ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1833)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таълиму тарбияи томактабиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- таълиму тарбияи томактабӣ - раванди мақсадноке, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабиро инкишоф дода, ба оила, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунад;
- синни томактабӣ - марҳилаи ташаккулёбии ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии кӯдак то расидан ба ҳафтсолагӣ;
- муассисаи таълимии томактабӣ - ташкилоте, ки барои кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, онҳоро бо таълиму тарбияи аввалия фаро мегирад;
- мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ - маҷмӯи меъёр ва қоидаҳое, ки талаботи давлатиро оид ба дараҷаи инкишоф ва маърифатнокии кӯдакони синни томактабӣ, инчунин шароити ноил гардиданро ба он муайян менамояд;
- Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ - санади меъёрие, ки талаботи ягонаро барои таълиму тарбияи томактабӣ муқаррар менамояд;
- кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ - омӯзгорон, мураббиён, мушовирон, кормандони тиббӣ, ёрдамчиёни мураббиён, дояҳо ва кормандони ёрирасони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ
Вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ аз инҳо иборатанд:
- ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусиятҳои фардии онҳо;
- ташаккули шахсият ва гузоштани замина барои таълимгирии минбаъдаи кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ;
- тарбияи кӯдакони синни томактабӣ дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангию миллӣ ва умумибашарӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба инсон ва қонун, рамзҳо ва забони давлатӣ, оила ва ҷомеа, инчунин муносибати бошуурона ба муҳити зист ва ҳифзи он;
- ҳифз ва таъмини беҳдошти вазъи саломатӣ, инкишофи равонӣ, маънавӣ ва нерӯи эҷодии кӯдакони синни томактабӣ, инчунин ташаккул ва инкишофи қобилиятҳои ҳаётан муҳим ва мутобиқшавии иҷтимоии аввалияи онҳо;
- таълими донишу малакаи аввалия тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ;
- ташкили кор бо оила бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии психологию педагогии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) барои нигоҳубини кӯдакони синни томактабӣ ва инкишофу тарбияи онҳо.
Моддаи 4. Ҳуқуқ ба таълиму тарбияи томактабӣ
1. Кӯдакони синни томактабие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс ва забон, инчунин новобаста ба эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ ҳуқуқ доранд.
2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд таълиму тарбияи томактабиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд.
3. Ҳуқуқ ба таълиму тарбияи томактабӣ дар оила ва муассисаи таълимии томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 5. Забони таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ
Забони таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 2. МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ ВА МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ОН
Моддаи 6. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимии томактабӣ
1. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимии томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Муассисаи таълимии томактабӣ метавонад давлатӣ, ғайридавлатӣ ва муштарак бошад.
3. Муассиси (муассисони) муассисаи таълимии томактабӣ инҳо шуда метавонанд:
- мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти маҳаллии идоракунии маориф;
- иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ.
4. Муассисаи таълимии томактабӣ шахси ҳуқуқӣ ва ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад.
Моддаи 7. Намудҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимии томактабӣ таъсис дода мешаванд:
- ширхоргоҳ - барои кӯдакони то 3 - сола;
- ширхоргоҳ - кӯдакистон - барои кӯдакони аз 1 - солаю 6 - моҳа то 7 - сола;
- кӯдакистон - барои кӯдакони аз 3 то 7 - сола;
- кӯдакистон - мактаби ибтидоӣ - барои кӯдакони аз 3 то 10сола;
- хонаи кӯдакон - барои кӯдакони аз 2 - моҳа то 7 сола;
- мактаб-интернат (гурӯҳи томактабӣ) - барои кӯдакони аз 1 то 7сола;
- мактаб-интернати махсус (гурӯҳи томактабӣ) - барои кӯдакони аз 6 то 7 - сола;
- муассисаи таълимии дорои гурӯҳҳои (синфҳои) омодагии пешазмактабӣ - барои кӯдакони аз 5 то 7 - сола;
- маркази инкишофи кӯдакон - барои кӯдакони аз 3 то 7 - сола;
- кӯдакистони оилавӣ - барои кӯдакони то 7 - сола;
- кӯдакистони навъи тавонбахшӣ - муассисаи таълимии томактабӣ барои кӯдакони аз 2 то 8 - сола, ки ба табобати ҷисмонӣ ва ё инкишофи равонӣ, муолиҷа ва тавонбахшӣ эҳтиёҷ доранд;
- хонаи кӯдакони навъи интернат - муассисаи таълимии томактабие, ки дар он нигоҳубин, тарбия, таълим ва мусоидати иҷтимоӣ ба кӯдакони ятим ва бепарастори синни томактабӣ ва мактабӣ аз ҳисоби давлат таъмин карда мешаванд;
- хонаи кӯдакони ятиму бепарастор - муассисаи таълимии томактабии низоми ҳифзи саломатӣ барои ҳимояи тиббию иҷтимоии кӯдакони ятим ва бепарастор, кӯдаконе, ки аз рӯзи таваллуд нуқси ҷисмонӣ ё равони доранд, кӯдаконе, ки аз тарафи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) рад карда шудаанд, инчунин кӯдаконе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) бо сабабҳои гуногун муваққатан онҳоро тарбия карда наметавонанд ё аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд.
2. Муассисаи таълимии томактабии навъи тавонбахшӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуда, метавонад дар шакли муассисаи таълимии томактабии тавонбахшии махсус ё муассисаи таълимии томактабии санаторӣ фаъолият намояд.
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ
Моддаи 8. Идоракунии муассисаи таълимии томактабӣ ва фаъолияти он
1. Идоракунии муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ, ғайридавлатӣ ва муштарак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимии томактабӣ аз ҷониби муассис (муасссисон) ва мақомоти дахлдори онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи муассиса, ки бо назардошти низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида таҳия ва тасдиқ шудааст, инчунин қарорҳои муассис (муассисон) ба роҳ монда мешавад ва дар он таълиму тарбияи томактабӣ метавонад дар шакли рӯзона, шабонарӯзӣ, кӯтоҳмуддат ташкил ва анҷом дода шавад.
3. Муассисаи таълимии томактабӣ барои амалӣ намудани фаъолияти таълимию тарбиявӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ дорад.
4. Муносибатҳои муассисаи таълимии томактабӣ бо падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон ва дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар асоси шартнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 9. Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ
1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо мансубанд:
- иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- тасдиқи дурнамо, консепсия ва барномаҳои давлатии таълиму тарбияи томактабӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ;
- муайян намудани меъёрҳои таъминоти моддию техникӣ ва молиявии таълиму тарбияи томактабӣ, инчунин кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ва тарбиягирандагони муассисаи таълимии томактабӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
2. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- роҳбарии умумӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ, тасдиқи барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ ва назорати иҷрои онҳо;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таълиму тарбияи томактабӣ;
- амалӣ намудани назорати иҷрои вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ, роҳбарии илмию методӣ;
- танзими давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ ;
- хориҷ карда шуд ;
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони дахлдори муассисаи таълимии томактабӣ ;
- таҳия ва тасдиқи тартиби қабул намудани кӯдакон ба муассисаи таълимии томактабӣ;
- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- амали намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд ):
- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабӣ;
- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба муассисаҳои таълимии томактабӣ доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ;
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои томактабии дахлдор;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Ба ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаи таълимии томактабӣ доранд, инҳо дохил мешаванд:
- таъмини раванди таълиму тарбия тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ;
- ташкил ва амалигардонии такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таҳсилоти иловагӣ ва аттестатсияи кормандони дахлдори муассисаи таълимии томактабӣ;
- роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ ва маблағгузории он;
- бо тартиби муқарараргардида иштирок намудан дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимии томактабӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба он;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
5. Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо дохил мешаванд:
- фароҳам овардани шароит барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ;
- дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ба роҳ мондани маблағгузории муассисаи таълимии томактабии давлатӣ, таҳкими заминаи моддию техникии он;
- таъмини ҳифзи иҷтимоии тарбиягирандагон ва кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- дар доираи имкониятҳои буҷетӣ дастгирии молиявии муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
6. Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо дохил мешаванд:
- мусоидат намудан ба интихоби намудҳои фаъолияти эҷодии тарбиягирандагон мувофиқи шавқу завқи онҳо ва талаботи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда);
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ба роҳ мондани такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва аттестатсияи муассисаи таълимии томактабӣ ва кормандони дахлдори он;
- бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо ва оила;
- омӯзишу ҷамъбасти таҷрибаи пешқадам ва паҳн намудани он;
- ташкил ва гузаронидани аттестатсияи давлатии муассисаи таълимии томактабии маҳаллӣ ва бо тартиби муқарраргардида ба он додани иҷозатнома;
- қабули қарор дар бораи ташкили фаъолияти инноватсионӣ дар низоми таълиму тарбияи томактабӣ ва назорати татбиқи он;
- пешбурди баҳисобгирии кӯдакони синни томактабӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
7. Ба ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи чораҳои зарурӣ барои беҳтар намудани шароити моддию техникии муассисаи таълимии томактабӣ;
- додани розигӣ барои барҳам додани муассисаи таълимии томактабии давлатӣ, ки дар ҳудуди дахлдор ҷойгир шудааст;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст .
Моддаи 10. Назорати давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ
1. Назорати давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ амалӣ карда мешавад.
2. Назорати давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки муассисаи таълимии томактабӣ дар тобеияти онҳо қарор дорад ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ менамоянд .
БОБИ 4. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА ТАЪМИНОТИ МЕТОДИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ
Моддаи 11. Мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ
1. Мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва сохторҳои дахлдори он таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
2. Иҷрои меъёр ва қоидаҳои муайянгардидаи таълиму тарбияи томактабӣ барои муассисаи таълимии томактабӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 12. Раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ ва дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ
1. Раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд ва нақшаю барномаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад.
2. Дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ барои кӯдакони дорои имконияти ҷисмонӣ ва равонии маҳдуд бо барномаҳое, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ мегарданд, таъмин карда мешавад.
3. Таълиму тарбияи томактабии кӯдаконе, ки онҳоро муассисаи таълимии томактабӣ фаро нагирифтааст, дар марказҳои инкишофи кӯдакон, гурӯҳҳои (синфҳои) омодагии пешазмактабии кӯдакон мувофиқи барномаҳои махсуси таълимӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ мегарданд, таъмин карда мешавад.
Моддаи 13. Ташкили фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ
1. Чораҳои вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимию методӣ ба роҳ монда мешаванд.
2. Нақшаи кории муассисаи таълимии томактабии давлатӣ аз ҷониби роҳбари он тартиб дода шуда, баъд аз мувофиқа бо мақомоти дахлдори идоракунии маориф тасдиқ карда мешавад.
3. Нақшаи кории муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатӣ аз ҷониби муассиси (муассисони) он тартиб дода шуда, пас аз мувофиқа бо мақомоти дахлдори идоракунии маориф тасдиқ карда мешавад.
4. Дар муассисаи таълимии томактабии давлатӣ хизматрасонии иловагии таълимӣ, ки дар барномаҳои таълимии томактабӣ муқаррар нагардидааст, дар асоси шартнома танҳо бо розигии падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягиранда ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 14. Таъминоти методии раванди таълиму тарбияи томактабӣ
1. Таъминоти методии раванди таълиму тарбияи томактабӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва сохторҳои он амалӣ карда мешавад.
2. Вазифаҳои таъминоти методии раванди таълиму тарбияи томактабӣ инҳо мебошанд:
- таҳия ва муҳайё намудани заминаи барномавию методии таълиму тарбияи томактабӣ;
- таҳияи барномаҳо, адабиёту дастурҳои таълимию тарбиявӣ ва методӣ;
- ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ;
- таҳлили корҳои таълимию тарбиявӣ ва сатҳи инкишофи кӯдакон мувофиқи вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ;
- тайёр намудан, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони муассисаи таълимии томактабӣ.
БОБИ 5. СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 15. Субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ
Ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ инҳо дохил мешаванд:
- тарбиягирандагон (кӯдакони синни томактабӣ);
- кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон;
- намояндагони муассисаю ташкилотҳои сарпараст, иттифоқҳо, ташкилотҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ фаъолият менамоянд.
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ
1. Ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд .
2. Давлат ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии тарбиягирандагонро, новобаста ба ҳолати ҷисмонӣ ва инкишофи равонии онҳо, кафолат медиҳад ва онро таъмин менамояд.
3. Омӯзгорон ва мураббиёни муассисаи таълимии томактабӣ, инчунин шахсоне, ки дар чунин муассиса қаблан ба ҳайси омӯзгор ва мураббӣ кор карда, ба нафақа баромадаанд, ҳуқуқ доранд аз имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
4. Омӯзгорон ва мураббиёни муассисаи таълимии томактабӣ аз рӯи мақом ва музди меҳнат ба омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ баробар мебошанд.
Моддаи 17. Ҳуқуқҳои тарбиягирандагон
Тарбиягирандагони муассисаи таълимии томактабӣ ҳуқуқҳои зеринро доро мебошанд:
- гирифтани таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ;
- дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ;
- нигоҳдории саломатӣ, инкишоф, таълим ва тарбия дар шароити мусоиди бехавф;
- дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон
1. Падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон ҳуқуқ доранд:
- барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдакон муассисаи таълимии томактабиро интихоб намоянд;
- ба мақомоти дахлдори идоракунии маориф оид ба масъалаҳои тарбия, таълим, инкишоф ва нигоҳубини кӯдакони худ муроҷиат намоянд;
- манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакони худро ҳимоя намоянд.
2. Падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон ӯҳдадоранд:
- дар бораи сиҳатии ҷисмонию равонии кӯдаки худ ғамхорӣ зоҳир намуда, барои инкишофи шавқу рағбат ва қобилияти ӯ шароит фароҳам оваранд;
- ба кӯдакашон барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд;
- барои ба таҳсил омода намудани кӯдакон мусоидат намоянд;
- кӯдаконро дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, ҳисси эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ тарбия намоянд.
Моддаи 19. Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ
Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 20. Тайёр намудан, аттестатсия ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ
1. Кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабиро муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тайёр мекунанд.
2. Аттестатсия ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 21. Хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон дар муассисаи таълимии томактабӣ
1. Ташкили хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Дар муассисаи таълимии томактабии давлатӣ тарбиягирандагон ба таври доимӣ бо хизматрасонии тиббии ройгон таъмин карда мешаванд. Хизматрасонии мазкур аз ҷониби кормандони тиббӣ, ки дар воҳиди кории муассисаи таълимии томактабӣ қарор доранд ё аз ҷониби муассисаи дахлдори тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ вазифадор аст:
- риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро дар муассисаи таълимии томактабӣ назорат намояд;
- муоина ва ташхиси ҳамасолаи тиббии тарбиягирандагонро дар муассисаи таълимии томактабӣ ташкил намояд;
- омӯзиш ва беҳбудии вазъи саломатии тарбиягирандагонро дар муассисаи таълимии томактабӣ таъмин намояд;
- риояи меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ, амалӣ намудани чораҳои муолиҷавӣ ва пешгирии бемориҳоро дар муассисаи таълимии томактабӣ таъмин намояд.
Моддаи 22. Ташкили ғизодиҳӣ ба тарбиягирандагон дар муассисаи таълимии томактабӣ
1. Ташкил ва масъулияти ғизодиҳӣ ба тарбиягирандагон дар муассисаи таълимии томактабӣ ба зиммаи муассис (муассисон), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин роҳбари муассисаи таълимии томактабӣ гузошта мешавад.
2. Таркиби маводи ғизоии тарбиягирандагон дар муассисаи таълимии томактабӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва маориф бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муайян карда мешавад.
3. Назорати сифати ғизо дар муассисаи таълимии томактабӣ ба зиммаи муассиси (муассисони) муассиса, мақомоти дахлдори соҳаи тандурустӣ ва маориф гузошта мешавад.
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ ВА ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ
Моддаи 23. Фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаи таълимии томактабӣ
1. Фаъолияти муассисаи таълимии томактабии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ва муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатӣ аз ҳисоби муассис (муассисон), инчунин сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ мешавад.
2. Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаи таълимии томактабӣ инҳо мебошанд:
- маблағҳое, ки муассисаи таълимии томактабӣ аз хизматрасонии иловагии пулакӣ ба даст меорад;
- кӯмаки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
- маблағҳои эҳсонкорӣ;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
3. Маблағҳои иловагии муассисаи таълимии томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо барои фаъолияти оинномавӣ истифода бурда мешаванд.
Моддаи 24. Заминаи моддию техникии муассисаи таълимии томактабӣ
1. Ба заминаи моддию техникии муассисаи таълимии томактабӣ биною иншоот, таҷҳизот, воситаҳои алоқа, нақлиёт ва дигар молу мулке, ки таҳти ҳуқуқи идораи оперативии муассиса қарор дорад, дохил мешаванд.
2. Истифодаи заминаи моддию техникии муассисаи таълимии томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Ҳангоми барҳамдиҳии муассисаи таълимии томактабӣ молу мулк ва маблағи ба он тааллуқдошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи таълимии томактабӣ истифода бурда мешаванд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 25. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
28 декабри соли 2013 № 1056
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҷЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душаанбе, 13 ноябри соли 2013, № 1336
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013 № 611
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таълиму тарбияи томактабиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- таълиму тарбияи томактабӣ - раванди мақсадноке, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабиро инкишоф дода, ба оила, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунад;
- синни томактабӣ - марҳилаи ташаккулёбии ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии кӯдак то расидан ба ҳафтсолагӣ;
- муассисаи таълимии томактабӣ - ташкилоте, ки барои кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, онҳоро бо таълиму тарбияи аввалия фаро мегирад;
- мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ - маҷмӯи меъёр ва қоидаҳое, ки талаботи давлатиро оид ба дараҷаи инкишоф ва маърифатнокии кӯдакони синни томактабӣ, инчунин шароити ноил гардиданро ба он муайян менамояд;
- Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ - санади меъёрие, ки талаботи ягонаро барои таълиму тарбияи томактабӣ муқаррар менамояд;
- кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ - омӯзгорон, мураббиён, мушовирон, кормандони тиббӣ, ёрдамчиёни мураббиён, дояҳо ва кормандони ёрирасони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ
Вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ аз инҳо иборатанд:
- ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусиятҳои фардии онҳо;
- ташаккули шахсият ва гузоштани замина барои таълимгирии минбаъдаи кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ;
- тарбияи кӯдакони синни томактабӣ дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангию миллӣ ва умумибашарӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба инсон ва қонун, рамзҳо ва забони давлатӣ, оила ва ҷомеа, инчунин муносибати бошуурона ба муҳити зист ва ҳифзи он;
- ҳифз ва таъмини беҳдошти вазъи саломатӣ, инкишофи равонӣ, маънавӣ ва нерӯи эҷодии кӯдакони синни томактабӣ, инчунин ташаккул ва инкишофи қобилиятҳои ҳаётан муҳим ва мутобиқшавии иҷтимоии аввалияи онҳо;
- таълими донишу малакаи аввалия тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ;
- ташкили кор бо оила бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии психологию педагогии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) барои нигоҳубини кӯдакони синни томактабӣ ва инкишофу тарбияи онҳо.
Моддаи 4. Ҳуқуқ ба таълиму тарбияи томактабӣ
1. Кӯдакони синни томактабие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс ва забон, инчунин новобаста ба эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ ҳуқуқ доранд.
2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд таълиму тарбияи томактабиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд.
3. Ҳуқуқ ба таълиму тарбияи томактабӣ дар оила ва муассисаи таълимии томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 5. Забони таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ
Забони таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 2. МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ ВА МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ОН
Моддаи 6. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимии томактабӣ
1. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимии томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Муассисаи таълимии томактабӣ метавонад давлатӣ, ғайридавлатӣ ва муштарак бошад.
3. Муассиси (муассисони) муассисаи таълимии томактабӣ инҳо шуда метавонанд:
- мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти маҳаллии идоракунии маориф;
- иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ.
4. Муассисаи таълимии томактабӣ шахси ҳуқуқӣ ва ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад.
Моддаи 7. Намудҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимии томактабӣ таъсис дода мешаванд:
- ширхоргоҳ - барои кӯдакони то 3 - сола;
- ширхоргоҳ - кӯдакистон - барои кӯдакони аз 1 - солаю 6 - моҳа то 7 - сола;
- кӯдакистон - барои кӯдакони аз 3 то 7 - сола;
- кӯдакистон - мактаби ибтидоӣ - барои кӯдакони аз 3 то 10сола;
- хонаи кӯдакон - барои кӯдакони аз 2 - моҳа то 7 сола;
- мактаб-интернат (гурӯҳи томактабӣ) - барои кӯдакони аз 1 то 7сола;
- мактаб-интернати махсус (гурӯҳи томактабӣ) - барои кӯдакони аз 6 то 7 - сола;
- муассисаи таълимии дорои гурӯҳҳои (синфҳои) омодагии пешазмактабӣ - барои кӯдакони аз 5 то 7 - сола;
- маркази инкишофи кӯдакон - барои кӯдакони аз 3 то 7 - сола;
- кӯдакистони оилавӣ - барои кӯдакони то 7 - сола;
- кӯдакистони навъи тавонбахшӣ - муассисаи таълимии томактабӣ барои кӯдакони аз 2 то 8 - сола, ки ба табобати ҷисмонӣ ва ё инкишофи равонӣ, муолиҷа ва тавонбахшӣ эҳтиёҷ доранд;
- хонаи кӯдакони навъи интернат - муассисаи таълимии томактабие, ки дар он нигоҳубин, тарбия, таълим ва мусоидати иҷтимоӣ ба кӯдакони ятим ва бепарастори синни томактабӣ ва мактабӣ аз ҳисоби давлат таъмин карда мешаванд;
- хонаи кӯдакони ятиму бепарастор - муассисаи таълимии томактабии низоми ҳифзи саломатӣ барои ҳимояи тиббию иҷтимоии кӯдакони ятим ва бепарастор, кӯдаконе, ки аз рӯзи таваллуд нуқси ҷисмонӣ ё равони доранд, кӯдаконе, ки аз тарафи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) рад карда шудаанд, инчунин кӯдаконе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) бо сабабҳои гуногун муваққатан онҳоро тарбия карда наметавонанд ё аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд.
2. Муассисаи таълимии томактабии навъи тавонбахшӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуда, метавонад дар шакли муассисаи таълимии томактабии тавонбахшии махсус ё муассисаи таълимии томактабии санаторӣ фаъолият намояд.
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ
Моддаи 8. Идоракунии муассисаи таълимии томактабӣ ва фаъолияти он
1. Идоракунии муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ, ғайридавлатӣ ва муштарак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимии томактабӣ аз ҷониби муассис (муасссисон) ва мақомоти дахлдори онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи муассиса, ки бо назардошти низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида таҳия ва тасдиқ шудааст, инчунин қарорҳои муассис (муассисон) ба роҳ монда мешавад ва дар он таълиму тарбияи томактабӣ метавонад дар шакли рӯзона, шабонарӯзӣ, кӯтоҳмуддат ташкил ва анҷом дода шавад.
3. Муассисаи таълимии томактабӣ барои амалӣ намудани фаъолияти таълимию тарбиявӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ дорад.
4. Муносибатҳои муассисаи таълимии томактабӣ бо падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон ва дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар асоси шартнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 9. Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ
1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо мансубанд:
- иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- тасдиқи дурнамо, консепсия ва барномаҳои давлатии таълиму тарбияи томактабӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ;
- муайян намудани меъёрҳои таъминоти моддию техникӣ ва молиявии таълиму тарбияи томактабӣ, инчунин кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ва тарбиягирандагони муассисаи таълимии томактабӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
2. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- роҳбарии умумӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ, тасдиқи барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ ва назорати иҷрои онҳо;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таълиму тарбияи томактабӣ;
- амалӣ намудани назорати иҷрои вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ, роҳбарии илмию методӣ;
- назорати давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ;
- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба муассисаи таълимии томактабӣ;
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони дахлдори муассисаи таълимии томактабӣ, аттестатсия ва акредитатсияи муассисаи таълимии томактабии дахлдор;
- таҳия ва тасдиқи тартиби қабул намудани кӯдакон ба муассисаи таълимии томактабӣ;
- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- амали намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Ба ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаи таълимии томактабӣ доранд, инҳо дохил мешаванд:
- таъмини раванди таълиму тарбия тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ;
- ташкил ва амалигардонии такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таҳсилоти иловагӣ ва аттестатсияи кормандони дахлдори муассисаи таълимии томактабӣ;
- роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ ва маблағгузории он;
- бо тартиби муқарараргардида иштирок намудан дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимии томактабӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба он;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
4. Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо дохил мешаванд:
- фароҳам овардани шароит барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ;
- дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ба роҳ мондани маблағгузории муассисаи таълимии томактабии давлатӣ, таҳкими заминаи моддию техникии он;
- таъмини ҳифзи иҷтимоии тарбиягирандагон ва кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- дар доираи имкониятҳои буҷетӣ дастгирии молиявии муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
5. Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо дохил мешаванд:
- мусоидат намудан ба интихоби намудҳои фаъолияти эҷодии тарбиягирандагон мувофиқи шавқу завқи онҳо ва талаботи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда);
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ба роҳ мондани такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва аттестатсияи муассисаи таълимии томактабӣ ва кормандони дахлдори он;
- бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо ва оила;
- омӯзишу ҷамъбасти таҷрибаи пешқадам ва паҳн намудани он;
- ташкил ва гузаронидани аттестатсияи давлатии муассисаи таълимии томактабии маҳаллӣ ва бо тартиби муқарраргардида ба он додани иҷозатнома;
- қабули қарор дар бораи ташкили фаъолияти инноватсионӣ дар низоми таълиму тарбияи томактабӣ ва назорати татбиқи он;
- пешбурди баҳисобгирии кӯдакони синни томактабӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
6. Ба ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи чораҳои зарурӣ барои беҳтар намудани шароити моддию техникии муассисаи таълимии томактабӣ;
- додани розигӣ барои барҳам додани муассисаи таълимии томактабии давлатӣ, ки дар ҳудуди дахлдор ҷойгир шудааст;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 10. Назорати давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ
1. Назорати давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ амалӣ карда мешавад.
2. Назорати давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки муассисаи таълимии томактабӣ дар тобеияти онҳо қарор дорад ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ менамоянд.
БОБИ 4. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА ТАЪМИНОТИ МЕТОДИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ
Моддаи 11. Мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ
1. Мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва сохторҳои дахлдори он таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
2. Иҷрои меъёр ва қоидаҳои муайянгардидаи таълиму тарбияи томактабӣ барои муассисаи таълимии томактабӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 12. Раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ ва дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ
1. Раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд ва нақшаю барномаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад.
2. Дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ барои кӯдакони дорои имконияти ҷисмонӣ ва равонии маҳдуд бо барномаҳое, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ мегарданд, таъмин карда мешавад.
3. Таълиму тарбияи томактабии кӯдаконе, ки онҳоро муассисаи таълимии томактабӣ фаро нагирифтааст, дар марказҳои инкишофи кӯдакон, гурӯҳҳои (синфҳои) омодагии пешазмактабии кӯдакон мувофиқи барномаҳои махсуси таълимӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ мегарданд, таъмин карда мешавад.
Моддаи 13. Ташкили фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ
1. Чораҳои вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимию методӣ ба роҳ монда мешаванд.
2. Нақшаи кории муассисаи таълимии томактабии давлатӣ аз ҷониби роҳбари он тартиб дода шуда, баъд аз мувофиқа бо мақомоти дахлдори идоракунии маориф тасдиқ карда мешавад.
3. Нақшаи кории муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатӣ аз ҷониби муассиси (муассисони) он тартиб дода шуда, пас аз мувофиқа бо мақомоти дахлдори идоракунии маориф тасдиқ карда мешавад.
4. Дар муассисаи таълимии томактабии давлатӣ хизматрасонии иловагии таълимӣ, ки дар барномаҳои таълимии томактабӣ муқаррар нагардидааст, дар асоси шартнома танҳо бо розигии падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягиранда ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 14. Таъминоти методии раванди таълиму тарбияи томактабӣ
1. Таъминоти методии раванди таълиму тарбияи томактабӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва сохторҳои он амалӣ карда мешавад.
2. Вазифаҳои таъминоти методии раванди таълиму тарбияи томактабӣ инҳо мебошанд:
- таҳия ва муҳайё намудани заминаи барномавию методии таълиму тарбияи томактабӣ;
- таҳияи барномаҳо, адабиёту дастурҳои таълимию тарбиявӣ ва методӣ;
- ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ;
- таҳлили корҳои таълимию тарбиявӣ ва сатҳи инкишофи кӯдакон мувофиқи вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ;
- тайёр намудан, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони муассисаи таълимии томактабӣ.
БОБИ 5. СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 15. Субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ
Ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ инҳо дохил мешаванд:
- тарбиягирандагон (кӯдакони синни томактабӣ);
- кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон;
- намояндагони муассисаю ташкилотҳои сарпараст, иттифоқҳо, ташкилотҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ фаъолият менамоянд.
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ
1. Ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.