Тартиби тасдиқи мутобиқати силоҳи хизмати, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ аз 3 марти соли 2014 № 154

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 154

тасдиқ шудааст

Тартиби тасдиқи мутобиқати силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ

1. Таъинот ва доираи истифода

1. Санади мазкур тартиби умумии тасдиқи мутобиқати силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, ҳамчунин маҳсулоти аз рӯи таркиб ба силоҳ монандро, ки бо Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ" муайян шудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд, муқаррар менамояд.

2. Талаботи умумӣ

2. Тасдиқи мутобиқати силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, инчунин маҳсулоти аз рӯи таркиб ба силоҳ монандро (минбаъд - маҳсулот) бо мақсади таъмини бехатарии он ҳангоми гардиш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ" ва талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор ба амал бароварда мешавад.

3. Дар раванди тасдиқи мутобиқат (минбаъд - сертификатсия) тавсифҳои (нишондиҳандаҳои) маҳсулот назорат карда шуда санҷишҳои истифодашаванда бояд имконияти ҳаммонандкунӣ ва тасдиқи мутобиқати маҳсулотро ба талаботи санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дошта бошанд.

4. Ҳаммонандкунии маҳсулот тибқи талаботи стандартҳои давлатӣ барои намудҳои силоҳ ва навъи лавозимоти ҷангӣ ба амал бароварда мешавад.

5. Сертификатсияи маҳсулот ба сертификатсияи намуди силоҳ (навъи лавозимот, модификатсия) ва сертификатсияи гурӯҳи (намунаи ягонаи) маҳсулот ҷудо мешавад.

6. Зери мафҳуми навъи лавозимот - сохти лавозимоте, ки ба намуди силоҳ (силоҳи оташфишони суфтамил, силоҳи оташфишони дарозмил, силоҳи газӣ, силоҳи нурафкану садодиҳанда ва ғ.), ки барои тирпарронӣ нигаронида шуда, ҳамчунин дорои нишонаи молӣ, калибр, сохт ва намуди хосаи гилзаҳо ва истеҳсоли истеҳсолкунандаи мушаххас мебошад, фаҳмида мешавад.

7. Сертификатсияи намуди силоҳ дар сурати ба истеҳсолот ҷорӣ намудани намунаи нав ҳангоми истеҳсоли силсилавии маҳсулот, ҳамчунин дар сурати бори аввал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти истеҳсоли хориҷӣ дар асоси санҷишҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

- мустаҳкамӣ ва бехатарии истифодабарӣ;

- мутобиқат ба талаботи тиббию биологӣ;

- мутобиқат ба талаботи криминалистӣ.

8. Ҳангоми сертификатсияи намуди силоҳ (навъи лавозимот) сертификати мутобиқат (минбаъд - сертификат) ба ҳар як намуди силоҳ (навъи лавозимот) дар алоҳидагӣ ба расмият дароварда мешавад. Дар ҳолати якҷоя пешниҳод намудани намуди силоҳ (навъи лавозимот) ё тағйирёбии (модификатсияи) он барои сертификатсия, барасмиятдарорӣ бо як сертификат роҳ дода мешавад.

9. Ҳангоми ба роҳ мондани истеҳсоли як намуди силоҳ (навъи лавозимот) аз тарафи истеҳсолкунандаҳои гуногун сертификатсия ба ҳар истеҳсолкунанда дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад.

10. Дар ҳолати барои сертификатсия пешниҳод кардани намуди силоҳ (навъи лавозимот) ва қисмҳои асосии он (қисмҳои таркибии лавозимот) сертификати намуди силоҳ (навъи лавозимот) метавонад ба қисмҳои асосии силоҳ (қисмҳои таркибии лавозимот) ба расмият дароварда шавад.

11. Сертификатсияи гурӯҳи маҳсулот, ки аз хориҷи кишвар ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ворид гардидаанд, санҷишҳои зеринро дар бар мегирад:

- санҷиши мустаҳкамӣ ва бехатарии истифодабарӣ;

- санҷиши мутобиқат ба талаботи тиббию биологӣ дар озмоишгоҳҳои санҷишии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия) аккредитатсия шудаанд;

- ҳаммонандкунӣ дар Раёсати ташхисию криминалистии Вазорати корҳои дохилии (минбаъд - РТК ВКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

12. Ҳангоми сертификатсия қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байнидавлатӣ ва давлатӣ, ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба маҳсулот талаботи ҳатмиро муқаррар менамоянд, истифода мешаванд.

13. Тамғабандӣ ва дастур оид ба истифодаи силоҳҳои истеҳсоли хориҷие, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, бояд ҳатман бо забони давлатӣ ё русӣ ба амал бароварда шаванд.

3. Тартиби сертификатсия

14. Сертификатсияи маҳсулот амалиёти зеринро дар бар мегирад:

- пешниҳоди дархост барои сертификатсия;

- қабули қарор аз рӯи дархост;

- интихоб, ҳаммонандкунии намунаҳо ва санҷиши онҳо;

- арзёбии истеҳсол;

- таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва қабули қарор дар бораи додани (надодани) сетификат;

- додани сертификат ва иҷозатнома барои истифодаи нишонаи мутобиқат;

- амалӣ намудани санҷиши назоратии маҳсулоти сертификатсияшуда.

15. Ба таркиби ҳуҷҷатҳои ба дархост барои сертификатсия замимашаванда бояд дохил шаванд:

Барои силоҳ ва лавозимоти дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда:

- иҷозатнома барои истеҳсол;

- стандарт ё нусхаи бақайдгирифташудаи шартҳои техникӣ;

- таҳлили эътирозҳо;

- шиноснома ба силоҳ;

- сурати ранга;

- нақшаи (схемаи) васлкунӣ.

Барои силоҳ ва лавозимоти истеҳсоли хориҷӣ:

- рухсатнома барои воридот;

- иҷозатнома барои ҳуқуқи савдо;

- шартнома;

- нусхаи сертификатҳои сифати истеҳсолкунанда бо забони аслии худ ва тарҷумаи мутобиқати он ба забони давлатӣ ё русӣ (дар ҳолати мавҷудият);

- шиноснома ба силоҳ;

- сурати ранга;

- нақшаи (схемаи) васлкунӣ.

16. Интихоби маҳсулот барои санҷиш тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия ба роҳ монда мешавад.

17. Санҷишҳои сертификатсионии маҳсулот дар озмоишгоҳҳои санҷишии бо салоҳияти техникӣ аккредитатсияшуда гузаронида мешаванд.

18. Вобаста ба натиҷаҳои санҷиш санад ба расмият дароварда мешавад. Санади санҷиши маҳсулот бояд дар озмоишгоҳҳои санҷишӣ дар ҷараёни мӯҳлати амали сертификат нигоҳдорӣ шуда, дар ҳолати зарурӣ бо талаби мақомоти ваколатдор оид ба сертификатсия, ки сертификати мазкурро додаст, пешниҳод гардад.

19. Ворид намудани маҳсулот аз тарафи истеҳсолкунанда ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои техникӣ (барои санҷиш, тадқиқот ё истифода дар ҷараёни истеҳсолот) мутобиқи талаботи Қоидаҳои гардиши силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бе барасмиятдарории сертификат ба роҳ монда шавад.

20. Ҳангоми ба даст овардани натиҷаҳои мусбии санҷиши намуди (гурӯҳи) маҳсулот мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия таҳлили протоколҳои санҷиш ва баҳодиҳии мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраргардида мегузаронад, сертификатро ба расмият дароварда мувофиқи тартиби муқарраргардида онро ба қайд мегирад. Мӯҳлати амали сертификатро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сертификатсия бо назардошти мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои маҳсулот, инчунин мӯҳлате, ки ба он истеҳсолот ва ё системаи сифат сертификатсия шудааст, на зиёда аз се сол муқаррар мекунад. Мӯҳлати истифодаи сертификат ба гурӯҳи маҳсулот ва маҳсулоти аз рӯи таркиб ба силоҳ монанд муқаррар карда намешавад.

21. Барои гардиши маҳсулот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати мутобиқат ҳуҷҷати асосӣ дониста мешавад.

22. Баъди ба анҷом расидани мӯҳлати сертификат аз нав ба расмият даровардани сертификат, пас аз санҷишҳои навбатии дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муқарраршуда, бе гузаронидани санҷишҳои криминалӣ ба роҳ монда мешавад.

Барои ба расмият даровардани сертификати нав протоколҳои санҷишҳои назоратӣ, санадҳои таҳлили ҳолати истеҳсол ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки натиҷаҳои сертификатсияи гузашта ва санҷиши назоратиро тасдиқ менамоянд, асос дониста мешаванд.

Ҳангоми такроран сертификатсия намудани силоҳи пневматикӣ, сард, ҳаводиҳанда ва маҳсулоти аз рӯи таркиб ба силоҳ монанд барасмиятдарории сертификат дар асоси хулосаи қаблан ба маҳсулоти мазкур додашудаи РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бе гузаронидани санҷишҳои иловагӣ амалӣ мегардад.

23. Боздошти амали сертификат ё бекор намудани он аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад:

- номутобиқати маҳсулоти истеҳсолшуда ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ вобаста ба мустаҳкамӣ ва бехатарии истифодабарӣ;

- аз тарафи дархосткунанда иҷро накардани талабот оид ба санҷишҳои сертификатсионӣ;

- тағйири ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ё усули санҷиш вобаста ба талабот ба мустаҳкамӣ ва бехатарии истифодабарӣ;

- тағйири сохти силоҳ ё технологияи истеҳсолот, ки метавонад сабаби номутобиқатӣ ба талаботи бехатарӣ ва криминалистӣ шавад;

- муроҷиати хаттии нигоҳдорандаи нусхаи аслии сертификат.

24. Боздошти амали сертификат ё бекор намудани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия ба амал бароварда мешавад.

Маълумот дар бораи боздошти амали сертификат ё бекор намудани он аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия ба дархосткунанда, истифодабарандагон ва дигар иштирокчиёни манфиатдор пас аз 10 рӯзи қабули қарори дахлдор расонида мешавад.

25. Пардохти маблағи корҳои сертификатсионӣ (эътирофи сертификати мутобиқат) аз тарафи дархосткунанда новобаста ба натиҷаҳои сертификатсия амалӣ мегардад.

4. Санҷиши назоратӣ

26. Санҷиши назоратиро нисбат ба маҳсулоти сертификатсияшуда мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия амалӣ менамояд.

Санҷиши назоратӣ дар давоми мӯҳлати амали сертификат дар шакли санҷишҳои нақшавӣ (мавсимӣ) ва ғайринақшавӣ гузаронида мешавад.

27. Санҷиши назоратии нақшавӣ нисбат ба маҳсулоти сертификатсияшуда на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешавад.

28. Санҷиши назоратии нақшавӣ дар назди истеҳсолкунанда сурат мегирад. Истеҳсолкунанда пешниҳоди ҳуҷҷатҳои заруриро ба ҷойҳои корӣ ва шароити корро барои экспертҳои мақомоти дахлдор таъмин менамояд.

29. Дар маҷмӯъ санҷиши назоратии нақшавӣ амалиёти зеринро пешбинӣ менамояд:

- санҷиши риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳои маҳсулот вобаста ба талаботи бехатарӣ;

- санҷиши мутобиқати ҳуҷҷатҳои техникӣ ба талаботи бехатарӣ;

- таҳлили протоколҳои санҷиш дар тамоми давраи амали сертификат;

- таҳлили тағйироти ба конструксия ва равандҳои техникии маҳсулот дохилгардида, ки метавонанд ба бехатарии маҳсулот таъсир расонанд;

- назорати таҷҳизоти санҷишӣ ва воситаҳои ченкунӣ барои гузаронидани санҷиши маҳсулот;

- назорати саривақти гузаронидани аттестатсияи таҷҳизот ва воситаҳои ченкунӣ (мавҷудияти реҷаҳо ва иҷроиши онҳо);

- назорати шикояту эътирозҳои истифодабарандагон оид ба талаботи бехатарии маҳсулоти сертификатсияшуда;

- назорати низоми таҳлилкунандаи эътирозҳо нисбат ба талаботи бехатарӣ, гузаронидани чорабиниҳо доир ба бартарафсозии сабабҳои камбудиҳо.

30. Санҷишҳои намунаҳои дар раванди санҷиши назорати интихобшуда дар озмоишгоҳҳои санҷишии аккредитатсияшуда тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба роҳ монда мешаванд.

31. Натиҷаҳои санҷиши назоратӣ дар санаде ба расмият дароварда мешавад, ки дар он ба натиҷаҳои санҷиши намунаҳо ва дигар санҷишҳо баҳогузорӣ карда шуда, хулосаи умумӣ оид ба ҳолатҳои истеҳсоли маҳсулоти сертификатшуда сабт гардидааст.

Санади мазкур дар мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия нигоҳ дошта шуда, нусхаи он ба истеҳсолкунанда ва ташкилоте, ки дар раванди санҷиши назоратӣ иштирок кардаанд, равона карда мешавад.

32. Санҷиши назоратии ғайринақшавӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия дар ҳолати ба он ворид гардидани маълумот доир ба арзу шикояти истеъмолкунандагон нисбат ба бехатарии маҳсулоти сертификатсияшуда, ташкилоти савдо, мақомоти назоратии давлатӣ ё ҷамъиятӣ оид ба сифати маҳсулоти сертификатсияшуда, ҳамчунин дар ҳолати тағйирёбии намуди маҳсулот, ки ба мутобиқати талаботи криминалистии он таъсир мерасонанд, ба амал бароварда мешавад.

Санҷиши назоратии ғайринақшавӣ метавонад аз рӯйи намунаҳои маҳсулоте, ки аз фурӯшанда ва ё истеҳсолкунанда гирифта шудаанд, ба роҳ монда шавад.

33. Санҷиши назоратии намунаи маҳсулоти аз фурӯшанда гирифташуда дар шакли гузаронидани санҷиши намунаи маҳсулот ва мутобиқати он ба талаботи бехатарӣ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои сертификатсияи силоҳ амалӣ мегардад.

34. Санҷиши назоратӣ аз тарафи эксперти мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия дар ҳолати зарурӣ бо ҷалби намояндагони РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дархосткунанда гузаронида мешавад. Фурӯшандаи маҳсулот бояд огоҳ карда шавад ва ҳуқуқ дорад дар раванди санҷиши назоратӣ иштирок намояд.

35. Ҳангоми аз фурӯшанда гирифтани намунаи маҳсулот эксперт ҳаммонандии маҳсулотро гузаронида, санадро оид ба интихоби намунаҳо омода менамояд, ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:

- намуди маҳсулот;

- ҷой доштани тамғаи (аломати) санҷиш;

- ҷой доштани аломатҳои мутобиқат дар силоҳ, бордон ва борҷома ё ҳуҷҷатҳои ба маҳсулот ҳамроҳшаванда;

- нишонаи шартии истеҳсолкунанда, рақами гурӯҳ, санаи истеҳсол, мӯҳлати кафолат ва санаи интихоби намунаҳо;

- суроғаи фурӯшанда, шароити нигоҳдории маҳсулот.

Санади мазкур аз тарафи иштироккунандагони интихоби намунаҳо ба имзо мерасад.

36. Мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия барномаи санҷишро (дархостро) омода сохта, ба озмоишгоҳи санҷишӣ месупорад.

37. Озмоишгоҳи санҷишӣ тибқи шартномаи бо ӯ басташуда санҷиши намунаҳои интихобшударо гузаронида, мувофиқи низоми муқарраршуда протоколи санҷишро ба мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия пешниҳод менамояд.

38. Мақоми ваколатдор оид ба сёртификатсия таҳлили натиҷаҳои санҷишро гузаронида, хулоса мебарорад.

39. Ҳангоми ба даст омадани натиҷаҳои мусбии санҷиш мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия ба дархосткунанда хулосаи худро якҷоя бо санади интихоби иамунаҳо, нусхаи барнома ва протоколҳои санҷиш, ҳамчунин дар холати зарурӣ тавсияҳоро ирсол менамояд.

Дар холати ба даст омадани натиҷаҳои ғайриқаноатбахши санҷиш мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия ба дархосткунанда якҷоя бо ҳуҷҷатҳои номбаршуда оид ба боздошти амали (бекор кардани) сертификат қарори худро мефиристад.

40. Санҷиши назоратии намунаи маҳсулоти аз истеҳсолкунанда гирифташуда аз тарафи эксперти мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия ва дар ҳолати зарурӣ бо ҷалби намояндагони РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дигар ташкилоти дахлдор гузаронида мешавад.

41. Интихоби намунаҳо бо иштироки ҳатмии намояндаи ваколатдори истеҳсолкунанда бо барасмиятдарории санад оид ба интихоби намунаҳо мувофиқи банди 36 тартиби мазкур амалӣ мешавад.

Санад аз тарафи иштироккунандагони интихоби намунаҳо ба имзо мерасад.

42. Расонидани намунаҳо барои санҷиш ба зиммаи истеҳсолкунанда вогузор мегардад.

43. Ҳангоми ба даст омадани натиҷаҳои мусбии санҷиш мақоми ваколатдор оид ба сертификатсия ба истеҳсолкунанда хулосаю тавсияҳо ва дар сурати натиҷаҳои манфии санҷиши намунаҳои интихобшуда оид ба боздошт ё бекор кардани сертификат нусхаи қарорро ирсол менамояд.

?

Приложение 2

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 3 марта 2014 года, № 154

ПОРЯДОК подтверждения соответствия служебного, гражданского оружия и боеприпасов к нему требованиям законодательства Республики Таджикистан в области технического нормирования и стандартизации

1. Назначение и область применения

1. Настоящий акт устанавливает общий порядок подтверждения соответствия служебного и гражданского оружия и боеприпасов к нему требованиям законодательства Республики Таджикистан в области технического нормирования и стандартизации, а также конструктивно сходных с оружием изделий, определенных Законом Республики Таджикистан "Об оружии", производимых на территории Республики Таджикистан, ввозимых на территорию Республики Таджикистан и вывозимых из территории Республики Таджикистан.

2. Общие требования

2. Подтверждение соответствия служебного и гражданского оружия и боеприпасов к нему требованиям законодательства Республики Таджикистан в области технического нормирования и стандартизации, а также конструктивно сходных с оружием изделий (далее - продукция) проводится с целью обеспечения их безопасности при обороте на территории Республики Таджикистан в соответствии с Законом Республики Таджикистан "Об оружии" и требованиями соответствующих нормативных документов.

3. При проведении подтверждения соответствия (далее-сертификация) проверяются характеристики (показатели) продукции и должны использоваться методы испытаний, позволяющие провести идентификацию и подтвердить соответствие продукции требованиям законодательных актов и нормативных документов.

4. Идентификация продукции проводится в соответствии с требованиями государственных стандартов на соответствующие виды оружия и типы боеприпасов.

5. Сертификацию продукции подразделяют на сертификацию модели оружия (типа боеприпаса, модификации) и сертификацию партии (единичного образца) продукции.

6. Под типом боеприпаса понимается конструкция боеприпаса, характеризующаяся видом оружия, для стрельбы из которого они предназначены (огнестрельное гладкоствольное, огнестрельное нарезное, газовое, сигнальное и т.д.), товарным знаком, калибром, длиной гильзы, видом и материалом метаемого снаряжения и производимая конкретным изготовителем.

7. Сертификация модели оружия проводится при постановке на производство вновь разработанного образца, при серийном производстве продукции, а также при первичном ввозе на территорию Республики Таджикистан продукции иностранного производства и включает испытания на:

- прочность и безопасность функционирования;

- соответствие медико-биологическим требованиям;

- соответствие криминалистическим требованиям.

8. При сертификации модели оружия (типа боеприпаса) оформляется сертификат соответствия (далее - сертификат) на каждую модель оружия (тип боеприпаса). При одновременном представлении на сертификацию модели оружия (типа боеприпаса) или их модификаций допускается оформлять один сертификат.

9. При производстве одной и той же модели оружия (типа боеприпаса) различными изготовителями их сертификация проводится по каждому изготовителю.

10. При одновременном представлении на сертификацию модели оружия (типа боеприпаса) и основных частей к нему (составных частей к боеприпасу) сертификат на модель оружия (тип боеприпаса) может быть распространен на основные части оружия (составные части боеприпаса).

11. Сертификация партий продукции иностранного производства проводится при их последующих ввозах на территорию Республики Таджикистан и включает:

- испытания на прочность и безопасность функционирования;

- испытания на соответствие медико-биологическим требованиям в испытательных лабораториях Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, аккредитованных Агентством по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан (далее - уполномоченный орган по сертификации);

- идентификация проводится в Экспертно-криминалистическом управлении Министерства внутренних дел (далее - ЭКУ МВД) Республики Таджикистан.

12. При сертификации используются законы Республики Таджикистан, межгосударственные и государственные стандарты, а также другие документы, которые в соответствии с законодательством Республики Таджикистан устанавливают обязательные требования к продукции.

13. Маркировка и инструкция по эксплуатации на ввозимое на территорию Республики Таджикистан оружие иностранного производства должны быть выполнены на государственном или русском языке.

3. Порядок сертификации

14. Сертификация продукции включает следующие действия:

- подачу заявки на сертификацию;

- принятие решения по заявке;

- отбор, идентификацию образцов и их испытания;

- оценку производства;

- анализ полученных результатов и принятие решения о выдаче (об отказе в выдаче) сертификата;

- выдачу сертификата и лицензии на применение знака соответствия;

- осуществление инспекционного контроля за сертифицированной продукцией.

15. В состав документов, прилагаемых к заявке на сертификацию, должны включаться:

Для оружия или боеприпасов, произведенных в Республике Таджикистан:

- лицензия на производство;

- стандарт или учтенный экземпляр технических условий;

- анализ рекламаций;

- паспорт на оружие;

- цветная фотография;

- сборочный чертеж (схема сборки).

Для оружия и боеприпасов иностранного производства:

- разрешение на ввоз;

- лицензия на право торговли;

- контракт;

- копии сертификатов качества изготовителя, на языке оригинала и их аутентичные переводы на государственный или русский язык (при наличии);

- паспорт на оружие (инструкция по применению) на государственном или русском языке;

- цветная фотография;

- сборочный чертеж (схема сборки).

16. Отбор продукции для испытаний производится в соответствии с порядком, установленным уполномоченным органом по сертификации.

17. Сертификационные испытания продукции проводятся в испытательных лабораториях, аккредитованных на техническую компетентность.

18. По результатам испытаний оформляется протокол. Протокол испытаний продукции должен храниться в испытательных лабораториях в течение срока действия сертификата и представляться по требованию органа по сертификации, выдавшего сертификат.

19. Ввоз на территорию Республики Таджикистан изготовителями продукции, предназначенных для технологических целей (испытаний, исследований либо использования в процессе производства), в соответствии с "Правилами оборота служебного и гражданского оружия и боеприпасов к нему на территории Республики Таджикистан", может производиться без оформления сертификата.

20. При положительных результатах испытаний модели (партии) продукции орган по сертификации проводит анализ протоколов испытаний и оценку соответствия продукции установленным требованиям, оформляет сертификат и регистрирует его в установленном порядке. Срок действия сертификата устанавливает уполномоченный орган по сертификации с учетом срока действия нормативных документов на продукцию, а также срока, на который сертифицировано производство или сертифицирована система качества (если это предусмотрено схемой сертификации), но не более чем на три года. Срок действия сертификата на партию продукции или конструктивно сходные с оружием изделия не устанавливают.

21. Сертификат является основанием для оборота продукции на территории Республики Таджикистан.

22. По истечении срока действия сертификата оформление нового сертификата проводится после сертификационных испытаний, установленных нормативными документами, без проведения испытаний на соответствие криминалистическим требованиям.

Основанием для выдачи нового сертификата могут служить протоколы инспекционных испытаний, акты анализа состояния производства и другие документы по результатам ранее проведенной сертификации и инспекционного контроля.

При повторной сертификации пневматического, холодного и метательного оружия и конструктивно сходных с оружием изделий сертификат оформляется на основании заключений, выданных ЭКУ МВД Республики Таджикистан ранее на указанные изделия, без проведения дополнительных испытаний.

23. Приостановление или отмена действия сертификата осуществляется уполномоченным органом по сертификации, в случаях:

- несоответствия выпускаемой продукции требованиям нормативных документов по прочности и безопасности функционирования;

- невыполнения заявителем требований по сертификационным испытаниям;

- изменения нормативных документов или метода испытаний по требованиям прочности и безопасности функционирования;

- изменения конструкции или технологии изготовления, которые могут вызвать несоответствие требованиям безопасности или криминалистическим требованиям;

- письменного обращения держателя подлинника сертификата.

24. Приостановление или отмена действия сертификата осуществляется в порядке, установленном уполномоченном органа по сертификации.

Информация о приостановлении или отмене действия сертификата доводится уполномоченным органом по сертификации до сведения заявителя, потребителей и других заинтересованных участников в 10-дневный срок после принятия решения.

25. Оплата работ по сертификации (признанию сертификатов соответствия) производится заявителем вне зависимости от результатов сертификации.

4. Инспекционный контроль

26. Инспекционный контроль за сертифицированной продукцией осуществляет уполномоченным органом по сертификации.

Инспекционный контроль проводится в течение всего срока действия сертификата в форме плановых (периодических) и внеплановых проверок.

27. Плановый инспекционный контроль за сертифицированной продукцией проводится не реже одного раза в год.

28. Плановый инспекционный контроль, как правило, проводится у изготовителя. Изготовитель обеспечивает представление необходимых документов на рабочие места, условия работы экспертов соответствующих органов.

29. В общем случае плановый инспекционный контроль предусматривает следующие действия:

- проверку соблюдения требований государственных стандартов и других нормативных документов при проведении испытаний продукции по требованиям безопасности;

- проверку соответствия технической документации требованиям безопасности;

- анализ протоколов испытаний за весь период действия сертификатов;

- анализ внесенных в конструкцию и техпроцессы изменений, которые могут повлиять на безопасность продукции;

- проверку испытательного оборудования и средств измерений для проведения испытаний продукции;

- проверку своевременности проведения аттестации оборудования и средств измерений (наличие графиков и их выполнение);

- проверку претензий потребителей и рекламаций по требованиям безопасности сертифицированной продукции;

- проверку системы проведения на предприятии анализа рекламаций по требованиям безопасности, принимаемые меры по исключению причин дефектов.

30. Испытания образцов, отобранных при инспекционном контроле, проводятся в аккредитованных испытательных лабораториях в соответствии с требованиями нормативных документов.

31. Результаты инспекционного контроля оформляются актом, в котором дается оценка результатов испытаний образцов и других проверок, делается общее заключение по состоянию производства сертифицированной продукции.

Акт хранится в уполномоченном органе по сертификации, а его копии направляются изготовителю и в организации, принимавшие участие в инспекционном контроле.

32. Внеплановый инспекционный контроль проводится уполномоченным органом по сертификации в случаях поступления информации о претензиях по безопасности сертифицированной продукции от потребителей, торговых организаций, государственных или общественных контролирующих органов за качеством сертифицированной продукции, а также в случае изменений конструкции продукции, повлиявших на ее соответствие криминалистическим требованиям.

Внеплановый инспекционный контроль может проводиться как на образцах, отобранных у продавца, так и на образцах, отобранных у изготовителя.

33. Инспекционный контроль образцов продукции, отобранной у продавца проводится, в форме испытания образцов на их соответствие требованиям безопасности в объеме, установленном нормативными документами для сертификации оружия.

34. Инспекционный контроль проводится экспертом уполномоченного органа по сертификации с привлечением, при необходимости, представителей ЭКУ МВД Республики Таджикистан и заявителя. Продавец должен быть оповещен и имеет право присутствовать при проведении инспекционного контроля.

35. При отборе образцов у продавца экспертом проводится их идентификация и составляется акт отбора образцов, в котором указывается следующая информация:

- вид продукции;

- наличие испытательного клейма (знака);

- наличие знаков соответствия на оружии, таре и упаковке или товарно-сопроводительных документах;

- условное обозначение изготовителя, номер партии, дата изготовления, гарантийный срок и дата отбора образцов;

- реквизиты продавца, условия хранения продукции. Акт подписывается участниками отбора образцов.

36. Уполномоченным органом по сертификации разрабатывается программа испытаний (заявка) и передается в испытательную лабораторию.

37. Испытательная лаборатория проводит испытания отобранных образцов в соответствии с заключенным с ней договором и представляет в установленном порядке уполномоченному органу по сертификации протоколы испытаний.

38 Уполномоченный орган по сертификации проводит анализ результатов испытаний и составляет заключение по ним.

39. При получении положительных результатов испытаний уполномоченный орган по сертификации направляет заявителю свое заключение с актом отбора образцов, копиями программы и протоколов испытаний, а в необходимых случаях и рекомендациями.

При получении неудовлетворительных результатов испытаний наряду с указанными выше документами уполномоченным органом по сертификации направляет заявителю свое решение о приостановлении (отмене) действия сертификата.

40. Инспекционный контроль образцов, отобранных у изготовителя проводит эксперт уполномоченного органа по сертификации с привлечением, при необходимости, представителей ЭКУ МВД Республики Таджикистан и других заинтересованных организаций.

41. Отбор образцов производится при обязательном участии полномочного представителя изготовителя с оформлением акта отбора образцов в соответствии с пунктом 36 настоящего порядка. Акт подписывается участниками отбора образцов.

42. Доставка образцов для испытаний возлагается на изготовителя.

43. При получении положительных результатов испытаний уполномоченный орган по сертификации высылает изготовителю заключение с рекомендациями, а при отрицательных результатах испытаний отобранных образцов решение о приостановке или отмене действия сертификата.