Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2013 № 1036 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004. №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190; №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552; №12, қ. 1, мод. 810; с. 2011, №6, мод. 443; с. 2012, №4, мод. 255; №7, мод. 716; №12, қ. 1, мод. 1018; с. 2013, №7, мод. 507), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба ном ва матни моддаи 76 пеш аз калимаи "изолятори" калимаҳои "муассисаи муолиҷавӣ," илова карда шаванд.

2. Ба қисми 1 моддаи 83 пеш аз калимаи "таҳсил" калимаҳои "муолиҷаи тиббӣ," илова карда шаванд.

3. Дар қисми 1 моддаи 91 калимаҳои "бо давомнокии се шабонарӯз" ба калимаҳои "вобаста ба рафтори маҳкумшуда бо давомнокии то се шабонарӯз" иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Пешниҳоди мулоқот дар муассисаҳои муолиҷавӣ бо тавсияи духтур танҳо ба намуди кӯтоҳмуддати давомнокиаш то 2 соат мувофиқи тартиби адои ҷазо муқаррар карда мешавад.".

4. Ба қисми 1 моддаи 99 пеш аз калимаи "изолятори" калимаҳои "муассисаи муолиҷавӣ," илова карда шаванд.

5. Дар қисми 1 моддаи 110 калимаи "ҳашт" ба калимаи "шонздаҳ" иваз карда шавад.

6. Ба моддаи 126 қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"5. Тартиби дар асоси шартнома берун аз қаламрави колонияи ислоҳии сукунат ба меҳнат ҷалб намудани маҳкумшуда, андозаи маблағи пардохташаванда ва манзили зисти онҳо аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.".

7. Дар қисми 5 моддаи 134(1):

- дар сархати дуюми банди 1) калимаҳои "ду баста", "ду фириста" ва "як мулоқоти" мувофиқан ба калимаҳои "чор баста", "чор фириста" ва "ду мулоқоти" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюми банди 2) калимаҳои "се баста", "се фириста" ва "ду мулоқоти" мувофиқан ба калимаҳои "шаш баста", "шаш фириста" ва "се мулоқоти" иваз карда шаванд.

8. Ба ном ва матни моддаи 137 пеш аз калимаи "изоляторҳои" калимаҳои "муассисаи муолиҷавӣ," илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

28 декабри соли 2013 № 1036

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013, № 1264

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013 № 591