Тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо аз 3 марти соли 2014 № 155

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 75 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 155

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 155

тасдиқ шудааст

Тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо

1. Тартиби мазкур дар асоси моддаи 78 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кодекси андоз) таҳия гардида, тартиби беэътимод эътироф намудани қарзи андозсупорандагон аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои аз ҳисоб баровардани онҳоро муайян менамояд.

2. Қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷарима ва фоизҳо (минбаъд-қарзҳои беэътимод) маблағи қарз аз рӯи андозҳо, ҷарима ва фоизҳое эътироф карда мешавад, ки имконияти рӯёнидани он бинобар сабаби ба миён омадани ҳолатҳои пешбининамудаи Тартиби мазкур номумкин шудааст.

3. Дар ҳолатҳои зерин қарз аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо қарзи беэътимод дониста мешавад:

а) гузаштани мӯҳлати даъво аз рӯи ӯҳдадории андоз, ки Кодекси андоз муқаррар намудааст;

б) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муфлис эътироф шудани андозсупоранда, дар ҳолати нокифоя будани молу мулки он, агар бо қарори суд тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

в) фавти шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ) дар ҳолати мавҷуд набудани ворисони ҳуқуқӣ ё меросхӯрони ӯ, инчунин набудан ё нокифоя будани молу мулк;

г) фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ ва соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ) дар сурати мавҷуд набудани ворисони ҳуқуқӣ ё меросхӯрони ӯ, инчунин набудан ё нокифоя будани молу мулк;

д) дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (садамаҳо), ҳодисаҳои фавқулодда;

...

Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 02.03.2023 №75

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан 

от 3 марта 2014 года, № 155

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан 

от 3 марта 2014 года, № 155

Порядок списания безнадежных задолженностей по налогам, штрафам и процентам

1. Настоящий Порядок разработан на основании статьи 78 Налогового кодекса Республики Таджикистан (далее - Налоговый кодекс) и определяет порядок признания безнадежным задолженностей налогоплательщиков по налогам, штрафам и процентам, а также их списания.

2. Безнадежные задолженности по налогам, штрафам и процентам (далее - безнадежный долг) признаться сумма задолженности по налогам, штрафам и процентам, взыскание которой в силу наступления случаев, предусмотренных настоящим Порядком, оказалось невозможным.

3. В следующих случаях задолженность по налогам, штрафам и процентам считается безнадежной:

а) истечение срока давности по налоговым обязательствам, установленным Налоговым кодексом Республики Таджикистан;

б) признание налогоплательщика в установленном законодательством порядке банкротом, при недостаточности его имущества, если иное не предусмотрено решением суда;

в) смерть физического лица (индивидуального предпринимателя и собственника юридического лица), при отсутствии его правоприемников и наследников, а также отсутствия или недостаточности его имущества;

г) объявление физического лица (индивидуального предпринимателя и собственника юридического лица) умершим, признание безвести пропавшим или недееспособным, при отсутствии правоприемников и наследников, также отсутствия или недостаточности его имущества;

д) в случаях стихийных бедствий (катастроф), чревычайных ситуаций;

...