Мувофиқи мақсад ва вазифаҳои худ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ функсияҳои зеринро амалӣ менамояд:
- корҳои ташкилӣ ва методологиро доир ба татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ мегузаронад;
- дар асоси пешниҳоди вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои илмию тадкиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва арзёбии экспертии онҳо дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмии соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ барои солҳои наздик ва минбаъда иштирок менамояд;
- дар мутамарказ намудани захираҳои илмӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи тадқиқоти илмӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, мусоидат карда, механизмҳои ташкилӣ ва молиявию иқтисодии татбиқи онҳоро таҳия менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида гузароиидани озмунҳоро оид ба интихоби барнома ва лоиҳаҳои илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ барои маблағгузории давлатӣ ташкил мекунад;
- тартиб ва шартҳои бастан ва иҷрои созишномаҳоро (қарордодҳоро) байни фармоишгарон ва иҷрокунандагони корҳои илмию тадқиқотӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;
- раванди иҷро ва сифатнокии корҳои илмию тадқиқотиро таҳлил карда, оид ба зарурати маблағгузории онҳо хулосаҳои дахлдор пешниҳод менамояд, инчунин самарабахшии истифодаи маблағҳои молиявиро назорат мекунад;
- барои ташаккули барнома ва лоиҳаҳои комплексии илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионии ҷумҳуриявӣ мусоидат намуда, оид ба татбиқи ин барнома ва лоиҳаҳо корро ташкил мекунад ва рафти иҷрои онҳоро таҳлил менамояд;
- дар сатҳи зарурӣ амалӣ шудани шартномаҳоро оид ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва илмию техникӣ назорат мекунад;
- корҳои оид ба ҷамъоварӣ, танзим ва таҳлили маълумоти самарабахшии барнома ва лоиҳаҳои илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсиониро ташкил менамояд ва дар ин асос маводи иттилоотию таҳлилӣ омода месозад;
- оид ба масъалаҳои рушди илм ва фаъолияти инноватсионӣ конференсияҳо, семинарҳо, машваратҳоро ташкил ва баргузор менамояд;
- масъалаҳои мубрами мушкилоти илмро, ки ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, хусусияти байниидоравӣ доранд, мувофиқа мекунад.
4. Ҳуқуқҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ
7. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ дорад:
- таҳлили экспертӣ ва арзёбии самаранокии лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникии анҷомёфта, сатҳи илмӣ ва навовариҳои натиҷаҳои бадастомада, истифодаи амалии коркардҳо, самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳоро гузаронад. Хулосаҳои дахлдор оид ба лоиҳаҳои анҷомёфта ба Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ пешниҳод гардида, дар мӯҳлати на камтар аз як моҳ баъди тасдиқи онҳо ба Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд ва ҳангоми баррасии лоиҳаҳои нав ба эътибор гирифта мешаванд;
- додани тавсияҳоро барои маблағгузории лоиҳаҳои нави муассисаҳои илмие, ки барномаҳои баитмомрасонидаи онҳо баҳои мусбат нагирифтаанд ва чӣ дар соҳаи илм ва чӣ дар амалия самарабахш дониста нашудаанд, рад намояд;
- барои амалӣ намудани вазифаҳои худ аз ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ маълумоти зарурӣ дархост намояд;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда барои экспертизаи маводе, ки дар асоси озмуни интихобии барнома ва лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, коркардҳои илмию амалӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, инчунин барои машварати масъалаҳои илмию техникӣ пешниҳод шудаанд, олимону мутахассисонро ҷалб намояд;
- экспертизаи мустақилонаи барнома ва лоиҳаҳои илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсиониро, ки аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, ташкил ва баргузор намояд;
- тартиб, шартҳо, қоида ва мӯҳлатҳои пешниҳоди лоиҳаҳои самтҳои афзалиятдоштаи корҳои илмию тадқиқотии соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносиро барои озмун муқаррар намояд;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда бахшҳо ва комиссияҳои экспертии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва самтҳои илмиро таъсис намояд ва барҳам диҳад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳоро оид ба маблағгузории барнома ва лоиҳаҳои барои ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими иҷтимоию иқтисодидошта ё қатъ намудани маблағгузории барнома ва лоиҳаҳои камаҳамиятро, ки аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешниход шудаанд, манзур намояд (дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
- рафти иҷрои корҳои илмию тадқиқотиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ки аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тасдиқ шудаанд, тафтиш намояд, гузоришҳои роҳбарони ташкилотҳои мазкурро доир ба масъалаҳо шунавад ва барои таъмини иҷрои вазифаҳои муайяншуда чораҳои зарурии таъҷилӣ андешад;
- дар ҳолати зарурӣ доир ба супоришҳои алоҳида тағйироту иловаҳо ворид намояд, ба ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ вазифаҳои иловагие муқаррар кунад, ки барои ҳалли бомуваффақияти мушкилоти муҳими илмӣ заруранд, дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳоро оид ба тағйиру иловаҳои супоришҳои ҳукуматӣ, ки ба мушкилоти илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ мансубанд, манзур намояд;
- аз вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба иҷрои тадқиқоти илмии вобаста ба барнома ва лоиҳаҳое, ки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тасдиқ кардааст ва дар бораи татбиқи коркардҳои илмию тадқиқотии анҷомёфта дар истеҳсолот маводи иттилоотии заруриро дастрас намояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои такмили сохтор ва фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ пешниҳодҳо манзур намояд.
5. Сохтори ташкилии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ
8. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз ҳисоби олимони пешбари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ки воҳидҳои зертобеи илмию тадқиқотӣ доранд, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои илмӣ, инчунин мутахассисони соҳаҳои пешбари иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
9. Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва Раёсати он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
10. Сохтори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва теъдоди штатии дастгоҳи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
11. Тағйирот дар сохтор ва руйхати вазифавии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ворид мегардад.
12. Шӯрои ҳамоҳангсозиро раиси Шӯро (Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) роҳбарӣ мекунад
13. Муовинони раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ноибони президент ва саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд
14. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар сохтори худ дорои дастгоҳ дар шахсияти сардори раёсат-котиби илмӣ, ду сармутахассис, ду мутахассиси пешбар ва ду мутахассис аст, ки ҷузъи дастгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад
15. Сардори раёсат-котиби илмии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо қарори Шӯро, ки аз ҷониби раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ба имзо расонида шудааст, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад
16. Хизматрасонии хоҷагию техникии дастгоҳи Шӯрои ҳамоҳангсозиро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ менамояд
17. Хароҷоти сафари хизматии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ки бо фаъолияти ҳамоҳангсозии онҳо вобаста аст, аз ҳисоби ташкилотҳои дахлдори ҷойи кори асосии хизматчиёни фиристодашуда пардохт карда мешавад.
18. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ:
а) барои аз ҷониби Шӯро иҷро намудани вазифаҳои худ масъул мебошад;
б) дар доираи салоҳияти худ Шӯроро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ намояндагӣ мекунад;
в) ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯро ва воҳидҳои зертобеи онро амалӣ менамояд;
г) вазифаҳои хизматиро дар байни муовинони раиси Шӯро тақсим мекунад;
д) ҳуҷҷатҳои аз ҷонибн Шӯро дар давоми фаъолият таҳияшударо тасдиқ мекунад;
е) вазифаҳои хизматии ҳайати кормандони Шӯроро муайян мекунад;
ж) доир ба масъалаҳои ҷории ташкилии фаъолияти Шӯро фармонҳо мебарорад.
19. Мақоми олии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷаласаи Шӯро мебошад, ки ҳар сол на камтар аз як маротиба даъват карда мешавад. Дар давраи байни ҷаласаҳо роҳбарии корҳои ҷории Шӯроро Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ амалӣ мегардонад.
20. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар маҷлисҳои бахшҳо, Раёсат ва ҷаласаҳои Шӯро масъалаҳои дахлдорро баррасӣ мекунад. Қарорҳои бахшҳо, инчунин Раёсат ва ҷаласаҳои Шӯро бо аксарияти овозҳои аъзои Шӯро қабул карда мешаванд.
21. Қарору тавсияҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тавассути қарорҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раёсатҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, фармоиш ва қарорҳои вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои илмию тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд
22. Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар хусуси рафти гузаронидани тадқиқоти илмӣ аз рӯи мавзӯъҳои ҳамоҳангшуда дар ташкилотҳои худ ба Шӯро мунтазам иттилдоъ медиҳанд.
23. Қарорҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо аксарияти овозҳои аъзоёни Шӯро, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, қабул мешаванд. Мавҷуд будани кворум бо иштироки на камтар аз 50 фоизи аъзои Шӯро дар ҷаласа муайян карда мешавад.
24. Назорати иҷрои қарорҳо ва тавсияҳои Шӯро ба зиммаи Раёсати Шӯро вогузор карда мешавад, ки он дар ҳар ҷаласа доир ба иҷрои қарорҳо ва тавсияҳои ҷаласаи гузаштан Шӯро ҳисобот пешниҳод менамояд.
25. Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ:
а) бо Раёсатҳои академияҳои илмҳои соҳавӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, роҳбарони муассисаю ташкилотҳои илмӣ ва таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дохил мешаванд, ҳамкорӣ мекунад;
б) бо пешниҳоди дастгоҳи Шӯро шумораи бахшҳои соҳаҳои илмро муайян менамояд ва ҳайати шахсии онҳоро тасдиқ мекунад;
в) баррасии саривақтии мактубу пешниҳодҳо ва муроҷиатномаҳоро таъмин менамояд;
г) лоиҳаи қарорҳо ва супоришҳоеро, ки ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дахл доранд, омода месозад.
26. Дастгоҳи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ:
а) доир ба таъсиси бахшҳо ва комиссияҳои экспертии вобаста ба соҳаҳои илм, ҳамчунин ҳайати шахсии онҳо пешниҳодҳо таҳия менамояд;
б) бо супориши Шӯро ва Раёсати он корҳои илмию ташкилиро мегузаронад ва иҷрои қарору тавсияҳои аз ҷониби Шӯро содиршударо назорат мекунад;
в) оид ба гузаронидани маҷлисҳои Раёсатҳо ва ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ корҳои омодагӣ ва ташкилиро амалӣ мегардонад;
г) дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ рафти баргузории экспертизаҳои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникиро назорат мекунад;
д) ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Шӯрои ҳамоҳангсозиро омода месозад;
е) доир ба масъалаҳое, ки дар салоҳияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ мебошанд, шаҳрвандонро қабул намуда, машваратҳо баргузор менамояд;
ж) ҳар сол ҳисоботи Шӯрои ҳамоҳангсозро ба табъ мерасонад, ки он фарогири маълумот дар бораи натиҷаои асосии тадқиқоти илмии тибқи лоиҳаҳои иҷрошуда ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дар соли равон қабулшудаи Шӯро мебошад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2014, № 173
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои Табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯи вазифа)
Раёсати Шӯро
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон(раиси Шӯро)
Ноиби Президент, раиси Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (муовини раиси Шӯро);
Ноиби Президент, раиси Шӯъбаи илмҳои биологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон(муовини раиси Шӯро)
Ноиби Президент, раиси Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон(муовини раиси Шӯро)
Ноиби Президент, раиси Шуъбаи илмҳои тиб ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (муовини раиси Шӯро)
Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (муовини раиси Шӯро)
Сардори раёсат-котиби илмии Шӯро
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
хориҷ карда шуд );
Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати соҳаи иҷтимоии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аъзои Шӯро
Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷ.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти физикию техникии ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти филсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.И.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Раиси Маркази илмии Хуҷандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Раиси Маркази илмии Хатлонии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Мудири Муассисаи давлатии илмию таҷрибавӣ ва истеҳсолии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директор-ташкилотчии Маркази инноватсионии биология ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Роҳбари Муассисаи илмии "Хадамоти геофизикӣ"-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Директори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
Директори Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
Директори Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
Директори Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
Директори Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
Директори Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
Директори Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
Директори Институти масоили амнияти биологии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
Ректори Донишгоҳи славянии Россия Тоҷикистон:
Директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ;
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав;
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев;
Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;
Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе;
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи дивлатии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи дивлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии Маркази илмию тадқиқотии дорусозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии "Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти илмию тадқиқотии экспертиза ва барқароркунии қобилияти меҳнатии маҷрӯҳони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода;
Директори Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот"-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур;
Директори Инстнтути илмӣ-тадқиқотии биотехнологияи назди Донишгохи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур.
Директори Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҷангал"-и Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии "Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об"-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мудири Муассисаи давлатии Лабораторияи илмию тадқиқотии ҳифзи табиати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон:
Директори Муассисаи давлатии илмии "Пажуҳишгоҳи илми-тадқиқотии саноат"-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии илмии "Пажӯҳишгоҳи давлатии ғизо"-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гидротехника ва беҳдошти замин"-и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори Корхонан воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ"-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Директори Маркази илмию тадқиқотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати рушди соҳаҳои мҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2014, № 173
тасдиқ шудааст
Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯрои ҳамоҳангсозӣ) дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
2. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, марказҳои илмии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, марказу ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, конструкторӣ, таҷрибавӣ ва таҷрибавию эксперименталӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ (минбаъд - субъектҳои фаъолияти илмӣ ва таълимӣ), инчунин бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи илм, технология ва таҳсилоти касбӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ташкил менамояд.
4. Қарорҳои дар доираи салоҳияти худ қабулкардаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои иҷро намудан аз ҷониби вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳои илмӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳатмӣ мебошанд.
2. Мақсад ва масъалаҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ
5. Мақсад ва масъалаҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ инҳоянд:
- такмил додани шаклу усулҳои ташкил, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ;
- мусоидат намудан ба рушди илми бунёдӣ ва амалӣ, дастгирии фаъолнокии инноватсионӣ;
- инкишофи иқтидори кадрҳои илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот;
- ташкили таҳияи барнома ва лоиҳаҳои тадқиқотии миллӣ;
- омода кардани тавсияҳо 6а Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории барнома ва лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи ташкилот ва муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар ва иҷрои таҳқиқот новобаста ба тобеияти идоравӣ дар соҳаи банақшагирӣ доир ба самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ;
- мусоидат ба таҳкими робитаҳои илм бо истеҳсолот ва истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг.
3. Функсияҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ
6. Мувофиқи мақсад ва вазифаҳои худ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ функсияҳои зеринро амалӣ менамояд:
- корҳои ташкилӣ ва методологиро доир ба татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ мегузаронад;
- дар асоси пешниҳоди вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои илмию тадкиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва арзёбии экспертии онҳо дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмии соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ барои солҳои наздик ва минбаъда иштирок менамояд;
- дар мутамарказ намудани захираҳои илмӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи тадқиқоти илмӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, мусоидат карда, механизмҳои ташкилӣ ва молиявию иқтисодии татбиқи онҳоро таҳия менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида гузароиидани озмунҳоро оид ба интихоби барнома ва лоиҳаҳои илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ барои маблағгузории давлатӣ ташкил мекунад;
- тартиб ва шартҳои бастан ва иҷрои созишномаҳоро (қарордодҳоро) байни фармоишгарон ва иҷрокунандагони корҳои илмию тадқиқотӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;
- раванди иҷро ва сифатнокии корҳои илмию тадқиқотиро таҳлил карда, оид ба зарурати маблағгузории онҳо хулосаҳои дахлдор пешниҳод менамояд, инчунин самарабахшии истифодаи маблағҳои молиявиро назорат мекунад;
- барои ташаккули барнома ва лоиҳаҳои комплексии илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионии ҷумҳуриявӣ мусоидат намуда, оид ба татбиқи ин барнома ва лоиҳаҳо корро ташкил мекунад ва рафти иҷрои онҳоро таҳлил менамояд;
- дар сатҳи зарурӣ амалӣ шудани шартномаҳоро оид ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва илмию техникӣ назорат мекунад;
- корҳои оид ба ҷамъоварӣ, танзим ва таҳлили маълумоти самарабахшии барнома ва лоиҳаҳои илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсиониро ташкил менамояд ва дар ин асос маводи иттилоотию таҳлилӣ омода месозад;
- оид ба масъалаҳои рушди илм ва фаъолияти инноватсионӣ конференсияҳо, семинарҳо, машваратҳоро ташкил ва баргузор менамояд;
- масъалаҳои мубрами мушкилоти илмро, ки ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, хусусияти байниидоравӣ доранд, мувофиқа мекунад.
4. Ҳуқуқҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ
7. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ дорад:
- таҳлили экспертӣ ва арзёбии самаранокии лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникии анҷомёфта, сатҳи илмӣ ва навовариҳои натиҷаҳои бадастомада, истифодаи амалии коркардҳо, самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳоро гузаронад. Хулосаҳои дахлдор оид ба лоиҳаҳои анҷомёфта ба Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ пешниҳод гардида, дар мӯҳлати на камтар аз як моҳ баъди тасдиқи онҳо ба Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд ва ҳангоми баррасии лоиҳаҳои нав ба эътибор гирифта мешаванд;
- додани тавсияҳоро барои маблағгузории лоиҳаҳои нави муассисаҳои илмие, ки барномаҳои баитмомрасонидаи онҳо баҳои мусбат нагирифтаанд ва чӣ дар соҳаи илм ва чӣ дар амалия самарабахш дониста нашудаанд, рад намояд;
- барои амалӣ намудани вазифаҳои худ аз ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ маълумоти зарурӣ дархост намояд;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда барои экспертизаи маводе, ки дар асоси озмуни интихобии барнома ва лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, коркардҳои илмию амалӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, инчунин барои машварати масъалаҳои илмию техникӣ пешниҳод шудаанд, олимону мутахассисонро ҷалб намояд;
- экспертизаи мустақилонаи барнома ва лоиҳаҳои илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсиониро, ки аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, ташкил ва баргузор намояд;
- тартиб, шартҳо, қоида ва мӯҳлатҳои пешниҳоди лоиҳаҳои самтҳои афзалиятдоштаи корҳои илмию тадқиқотии соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносиро барои озмун муқаррар намояд;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда бахшҳо ва комиссияҳои экспертии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва самтҳои илмиро таъсис намояд ва барҳам диҳад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳоро оид ба маблағгузории барнома ва лоиҳаҳои барои ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими иҷтимоию иқтисодидошта ё қатъ намудани маблағгузории барнома ва лоиҳаҳои камаҳамиятро, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешниход шудаанд, манзур намояд (дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- рафти иҷрои корҳои илмию тадқиқотиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ки аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тасдиқ шудаанд, тафтиш намояд, гузоришҳои роҳбарони ташкилотҳои мазкурро доир ба масъалаҳо шунавад ва барои таъмини иҷрои вазифаҳои муайяншуда чораҳои зарурии таъҷилӣ андешад;
- дар ҳолати зарурӣ доир ба супоришҳои алоҳида тағйироту иловаҳо ворид намояд, ба ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ вазифаҳои иловагие муқаррар кунад, ки барои ҳалли бомуваффақияти мушкилоти муҳими илмӣ заруранд, дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳоро оид ба тағйиру иловаҳои супоришҳои ҳукуматӣ, ки ба мушкилоти илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ мансубанд, манзур намояд;
- аз вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба иҷрои тадқиқоти илмии вобаста ба барнома ва лоиҳаҳое, ки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тасдиқ кардааст ва дар бораи татбиқи коркардҳои илмию тадқиқотии анҷомёфта дар истеҳсолот маводи иттилоотии заруриро дастрас намояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои такмили сохтор ва фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ пешниҳодҳо манзур намояд.
5. Сохтори ташкилии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ
8. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз ҳисоби олимони пешбари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ки воҳидҳои зертобеи илмию тадқиқотӣ доранд, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои илмӣ, инчунин мутахассисони соҳаҳои пешбари иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
9. Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва Раёсати он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
10. Сохтори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва теъдоди штатии дастгоҳи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
11. Тағйирот дар сохтор ва руйхати вазифавии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ворид мегардад.
12. Шӯрои ҳамоҳангсозиро раиси Шӯро (Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) роҳбарӣ мекунад.
13. Муовинони раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ноибони президент ва саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
14. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар сохтори худ дар шахси котиби илмӣ, сармутахассис ва ду мутахассиси пешбари дастгоҳ дорад, ки ҷузъи дастгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
15. Котиби илмии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо қарори Шӯро, ки аз ҷониби раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ба имзо расонида шудааст, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
16. Хизматрасонии хоҷагию техникии дастгоҳи Шӯрои ҳамоҳангсозиро Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
17. Хароҷоти сафари хизматии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ки бо фаъолияти ҳамоҳангсозии онҳо вобаста аст, аз ҳисоби ташкилотҳои дахлдори ҷойи кори асосии хизматчиёни фиристодашуда пардохт карда мешавад.
18. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ:
а) барои аз ҷониби Шӯро иҷро намудани вазифаҳои худ масъул мебошад;
б) дар доираи салоҳияти худ Шӯроро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ намояндагӣ мекунад;
в) ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯро ва воҳидҳои зертобеи онро амалӣ менамояд;
г) вазифаҳои хизматиро дар байни муовинони раиси Шӯро тақсим мекунад;
д) ҳуҷҷатҳои аз ҷонибн Шӯро дар давоми фаъолият таҳияшударо тасдиқ мекунад;
е) вазифаҳои хизматии ҳайати кормандони Шӯроро муайян мекунад;
ж) доир ба масъалаҳои ҷории ташкилии фаъолияти Шӯро фармонҳо мебарорад.
19. Мақоми олии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷаласаи Шӯро мебошад, ки ҳар сол на камтар аз як маротиба даъват карда мешавад. Дар давраи байни ҷаласаҳо роҳбарии корҳои ҷории Шӯроро Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ амалӣ мегардонад.
20. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар маҷлисҳои бахшҳо, Раёсат ва ҷаласаҳои Шӯро масъалаҳои дахлдорро баррасӣ мекунад. Қарорҳои бахшҳо, инчунин Раёсат ва ҷаласаҳои Шӯро бо аксарияти овозҳои аъзои Шӯро қабул карда мешаванд.
21. Қарору тавсияҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тавассути қарорҳои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, қарорҳои вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои илмию тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёт татбиқ карда мешаванд.
22. Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар хусуси рафти гузаронидани тадқиқоти илмӣ аз рӯи мавзӯъҳои ҳамоҳангшуда дар ташкилотҳои худ ба Шӯро мунтазам иттилоъ медиҳанд.
23. Қарорҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо аксарияти овозҳои аъзоёни Шӯро, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, қабул мешаванд. Мавҷуд будани кворум бо иштироки на камтар аз 50 фоизи аъзои Шӯро дар ҷаласа муайян карда мешавад.
24. Назорати иҷрои қарорҳо ва тавсияҳои Шӯро ба зиммаи Раёсати Шӯро вогузор карда мешавад, ки он дар ҳар ҷаласа доир ба иҷрои қарорҳо ва тавсияҳои ҷаласаи гузаштан Шӯро ҳисобот пешниҳод менамояд.
25. Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ:
а) бо Раёсатҳои академияҳои илмҳои соҳавӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, роҳбарони муассисаю ташкилотҳои илмӣ ва таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дохил мешаванд, ҳамкорӣ мекунад;
б) бо пешниҳоди дастгоҳи Шӯро шумораи бахшҳои соҳаҳои илмро муайян менамояд ва ҳайати шахсии онҳоро тасдиқ мекунад;
в) баррасии саривақтии мактубу пешниҳодҳо ва муроҷиатномаҳоро таъмин менамояд;
г) лоиҳаи қарорҳо ва супоришҳоеро, ки ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дахл доранд, омода месозад.
26. Дастгоҳи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ:
а) доир ба таъсиси бахшҳо ва комиссияҳои экспертии вобаста ба соҳаҳои илм, ҳамчунин ҳайати шахсии онҳо пешниҳодҳо таҳия менамояд;
б) бо супориши Шӯро ва Раёсати он корҳои илмию ташкилиро мегузаронад ва иҷрои қарору тавсияҳои аз ҷониби Шӯро содиршударо назорат мекунад;
в) оид ба гузаронидани маҷлисҳои Раёсатҳо ва ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ корҳои омодагӣ ва ташкилиро амалӣ мегардонад;
г) дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ рафти баргузории экспертизаҳои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникиро назорат мекунад;
д) ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Шӯрои ҳамоҳангсозиро омода месозад;
е) доир ба масъалаҳое, ки дар салоҳияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ мебошанд, шаҳрвандонро қабул намуда, машваратҳо баргузор менамояд;
ж) ҳар сол ҳисоботи Шӯрои ҳамоҳангсозро ба табъ мерасонад, ки он фарогири маълумот дар бораи натиҷаои асосии тадқиқоти илмии тибқи лоиҳаҳои иҷрошуда ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дар соли равон қабулшудаи Шӯро мебошад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2014, № 173
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои Табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯи вазифа)
Раёсати Шӯро
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси Шӯро).
Ноиби Президент, раиси Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия геология ва техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Шӯро);
Ноиби Президент, раиси Шӯъбаи илмҳои биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Шӯро);
Ноиби Президент, раиси Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Шӯро);
Саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Шӯро);
Котиби илмии Шӯро;
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
Президенти Академияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати соҳаи иҷтимоии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аъзои Шӯро
Директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷ.Ҷӯраеви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти физикию техникии ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти филсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.И.Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Маркази илмии Хуҷандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Маркази илмии Хатлонии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мудири Муассисаи давлатии илмию таҷрибавӣ ва истеҳсолии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Директор-ташкилотчии Маркази инноватсионии биология ва тибби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Роҳбари Муассисаи илмии "Хадамоти геофизикӣ"-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;