Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз27 феврали соли 2014 № 126 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Шабакаи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245 тасдиқ гардидааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 37 калимаҳои "Хоҷагии деҳқонии "Шири Ҳисор" ба калимаҳои "Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Абдурауф Юсупов" иваз карда шавад;

- бандҳои 68 ва 69 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

+-----+------------------+--------------+---------------+------------ҷ
|68   |Ҷамъияти саҳомии  |шаҳри Сарбанд |гови швитсу-   |хоҷагии     |
|     |пӯшидаи "Ширкати  |              |зебумонанд     |зотпарварӣ  |
|     |Холдингии Исмоили |              |               |            |
|     |Сомонӣ"           |              +---------------+            |
|     |                  |              |гӯсфанди       |            |
|     |                  |              |қароқулӣ       |            |
+-----+------------------+--------------+---------------+------------+
|69   |Хоҷагии фермерии  |ноҳияи Шуғнон |қутос          |хоҷагии     |
|     |"Ванқалъа"        |              |               |зотпарварӣ  |
+-----+------------------+--------------+---------------+------------+

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон

аз 27 феврали соли 2014 № 126

ш. Душанбе