Тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо аз 3 марти соли 2014 № 155

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 75 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 155

тасдиқ шудааст

Тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо

1. Тартиби мазкур дар асоси моддаи 78 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кодекси андоз) таҳия гардида, тартиби беэътимод эътироф намудани қарзи андозсупорандагон аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои аз ҳисоб баровардани онҳоро муайян менамояд.

2. Қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷарима ва фоизҳо (минбаъд-қарзҳои беэътимод) маблағи қарз аз рӯи андозҳо, ҷарима ва фоизҳое эътироф карда мешавад, ки имконияти рӯёнидани он бинобар сабаби ба миён омадани ҳолатҳои пешбининамудаи Тартиби мазкур номумкин шудааст.

3. Дар ҳолатҳои зерин қарз аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо қарзи беэътимод дониста мешавад:

а) гузаштани мӯҳлати даъво аз рӯи ӯҳдадории андоз, ки Кодекси андоз муқаррар намудааст;

б) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муфлис эътироф шудани андозсупоранда, дар ҳолати нокифоя будани молу мулки он, агар бо қарори суд тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

в) фавти шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ) дар ҳолати мавҷуд набудани ворисони ҳуқуқӣ ё меросхӯрони ӯ, инчунин набудан ё нокифоя будани молу мулк;

г) фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ) дар сурати мавҷуд набудани ворисони ҳуқуқӣ ё меросхӯрони ӯ, инчунин набудан ё нокифоя будани молу мулк;

д) дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (садамаҳо), ҳодисаҳои фавқулодда;

е) дар ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Мӯҳлати даъво мӯҳлати тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба таъхир гузоштани пардохти андозҳо, аз ҷониби андозсупоранда истифода намудани низоми андозбандии имтиёзнок ва нисбати андозсупоранда татбиқ намудани мораторияи санҷиши андозҳоро дарбар намегирад.

5. Дар мавриди бекор шудани қарори суд дар бораи бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф гардидани шахси воқеӣ, қарзи беэътимод эътирофшуда ва аз ҳисоб баровардашуда аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ҳамчун маблағҳои барқароршуда ҳисобида мешаванд.

6. Қарзҳо аз рӯи андози иҷтимоӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи зербандҳои а), г), д) ва е)-и банди 3 ҳамчун қарзҳои беэътимод эътироф карда намешавад.

7. Қарор дар бораи аз эътибор соқит намудани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки ба талаботи зербандҳои "а)"- "д)" банди 3 Тартиби мазкур мутобиқ буда, маблағи то 300 (сесад) ҳазор сомониро ташкил менамоянд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

8. Қарор дар бораи аз эътибор соқит намудани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ки ба талаботи банди 3 Тартиби мазкур мутобиқ буда, маблағи зиёда аз 300 (сесад) ҳазор сомониро ташкил менамояд, дар асоси хулосаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

9. Барои баррасии масъалаи аз эътибор соқит намудани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

а) дар ҳолати гузаштани мӯҳлати даъво аз рӯи ӯҳдадориҳои андоз:

- аризаи андозсупоранда;

- санади муқоисавӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз;

- хулосаи мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупоранда дар хусуси беэътимод эътироф намудани қарз;

б) дар ҳолати муфлис эътироф намудани андозсупоранда:

- қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани андозсупоранда;

- хулосаи мудири муваққатӣ, ки тибқи қарори суд муайян карда шудааст;

в) дар ҳолати фавти шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ё соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ):

- нусхаи шаҳодатномаи вафоти шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ);

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷуд набудани ворисони ҳуқуқӣ ва ё меросхӯрон;

г) дар ҳолати фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ):

- санади судӣ дар бораи фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ);

- хулосаи мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупоранда;

д) дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (садамаҳо), ҳодисаҳои фавқулодда:

- хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ҳодисаҳои офатҳои табиӣ (садамаҳо), ҳодисаҳои фавқулодда;

е) дар дигар ҳолатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст:

- хулосаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хулосаи мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупоранда дар хусуси беэътимод эътироф намудани қарз.

10. Дар ҳолатҳои мавҷуд набудани муроҷиати хаттии андозсупорандае, ки қарзи андози ӯ мутобиқи банди 3 Тартиби мазкур бояд аз эътибор соқит карда шавад, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд қарори дахлдор қабул намоянд.

11. Мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи андозсупорандаро дар мӯҳлати то 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қабули аризаи андозсупоранда баррасӣ намуда, дар ҳолати муайян намудани воқеияти ҳолатҳои пешбининамудаи банди 3 Тартиби мазкур, хулосаи дахлдори худро дар хусуси беэътимод беэътироф намудани қарз бо замимаи ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 9 Тартиби мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

12. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаро баррасӣ намуда, дар ҳолати мутобиқат намудани қарзҳо аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба талаботи банди 3 Тартиби мазкур, дар хусуси аз эътибор соқит намудани қарзи беъэтимод хулоса бароварда, онро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

13. Қарор дар хусуси аз эътибор соқит намудани қарзи беэътимод аз ҷониби роҳбарони аввали Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё роҳбарони онҳоро ивазкунанда қабул карда мешавад.

14. Дар ҳолати мутобиқат намудани қарзи беэътимод ба талаботи банди 8 Тартиби мазкур, Кумитаи андоз хулосаи дахлдорро дар мӯҳлати то 10 рӯзи корӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

15. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи пешниҳоднамудаи Кумитаи андозро (дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуҷҷатҳои иловагиро) дар мӯҳлати то 10 рӯзи корӣ баррасӣ намуда, дар сурати ба муқаррароти Тартиби мазкур ҷавобгӯй будани қарз, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси беэътимод эътироф намудан ва аз ҳисоб баровардани қарз аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

16. Мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупоранда дар мӯҳлати то 5 рӯзи тақвимии пас аз қабули қарор дар хусуси аз ҳисоб баровардани қарзи беэътимод дар ҳисобварақаи андозсупоранда тағйироти дахлдор ворид менамояд.