Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2013 № 1048 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, №15-16, мод.235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №22, мод.259; с.2008, №1, қ.2, мод. 16; №12, қ.2, мод. 1005; с.2010, №12, мод.822) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Сархатҳои понздаҳум ва шонздаҳуми моддаи 1(1) дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"- канданиҳои фоиданоки пошхӯрда - пайдоишҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои зинатӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавии физикию химиявии ҷинсҳои кӯҳӣ, зуҳуроту конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд;

- усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ - тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки тибқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад;".

2. Ба қисми якуми моддаи 8 баъд аз калимаи "мувофиқи" калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" ва" илова карда шаванд.

3. Моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 16. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда

Дар конҳо ва зуҳуроти металлҳои асил ва дигар канданиҳои фоиданок ё қитъаҳои онҳо мувофиқи рӯйхати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иҷозатнома дода мешавад.

Ба субъектҳои соҳибкорӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" иҷозат дода мешавад.

Истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба тариқи ихтиёрӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсон бе бақайдгирии онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" манъ аст.

Қоидаҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

28 декабри соли 2013 № 1048

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013 № 1280