ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №3, мод.186) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- аз сархати сеюм калимаҳои "тибқи шартномаи хизматрасонӣ" хориҷ карда шаванд;
- аз сархати ёздаҳум калимаҳои "аз рӯи шартномаи хизматрасонии хӯроки умумӣ" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати сездаҳум калимаҳои "шартномаи хизматрасонии маишӣ" ба калимаҳои "шартномаи пудрати маишӣ ё шартномаи хизматрасонии маишии пулакӣ" иваз карда шаванд:
- аз сархати ҳаждаҳум калимаҳои "объекти савдо, ки аз" хориҷ карда шуда, калимаҳои "қисми иморат иборат буда," ба калимаҳои "қисми иморат, ки " иваз карда шаванд;
- аз сархати нуздаҳум калимаҳои "объекти савдои иборат аз" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати бисту шашум калимаҳои "ҷойҳои савдоро ҷудо намуда, феҳристи фурӯшандаҳоро дар бозор ва феҳристи шартномаҳоро дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо" ба калимаҳои "ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маиширо ҷудо намуда, феҳристи фурӯшандаҳои бозор ва феҳристи шартномаҳоро дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ" иваз карда шаванд;
- сархати сиюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- феҳристи шартномаҳо дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ - номгӯи маълумот оид ба фурӯшандаҳо, пудратчиҳо ва иҷрокунандагон тибқи шартномаи басташуда бо маъмурияти бозор.".
2. Дар сархати панҷуми моддаи 5 калимаи "бамеъёргирии" ба калимаи "бамеъёрдарории" иваз карда шавад.
3. Сархати дуюми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- таҳия ва тасдиқ намудани консепсия ва дурнамои давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд;".
...